Рубрики
Асосӣ

АШТ: Дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт доир ба баргузории  “Ҳафтаи ҳизб” бахшида ба 28 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар гимназияи №1 Ҷамоати шаҳраки Шайдон бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Дадожонов М ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёбидинова Г оид ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон”-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад ва дар доираи фаъолияти худ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст кардани сатҳи бекорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон, ҳамчунин, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар ин раванд бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонун ҳувайдо бошад.

Дар ин маврид,  ҷавононро зарур аст, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хатарзо, нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти давлат ба халқамон ҳамеша омода бошанд ва нагзоранд, ки пои нохалафе кишвари ободу зебои моро зери хатару таҳдид қарор диҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *