Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Дар асоси барқияи электронии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” оид ба тақсим намудани матни муроҷиатномаи иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Заминаи таҳким ва рушди асосҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 28-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан назди мавзеҳои серодам аз ҷумла, бозори марказӣ, коллеҷи тиббӣ, литсейи касбӣ-техникӣ ва дигар мавзеҳо аксия баргузор гардид.

Аз ҷумла дар матни муроҷиатнома омадааст: “… биёед, мову шумо сарҷамъона бо донишу меҳнати ҳалол, иродаи қавӣ, ақлу заковат ва фарҳанги баланди сиёсӣ ба ҷаҳониён собит созем, ки меросбарони сазовори миллати оқилу фарҳангофари тоҷик ҳастем”.

Дар ҷараёни аксия аз ҷониби аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба сокинон аз ҷумла ҷавонон зиёда аз 320 адад матни муроҷиатномаи конференсияи илмӣ-назариявӣ тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *