Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Боздид аз сохтмони бинои ҳизб Субҳи имруз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо ҳамкорон аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроия воқеъ дар кӯчаи ” Навобод”- и шаҳр дидан намуд. Бояд қайд кард, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз ҷониби идораи сохтмонии ҶСК ” Асл” таҳти сарварии сохтмончии маъруф Иноятов Саъдулло дар ошёнаи якум хуб ҷараён дорад. Лозим ба ёдоварист, ки бино бо дастгирии аъзоёни ҳизб, фаъолон, собиқадорони ҳизб, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохта мешавад. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *