Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: Шарҳи Паём дар байни ҷомеа Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид. Гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳайати Юлдошев Рустам-устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б Ғафуров, Сайдуллоев Адҳам-устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Маҳкамов Саидқул-устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б Ғафуров бо сокинони ноҳия мулоқот доир намуда, вобаста ба Паёми Сарвари давлат, ки санаи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ироа гардида, муайянкунандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад, дастури асосии фаъолият дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб меёбад. Дар Паёми навбатӣ низ фаъолияти самарабахши соли 2022 натиҷабардорӣ гардида, қайд карда шуд, ки соли 2022 бо дастовардҳои шоиста дар тадбиқи ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва фароҳам овардани зиндагии мусоид ба сокинони мамлакат ба саҳифаи таърих ворид гардид. Дар Паём вазифаҳои мушаххас барои фаъолияти давраи минбаъда муайян гардида, ба сохторҳои марбута ва ба тамоми сокинони кишвар дастурҳо дода шуд. Дастгириҳои иҷтимоӣ омилҳои муҳими пешрафти зиндагии сокинон, масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва хизмат ба он аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ ба ҳозирин фаҳмониданд. Шарҳу тавзеҳи Паём дар байни сокинони ноҳияи Зафаробод идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *