Рубрики
Асосӣ

ПАНЧАКЕНТ: Тантанаҳои  идона ба муносибати  28-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад.

Панҷакент: Имрӯз дар бинои раёсати Омор бо иштироки аъзоён ва раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ ба муносибати 28-солагии Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ин чорабини мудири шӯъбаи кор бо занон Тоҷиева Мавлуда, мутахасиси бахши омори Кумитаи иҷроия Шамсиева Ҳилола иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки меваи шаҳдбори даврони истиқлолият буда аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода барои саодати халқ ва ободии Ватан сайъу кӯшиш дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои маҳаллии он дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавонистанд бо тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ ва иттилоотӣ дар байни аҳолӣ ақидаҳои созандагию бунёдкориро дар амалӣ намудани нақшаву стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо фаъолияти ҳизб ба иҷро расонанд.

         Дар охир Аъзоёни ҳизб низ оид ба нақш ва мақому манзалати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *