Рубрики
Асосӣ

        АШТ: Мулоқот бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии китобхонаи марказии ноҳия доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавзӯъҳои муҳими рӯз.

         Санаи 13-уми феврали соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди китобхонаи марказии ноҳия  бо занон мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот бо занон мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёбидинова Г вобаста ба нақш ва мақому манзалати занону бонувон, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  баён  гардида ва ҳамчунин, ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб байни занон ва пешгири шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори назар кард.

Ҳамчунин, ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди зикр қарор гирифта, аз модарон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавононро тавре тарбия намоем, ки  дар қалби онҳо меҳри ватандориву ватанпарастӣ аз хурдӣ ҷой гирад, то онҳо дар оянда барои ҳимояи арзишҳои волои миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар камари ҳиммат бубанданд. Зеро ояндаи миллату давлат дар дасти ҷавонон аст.

Бояд қайд кард, ки  барои дар амал татбиқ намудани масъалаҳои дар боло зикргардида аз ҷониби занон низ якчанд маслиҳату пешниҳодҳои муфид дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *