Рубрики
Uncategorized

АШТ: Дар асоси нақша-чорабиниҳои  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 07-уми декабри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт вохӯрӣ бо занони фаъоли ҳизбӣ доир гардид.

Дар он мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёбидинова Г. доир ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки  онро  қувваи пешбарандаи ҷомеа, нерӯи фардосоз ва иқтидори воқеии пешрафти кишвар ном мегиранд, таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият мебарад ва дар  давоми солҳои мавҷудияти худ, ки сиёсати онро аксарияти мардум тарафдорӣ мекунанд, тавассути фаъолияти бунёдкорона ва татбиқи барномаи худ, бо дарки масъулияти зиёд ва қудрати зеҳнии аъзоёнаш, бо дастгирии неруҳои дигари сиёсию ҷамъиятӣ дар бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ амал менамояд,  андешаронӣ намуд.

         Сипас, аъзоёни ҳизбро ба муносибати 28 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳният намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *