Рубрики
Uncategorized

“Вассофи сулҳу дӯстӣ”

Имрӯз дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ маҳфили адабӣ таҳти унвони “Вассофи сулҳу дӯстӣ” бахшида ба 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барпо гардид.

Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ сарвари Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ҳусни оғоз бахшид. Иштирокчиён бо ҳаёт ва фаъолияти шоири шаҳир Мирзо Турсунзода бо воситаи филми ҳуҷҷатӣ шинос гаштанд. Дар маҳфил донишҷӯён аз ашъори шоир Мирзо Турсунзода шеъру достонҳо қироат намуданд. Якчанд нафар донишҷӯён достонҳои “Ҷони ширин”, “Чароғи абадӣ”, “Сайёҳи Ҳинд”, силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон”-и шоирро ба пуррагӣ аз ёд хонданд.

Дар баргузории маҳфили адабӣ омӯзгорон Адҳамова Дилором, Ғаффоров Абдуҳаёт, Яҳёева Фарзона саҳми арзанда гузоштанд. Дар охири ҷамъомад ба иштирокчиёни фаъол Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Озмун байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардид

         Тибқи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати дар сатҳи шоиста баргузор намудани 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан озмуни адабии “Донандагони ашъори Мирзо Турсунзода” – ро байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ эълон намуд. Дар озмун хонандагон дар ду гурӯҳ – то 13 сола ва аз 13 сола боло ширкат варзиданд.

Дар озмуни хонандагони то 13 сола:

  • сазовори ҷойи якум Аминов Азизҷон – хонандаи гимназияи №2
  • сазовори ҷойи дуюм Тӯйчиева Маҳлиё – хонандаи МТМУ №15
  • сазовори ҷойи сеюм Маҳмудова Фарангис – хонандаи МТМУ №39

Дар озмуни хонандагони аз 13 сола боло:

  • сазовори ҷойи якум Алимова Оиша – хонандаи литсейи №1
  • сазовори ҷойи дуюм Миразизова Маъмура – хонандаи МТМУ №3
  • сазовори ҷойи сеюм Сангинова Шабнам – хонандаи МТМУ №62 гардиданд.

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маросими ҷоизасупорӣ доир гардид, ба ғолибони озмун тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва Сипосномаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” супорида шуд. Инчунин устодоне, ки дар гузаронидани озмун ҳиссагузорӣ намуданд, қадрдонӣ гаштанд.

Рубрики
Uncategorized

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва хизмат ба Ватан қарзи муқаддасӣ ҳар як ҷавонмард аст

     Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич  бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  ҳар як ҷавонмард аст, вохӯрӣ доир намуд. Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки таваҷӯҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбати ҷавонон зоҳир мегардад метавон гуфт, ки дар роҳи сарнавишти давлати тоҷик ин нақши мубориз доштани ҷавонон аз сиёсатӣ хирадмандонаву дурундешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад ва ҳисси ифтихору худшиносиро нисбат ба ин Ватану ин миллат дар ниҳоди ҷавонон боз дучанд менамояд.

      Имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини ва сайёра таҳдид карда барои башарият хатари накамтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ҷомеаи ҷаҳони изҳор менамояд, ки шомил гаштан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ин хиёнат ба Ватану миллат, наслу авлод мебошад. Мутаасифона инро на ҳамаи ҷавонон дарк мекунанд ва аз ноогоҳиву гумроҳи ба ин амали хиёнаткорона даст мезананд.

     Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ҳар як ҷавон бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, ифтихор аз ин Ватан ва хоку оби меҳани маҳбубаш кунад. Барои  ҳимояи Ватан  ҳамеша омода бошад. Меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро барои корҳои созандагиву ободкорӣ равона созад ва қарзи фарзандии худро дар назди  Модар-Ватан содиқонаву софдилона адо намояд.

Рубрики
Uncategorized

Занон зидди хушунати оилавӣ

        Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар толори САҲШ-и ноҳия тибқи нақша-чорабинӣ мизи    мудавварро  дар мавзӯъҳои риояи ҳатмии Қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастовардҳои 30-солии Истиқлолияти давлатӣ, иштироки фаъолона дар даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи маводи ғизоӣ, фарҳангӣ истифодаи сомона ва масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо бо иштироки занон-собиқадорон, роҳбарон ва вакил бонувон ташкил ва баргузор намуд.

       Дар мизи мудаввар Мадинахон Салимзода -муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Шуҷоат Ҳасанова- собиқадори ҲХДТ, Мукаррама Негматова –собиқадори ҳизб,    Моҳира Раҳимзода-котиби масъули рӯзномаи вилоятии «Сухани халқ» иштирок намуданд.

     Иштирокчиёни чорабинии мизи мудаввар Бунафша Гиёсиддинзода, Мақсуда Ёкубова,  Шоира Машрафҷонзода, Рафоат  Каримова, Шарифа Ёқубова, Рано Аҳмадҷонова ва Турсуной Додобоева оиди масъалаҳои баёншуда фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

Рубрики
Uncategorized

«Хона ба хона»

Баҳри самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ сокинон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар як вақт ду ҳосил аз як майдон  гиранд. Тавре мушоҳида гардид, дар заминҳои наздиҳавлигӣ сокинон намудҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, карам, помидору бодиринг ва лубиёгиҳо кишт карда истодаанд.

      Сокинони шаҳри Гулистон дар замини наздиҳавлигияшон кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ монда, боварӣ доранд, ки аз ҳисоби ҳосили замини наздиҳавлигиашон рӯзгори хешро пеш мебаранд.

    Тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон инчунин, ҳангоми гардиши «Хона ба хона» ба сокинон  оид ба бурдани тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии худ ва наздикон, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ  гузарониданд.

Рубрики
Uncategorized

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав бо номи “Мададгор” таъсис дода шуд

      Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, мувофиқи банди 3.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  боз як ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав дар назди беморхонаи шаҳраки Зарнисор  таъсис дода шуд. Дар маҷлиси ҳизбии корхона, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён  баромад намуда, дар бораи мақсаду мароми ҳизб, Барнома ва талаботҳои  Низомномаю  Оинномаи ҳизб суханронӣ намуд.

      Муслимахон Ҷамолиён пешниҳод намуд, ки  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Юнус Сабуров интихоб гардад ва номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Мададгор» номгузорӣ карда шавад. Юнус Сабуров  раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ  интихоб гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба кору  фаъолияти ташкилоти ибтидоии навбунёд  барору комёбӣ таманно намуд.

Рубрики
Uncategorized

САНҶИШИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НАЗДИ ШАБАКАИ БАРҚИ НОҲИЯИ АШТ

Аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ва дигар масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Шабакаи барқи ноҳияи Ашт санҷиши навбатӣ гузаронида, нисбати фаъолияти ҳизбӣ, корҳои ташкилӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият ва ҳуҷҷатгузорӣ дидан ба амал оварда шуд.

         Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни санҷиш норасоиҳое ба назар расид, ки  нисбати боз ҳам тақвият бахшидани тарзи корбарӣ баъзе маслиҳатҳои муфид ва баҳри рафъи камбудӣ ва норасоиҳои ҷойдошта ёрии методӣ расонида шуд. 

Суратгузориш аз рафти санҷиш:

Рубрики
Uncategorized

ИДОМАИ САНҶИШИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НАЗДИ “ЛОИҲАКАШ”-И НОҲИЯИ АШТ

Аз тарафи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ва дигар масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Ашт санҷиши навбатӣ гузаронида, нисбати фаъолияти ҳизбӣ, корҳои ташкилӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият ва ҳуҷҷатгузорӣ дидан ба амал оварда шуда, аз ҷониби масъулин барои боз ҳам тақвият бахшидани тарзи корбарӣ  ва баҳри рафъи камбудӣ ва норасоиҳои ҷойдошта нисбати ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии мазкур якчанд маслиҳатҳо дода шуд.

Рубрики
Uncategorized

Мулоқот бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ

Ҷиҳати иҷрои Барқияи кумиҷроияи вилоятӣ аз 26.04.2021 таҳти рақами №123 Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рузибой дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарони 55 (адад) ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия мулоқоти судманд доир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот раиси кумиҷроия оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз ҳар як ваҷаб замин, истеҳсолу захира кардани миқдори зарурии маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила, сарфакорию пешгирии исрофкории маводи озуқаворӣ, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Масъулияти падару дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гироми доштани арзишҳои миллӣ, омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои ташкилотҳо, ҷалби аъзоёни соҳибхирад ба сафи ҲХДТ, дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ дар маҳаллҳо ибрози назар намуданд.

Р. Раҳимзода зимни баромад аз раисони ташкилотҳои ибтидоӣ даъват ба амал оварданд, ки доир ба мавзӯъҳои баррасигардида, дар деҳаҳои худ пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, баҳри пойдории суботи сиёсӣ ва некуаҳволии мардум саҳми босазо гузоранд. Бояд гуфт, ки мардум ба машваратҳои амиқу саривақтии фаъолон эътимод баста, онро дар амал татбиқ менамоянд. Аз ин рӯ моро мебояд дар иҷрои вазифа масъулиятшиносиро пешаи худ намуда, мардумро ба роҳи неку иқдомҳои созанда ҳидоят намоем.

Мулоқоти гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи ноҳиявӣ аз ҳисоби вакилон, занону ҷавонон, фаъолон, собиқадорон дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.

Рубрики
Uncategorized

Мизи мудаввар таҳти унвони “Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардист”

Дар МТМУ №16 бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардист” ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Набиев Шерзод ва мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алимова Наргиза иштирок намуданд.

Баромадкунандагон оид ба иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ифротгароиву терроризм, мубориза бар зидди коррупсия, самаранок истифода намудан аз заминҳои наздиҳалигӣ ва президентӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии «COVID-19», ташкилёбии Артиши миллӣ ва ташаккулёбии чузъу томҳои он, шароити хизмати ҳарбӣ, қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард дар назди Модар-Ватан суханронӣ намуданд.

Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллӣ як қатор ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат намуда, мактаби бузурги шуҷоату мардонагиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меомӯзанд.