Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Мизи мудаввар таҳти унвони “Мақоми зан дар ҲХДТ” Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар доираи “Ҳафтаи ҳизб” ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, ҷалби бештари ҷавондухтарон ба корҳои ободкориву созандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии амалҳои номатлуб байни духтарон мизи мудаввар таҳти унвони “Мақоми зан дар ҲХДТ” бо иштироки мудири шӯъбаи занонаи КИ ҲХДТ дар ноҳия, омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз” баргузор гардид. Дар баромадҳо зикр гардид, ки ҳар як донишҷӯ бояд дар талаби илм бикӯшад ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошад, то мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *