Рубрики
Асосӣ

Бахши дуввуми конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Иҷлосияи ХVI-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- анҷумани саодати мардум” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Кори конференсияро Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз ибрози ақида намуд. Сипас ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Усмонзода Аюб Ислом доир ба нақши “Эмомалӣ Раҳмон дар густариши маънавият ва фарҳанги халқи тоҷик” баромад намуд. Инчунин иштирокчиёни бахши дуввуми конференсияи мазкур низ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуда, аҳамияти таърихии Иҷлосияро иброз доштанд.Дар ҷамъбасти конференсияи мазкур ба беҳтарин маърузаҳо сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *