Рубрики
Uncategorized

КАСБИ ХУБ -КАЛИДИ ХУШБАХТӢ

Дар ноҳияи Спитамен вохӯри бо толибилмон дар мактаби таҳсилоти ғайри давлати барои хонандагони болаёқат оид ба интихоби касби дурусти ҷавонон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Заррина Бобоқулова , духтури оилавии маркази саломатӣ №2 Назарқулова Фотима, кормандони “КДФ”Лоиҳакаш дар ноҳия Тошматов Исломҷон, меъмори ноҳия Ҳазратқулов Муҳаммадҷон ширкат варзиданд. Дар баромади худ толибилмон саҳначаҳо оид ба касб омӯзи баромадҳо намуданд. Сипас Заррина Бобоқулова оид ба мақсади пешгирӣ ва бохабар намудани ҷавонон, наврасон аз оқибатҳои нохуши ифротгароӣ оиди хатари терроризму экстремизм сухан намуд. Дар фарҷом толибилмон бахшида ба 110 – солагии қаҳрамони Тоҷикистон, шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода шеърҳо қироат намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Сулҳ дар гул-гулшукуфтанҳои ҷонон кишвар аст

Дар оғози барномаи адабӣ- фарҳангӣ, ки устодону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30-и шаҳри Панҷакент ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор намуданд, садои марғуладори ин шоиру ходими намоёни ҷамъиятӣ дар толори ҷамъомад танинандоз гардид ва аксҳои ӯ намоиш дода шуд.

Хонандагон аз шеъру достонҳои шоир порчаҳо қироат намуда, дар бораи рӯзгору осори ӯ нақл намуданд ва аз гуфтаҳои бузургони вақт дар бораи ин шоири тавонои тоҷик ёдоварӣ намуданд.

Мудирони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева ва Қобилҷон Ҷалолов ҳозиринро бо ҷойгоҳ ва нақши Мирзо Турсунзода чун барӯмандтарин шоир ва ходими ҷамъиятии вақт, ки ба баландтарин мукофотҳо сазовор шуда, дар муаррифии миллати тоҷик ва Тоҷикистон саҳми сазовор гузоштааст ва арҷгузории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хидматҳои ӯнақл намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Як рӯзи баҳор – пур кунад анбор

Имрӯзҳо дар саросари шаҳру деҳоти Панҷакент деҳқонон ба кишту кор машғуланд. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ва фаъолони ҳизб дар саҳро , дар паҳлӯи онҳо қарор доранд.

Кооперативҳои тиҷоратии “ Хуросон. Ё” ва “Ёрӣ”, ки даҳҳо нафар кишоварзонро муттаҳид менамояд, дар мавзеи доманфарохи дашти Ёрӣ ҷойгиранд ва ҳоло аъзоёни онҳо ба шинонидани картошка, зироати лӯбиёгӣ, хуроки чорво, коркарду ғизодиҳии зироат машғул буда, ба ҳосили оянда замина мегузоранд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ , узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо кормандони Кумиҷроия дар ҳайати гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамарӯза бо кору бори деҳқонон шинос шуда, онҳоро ба кишту кори босифат, истифодаи босамари ҳар порча замин даъват намуда, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин бора тафсир мекунанд, дар ҳалли мушкилоти пешомада мадад мерасонанд.

Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дорои заминҳои доманфарох аст ва он асосан ба тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад. Тавре деҳқонон мегӯянд, ҳарчанд таъминот бо оби полезӣ нисбати пешина беҳтар шудааст, самараи меҳнати онҳо, махсусан дар рӯёнидани ҳосили картошка чун зироати обталаб дар иқлими гарми дашти Ёрӣ ба он вобаста аст, ки пойгоҳҳои обкашӣ дар мавсими обёрӣ чи гуна ва муназзам кор мекунанд. Ин масъала низ зери назари гурӯҳи корӣқарор дорад.

Дар шароити душвори иқтисодии ҷаҳон, ки ба асари бемории сироятии коронавирус ба амал омадааст, зарбулмасали “Як рӯзи баҳор- пур кунад анбор” маънии амиқтар ва воқеӣ гирифтааст. Ин маъниро ҳизбиён ба деҳқонон дар сӯҳбату мулоқотҳо талқин менамоянд

Рубрики
Uncategorized

Ҳунар беҳ аз симу зар аст

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар

ноҳияи Деваштич бахшида ба эълон гардидани «Солҳои 2019-

2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва

баьри сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти

давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳо санаи 27.04.2021 намоиши ҳунарҳои мардумиро дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ташкил ва баргузор намуд.

Дар намоиш ҳунарҳои қадима ба монанди гулдӯзӣ, йурмадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати омода намудани армуғонҳои миллӣ бо истифодаи риштаҳои гуногун ва матоъҳо маҳорату истеъдоди худро нишон доданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич минбаъд низ баҳри сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро вусъати тоза мебахшад.

Рубрики
Uncategorized

Идомаи корҳои тарғиботӣ

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати самаранок истифодабарии замин корҳои тарғиботиро идома доданд.Зимни мулоқот бо шаҳрвандон иброз гардид, киАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа таъкид намуданд, ки рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобастагӣ дорад. Бинобар ин самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ аз он иборат аст, ки мардум тамоми сол заминро бояд истифода бурд ва ду-се ҳосил рӯёнид.

Рубрики
Uncategorized

Ҳушёриро аз даст надиҳед!

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шахраки Зарнисор” ҷиҳати нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ, истифодаи бомақсад аз шабакаҳои интернетӣ ба таври ҳамешагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад. Имрӯз дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 сӯҳбати хонандагон бо роҳбари муассиса дар мавзуъҳои дар боло зикр гардида доир гардид.

Рубрики
Uncategorized

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва сохторҳои низомӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи имрӯзаи мураккабу печидаи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароёна ва тағирёбии иқлим ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъиншуда бо донишу маҳорати касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон метавонанд дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат намоянд.

Сардори давлат дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд ва манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд.

«Бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватани худ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад,» – таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суҳбат.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25536

Рубрики
Uncategorized

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

27 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли СААД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД-ро ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиа нахустин чорабиниест, ки дар давраи раёсати кунунии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин тадбирро ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмон арзёбӣ карданд.

Таҳия ва тасдиқи заминаи меъёрӣ, ташкили нерӯҳои дастаҷамъӣ, гурӯҳҳои минтақавии қӯшунҳо, нерӯҳои посдори сулҳ ва мақомоти фармондеҳии онҳо аз вазифаҳои асосии Шӯрои вазирони мудофиаи Созмон арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистони ҳамсоя ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар мисоли пандемияи COVID-19, мо дидем, ки бо паҳншавии босуръати бемориҳои гуногуни сироятӣ дар ҷаҳон ба амнияти мо чӣ таҳдид мекунад.

Аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи масъалаи ташкили механизми таъмини амнияти биологии кишварҳои аъзои СААД чораҳои мушаххас амалӣ гардад.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25535

Рубрики
Uncategorized

ИДОМАИ ОМӮЗИШИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди ҶДММ “Рахш Р.М.” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорон ва мудири шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ, қабули босифати аъзо, супоридани аъзоҳаққӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузорӣ мутобиқ ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар рафти омӯзиш масъулини Кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ сухан карда ва боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кор ба масъулини ташкилот маслиҳатҳои муфид дод.

Рубрики
Uncategorized

ОЗМУНИ “ОШЁНИ БАЛАНД”

  • Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон-Мирзо Турсунзода Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд бо ҳамкории КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Озмуни телевизионии Турсунзодахонӣ-бо ном “Ошёни баланд” баргузор намуданд. Дар озмуни “Ошёни баланд” 62 нафар аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат варзиданд. Дар натиҷаи  санҷиши маҳорату истеъдоди онҳо ҳайати доварон ҷойи 3-юмро насиби Икромзода Шифо (донишҷуйи коллеҷи тибби Хуҷанд курси дуюм) ва Қурбонқулзода Парвиз (синфи 6-уми ноҳияи Зафаробод), ҷойи 2-юм насиби Қурбонқулов Ҷаҳонгир (донишҷуйи Донишкадаи политехникии ДТТ) ва Мирзоева Моҳира- (хонандаи синфи 5-и МТМУ №22  ноҳияи Мастҷоҳ)  ва ҷойи 1-ум Қодиров Ҷумъадило (донишҷуйи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) ва Пулодов Сино(хонандаи синфи 8-уми ноҳияи Ашт) сазовор донистанд. Шоҳҷоизаро дар озмуни “Ошёни баланд”  Раҳмонов Иброҳимхуҷа -хонандаи синфи 4-уми литсейи №1 шаҳри Исфара сазовор гардид. Ғолибон ҷойҳои ифтихорӣ бо Дипломи озмун ва тӯҳфаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Идораи телевизон ва радиои вилояти Суғд сарфароз гардиданд. Барои иштироки фаъолона довталабон Раҳимова Гулбаҳор, Амонбоев Далер, Шокиров Пайрав, Одиева Дилноза, Пулотов Аббос, Собиров Иброҳим, Бахталиева Малика, Ахмедова Мадина, Ҷуразода Лоиқшо, Абдураҳмонова Танзима, Ҳомидов Хушбахт, Тошматова Дилангез, Мадалиев Шаҳриёр, Рустамова Зуҳроҷон Ҳусейнова Меҳрона бо дипломи озмуни “Ошёни баланд” қадрдонӣ гардиданд.