БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Дар асоси нақшаи муштараки кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ҳам кумиҷроияи ноҳиявӣ санаи 14.02.2023сол дар коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба барраси Паёми Пешвои миллат бо донишҷӯёни муассисаи мазкур мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар мулоқот аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ, собиқадори ҳизбу меҳнат, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд – Бузурукова М, вакили шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои филологӣ – Кенҷазода М, намояндаи кумиҷроияи вилоятӣ – Мирзоходжаева А. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқотро мудири шуъбаи занони кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева М ҳусни оғоз бахшида, оид ба муҳтавои Паём суханронӣ намуд. Сипас, Кенҷазода М. оид ба масъалаҳои соҳаи тандурустӣ дар Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, донишҷӯёнро даъват ба амал оварданд, ки баҳри омӯхтани илми тиб ҳар чи беҳтару хубтар таҳсил намоянд ва дар оянда ба халқу ватани худ хизматҳои шоиста кунанд. Ҳамчунин Бузурукова М – собиқадори ҳизбу меҳнат оид ба масълаҳои оиладориву таълиму тарбия, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва омода намудани фарзандон ба ҳаёти оилавӣ ба донишҷӯён маслиҳатҳои муфид доданд.
Намояндаи кумиҷроияи вилоятӣ Мирзоходжаева А. низ дар навбати худ оид ба мавзӯҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ба монанди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани наврасону хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, расидан ба қадри сулҳу оромии сарзамин ва дигар мавзӯҳои муҳими рӯз сӯҳбатҳои гарму самимӣ доир намуд.
Дар интиҳо муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Шарипова Н. ба меҳмонон миннатдории самимии худро изҳор намуда, аз номи донишҷӯёни муассиса ваъда дод, ки аз ин мулоқоти самимӣ дар оянда баҳри пешравии фаъолияту таҳсили худ босамар истифода хоҳанд бурд.