Рубрики
Uncategorized

Интихоби Раиси Ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии ҷангал”

Дар асоси нақшаи корӣ муовини Раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С.Ф дар асоси талаботҳои Оинномаи ҲХДТ оиди “Сохтори ташкилӣ ва демократияи дохилҳизбӣ” дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии ҷангал” маҷлиси интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ бо иштироки аъзоёни ташкилот баргузор намуд.

Дар маҷлис пешниҳоди раиси ташкилоти ибтидоӣ “Хоҷагии ҷангал” Ғафурзода Мангубердӣ Раббим ва бинобар иваз шудани ҷойи кори собиқ раиси ташкилот Облоёрзода Бахтиёр мавриди муҳокима қарор дода шуда, барои интихоб ба овоз гузошта шуд. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии ҷангал” якдилона ба ҷонибдории Ғафурзода М.Р, овоз дода, ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии ҷангал” интихоб намуданд. Ҳамзамон дар маҷлис оиди таъин намудани муовини раиси ташкилот Шодиев Фариддин аз ҷониби аъзоён қобили қабул дониста шуд.

Рубрики
Uncategorized

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ БО ЗАНОН ҶИҲАТИ ПУРЗӮР НАМУДАНИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

Санаи 30-уми марти соли равон тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз тарафи мудири бахши кор бо занон дар ҳамкорӣ бо раиси Шӯрои кор бо занони Ҷамоати деҳоти Понғоз бо мақсади аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон аз ҷумла, пурзӯр намудани пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, никоҳи барвақтӣ, пешгирии амалҳои экстремистӣ аз ҷониби занону бонувон ва дигар омилҳои зӯроварӣ бо занони деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғоз суҳбат доир гардид.

Дар суҳбат мудири бахши кор бо занони КИН Зиёбиддинова Г ҷиҳати пурзӯр намудани пешгирии зуроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, никоҳи барвақтӣ, рафторҳои бадахлоқона дар оила ва пешгирии амалҳои экстремистӣ аз ҷониби занону бонувон, инчунин, дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа, таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва дигар масоили мубрами рӯзандешаҳои худро иброз дошт.

Раиси Шӯрои кор бо занони Ҷамоати деҳоти Понғоз Исоева Ш доир ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, тарбия намудани ҷавонон махсусан, ҷавондухтарон сухан намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо назар ба солҳои пеш дар деҳот сафи духтарон пас аз хатми мактаби миёна дар идома додани таҳсил ба муассисаҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ ҷалб карда шудаанд.

Сипас, сокинони деҳа Қодирова Л ва Мамадҷонова Ҳ фикру андешаҳои худро дар бораи сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбат ба зан, пойдору устувор нигоҳ доштани оила ва таълиму тарбияи фарзанд, ки маҳз аз оила ташаккул меёбад, суханронӣ намуда, якчанд маслиҳатҳоро дар боби оиладорӣ пешниҳод карданд.

Рубрики
Uncategorized

Вохӯрӣ бо фаъолзанон

Дар асоси нақша – чорабиниҳои КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ХХДТ дар ноҳия Алимова Наргиза дар кӯдакистони №19-и Ҷамоати шаҳраки Меҳробод бо кормандони ин муассиса доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, пешгирии хушунат дар оила, пешгирии суиқасд ба ҷони худ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ваҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрӣ баргузор намуд.

Рубрики
Uncategorized

Ворух – як гӯшаи ободи Ватан

Ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш андохтаву бори дигар ҳисси эҳтиром ба таърихи гузаштаи ҳар сокини ба ору номуси миллатро боло гузоштааст. Ҳамин сарусадо, ки дар муносибат ба Ворух баён гардид, бори дигар ҳақиқати таърихии яке аз сарзамини куҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад. Ҳамин як руҷуъ ба таърихи моҷароҳои марзӣ нишон медиҳад, ки дар ҳар муноқиша ҷониби Қирғизистон боиси рух додани нофаҳмӣ дар хатти марз мешаванд. Дар охир худро ҷабрдида эълон мекунанд ба хотири ба даст овардани манфиат, ғазби замин ва ё дигар амволи ғайр!

Дар навбати аввал, ин нукта равшан ва бебаҳс аст, ки ҷониби Қирғизистон бидуни ягон асос ва ё санадҳои дар ихтиёрдошта даъвои заминҳои мазкурро мекунанд.

Як корманди Қирғизистон дар бораи табодули Ворух бо як минтақаи қирғизнишин назари худро баён намуд. Орзу мекунад, ки як тангаро ба тилло иваз кунад! Чаро барои он ки Ворух таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва ин хоки муқаддас барои мо арзиши зиёд дорад.

Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар китоби “Бобурнома”-и хеш овардааст, ки: «Ворух дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои босафо дорад. Дарахтони босамараш бисёр, вале бештари боғчаҳояш дарахти бодоманд. Мардумаш сорт ва форсигӯяд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух, чорум Ҳушёр». Мисли ин садҳо матлаб аз сарчашмаҳои таърихӣ метавон зикр намуд, ки ба сарзамини тоҷикон будани Ворух ишорат намудаанд.

Чӣ ҷои баҳс , чӣ ҷои нофаҳмӣ, чӣ лозим сокинони ин марзу бумро ба таҳлука андохтану чашм ба ин макони ободу куҳан “ало” кардан. Охир Ворух як порчаи ободи Ватани мост ва оромии ин марз оромии тамоми тоҷикони дунёст!

Фарзона Тоҳирова –

омӯзгори муассисаи таълимии № 21 ,узви фаъоли ҲХДТ

Рубрики
Uncategorized

ВОРУХ – МУЛКИ АҶДОДИИ МОСТ!

Халқи куҳанбунёди тоҷик, ки худ фарҳанги бою пурғановат ва маданияти воло дорад, дар мубориза бо ҳама гуна падидаҳои бегона муваффақ гаштааст. Шерамардони баору номус ва бонанги ин сарзамин омодаанд, ки ба хотири нигоҳдошти марзу бум, таъмини оромиву суботи кишвар ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ худро қурбон кунанд. Албатта ин салоҳу амонӣ осон ба даст наомадаст. Ҳар як фарди ватанпарвару миллатдӯст бо ҳисси саршор аз меҳру муҳаббат ва ифтихор ин калимаи муқаддасро ба забон оварда, фахр аз он мекунад, ки ӯ Ватани ободу зебо ва беназир дорад. Сол аз сол ҳисси ватандӯстӣ, ободӣ ва осоиштагии диёр дар замири ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ маъво гирифтаву барои рушду нумӯъ ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон саъю талош меварзанд.

Тули чанд моҳ аст, ки дар матбуоти даврии давлати ҳамосямарзи Қирғизистон ва расонаҳои электронии он сару садоҳое ҷой доранд, ки деҳаи Ворух ба гузаштаи онҳо иртибот дошта бошад, ки чунин иддаоҳои беасос ҳар яки моро ба андеша намудани таърихи давлатдории давлати ҳамосоя водор менамояд. Чуноне, ки устод Нуралӣ Нурзод дар мақолаи хеш “Ворух меросе аз ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст” дарҷ намудаанд: – “Ворух дар донишномаи электронии озоди “Википедия” чунин омадааст: “Деҳаи Ворух баъд аз Тамохуш ва Бамкахуш (қасабаҳои қадими Исфара) севвумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз “вара”-и форсии қадим гирифта шуда, маънии “қалъа, “мавзеи бо девор иҳоташуда” – ро дорад. Ҳар нафаре, ки аз ин русто дидан менамояд, ҳамаи гуфтаҳои таърихиро бо чашми сар мебинад ва назди худ хулоса мебарорад, ки Ворух сарзамини аҷдодии Тоҷикон асту дар онҷо фарзандони боору номуси насли Сомонӣ зиндагонии шоистаро ба сар мебаранд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар изҳороти худ пешниҳод намудааст, ки “ҷазирақаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд”, ки ин пешниҳодро қобили дастгирӣ намеҳисобем. Аввал ин, ки Ворух ҷазирақаламрав нест! Ворух пораест аз Тоҷикистони биҳиштосо! Дувумин ин, ки ҳеҷ аз як бошандагони миллати Тоҷик намехоҳад, ки як гушаи биҳиштосоро ба гушаи “ҳайлангон” иваз намояд.

Боиси зикри хос аст, ки дарҷи ҳазорон аз чунин матлабҳо, ки аз таърихи мардуми тоҷик ва Вохурзамин ишорат мекунанд, барои мо ҳам имконоте фароҳам меоваранд ба кашфи ҳақиқати таърих роҳ кушоем. Бо ишорат ба ин чанд санади таърихӣ, ки дар арзишмандтарин сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ ҷой гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ҳаргиз даъвои миллатгароӣ надоранд, баръакс бо зикри ин матлабҳо мехоҳем танҳо изҳор намоем, ки ҳақиқатҳои таърихӣ ҳаргиз аз хотираи башарият зудуда намешаванд. Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳар як порчаи хоки Ватан – аз Бадахшон то Зарафшон аз Суғд то Хуталон, хуллас хоки поки ҳар як маҳалла, рустоии ин меҳани биҳиштосо бароямон азиз аст. Бо итминон ва бо ҷасорату мардонагӣ, нангу номуси Ватандорӣ, якпорчагии миллӣ ва ҳисси баланди хештаншиносӣ иброз медорем, ки барои оромиву осоиштагӣ ва ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки поки Тоҷикистони азиз, аз ҷумла Ворухи хуррамзамин ҷонамонро дареғ нахоҳем дошт. Дар интиҳо бори дигар баён менамоем, ки Ворух аз Тоҷикистон аст ва ҳеҷ “ботлоқзада” – е наметавонад ва ҳаққу ҳуқуқ ҳам надорад, ки доир ба он андеша ронад ва моли худ ҳисобад.

Раиси КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Айнӣ

Рузибой Раҳимзода

Рубрики
Uncategorized

Ворух – марзи номусу ғурури мо

Тифли домангири ман охир гиребонгир шудаст.

Имрӯз Ворух- ин гӯшаи бо амри таърих ва гузаштҳои сарварони собиқи мо дар инзиво қароргирифта, марзи номусу ғурури ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Мутаасифона, ҳамсояҳои мо ҳозирбин ҳастанд ва далелҳои таърихӣ барои онҳо арзише надорад. Дар музокирот бо ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон масъалаи муайян ва аломатгузории минтақаҳои баҳсии сарҳади ду давлатро баррасӣ намуд ва тибқи хабарҳои расмӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстона баргузор шудааст, шояд як мавқеъ доранду ба хотири назди мардуми худ холи бештаре гирифтан, мавқеи дигарро пайгирӣ мекунанд. Изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев дар бораи иваз намудани Ворух бо ҳудуди дигар дар вилояти Боткен, ки чанд рӯз қабл расонаӣ шуд, ба ин далел аст. Натиҷаи чунин мавқеъгириҳои зуд-зуд ивазшаванда ва ғайримантиқии Ҳукумати Қирғизистон аст, ки барраси масъалаи демаркатсия ва делимитатсияи сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя, ки аз соли 2002 инҷониб идома меёбад, ҳанӯз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст. Дар ин муддат бо иғвои тарафи қирғиз дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ворух борҳо ҷангҷол сар зада, боиси ҳалокати одамон ҳам шуд.

Ба назар чунин мерасад, ки роҳбарияти давлати ҳамсоя аз ин сабақе набардоштааст ва ба ҷои ҳалли мусолиматомез ва воқеии масъала бо изҳороти баҳсбарангез ба тезу тунд шудани муносибатҳо замина ҳам мегузорад.

Зимнан, далелҳои таърихи дур ва наздик собит менамоянд, ки ҳудуди Ворух собиқа ҳеҷ гоҳ дар инзивои давлати ҳамсоя қарор надоштааст ва онҳо дар замони шӯравӣ, ки дар ҳайати давлати ягона қарор доштем, шояд аз камэътибории роҳбарони вақти Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла, чарогоҳи муваққатӣ, обёрӣ ва ғайра дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ворух маскун шуда, оқибат тавре мегӯянд, “тифли домангири ман охир гиребонгир шудааст” ва ҳоло пешниҳоди ивази Ворухро ба ҷои дигар мекунад. Бо ҳамин роҳу усулҳо Қирғизистон аз соли 1936 инҷониб ҳудуди худро аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Сӯхи Ӯзбекистон, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор километри мураббаъ васеъ намудааст ва имрӯз инро эътироф кардан намехоҳад.

Тааҷҷубовар аст, ки ин пешниҳоди ғайри қобили қабулро на ягон шаҳрванди оддии давлати ҳамсоя, балки раиси хадамоти амнияти миллӣ, чун мавқеи расмии Ҳукумати Қирғизистон иброз медорад ва донистаю огоҳона гуфтушунидҳои ояндаро оид ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи сарҳадӣ боз ҳам печидаю душвор менамояд.

Тавре медонем, дар ҳалли чунин баҳсҳо иродаи сиёсӣ зарур аст. Маҳз дар ҳамин замина роҳбарияти олии ҷумҳуриҳои дӯсту ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамаи масъалаҳои баҳсиро ҳал намуданд. Тибқи хабарҳои расонаҳо сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Роҳбарияти олии кишвари мо ҳамеша ҷонибдори бо гуфтушунид , бо роҳи осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал намудани мушкилоти сарҳадӣ, ки “мероси” замони шуравӣ аст, мебошад. Боварӣ дорем, ки дар ҳалли ин масъала низ дер ё зуд ақли солим аз ҷониби давлати ҳамсоя ғолиб меояд.

Ҳоло бошад, Ворух марзи номус ва ғурури миллии мост ва аз он бо баҳои ҷонамон ҳимоят мекунем. Ҳамаи аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳамин саф қарор доранд.

Мурод Шукурзода,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Турдибой Солеҳзода,

муҳаррири нашрияи ҳизбии

“Фарвардин”

Рубрики
Uncategorized

Дар гӯшашон сахт хондаанд ё худхоҳии қирғизҳо

Рафти сари ин масъала ҳарф задан аввалан ин, ки инсон мехоҳад аз ин беинсофҳо интиқом гирад, зеро яке аз ҷомеашиносони амрикоӣ гуфтааст, ки дар шароити имрӯза инсонҳои ваҳшӣ зиёданд аз даврони қадим ва исботаш он аст, ки он ваҳшиҳо гушти хом мехӯрданду ин ваҳшиҳо мағзи хом! Имрӯз худхоҳии қирғизҳо низ ба он монанд. Вале ваъз мухталиф ҳаст… Инсон ҳайрон мемонад, ки чаро гуфтугӯй ва муносибатҳо бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи хуб қарор дорад, аммо ба таври қонеъкунанда инҷо ба фикри ман гурӯҳи дигаре низ фаъол аст.

Мо то ҳадде имрӯз бояд андешем ва зирак бошем ва донем, ки онон аз сангзанак ё сангшаппак, ки дар эътироф ҳеҷ аст, то силоҳи оташфишон даст гирифтанд ва чандин бори пештар ҳам чунин шуд. Имрӯз маълум гардид, ки чӣ аст, ба даст овардани хоки Тоҷикистон-Ворух! Мо медонем, ки дар Қирғизистон тавре маълум ҳаст сохторҳои «помошдиҳанда» чунон бисёранд ва тавре «демократия»- ро омӯзонидаанд, ки қирғиз даркор шавад падари худашро дидан намехоҳад. Исбот шудааст, ки қирғизҳо ҷангҷӯйиву доду вояшонро барои худашон не, балки барои мамолики Аврупо барои нишон додани «демократия» ва ҳамзамон барои нишон додани «бечорагӣ» ва пулҳои ҳангуфт ворид намудан ташкил мекунанд. Дидаи танги ин махлуқҳо аз ҳама носавобаш он аст, пешрафти кишвари ҳамсояро намехоҳад. Масалан, мо тоҷиконро чашми дидан надоранд, вале муносибаташон бо Ӯзбекистон ва миллати ӯзбек, ки хешовандии миллӣ доранд, низ чаро хуб нест. Соли 2010 бар сари ӯзбекҳои Қирғизистон чи балое оварданд мо огаҳ ҳастем. Ин миллат на ба худӣ чашми дид дорад, на ба бегона ва на ба ҳамсарҳад.

Хиёнати ҳамсоягӣ аслан дар хуни ин мардум вуҷуд дошт ва ирсан онон ҳамеша чун каждум некӣ дида неш задаанд. Ин тоифа худашон хуб медонанд, ки тоҷикон кишваркӯшо буданд ва тоҷи сарашон ҳамеша ҷилодиҳанда аст, вале кини ирсияшон ором ононро намегузорад ва бояд чун занбур ба пойи пил неш зананд.

Мутмаинам, ки ин рафтори онон барои пеш овардани дигар андеша ва рафторҳо ва низоъҳои фаромарзист. Албатта Тоҷикистон ҳамеша омодааст барои мубориза алайҳи ҳама таҳдидҳо. Мо ҳеҷ гоҳ пораи хоки муқаддаси Ватанро нахоҳем дод, зеро Тоҷикистон ҳудудаш барои мо азиз аст.

М.Ниёззода

Рубрики
Uncategorized

Дар миёни ёвҳои чингисӣ…

Ғукон нишеман кардаанд, андар булурин обҳо.

Ман ҳурии нилуфарам, хӯ карда дар мурдобҳо…

(Фарзона)

Асри иттилоот имрӯз ҳар гунгу кареро гӯёву шунаво бинмуда, бо васвасаи пуштибонҳои ошкору ниҳон бар даъвою хархаша кашидааст.

Муддатест, ки қабилаҳои кучманчии қирғиз бо талошу ҷанҷолҳои қавмии худ ба ҳам созише надоранд ва солу моҳе нест дар даврони пасошӯравӣ осоише дошта бошанд. Ин қабилаҳои ғузу қаро қипчоқӣ, қароқалпоқию, қароқирғизӣ ва даҳҳо қароҳои (сиёҳ) дигар, ки аз қабилаҳои чингисӣ боқӣ мондаанд, ҳамеша чун одати қавмӣ ба ғорату тороҷ ва куштору ёвӣ машғул буданд ва ин одати бад дар хуни онон аст.

Замони шӯравӣ бо панҷаи оҳанини КГБ идора карда мешуд ва дар тамоми зиндонҳои Сибир чеҳраҳои манфури онон пур буд. Дар ҳар хонадони онон ду- се зиндонӣ, гӯш буридаю беангушт, боҷароҳату девона, майзадаю фоҳиша буд. Яъне бо қавли нависандаи онон Чинсис Айтматов манқуртони зиёде буданд дар оғуши сарзаминҳои худода. Баъдан ин қавми овора бесарбон монд ва одати хунию авлодӣ ба ҷӯш омад. Ин фоҷеа аст! Имрӯз чанде аз зиндон гурехтаю лаҷомгусастаи бефарҳанг даъвои сарзамини биҳиштии тоҷикон Ворухро намудаанд, ки хандаовар аст! Ин меҳмонони нохондаи зӯракӣ, ки бо хатои сиёсии болшевекон ва хиёнати пантуркистон соҳиби сарзамин ва давлат дар сарзаминҳои меросии Ориёно шуданд, имрӯз даъвои соҳибхонагӣ доранд! Ҳарчанд ҷавоби аҳмақ сукуд аст, лек дар ин замон нашояд хомӯш буд, зеро бо сангдилон шиори худ сангӣ бояд кард!

Ворух дар китоби муқаддаси “Авасто” дар яшти панҷум бо номи Арвисура яшт (Эзади обҳои равон) дар шакли Ворукаша (Баҳри обҳои зулол) зикр шуда, ки дар сарзамини Ариянавайҷаҳ (Фарохнои Ориёно) ҷой гирифта буданд. Ворух ,ё Вору дар луғот бар маънии баландии об, макони сабз, фарохнои сабздомон омадааст. Дар китоби “Ҳудуд-ул- олам”асри10 ва “Сурат-ул- арз”- и Ибни Ҳавкал асри 10 дар боби шарҳи дарё ва шаҳрҳои Вароруд зикри номи Ворух чун қарияе аз Асфара (Исфара)зикр шуааст. “Вилояти Асбара дорои ҷилга ва кӯҳистон аст…”(саҳ 182) ва “ Дар Асбара кӯҳе бо сангҳои сиёҳ (зуғолсанг) аст, ки чун зуғол месӯзад ва хокистари онро барои сафед кардани (шустани) ҷомаҳо ба кор мебаранд…” (саҳ.183) Ҳамчунин дар радифи номи кӯҳаншаҳрҳои ориётоҷикон Бонкад, Сух, Хуканд, Риштон, Зандромиш, Марғелон, Нисои боло ва поён, Наҷрунак, Истеқон, Андикон, Ҳалӣ,Фарғона, Нақод, Ахсикат, Ҷева, Хуҷанд ва дигарҳо номи Асбара (Исфара) ва қарияҳои он зикр шудааст.

Дар дигар сарчашмаҳои таърихию этнографӣ ному ҷойгоҳи Ворух ва Исфара бо некӣ ва табиати сабзу обҳои равон, мардумони ҳунарманду бофарҳанг зикр шудааст. Ниҳоят далели муътамади таърихию этнографӣ дар асари таърихнигор ва сайёҳи рус Шишов А. П. аст, ки ҳамчун сайёҳ Осиёи Марказиро дар охири асри 19-ум дидааст ва дар асари бузургаш “Таджики” (Тошкент- 1910) зикр намудааст. “В глубоких долинах этих гор, осебенно по рекам Исфайрамт, Шахи Мардон, Сох, и Исфара расположены, таджикские кишлаки. На предгорьях лежит большой кишлак Канибадам, далее в горы : Исфара, Сох, Ворух”. (саҳ. 5-6. А.П. Шишов “Таджики” Алматы -2016).

Хулас, далел кофист, то ин бодиягардони кучманчӣ бидонанд, ки ҳазоршаҳрҳои таърихии тоҷикон бо ҷабри таърих ва хиёнати чанд ватанфурӯши беномус имрӯз бар дасти онҳост ва боз онҳо сер нестанд. Агар баҳс сари марзи Ворух тибқи харитаи даврони табартақсими соли 1924 меравад, ки бо дасти болшевекони шовинисту пантуркистони дурӯя сохта шуда буд, инҷо масъалаи шаҳру деҳоти тоҷикнишини Бодканд, Хуканд, Уш, Лайлак,Андароб, Исфана, Равот, Шурчашма, Ёрканд, Узканд, Чочканд, Ахсикат,Ванокат,Сатканд ва садҳои дигарро бояд ба миён гузошт!

Абай шоири қазоқ сортҳо –тоҷиконро муаллими тамоми қавми турку муғул номида, чун домулло бо эҳтироми хоса дар осораш зикр намудааст. Тоҷикон рисолати омӯзгории хешро ба сомон расонида, панди ҳакимонаи Саъдиро фарормӯш намудаанд,ки фармудаанд:

Саъдиё, Шерозиё таълим мадеҳ бадзодро,

Бадзод агар доно шавад, сар мезанад устодро!

Ё

Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ошно гардад,

Надонистам, ки то саг хун хурад девонатар гардад.

Набитвон хомушӣ, то ҷаҳл бар даъвои хушк ноҳақиҳо дорад, ки золимзодаи беасл бар ҳай-ҳайи бадкори ҳампаймон сагона дар гиру мон аст! Ҷаҳон з-ин тақсиму шӯрафканӣ каҳдудсон сӯзад, гадое домани мардум дарад аз нафс, зи кунҷе аждари зиндонӣ мехезад, вабое мерасад, ногаҳ! Чӣ бояд кард? Раҳид з-ин вартаи бетаг. Ки оҳуе ба д-ин зебоию ифффат, раҳад аз чанги хунхорон, ин гургони саҳроӣ! Саломат, офият ин ҷо сари як сузане чархад, ки чор сӯ душмане бо тиру пайкон аст! Замини модарии мо, замини ворисии мо, замини ҳафсаду ҳафтод пушти ориёно, таллаю ғорат, биҳишти ҷовидони мо, сари марзи пур оби мо нишемангоҳи ғукон аст!

Ба кургисҳои киргисҳои ёвоӣ,

Ки яъҷуҷу маҷуҷ зотанд,

Расон, ки даври манқурт нест!

Замони ёвӣ, дуздӣ, тохту тоз бигзашт!

Дигар бо хӯи чингис зистан нанг аст!

Ҷаҳон бо деву аждарҳои нав танг аст!

Биҳишти Ворухам ҷои хабисон нест!

Худои оби ман ҷои саисон нест!

Бирав бар регбоди хонаи чингис,

Аё ,ношукр ғуломи даргаҳам киргис!

Аминҷон Зарифӣ –

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноҳияи Зафаробод.

Рубрики
Uncategorized

Таассурот аз курси бозомӯзӣ

Тибқи нақшаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз санаи 1.03.2021 то 06.03.2021 сол дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” баргузор гардид.

Нақшаи таълимие, ки аз ҷониби дастгоҳи КИМ ҲХДТ таҳия гардида, дастраси ҳар як иштирокчии ин курси бозомӯзӣ дастрас гардида буд, дарак аз он медод, ки чорабиниҳои мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагии ҷиддӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Боиси зикр аст, ки ҳамаи мо – иштирокчиёнро тибқи нақша дар меҳмонхонаи “Кохи афсарон” –и Вазорати мудофиаи ҶТ ҷо ба ҷо намуда, маводҳоро дастрас намуданд. Шароити меҳмонхона, сатҳи хизматрасонӣ ва сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ошхонаи меҳмонхона ба ман бисёр писанд омад.

Агар дар бораи барномаи курси бозомӯзӣ сухан гӯем, бениҳоят мукаммал ва дар доираи мавзӯъҳои мубрами барои пешбурди фаъолияти кори ташкилотҳои ҳизбӣ таҳия ва тарҳрезӣ гардида буд.

Ба фикри ман ҳар як маърӯза, сӯҳбат, лексия ва мизи мудавварҳое, ки дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо ҷалби мутахассисони соҳа, олимон ва сиёсатмадорони ботаҷриба баргузор гардид,барои боз ҳам густариш додани фаъолияти ҳизбӣ ва баланд бардоштани савияи дониши сиёсии ҳар як иштирокчии курс таккони ҷиддӣ бахшид.

Дар давоми курси бозомӯзӣ тибқи барномаи таҳиягардида мо аз якчанд ҷойҳои таърихӣ – муассисаҳои давлатӣ, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Қасри теннис ва маҷмааи бозиҳои обии шаҳри Душанбе, боғҳои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва боғи устод Рӯдакӣ, инчунин аз сохтмони бузурги аср,яъне НБО Роғун дидан намуда, барои худ як олам таассурот бардош кардем.

Вохӯрӣ ва мулоқот бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни фраксияи ҲХДТ барои ман шахсан хотирмон буд.

Санаи 05.03.2021 тибқи нақшаи курси бозомӯзӣ барои таҷрибаомӯзӣ ба кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳайати чор гурӯҳ равона шудем. Банда ҳамроҳи аъзоёни гурӯҳи худ аз фаъолияти ТИ ва КИИ кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дидан намудем.

Дар фарҷоми курс санаи 06.03.2021 фаъолияти якҳафтаина натиҷагирӣ карда шуд ва аз ҷониби роҳбарияти ҳизб ба иштирокчиёни курси мазкур “Сертификат” супорида шуд.

Хулоса курси мазкур барои ҳар як иштирокчӣ барои баланд гардидани маҳорати корбарӣ, тақвияти дониш ва махсусан барои аз наздик шиносоӣ пайдо кардан ва боз ҳам мустаҳкам гардидани дӯстиву рафоқат байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсири мусбии худро гузошт. Боварии комил дорам, ки ин гуна курсҳои бозомӯзии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар оянда низ мунтазам баргузор мегардад ва миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷӯҳи доимиашон мерасонам.

Анварзода Амирҷон – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Uncategorized

ВАТАН ҲАР ГӮШААТРО ОБОД ХОҲЕМ КАРД!

Дар доираи эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнатӣ зарбдор ва ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари сокинони касбу кори гуногундошта, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳраки Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Заафробод ба шанбегӣ баромада мавзеҳои ҷудогардида, роҳраву ҷӯйборҳои маҳалли зисташонро аз ҳар гуна алафҳои худрӯю партовҳои гуногун тоза намуданд.