Рубрики
Uncategorized

Мусобиқаи варзишии шоҳмот ҷамъбаст гардид

Имрӯз  дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом миёни дастаҳои муассисаҳои таълимии шаҳр мусобиқаи варзишии намуди шоҳмот доир гардид. Дар натиҷа дастаи МТМУ №9 сазовори ҷои якум, дастаи МТМУ №13 сазовори ҷои дуюм ва дастаи МТМУ №4 сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо дипломи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Рубрики
Uncategorized

Ба Ватан содиқем

Нимаи дуюми имрӯз бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо ҷалби аъзоёни фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аксияи тарғиботиро таҳти унвони “Ба Ватан содиқем”- ро роҳандозӣ намуда, дар ин самт ба сокинон беш аз 400 адад варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда

Рубрики
Uncategorized

Аёдати афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 0214, ва 04533 бахшида ба 28 – солагии таъсиссёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19.02.2021 аёдати афсарону сарбозонро ба роҳ монд. Аёдат бо иштироки фаъолзанон, вакил-бонувон, модароне ки фарзандонашон дар сафи Артиши миллӣ адои хизмат намуданд доир гардид. Аз ҷониби модарон барои сарбозон дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуд. Ҳамзамон бо афсарон собиқадори меҳнат, модари фарзандгумкарда Ёқубова Шарифа мулоқот доир намуд. Инчунин мулоқот бо сарбозон низ доир гардид. Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар фазои орому осудаи Ватан ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил мегардад. Итминони комил дорем, ки Шумо баҳри ҳифзи Ватан, пойдории Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми худро беш аз ҳарвақта мегузоред.

      Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои Шумо родмардони Ватан шараф аст, зеро Шумо  ба Ватани азизу маҳбуб содиқед.

Рубрики
Uncategorized

АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ «БА ВАТАН СОДИҚАМ»

Аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон намояндаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ғоибов С.Ф ва мудири бахши занон ва ҷавонони кумитаи иҷроия Примқулова З.М. дар якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аксия таҳти унвони “Ба Ватан Содиқам” баргузор намуданд.

         Зимни баргузории аксия масъулин оиди хизмат ба Ватан ҳам қарзу ҳам фарз будан, дарки садоқат ба Ватан, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар суҳбатҳо гузаронида, ҷавононро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Чорабиниҳои тантанавӣ идома доранд

        Рӯзи гузашта дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар якҷоягӣ бо филиали №2 китобхонаи марказии ноҳия бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

        Дар чорабинии мазкур кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия,  хонандагони синфҳои болоии Гимназияи №1, МТМУ №5 ва волидайни хонандагон иштирок намуданд.

Чорабинии идонаро Раиси КИ ҲҲДТ дар ноҳия Одилзода Р. ифтитоҳ намуда иштирокчиёнро бо ҷашни 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, таъкид намуд, ки бигзор, Артиши миллии кишварамон зери дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шариф ва Тоҷикистони азизамон боқӣ монад.

Дар чорабинӣ аз ҷониби хонандагони МТМУ №40  қироати шеърҳо дар васфи Ватан, намоиши саҳначаҳо, рақсу таронаҳои миллӣ  намоиш дода шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ хонандагони фаъол бо «Сипоснома» ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Рубрики
Uncategorized

Артиш бақои давлат аст

Чорабинии идонаи хонандагони МТМУ №6-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба 28-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як дараҷаи баланди ҳисси ватандӯстӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагон саҳначаҳои гуногун, рақсу бозӣ, қироати шеърҳо дар васфи Ватан – Модар ва ғайраро намоиш дода, тамошобинонро шод гардониданд. Дар чорабинӣ омӯзгорон, падару модарон, ҳарбиён ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия ҳузур доштанд. Дар охир ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ «Сипоснома»-ҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуданд.

Рубрики
Uncategorized

Мулоқот дар қисми низомӣ

  Мувофиқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар қисми низомии 04080 , ки дар ҳудуди шаҳри Конибодом воқеъ аст, мулоқот бо иштироки  мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Мутрибахон Бобоҷонова ва муовини Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова доир гардид. Ҳозирин сараввал ҷиҳати нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, ҳамчунин нақши Қувваҳои мусаллаҳи кишварро тули 28-соли арзи ҳастӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд сарбозону афсарони қисми низомиро аз номи Раёсати кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ба муносибати 28-солагии Артиши миллӣ самимона шодбош гуфт. Сипас чанде аз афсарону сарбозон ба сухан баромада, қаноатмандии худро бобати шароитҳои мусоиди макони шуҷоат ва мардонагӣ ба Пешвои миллат баён дошта, иброз доштанд, ки то ҷон дар бадан доранд, ин марзу буми аҷдодиро аз чашми нохалафон ҳифз хоҳанд кард. 

Дар фарҷоми мулоқот аз китобхонаи қисми низомӣ дидан намуда, бо мақсади афзудани ҷаҳони маънавии сарбозону афсарон ба китобхона 22 адад китобҳои илмиву бадеӣ тақдим карда шуд.  

Рубрики
Uncategorized

Пешвои миллат- бунёдгузори Артиши миллӣ

 Таҳти чунин унвон санаи 20.01.2021 дар ташкилоти ибтидоии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Конибодом  мизи мудаввар ба истиқболи 28-умин солгарди таъсисёбиии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқи  нақшаи муштараки кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом роҳандозӣ гардид. Дар чорабинӣ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутрибахон,намояндагони қисми низомии 04080,собиқадорон ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд. Чорабиниро мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Қобилов Аббос ҳусни оғоз бахшид. Сараввал намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутрибахон бобати ҳифзи марзу буми кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳарф зада, табрикоти Раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилояти Суғдро ба ҳозирин расонид. Намояндаи қисми низомии 04080 ва масъули комиссариати ҳарбии шаҳр бобати имконият ва афзалиятҳои имрӯзаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сухан карда, аз ҷавонон даъват ба овард, ки баҳри  хизмати содиқона ба Ватан ҳамеша бошанд.  Дар рафти чорабинӣ  бо сарбозону афсарон ҷиҳати шароитҳо дар қисми низомӣ  суолу ҷавоб доир гардид.  

Рубрики
Uncategorized

Ба Ватан содиқам!

     Баҳри иҷрои барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №17 аз 08 феврали соли 2021 бахшида ба ҷашни 28-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳр аксия таҳти унвони “Ба Ватан содиқам” ташкил ва гузаронида шуда, варақаҳои таблиғотӣ тақсимот гардид.                                                                                          

Суратгузориш аз ҷараёни чорабинӣ

Рубрики
Uncategorized

Ободии Ватан-солимии ҷомеа

     Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ҳамроҳии аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ доир намуданд. Дар шанбегӣ гирду атроф аз алафҳои бегона, партовҳо тоза карда шуда, дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.