Рубрики
top pay day loan

ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲ

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси КИ ХХДТ дар вилояти Суғд, бахши Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Филиали федератсияи миллии Чиу-читсу Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Қасри варзиш мусобиқаи вилоятӣ оид ба Чиу-читсу байни наврасон ва ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқаи Чиу-читсу мудири шуъбаи ҷавонон КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов иштирок намуд. Ба ғолибон диплом медал тухфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Рубрики
top pay day loan

ҶАББОР РАСУЛОВ: ВОХӮРӢ БО ҶАВОНДУХТАРОН

Тибқи нақшаи чорабинии шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷавондухтарони МТМУ №26 вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири бахши умумии КИ ҲХДТ дар ноҳия Исмоилова Матлуба иштирок намуда, дар баромади худ оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани ҳолатҳои паст задани шаъну шарафи занҳо ва поймолкунии ҳуқуқҳои онҳо, ба меҳнат ва ба пуррагӣ ҷалб намудани духтарони хатмкунандагони зинаи 2-юми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба зинаи 3-юми таҳсил суханронӣ намуд.

Рубрики
top pay day loan

ГУЛИСТОН: МАҲФИЛ – ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ”

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон имрӯз дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг” бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат ва ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид. Дар оғози баргузории чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Чамолиен баромад намуда, ҳадафи баргузории маҳфил – озмуни мазкурро шарҳ дод ва доир ба нақши китоби мазкур дар шинохти асолати миллӣ ибрози андеша намуд.

Дар маҳфил – озмуни мазкур хонандагони фаъоли муассисахои талимии шаҳру шаҳракҳои Гулистон ширкат варзида, донишу ҷаҳонбинии худро вобаста ба китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров нишон доданд.

Дар натиҷа Дипломи дараҷаи якум насиби хонандаи синфи 10 “А”и МТМУ № 14 Кузиева Сафина Дипломи дараҷаи дуюм насиби хонандаи синфи 10″А”-и Гимназияи № 1 Зебои Собит-духт ва Дипломи дараҷаи сеюм насиби хонандаи синфи 10 “В”-и Қосимова Рухшона МТМУ №1 гардид.

Дар ҷамъбасти маҳфил – озмун ҳамаи иштирокдорон бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шудаанд.

Рубрики
top pay day loan

АШТ:ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО ОБОД ХОҲЕМ КАРД!

Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободони созандагӣ, тозаву обод гардонидани гирду атрофи даромадгоҳи ду тарафи роҳҳои асосии Ҷамоати шаҳраки Шайдон бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и (МТМУ №65) назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт шанбегӣ баргузор карда шуд.

Рубрики
top pay day loan

МАҶЛИСИ САЙЁРИ КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТИИ ҲИЗБ

Раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аъзои гурӯҳи корӣ аз фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дидан намуданд. Тавре аз мушҳидаҳо аён гардид, кумиҷроия соҳиби дастгоҳи қавӣ иборат аз мутахассисони варзида ва кордон буда, утоқҳои ҳизбӣ хуб ҷиҳозонида шудаанд. Зимни азназаргузаронии утоқҳои муовини раиси кумиҷроия, омор, ташвиқоту тарғибот, ташкилӣ, шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонон, муҳосибот аён гардид, ки низоми ҳуҷаттгузорӣ хуб аст. Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва иҷроиши онҳо ба пуррагӣ нишон дода шудааст. Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои тақвияти кор, ороиши гушаҳои ҳизбӣ, вусъат додани кор бо аъзо ба кормандони дастгоҳ дастуру ҳидоятҳо дод.

Баъдан расисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят ва кормандони дасгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ба 13 гурӯҳ тақсим шуда, аз фаъолияти наздики 50 ташкилотҳои ибтидоӣ дидан намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент 13 546 нафар аъзои ҳизб дар 85 ташкилотҳои ибтидоӣ ба қайд гирифта шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раисони ташкилотҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб аз шаҳри Панҷакент ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҳизбӣ дар маҷлиси сайёри Кумиҷроияи ҳизбии вилоят дар шаҳри Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент барои пазироӣ бори дигар изҳори сипос намуда, зикр кард, ки шиносоии раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят аз фаъолияти кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои беҳтар шудани кори ҳизбӣ, тарғиби таҷрибаи хуб, ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта мусоидат хоҳад кард. Таъкид шуд, ки ҳамсафон аз ин боздид таассуроти хуб бардоштанд.

Гурӯҳи корӣ фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии шаҳрро хуб арзёбӣ намудаанд. Қайд карда шуд, ки ташкилотҳои ибтидоии Экспедитсияи иктишофии Моғиён, Тоҷикстандарт, КМ “Зарафшон”, Маорифчиён, Беморхонаи “Суғдиён”, Беморхонаи марказӣ, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии “Беҳдошт”, Коллеҷи тиббӣ,

Маркази саломатӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Амонатбонк, Ободонӣ, Кохи фарҳанг, Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, Хонаи пиронсолон ва Мактаби санъат фаъолияти хубу назаррасро роҳандозӣ намудаанд.

Меҳмонон ба сатҳи баланди корҳои ташкилӣ, аз ҷумла ороиши утоқҳои корӣ ва коргузорӣ баҳои баланд дода, барои беҳбудии фаъолият ва коргузориву зиёд намудани аъзои ҳизб маслиҳатҳои муфид доданд. Гуфта шуд, ки бо кормандон ҳадди ақал дар як моҳ як маротиба маҷлис ва чорабиниҳо гузаронида, мақсаду мароми ҲХДТ-ро фаҳмонанд.

Дар баромади Исмоилзода Зуфар Муртазохон таъкид карда шуд, ки ҳамаи иқдомҳо бояд зери шиори истиқбол аз Истиқлол бояд сурат гирад. Мавсуф ба вусъати корҳои сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Гулистон, Конибодом супоришҳо дода, ҳамзамон зикр намуд, ки ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо барои тақвияти ҳизб қадами устуворе хоҳад буд. Дар ин ҷода фаъолияти кумиҷроияи ноҳияи Аштро нек арзёбӣ намуд. Дар идомаи ҷаласа сари вақт роҳандозӣ намудани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2022 ва натиҷагирӣ аз баргузории аксияи “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” баррасӣ шуда, супоришҳои мушаххас дода шуд. Инчунин, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар баъзе аз ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи ҳизбии шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода, онҳоро ба боз ҳам тавсеа додани фаъолияти ҳамарӯзаашон ҳидоят намуд.

Дар интиҳои маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон чунин ибрози назар кард: “Мо дар остонаи истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. ҲХДТ, ки зодаи даврони истиқлол аст, барои ноил шудан ба дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон саҳми назаррас дорад. Аз ин рӯ, ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи ибратомӯзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷой орад, ба қадри ин неъмати бебаҳои умумимиллӣ — Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро гузошта, дар

атрофи сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид бошад”.

Бо ҳамин баргузории Рӯзҳои ҳизб дар шаҳри Панҷакент анҷом пазируфт ва меҳмонон бо як ҷаҳон таассуротҳои хубу хотирмон ба шаҳри Хуҷанд баргаштанд.

Рубрики
top pay day loan

МАВҚЕИ ҲИЗБРО ДАР ҶОМЕА БОЯД МУСТАҲАКАМ КАРД (Ё ҚАЙДҲО АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ ҲИЗБ ДАР ПАНҶАКЕНТИ БОСТОНӢ)

Бо дарки воқеияти ҷомеи муосир, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ куллан тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдории миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуда истодаанд. Дар остонаи таҷлили 30 – солагии Истиқлоли миллӣ таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдӣ дар саросари мамлакат вусъати тоза пайдо карда, тавассути заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар кишварамон ба як давлати рӯ ба инкишофу тараққӣ мубаддал гардидааст. Шаҳри бостонии Панҷакент низ аз ин истисно нест. Бояд қайд кард, ки ду сол қабл гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ин сарзамини куҳанбунёд ва шоирхез бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент боздид ба амал оварда буданд. Сафари навбатӣ ба санаҳои 25 – 26 майи соли 2021 рост омад. Кормандони масъули Кумитаи вилоятии ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят бо сарварии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар доираи иқдоми “Рӯзҳои ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент” ба шаҳри Панҷакент омаданд. Мақсад аз ташрифи намояндагони кумиҷроияҳои вилоят ва шаҳру навоҳӣ омӯзиши таҷрибаи фаъолияти ҳизбии ҳамдигар ва тақвият бахшидан ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мебошад. Меҳмонон зимни ташрифи навбатӣ ба хубӣ дарк ва эҳсос карданд, ки шаҳру деҳот сол то сол шукуфотару ободтар гардидааст ва ин ҳама аз файзу нусрати соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ мегардад. Шоистаи зикр аст, ки ба ифтихори таҷлили 5500-солагии Саразми бостон ва 80-солагии шоири Халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент як қатор иншоотҳои ҷашнӣ қомат афрохтаву шукӯҳу шаҳомати шаҳрро фузунтар намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки меҳмононро раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пазироӣ намуда, онҳоро ба шаҳри бостонии Панҷакент хайра мақдам гуфт. Ҳамчунин, изҳор дошт, ки сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент ба истиқболи ҷашни бузурги давлатӣ – 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа омодагӣ доранд ва якчанд иншоотҳои ҷашнӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Ҳамкориҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро бо кумиҷроияии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент хубу шоиста арзёбӣ кард. Афзуд, ки на танҳо ҳамчун узви ҲХДТ, балки чун инсони ватандӯсту меҳанпараст ба ҲХДТ, ҳизби созандаву бунёдкор, ваҳдатшиору инсонпарвар бояд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Дар амалӣ намудани барномаву оинномаи ҲХДТ муваззаф будани ҳар нафар аъзои ҳизбро махсус зикр кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуд ва мақсади ташриф овардан ба шаҳри Панҷакентро баён кард. Тибқи барномаи “Рӯзҳои ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент” онҳо аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр боздид ба амал меоранд ва таҷриба иваз мекунанд.

Баъд аз анҷоми мулоқоти ду ҷониб меҳмонон бо ҳамроҳии Раиси шаҳр Холиқзода Абдухолиқ Санавбар дар пояи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ гулчанбар гузоштанд.

Рубрики
top pay day loan

ҶАББОР РАСУЛОВ: ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД!

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алимова Н. бо иштироки хонандагони синфҳои болоии МТМУ №22 вохӯрӣ дар мавзӯи «Ҷавонон ояндаи миллатанд» ташкил ва баргузор намуд. Мавсуф дар баромади худ дар бораи тарбия намудани ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯхтани илму техникаи муосир аз ҷониби ҷавонон, шомил нашудани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, мубориза бар зидди коррупсия, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ аз ҷумла, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо барои муносиб пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оқилонаву сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии касалии сироятии «COVID-19» суханронӣ намуд.

Рубрики
top pay day loan

ҶАББОР РАСУЛОВ: ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛЗАНОН

Тибқи нақшаи тасдиқгардида мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Алимова Наргиза бо кормандони кӯдакистони № 8 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулхона мулоқоти озод баргузор намуд. Алимова Наргиза дар баромади худ, масъалаҳои мубрами рӯз оид ба пешгирии касалии сироятии “COVID-19”, мубориза ба амалҳои коррупсионӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷамъоварии ҳосили руёнида, дар бораи пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии шомилшавии ҷавонону ҷавондухтарон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, қадри зан дар оила, фарҳанги оиладорӣ, омӯзиши мушкилоту масъалаҳои занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» суханронӣ намуд. Дар охир бо иштирокчиён саволу ҷавобҳои озод баргузор гардид.

Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН – ОМИЛИ ПУРФАЙЗИИ ХОНАДОН

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар радифи иҷрои дастури Роҳбари давлат дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани то се ҳосил аз хоҷагиҳои деҳаи Кӯчкаки ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев дидан намуда, дар ин самт моҳияти дастури роҳбари давлатро ба масъулини хоҷагиҳо расониданд.

Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: ШАҲОДАТНОМАИ МАН-ИФТИХОРИ МАН

Дар асоси дастури муовини якуми Раиси ҲХДТ бобати вусъат бахшидани фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар сохторҳои ҲХДТ амалиёти “Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман” гузаронида шуда истодааст. Имрӯз бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар чанде аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев амалиёти мазкур баргузор гардида, дар ин самт тавсияҳои судманд дода шуд. Чунин амалиёт дар дигар ташкилотҳои ҳизбӣ низ идома дорад