Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ:  Тибқи нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 30 ноябри соли 2022 дар кӯдакистони №11 вохӯрӣ бахшида ба 28-солагии ташкилёбии ҲХДТ дар мавзӯи «ҲХДТ-Ҳизби мардумӣ ва амалисозандаи ормонҳои халқ» ташкил ва баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Комилова Диёра, мутахассиси шуъбаи  таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҷаббор Расулов Очилова Азиза, мудири кӯдакистони №11 Ризоева Тахмина иштирок доштанд ва суханронӣ намуданд. Комилова Диёра оид ба таърихи таъсисёбии ҳизб, барнома, оиннома ва хизматҳои содиқонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *