Рубрики
Uncategorized

Қабули аъзои нав ба сафи ҳизб

Барои ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.

 Мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ТИ ҲХДТ «Роғун» ва ТИ ҲХДТ «Гулшан» дар фазои тантанавӣ ба 23 нафар аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида, таъкид намуд, ки минбаъд дар якҷоягӣ боз ҳам дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан – Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монем. Сафи ҳизбро мо бояд аз ҷавонони фаъолу болаёқат, шахсони Ватандӯсту Ватанпараст зиёд намоем.

Қабули аъзоён ба сафи ҳизб дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ давом дорад.

Рубрики
Uncategorized

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ

Бо иқдоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ як нафар фаъоли ҳизб ва соҳибкори муваффақ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба 45 нафар шахсони яккаю танҳо, ятим, бемор ва эҳтиёҷманд кӯмаки моддӣ дастрас намуд.

Ин кӯмак аз маводи хурока иборат буда, арзиши он ба ҳар нафар 450 сомониро ташкил медиҳад.

Ин иқдоми шахси накӯкор, фаъоли ҲХДТ ва соҳибкори хайрхоҳро оилаҳои эҳтиёҷманди ҷамоати деҳоти Лоиқ хуб пазируфта, дар ҳаққаш дуои нек намуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз фаъолони ҳизб даъват намуд, ки ин иқдоми шоистаро дар моҳи рамазон, ки моҳи хайру эҳсон низ ҳаст, дастгирӣ намоянд.

 

 

 

 

Рубрики
Uncategorized

Рамазон- моҳи хайру эҳсон

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ дар моҳи шарифи рамазон, ба ҳафт нафар ятимони кулл тӯҳфаҳои рамазонӣ тақдим намуд.

Ин тӯҳфаҳоро, ки аз орд, биринҷ, ширавор ва дигар маводи хурока иборат аст, онҳо бо арзу сипос қабул карда, бори дигар итминон ҳосил намуданд, ки ба рағми мушкилоти бо амри тақдир ба сарашон омада, танҳо нестанд. Бо дастури Пешвои миллат, Кумиҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб ташкилоти шаҳрии ҳизб ба онҳо пайваста кӯмак мерасонад.

Рубрики
Uncategorized

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН КАФИЛИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рузибой тибқи Барқияи кумиҷроияи вилоятӣ аз 26.04.2021 таҳти рақами №123 бо ҷалби масъулони Раёсати кишоварзӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва аъзоёни кумиҷроия ба Ҷамоати деҳоти Урметан сафар намуда, бо саҳмдорон ва кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сокинон ва фаъолони ҷамоат вохӯриҳои “Рӯ ба рӯ” доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ раиси кумиҷроия оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз ҳар як ваҷаб замин, истеҳсолу захира кардани миқдори зарурии маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила, сарфакорию пешгирии исрофкории маводи озуқаворӣ ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки тибқи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид соли ҷорӣ, соли мушкил арзёбӣ гардида, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, дар таъмини амнияти озуқавории зиндагии хеш чораҳои судмандро роҳандозӣ намоем.

Мулоқоти гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи ноҳиявӣ аз ҳисоби вакилон, занону ҷавонон, фаъолон, собиқадорон дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.

Рубрики
Uncategorized

ҲХДТ ВА 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо омӯзгорону донишҷӯёни Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом доир гардид. Зимни мулоқот намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бобати маромҳои бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастовардҳои давлату Ҳукумат дар даврони 30 соли соҳибистиқлолӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон ва расидан ба қадри сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ ибрози ақида намуд. Зимни баромадаш муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нерӯи бузурги сиёсӣ мақсади дар атрофи сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат сарҷамъ намудани мардумро дошта, тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу таҷрибаи аъзоёнашро барои боз ҳам рушду нумуъ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона намуда истодааст. Иштирокдорон низ оид ба мавзуи мазкур ибрози афкор намуданд. Дар фарҷом ба чанде аз омӯзгорони коллеҷ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

 

 

 

Рубрики
Uncategorized

ИДОМАИ ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза бо мақсади ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ, қабул ба сафи ҳизб, иҷрои Оиннома ва Низомномаи ҳизбӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии шаҳр дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои методӣ дод.

Рубрики
Uncategorized

ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

Тибқи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд мулоқоти ҳайати гурӯҳи тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо сокинони ҷамоати деҳоти Ҷавкандак, ҷиҳати тарғиби дастовардҳои 30-соли Истиқлолият, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили экстремизму терроризм, пешгирии бемории КОВИД-19 барпо гардид. Дар сӯҳбат аъзои гурӯҳи тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Ахмедов У. дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30-соли Истиқлолият, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирӣ аз сироятёбии бемории КОВИД-19 суханронӣ намуд.

Рубрики
Uncategorized

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ДУХТАРОН

Тибқи нақшаи чорабинии муштарак намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Беморхонаи марказии ноҳия ва бахши кор бо занони МИҲД- ноҳия мулоқоти судманд бо духтарони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии √22 доир гардид. Ҳадаф аз баргузории мулоқоти мазкур пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни духтарон, паҳн нашудани бемориҳои сироятӣ, аз чумла ВНМО/БПНМ ва КОВИД-19, шомил нашудани духтарон ба ҳизбу ҳаракатхои ифрогарона ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ мебошад. Дар доираи мулоқот масъулин инчунин вобаста ба баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону наврасон, занону бонувон, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, шабгардиҳои беасоси духтарон, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии тарғиби фарҳанги ба мо бегона ва амсоли инҳо суханронӣ намуданд.

Рубрики
Uncategorized

БА ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НАЗДИ КДФ “БММҒ”-И НОҲИЯИ АШТ РОҲБАРИ НАВ ИНТИХОБ ГАРДИД

Нимаи дуюми санаи 28-уми апрели соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Ашт ҷаласаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Мӯътабар Мадаминова иштирок намуд.

Хушнуд Каримзода – раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни баромади хеш оид ба ҳадафҳои созанда ва Барномаи ҲХДТ, вусъат бахшидан ба фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ сухан кард.

Сипас, Одирматов Беҳрӯз-ро барои интихоб намудан ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Ашт пешниҳод намуд, ки кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур ин таклифро дастгири намуданд. Сониян , Хушнуд Каримзода – раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ба роҳбари нави ин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъул муваффақият хост.

Бояд қайд намуд, ки дар рафти маҷлис оиди давъати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самаранокии заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД-19 баромади муфассал намуданд.

Дар анҷоми маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур дидан намуда, баҳри ратди камбудиҳои ҷойдошта маслиҳадҳои муфид дод.

Рубрики
Uncategorized

Аёдати идона

Дар асоси нақша – чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдуҷалилов Суннатулло корҳои хайру савобро идома дода, бахшида ба фарорасии Моҳи Шарифи Рамазон бошандагони хона-интернати беморони руҳии вилояти Суғдро, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой аёдат намуданд.

Зимни аёдат фаъолон бошандагони муассисаи мазкурро ба муносибати фарорасии Моҳи Шарифи Рамазон табрик намуда, маводҳои ғизоиро супориданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони ноҳия барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.