Рубрики
Last News

ГУЛИСТОН: ОБОДӢ – МАРОМИ МОСТ!

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шанбегии дастаҷамъона дар оромгоҳҳо таҳти унвони “Поси хотир” баргузор гардид. Дар шанбегӣ фаъолони ҳизб занону ҷавонон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, гирду атрофи оромгоҳро аз партоваҳо ва алафҳои бегона тоза карданд.

Рубрики
Last News Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: РОДМАРДИ ВАТАН

Рӯзгори пурбаракату зиндагии ибратомӯзи Абдуҳамид бобои 95 соларо дар ҷамоати деҳоти Ёва нафаре нест , ки нақлу ҳикоя накарда бошад. Ӯ ягона нафарест, ки лаҳзаҳои пуршиддати ҷанги хонумонсӯзро барои имрӯзиён қисса мекунад. Бахшида ба 76-солагии Рӯзи Ғалаба мо тасмим гирифтем, ки аз ҳаёту фаъолити ин родмарди Ватан қисса намоем.

Юлдошев Абдуҳамид 10 январи соли 1926 дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар синни 5- солагиаш аз модари мушфиқ ва дар синни 6 – солагӣ аз падари бузургвораш ятим мондааст.

Ӯро модаркалони азизу меҳрубонаш ба оғуши худ гирифта, тарбия намудааст. Мактаби миёнаро то синфи 4-ум давом дода, дар синни 13-14 солагиаш фаъолияти меҳнатиашро дар колхози “Қизил қаҳрамон” ҳозира хоҷагии ба номи Ҷ.Расулов оғоз намудааст. Вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар мешавад чандин маротиба ба коммисариати ҳарбӣ муроҷиат намудааст, ки ӯро ба фронт сафарбар намоянд. Аммо бо сабаби хурдсол буданаш, хоҳиши ӯро рад мекардаанд. Соли 1943 коммисариати ҳарбии ноҳия ӯро низ ба фронт даъват намуда, ба шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода, дар он ҷо 6-моҳ дар ротаи автоматчиҳо таълим гирифта, баъд дар ҳайати дивизияи 89-ум хизмат намудааст.

Ӯ ҳамроҳи ҳамяроқонаш барои аз душман озод намудани давлати Полша саҳм дошта, сипас иштирокчии ҷанг дар шаҳри Кенсберг ва дигар шаҳрҳои Германияи фашистӣ ҷангидааст. Дар он замон ӯро адютанти кумондони полк тайин намудаанд. Дар давоми хизмат бемор мешавад ва ӯро ба шаҳри Алма-Ато барои табобат мефиристанд ва дар онҷо ғалабаро истиқбол мегирад.

Юлдошев Абдуҳамид моҳи июли соли 1946 ба Ватани худ бо сари баланд баргашта, фаъолияти кориашро боз дар колхози “Қизил-Қаҳрамон”давом дода, курси 3 моҳаи “Замбӯрпарвари”-ро хатм менамояд. Ӯ се сол дар колхоз ҳамчун “Занбӯрпарвар” фаъолият бурда, баъдан ҳисобчӣ ва бригадири бригадаи пахтакорӣ, боғбон ва мудири анбор шуда кор кардааст.

Аз соли 1986 ба нафақа баромада бо хоҳиши раиси хоҷагӣ то соли 1987 кор карда, аз соли 1999 то соли 2013 ҳамчун раиси собиқадорони ҷангу меҳнат дар ҷамоати деҳоти Ёва фаъолият бурдааст.

Ҳоло бошад дар ҳалқаи дӯстон умр ба сар бурда, дуогӯи осудагии Ватану халқи азизамон мебошад. Мо низ занону бонувони ҳизбии ноҳия аз чунин қаҳрамон ифтихор мекунем.

Бобои Абдуҳамидро аз номи кулли ҳизбиёни ноҳия бо Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу умри дароз хоҳонем.

Азимова Ороста –мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Last News

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ДАВРАИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МО БО ШУМОЕМ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 3-майи соли 2021 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври аввали озмуни ҷумҳуриявӣ “Мо бо шумоем” байни наврасони маъюб баргузор гардид. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки имконияташон маҳдуд мебошад, 28 нафар иштирок намуданд.

Ғолибони озмуни мазкур бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем” роҳхат ёфтанд. Инчунин ба ҳар як иштирокчии озмун аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Рубрики
Last News

АШТ: ҲУНАР БЕҲ АЗ МЕРОСИ ПАДАР

Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалб намудани ҷавондухтарону ҷавонписарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ санаи 3-юми майи соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз ҳунари сӯзанидӯзии духтарон ва ҳунари кандакории писарони муасиссаи мазкур аз наздик ошно гардиданд. Дар муассисаи мазкур барои ҷалб намудани ҷавондухтарон маҳфили “Сӯзанидӯзӣ ” аз соли 2010 инҷониб амал намуда, дар якчанд озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ маҳфил ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидааст. Рафти сӯҳбат бо роҳбари маҳфили “Сӯзанидӯзӣ” Машарипова Ш ва духтарон маълум гардид, ки духтарони муассиса вақтҳои холии худро бештар ба дӯхтани нақшу нигори миллӣ дар рӯи ҳар гуна матоҳо, пухтани таомҳои миллӣ ва хондани китобҳои бадеӣ сарф менамоянд.

Инчунин, барои ҷавонписарон омӯзгори касбу ҳунар Самиев З доир ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ба писарони муасиса таълим дода, онҳоро бо нозукиҳои касбҳои кандакорӣ, чубтарошӣ, сикказанӣ ва сохтани ҳар гуна ашёҳои хонагӣ ҷалб намудаанд, ки дар баробари рушди соҳаи ҳунармандӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шароити мусоид низ ҷиҳати инкишоф додани ҳунари хеш ва нишон додани он дар дохил ва хориҷи кишвар, ки инъикосгари миллати тоҷик аст, як такони ҷиддие бахшид.

Омӯзгорони касбу ҳунари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 кӯшиш менамоянд, дар рушди соҳаи ҳунрмандӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани ҳунарҳои миллӣ ҷавондухтарону ҷавонписаронро бештар ҷалб намоянд. Зеро “Ҳунарманд ҳар ҷо равад азизу гиромӣ аст”.