Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: ИДОМАИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КИШОВАРЗ”

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” бо иштироки Зуфар Исмоилзода – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дигар аъзои гурӯҳ бо омӯзгорони МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳия баргузор шуд.

Маҳмадғаюр Сабуров – директори МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳияи Мастчоҳ маҷлисро ифтитоҳ намуда, мақсаду муҳтавои онро шарҳ дода, рӯзномаи маҷлисро ироа кард:

Муҳтарам ҳозирин! Моро зарур аст, ки рӯзномаи кори Маҷлисро тасдиқ намоем. Ба маҷлиси имрӯза баррассии масъалаҳои зерин пешниҳод мешавад:

Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” дар дар давраи ҳисоботӣ;

Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз”, – гуфт М. Сабуров.

Доир ба масъалаи якуми маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” ҳисоботи худро қироат намуд.

Дар қисмати музокираи маҷлис Довуд Ниёзов – муовини директори МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳияи Мастчоҳ оиди корҳои хоҷагӣ баромад намуда, фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии “Кишоварз”-ро дар давраи ҳисоботӣ қонеъкунанда арзёбӣ кард.

Сипас, Маҳмадғаюр Сабуров Қарори маҷлисро қироат намуд:

Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Маърифат” қарор мекунад:

Ҳисоботи раиси ТИ ҲХДТ “Маърифат” дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобида шавад.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” вазифадор карда шавад, ки барои риояи дақиқи Оинномаи ҲХДТ, Одобномаи корманди ҳизбӣ, татбиқи амалии Барномаи ҳизб ва ҷалби аъзои арзанда ба сафи ҲХДТ чораҳои муассирро роҳандозӣ намояд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи раиси ташкилоти ибтидоӣ гузошта шавад.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис номзадии директори МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳияи Мастчоҳ – Маҳмадғаюр Сабуров пешниҳод гардида, вобаста ба шахси арзанда будани ӯ Вафо Усмонов – омӯзгори МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳия дар қисмати таклифот суханронӣ карда, номзадии шахси арзандаро дастгирӣ кард.

Раиси нави ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” – Маҳмадғаюр Сабуров барои ба боварии узви гурӯҳи кории маҷлиси мазкур интихоб гардидани вай изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Дар охир, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода саҳми арзандаи омӯзгорон дар самти рушди давлату давлатдории навини тоҷикон ва тарғибгарони сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери парчами созандаю пешбарандаи ҲХДТ суханронии пурмуҳтаво намуд.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШИФО”

Дар идомаи сафари кории худ, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода Муртазохон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Шифо” бо ҳамроҳии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Дилшод Зокиров, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия – Музаффархон Баҳодуров ва мудирони шуъбаву духтурони собиқадори беморхонаи мазкур ширкат варзиданд.

Усмонбек Ҷумаев – раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” маҷлисро ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ ва мақсади маҷлисро шарҳ дод.

Дар ташкилоти ибтидоии “Шифо”, ки дар он ду масъала, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ буд, баррасӣ гардиданд.

Мувофиқи рӯзномаи якуми маҷлис, раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” – Усмонбек Ҷумаев ҳисобот дода, дар давраи ҳисоботӣ доир ба хусуси риояи гигиенӣ-санитарии аҳолӣ, саривақт расидагии духтурони соҳибтаҷриба ба беморон, дар сатҳи баланд хизматрасонӣ намудани табибон ба муроҷиаткунандагон ва саҳми кормандони БМН дар ободонии атрофи беморхона ва тарғибу ташвиқи кормандони соҳаи тиб дар якҷоягии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ суҳбати пурмуҳтаво намуд:

– Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ, ки бо шароитҳои замони муосир ва дастгоҳҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз аст, бо духтурону ҳамширагони соҳибтаҷриба таъмин буда, ҳамарӯза ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хизматрасонӣ мекунанд. онҳо баҳри солимгардонии сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар сатҳи зарурӣ кору фаъолият намуда, дар якҷоягӣ бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун узви фаъоли ҳизб баҳри баланд бардоштани Одобномаи ҳизбӣ ва ҳамчунин тарғиб намудани ин ҳизби ҳомии халқ кӯшишу заҳматҳои худро дареғ намедоранд, – гуфт У. Ҷумаев.

Дар қисмати музокира, сардухтари Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ – Музаффархон Баҳодуров суҳбат карда. фаъолияти кории Усмонбек Ҷумаевро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобид.

Тибқи банди дуюми рӯзномаи маҷлис: интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоии “Шифо” баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи кории ташкилоти ҳизбии “Шифо” дар мувофиқа бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба ин вазифаи пурмаҳсул номзадии сартабиби БМН – Музаффархон Баҳодуровро пешниҳод намуданд. Дар миёни иштирокчиён Убайдулло Худойбердиев сардухтурро шахси арзанда хонд. Дар интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” аз ҷониби аъзои фаъоли ҳизб якдилона сардухтури БМН – Музаффархон Баҳодуровро интихоб намуданд.

Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода доир ба солимгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои асосии ҲХДТ, суҳбати пурмуҳтаво намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ

Дирӯз 15 июни соли ҷорӣ бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Маърифат” баргузор гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Дилшод Зокиров, мудири шуъбаи маорифи ноҳия – Ибодулло Оқилов, раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” – Мирзодавлат Давлатов, директорону омӯзгорон ва кормандони шуъбаи маориф иштирок намуданд.

Дар маҷлиси мазкур асосан ду масъала: ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” ва Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” пешниҳод шуда, аз ҷониби аъзои ҳизб хуб пазируфта шуд.

Аз рӯи масъалаи якум, раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” – Мирзодавлат Давлатов доир ба фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ дар давраи хисоботӣ баромади пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла, мавсуф зикр кард, ки:

– Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҷалб намудани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва макотиби олӣ вохӯрии Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ дар МТМУ №11 баргузор карда шуд…

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии қишри осебпазир таъсиси озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯдакони ноҳияро, ки то ба ҳол дар ягон озмун иштирок накардаанд, хеле хушнуд кард.

Дар озмуни мазкур аксари онҳо иштирок дошта, дар номинатсияи маҳорати суханварӣ ва қироати шеър 3 нафар, дар номинатсияи маҳорати сурудхонӣ 2 нафар ва дар номинатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ 2 нафар лоиқи ҷойҳои намоён шуданд.

Ғолибони ин озмуни мазкур дар даври вилоятӣ ширкат карда, бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат таъсис карда шудааст, Ташкилоти ибтидоии “Маърифат” фаъолияти худро дар ин ҷода тибқи дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ, КИВ ҲХДТ ва КИН ҲХДТ иҷро намуд. Дар ин озмун, ки санаи 1-уми июн баргузор гардид, 3 нафар ҷойҳои ифтихориро касб карданд, ки ғолибони озмуни мазкур ба вилоят пешниҳод шудаанд.

Шоистаи зикр аст, ки даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” низ санаи 24 майи соли ҷорӣ дар МТМУ №26, МТМУ №13, МТМУ №1, МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳияи Мастчоҳ ва МДТ “Коллеҷи омӯзгорӣ”-и ноҳия баргузор гардид, ки дар ин озмун 244 нафар; аз ҷумла, 206 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии ноҳия, 21 нафар донишҷӯ ва 17 нафар омӯзгор ширкат доштанд.

Дар озмуни мазкур, аз номинатсияи математика 8 нафар, аз номинатсияи физика 6 нафар, аз номинатсияи химия 9 нафар, аз номинатсияи биология 9 нафар, аз номинатсияи география 9 нафар, аз номинатсияи технологияи иттилоотӣ 4 нафар ва аз номинатсияи ихтироъкорӣ 8 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ, олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ бо хонандагони аз синфи 5 то 11 баргузор гардид, ки онҳо фаъолона ширкат карда, 6 нафар сазовори ҷои дуюм ва 7 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ғайр аз ин, дар олимпиадаҳои фанниву эҷодӣ дар соли таҳсили 2020-2021 хонандагони муассисаҳои ноҳия фаъолияти пурсамар доштанд, ки аз онҳо 8 нафар сазовори ҷои 2-юм ва 7 нафар сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Ҳамчунин, хонандагони ноҳияи Мастчоҳ дар озмунҳои байналхалқӣ низ ширкат карда, 1 нафар сазовори ҷои дуюм ва 4 нафар сазовори ҷои 3-юм шуданд, – гуфт М. Давлатов.

Бурҳон Сафаров – директори МТМУ №1 дар қисмати музокира баромад намуда, фаъолияти раиси Ташкилоти ибтидоии “Маърифат”-ро қаноатбахш хонд.

Пас аз он, Қарори маҷлиси мазкур, ки дар 3 банди иборат аст, фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкурро қаноатбахш ҳисобида, раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” вазифадор карда шуд, ки барои риояи дақиқи Оинномаи ҲХДТ, Одобномаи корманди ҳизбӣ, татбиқи амалии Барномаи ҳизб ва ҷалби аъзои арзанда ба сафи ҲХДТ чораҳои муассирро роҳандозӣ намояд. Инчунин, назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” гузошта шуд.

Дар баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, ки тибқи банди 4.4 Оинномаи ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоиро Маҷлиси умумӣ интихоб мекунад, гурӯҳи кории ташкилоти ҳизбии “Маърифат” дар мувофиқа бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” номзадии мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ, узви кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Ибодулло Оқиловро пешниҳод намуда, дар қисмати таклифот Орзугул Шарифова – директори МТМУ №1 мудири маорифи ноҳияи Мастчоҳ – Ибодулло Оқиловро шахси арзанда ва дар кору пайкори худ содиқ буданро қайд намуд. Пас аз он, бо розигии гурӯҳи кории ташкилоти ибтидоии “Маърифат” Ибодулло Оқилов ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” интихоб гардид.

Пас аз тасдиқи Қарори маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Маърифат” доир ба интихоби Ибодулло Оқилов ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ, барои интихоб гардидан ба ин вазифаи ифтихорӣ ба Раиси мауззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба раёсати КИМ ҲХДТ, раёсати КИВ ҲХДТ ва раёсати КИН ҲХДТ миннатдорӣ намуда, изҳор дошт:

– Ҳамчун узви фаъоли ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ба ин боварии Шумо сазовор гардида, баҳри пешрафту ободии ноҳия ва рушди ҳамаи соҳаҳои марбут ба маорифбуда, густариши нуфузи ҲХДТ ва барои сазовор истиқбол намудани 24-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо фаъолона меҳнат намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.

Зуфар Исмоилзода – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд доир ба дастовардҳои маорифчиён дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ғамхории мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат ба ин қишри асосии кишвар, тарғибу ташвиқ ва ба камол расонидани насли ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастию меҳанпарастӣ суханронӣ намуда, ба собиқ раиси Ташкилоти ибтидоии “Маърифат” – Давлатов Мирзодавлат барои фаъолияти пурсамар дар самти тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Оинномаву Барномаи ҳизб тӯли зиёда аз 20 сол ибрози сипосу миннтадорӣ намуда, ба мавсуф Сипосномаи раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

НАЗАРЕ БА ОИНА

                                            

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз санаи сарнавиштсоз   Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар баробари истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми махсус дорад. Шарҳи воқеии ин ду санаи таърихиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл бозгӯ кардаанд:

«Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони Истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем».

Мавзуъи барномаи навбатии “Назаре ба оина” ба Ваҳдати миллӣ бахшида шуд. Дар барнома  собиқадорони ҲХДТ  Шуҷоат Ҳасанова, Абдуҳаким Шарипов,  занон ва ҷавонони  баруманди вилояти Суғд, ширкат варзиданд.  Собиқадорони ҲХДТ ба ҷавонон  оид ба  Ваҳдати миллӣ сухан намуда иброз  доштанд:- Мо имрӯз бо ифтихор сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмонро “МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ“ меномем. Зеро бо иродаи бузурги ватандӯстона ва ҷавонмардона тавонистанд, ки  бо қувваҳои даргир ва мусаллаҳ давоми 40 моҳ гуфтушунид анҷом диҳанд ва ин хидматҳо , дилу нияти пок ва муҳаббат ба Тоҷикистон натиҷаи дилхоҳ дод. 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.  Занону ҷавонон низ дар барнома фикру андешаҳои хешро дар бораи сулҳу субот ваҳдати миллӣ баён намуданд. Собиқадорони ҲХДТ аз ҳамаи мардуми кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба  қадри соҳибватанӣ ва озодӣ, ва аз ҳама муҳимаш сулҳу суботи ҷомеа ва давлат бирасанд.

Рубрики
Uncategorized

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

                            

      Дар пештоқи Қасри миллат навишта шудани некгуфтаҳои шоири халқи тоҷик “Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт” ва пазироии гарму самимии мардуми пойтахту сокинони вилояти Суғд Сарони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маро водор намуд, ки замири дили хешро барои ҳамагон иброз намоям.

     Бори аввал ба ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирамонович, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронида шудани он кас бо ордени фахрии “Зарринтоҷ”, ба имзо расидани як қатор санадҳои ҳамкорӣ, боздид аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” ва НБО “Қайроққум”, вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия дар қасри овозадору таърихии “Арбоб”-и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаевро аз оинаи нилгун дида, бори дигар бовар кардам, ки дар ҳақиқат бахти мардум дар дӯстию ҳамдигарӣ будааст.

       Бахусус, суханронии пурмуҳтавои ҷавондухтари деваштиҷӣ Наврӯза Мамирова ва қироати шеъри баландмазмуни ӯ маро тасхир кард:

Тоҷиким ӯзбекка монанд, ӯзбегим тоҷикмисол,

   Халқи ду бир эътиборан дӯстлигӣ келтирди шон.

Тӯйи бир, одати бирдир аз қадим ҳам эй рафиқ,

                   Ҳеҷ хато не гарчи гӯям ҳарду пайванди замон.

                   Аллаҳои модарон як, бир эрур ёр –ёри ҳам,

                   Ин ду ҳамсоя аҷаб соз ӯртада йӯқдир гумон.

                   Пешво Эмомалӣ шуда маҳбуби мо,

                   Шавкати ду халқ хонад эҳтироми Мирзиё.

Бошад, ки то ҷовидонаҳо дӯстии ин ду халқи якдилу якзабон пойдор бимонад!

 Шоира Салимова – аъзои фаъоли ҳизб аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ –ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ХИЗБИИ «ШИФОКОР»

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич санаи 15-уми июни соли равон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии хизбии «Шифокор» маҷлиси ҳисоботӣ –интихоботӣ гузаронида шуд.

Дар рафти маҷлиси мазкур хисоботи масъулини ташкилоти ибтидоии «Шифокор»  шунида шуда,  дар он вазифаҳо барои  нимсолаи дуюми соли 2021 муайян карда шуданд.

Масъулини Кумита зимни суханронии худ фаъолияти ташкилоти ибтидоиро баҳодиҳӣ намуда, ҷиҳати сазовор  ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман»,  маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ   ва тарғибу ташвиқи  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон масъалаи аз нав интихоб намудани раиси ташкилоти ибтидои мавриди муҳокима  қарор дода шуда , аз руи масъалаҳои муҳокима шуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

НАТИҶАИ ШАШМОҲА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

            

Дар ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ  дар шаҳри Истаравшан маҷлисҳои ҳизбӣ ҷиҳати ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ташкилотҳо барпо гардида истодааст.

Дар маҷлиси ҳисоботи ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии шаҳрӣ раиси он Ғ.Маъруфов дар бораи фаъолияти ҳизбиён дар шаш моҳи соли равон ҳисобот дод. Дар маърӯза  фаъолияти серҷабҳаи ҳизбӣ ҳаматарафа таҳлил гардиданд.

Шараф Одилзод – табиби амрози дарунӣ, Фозилова Садорат- табиби навзодон ба музокира баромада доир ба пешрафти кори  ҳизбӣ таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд. Ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давоми шаш моҳи соли равон баҳои мусбӣ дода шуд.

Дар охир Маъруфов  Ғафурҷон дар назди иштирокчиён баромад намуда, вазифаҳои онҳоро дар нимсолаи дуюм мушаххас  арзёбӣ намуд.

Рубрики
Uncategorized

МУЛОҚОТ БО ОМӮЗГОРОН

Санаи 15-уми июни соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом, аз ҳавзаи интихоботии №35 “Пахтакор” Туранов Салим бо аҳли ҷамоатчигии муассисаҳои таълимии № 18 ва №47 баргузор гардид.  Зимни мулоқот мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос доир ба сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, мулоқоту вохӯриҳои самимии сарони ҳарду кишварро омили қавитар гардидани муносибатҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва мустаҳкам гардидани бовариву эътимод нисбати сиёсати тарафайн арзёбӣ намуд. Дар давоми суханронии худ намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ба имзо расидани беш аз 30 созишномаҳои байни Ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро омили ба сатҳи нави муносибати байнидавлатӣ расидани тарафайн ҳисобида, дӯстиву бародарии байни халқиятҳои тоҷику ӯзбекро калиди ҳалли ҳамаи мушкилот арзёбӣ намуд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бошад, зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани то се ҳосил, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, алалхусус пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, мубориза зидди терроризму экстремизм, амалишавии қонунҳои миллӣ ва тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ андешаронӣ намуд.

Рубрики
Uncategorized

КУМИТАИ ИҶРОИЯ ДЕҲҚОНӢ ҲАМ МЕКУНАД

                

Рӯзи кории раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода аз боздид аз ташкилоти ибтидоии  ҳизбии ҷамоати деҳоти Ёрӣ  ва хоҷагии ёрирасони Кумитаи иҷроия, ки ин ҷо ҷойгир аст, оғоз шуд.

          Ҷамоати деҳоти мазкур дорои заминҳои доманфарох буда, ин баҳор кишоварзон он ҷо ба даҳҳо гектар картошка, сабзавот, ғалла  кишт карда, ҳоло ба парвариши он машғуланд. Аъзоёни  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ин кор ба дигар кишоварзон намуна ҳастанд. Дар сӯҳбат бо раиси ҷамоати деҳот ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Фаридун Алимов сухан аз нақши ҳизбиён дар омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, дастгирии ташаббусҳои онҳо  бобати сохтмони иншооти гуногун рафт. Зимнан, бо ташаббуси фаъолони ҳизб дар ҷамоати деҳот ду пул ва майдончаи варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.

          Хоҷагии ёрирасони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент низ дар ҳамин заминҳои доманфарохи Ёрӣ ҷойгир аст ва ин баҳор ҳизбиён он ҷо дар якуним гектар картошка шинонида, обу ғизодиҳии онро хуб ба роҳ мондаанд.  Аз ин замин ҳар сол ҳосили хуби картошка ва дигар зироат ба даст оварда мешавад.

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб мулоқот карданд.

Ҳадафи асосии сафар ба шаҳри Кӯлоб боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооту манзилҳои бар асари офатҳои табиии моҳи майи соли ҷорӣ зарардида ва шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад.

Таъкид гардид, ки табиати имсола мардум ва кишвари моро бо офатҳои зиёд рӯ ба рӯ сохт, ки ҳамаи онҳо боиси хисороти зиёди молӣ ва мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар диданд. Инчунин, дар хоҷагиҳои ҳудуди шаҳр ҳазорҳо сар чорво талаф ёфта, қариб 136 гектар майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ғалладона, сабзавот ва картошка хароб гардид. Маблағи умумии зарари офати табиӣ 46 миллион сомониро ташкил кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз рӯзҳои аввали рух додани ин ҳодиса Ҳукумати мамлакат аҳолии зарардидаи шаҳри Кӯлобро бо ёриву ғамхорӣ фаро гирифта, доир ба рафъи оқибатҳои он андешидани чораҳои заруриро оғоз кард. Аз ҷумла, ба ҳамаи оилаҳои осебдида – 1725 хоҷагӣ ба таври фаврӣ кумакҳои моддӣ, аз қабили маводи хӯрокворӣ, ҷиҳози хона, сару либос, масолеҳи сохтмон ва сӯзишворӣ дастрас карда шуд.

Сохтмони 43 хонаи истиқоматии бар асари офати табиӣ пурра зарардидаи шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, бо саҳми ташкилоту муассисаҳо оғоз гардид, ки то 20-уми августи соли ҷорӣ ба анҷом расонида шуда, бо ашёву лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардида, ба аҳолии осебдида супорида мешавад. Имрӯз ҳашт хонаи навбунёд ба оилаҳои зарардида супорида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи имрӯза ба вазорату идораҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб супориш доданд, ки хонаҳои навро барои оилаҳои пурра зарардида дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода супорида, минбаъд корҳоро дар самти пешгирӣ кардани оқибати офатҳои табиӣ, аз ҷумла омода намудани инфрасохтори дахлдор, сари вақт огоҳ кардани аҳолӣ ва дигар чорабиниҳои заруриро ба таври васеъ ба роҳ монанд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳми бисёр арзишманди сокинони шаҳри Кӯлоб дар рушди кишвар, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва махсусан, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии онҳо ҳамеша эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки мардуми шарифи шаҳри Кӯлоб, дар баробари корҳои барқарорсозии иншооти бар асари офати табиӣ зарардида, дар қатори тамоми сокинони мамлакат ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида истодаанд.

Ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ аз 873 иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбинигардида 800 иншоот сохта, ба истифода супорида шудааст, ки 92 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки дар муҳлати то ҷашн боқимонда роҳбарону масъулон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва ҳар як сокини шаҳр корҳои бунёдкориву ободониро вусъат бахшида, ҳамаи иншооти ба нақша гирифташударо бо сифати баланд ба истифода месупоранд.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи пешрафту ободии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони он ҳамеша эътибори хосса зоҳир карда, дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 3,5 миллиард сомонӣ равона намудааст. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар гардонидни сатҳи зиндагии мардуми он Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлобро барои солҳои 2020 – 2025 қабул намудааст, ки дар доираи он амалисозии 221 лоиҳа ба маблағи қариб 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ ва татбиқ шуда истодааст.

Дар ин робита, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ кардани барнома ва бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ҳамкориро бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша густариш бахшида, иҷрои ҳадафу вазифаҳои дар барнома пешбинишударо дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.

Роҳбарони шаҳр, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, хусусан, заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ва гирифтани 2 – 3 ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захира намудану боз ҳам беҳтар таъмин кардани талаботи бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки дар ин раванд мардуми сарбаланд ва далеру ғаюри шаҳри бостонии Кӯлоб мисли ҳарвақта саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар мулоқоти имрӯза оид ба рафти иҷрои корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, бунёди манзилҳои истиқоматии сокинони аз офат зарардида, таъмини маводи озуқа ва масолеҳи сохтмонӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ҳисобот доданд.

Супоришҳо ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, чароғонкунии хиёбонҳо, корҳои ободонию созандагӣ ва вусъати корҳои кишоварзӣ дода шуд.

Дар охири мулоқот баъди суханронии Президенти мамлакат як гуруҳ сокинони шукргузори шаҳри Кӯлоб баромад карда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва талошҳову ташаббусҳои созанда баҳри беҳдошти шароити зисти мардум изҳори сипос намуданд. Онҳо Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки минбаъд низ дар рушду пешрафт ва ободию шукуфоии сарзамини аҷдодӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, саъйю талош хоҳанд кард.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25956