Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ҳамасола 23 – феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил  мегардад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин боэътимодии ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад.

Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

Оиди ин мавзӯъ дар асоси нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  оид ба мулоқоту  вохӯриҳо бо  хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардида  истодааст.

Чунин як мулоқот дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Сафедтеппа” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо хонандагони синфҳои болоӣ  баргузор гардид, ки дар он  мудири  шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М суханронӣ намуда, оиди масъалаҳои мубрами рӯз, алалхусус хизмати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *