Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ:  Дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, доир ба муҳокимаи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдулло Раҳнамо бо номи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”, вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро мулоқоти судманд баргузор гардид.

Дар мулоқот Қосимов Бахтиёр –сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Анварзода Амирҷон –Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҳомидзода Фурқат- мудири кафедраи таърих ва диншиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Абдуқодиров Абдуҳафиз – номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аъзони гурӯҳи тарғиботӣ зимни баромадҳои худ қайд карданд, ки дар ҳақиқат аксари мардум, гарчанде дорои эҳсосоти баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоя кардан аз марзу буми кишвар мебошанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ сабабҳои пеш омадани ҳолатҳои ногувор дар марзҳои байнидавлатӣ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт маълумоти дақиқ надоранд. Мақолаи коршиноси сиёсӣ Абдуллои Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” дар ҳалли ин қазия равшанӣ андохт.

Тибқи ин мақолаи таҳлилӣ имрӯз хурду бузурги кишварро зарур аст, ки барои манфиатҳои миллӣ чӣ аз нигоҳи иттилоотӣ ва чӣ аз нигоҳи тавоноӣ саҳмгузор бошем.

Таҷрибаи имрӯзаи ҷаҳон собит менамояд, ки ҳар як халқу миллат дар интихоби масъалаҳои дохилидавлатӣ худ соҳиб ба ҳисоб меравад. Қайд кардан бамаврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи танзимкунандаи марзу буми кишвар мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *