Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Санаи 14 ноябри соли 2022 дар ташкилотҳои ибтидоии «Сино» ва «Фарҳанг» барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ Аҳмедов Дониёр ва Воҳидов Аҳрор бо роҳбарии муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раҳматуллоев Садриддин вохӯрӣ бо аъзоёни ҲХДТ доир гардид.

Дар чорабиниҳои мазкур Раҳматуллоев Садриддин баромад намуда иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *