Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент бо волидайни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудирони шӯъбаи иттилоот ва таблиғот ва бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан иштирок намуданд. Дар чорабинӣ оид ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҷалбӣ ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафт. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *