Рубрики
Асосӣ

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон

10 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25877

Рубрики
Асосӣ

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом – Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо, мусоидат хоҳад кард.

Истиқболи гарму самимии меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз фурудгоҳи байналмилалӣ то Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи сокинони меҳмоннавози пойтахт дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе, ки барои истиқбол сабзу гулпуш ва симои идона дошт, идома ёфт.

Бояд гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик бо анъанаҳои неки меҳмоннавозӣ дар олам шуҳрати хоса доранд. Ҳамин аст, ки ин навбат низ Сарвари кишвари дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистонро бо шиорҳо, парчамҳои ду давлат бо шукуҳи хоса истиқбол гирифтанд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25876

Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТИҚЛОЛ: “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФИЛИ ХУШБАХТИҲОСТ”

АНДЕША: Дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа, зербинои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва шарти асосии пешрафту ободии кишвари азизамон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳақиқат, сулҳу амониву тинҷӣ, ваҳдати миллӣ, субот беҳтарин ва арзишмандатарин дастовард ва муқаддасот барои инсон мебошад, зеро аз сулҳу ваҳдати миллӣ дигар ҳама кор ва нақшаҳои нек сарчашма мегиранд ва агар дар раванди зиндагонӣ ҳам гӯем дили инсон аз сулҳу ваҳдат ва амният оромиш мегирад ва даст ба кору фаъолият гарм мешавад, вагарна, ҳаёт чун торикистон аст.

24 сол муқаддам дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик низ ин падидаи софу беолоиш, ин натиҷаи заҳматҳои ватандӯстона ва дурандешона, яъне Рӯзи ваҳдати миллӣ ба миён омад ва ростӣ сокинони кишвар бо умед ба ояндаи нек маҷрои зиндагии хешро тағйир доданду комёбиву хушбахтиҳои навин рӯйи кор омаданд. Зеро дар ин марзу бум хандаи беиллат, шодиву нишот ва орзуҳо қариб ба нести рафта буд.

Душвор буд, дар ҳақиқат душвор. Ҷанге, ки бештар аз 150 ҳазор нафарро кушт, 1 миллион нафарро муҳоҷири иҷборӣ кард, 500 ҳазор нафар кӯдаконро бесарпаноҳу бекас кард ва хисоротҳои дигари равонӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ҳисобшаванда нестанд ба сари ин мардум овард, тамоми умедҳоро ба рахтбандӣ аз ин хок қоим карда буд.

Ва хушбахтона ба ин ҳама бедодгариҳо ваҳдати миллӣ анҷом бахшид ва дар дилу дидаи мардуми кишварамон чун оби ҳаёт нақш бастааст. Дар мавриди сулҳ навсандаи машҳур Марк Твен менависад, ки “ Сулҳ, хушбахтӣ, бародарии одамон асоси талаботи ҳаёти комил мебошад.” Дар ба даст омадани ин азми қавӣ ва роҳи ноёбу қиммат ва мавҳуми асосии ҳаёти имрӯзаи мо нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосӣ аст. Зеро бо иродаи бузурги ватандӯстона ва ҷавонмардона Сарвари давлатамон тавонистанд бо қувваҳои даргир ва мусаллаҳ давоми 40 моҳ гуфтушунид анҷом диҳанд ва ин хидматҳо ва дилу нияти пок ва муҳаббат ба Тоҷикистон натиҷаи дилхоҳ дод ва 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бо имзо гардидани ин Созишнома раванди рушди босуботи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, худшиносии миллӣ, маърифатпазирӣ, ободиву озодӣ ва амният дигар бора ба Ватани азиз баргашту Тоҷикистони азиз қомат рост кард.

Агар Истиқлолияти давлатӣ муқаддасоти аввалия барои миллати тоҷик бошад пас ваҳдати миллӣ ҳамболу ҳамсони ӯст. Ҳифзи ягонагии миллатро танҳо ваҳдати миллӣ тавонистааст ба ҷомеа бирасонад. Ба дурустӣ қайд бояд кард, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҷанги хонумонсӯз хотима бахшид.

Қайд бояд намоям, ки ҷанг дар ягон марзе ё манзиле ба фоидаи инсон набуда, фақат метавонад зарари ҷисмониву руҳиву иқтисодиву иҷтимоӣ расонад. Махсусан дар кишвари мо он давра ҷанг хисороти ногуфтанӣ овардааст. Наворҳои тариқи телевизион инъикосшуда, ки бозгӯи ҳамон солҳост, хотираҳои шадиди мардум аз он рӯзҳоро вақто тамошо мекуниву мефаҳмӣ, хулоса танҳо ҳамин аст, ки ҳиммат, ҷавонмардӣ, некбинӣ, дӯст доштани миллату Меҳан ҳама ба тавоноии Пешвои миллат зам гардидаву ҷони худро дар хатар гузоштаанд. Пеши роҳи ҷанг гирифтан на кори осон буд дар такя бо мардуми ҷангзада ва саргардон!

Ҳоло кунун бархе аз нокасон дар хориҷи миллат ба бадбиниву туҳматбофӣ машғул гаштаву чанде ҷавони бетаҷрибаву гумроҳро, ки аз г.. бештар нестанд ҳамроҳи худ гирифта, миллату ватан мехонанд. Бовар дорам, ки ин чоплусакҳо агар замони ҷанги шаҳрвандӣ мебуданду овезон ҷасадҳои даридашуда, занҳои қисм-қисм кардашуда, ҳавзҳои пур аз мурда ва дигар ҷиноятҳо, ки қариб ба рафтори маъмулӣ одат шуда буданд медиданд мефаҳмиданд, ки осон набудааст “ҷор”-ҳои беҳуда ва мушт бардоштан. Имрӯз Кабириву дигару дигараш даъвои миллат мекунад ва тарафи дигари сулҳро ба Оппозитсия шабоҳат медиҳад. Агар тарафи дигар ин миллатро эҳтиром менамуд хунрезӣ мекард. Террористони мусаллаҳро аз кишварҳои исломӣ даъват мекард? Зидди кӣ?

Бо ифтихор қайд менамоям, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳастанд ва ин рисолати он кас нақшаи кору фаъолияти ҳар як сокини бонангу номуси Ватан ҳаст.

Касе, ки ноҷуриҳои он давраро таҳаммул кард, давлати паснишаста аз тамоми соҳаро ба ҷону дил қабул кард, ҷоннисориҳо, худшикастанҳо ва дигар амалҳои инсондӯстонаро барои ин Ватан анҷом дод ва асосан худро фидо кард, кист? – Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ба ҳамин хотир бояд аз ин сиёсати созанда ва дурбинонаву ватандӯстона ҳимоят намоем, ки қарзи фарзандии мост. Мо бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!

Поянда бод, сулҳу осоиштагӣ дар кишвар!

Поянда бод, сиёсати дурбинона ва меҳанпарварона.!

Муҳаммадҷон НИЁЗЗОДА,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: ЧИ ГУНА ХУШУНАТИ ОИЛАВИРО МЕТАВОН ПЕШГИРӢ НАМУД?

Ин масъала дар мулоқоти кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сӯҷина ва Косатарош мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мудирони шӯъбаҳои Кумиҷроия Бурсибой Лутфуллоев ва Мавлуда Тоҷиева муқаррароти қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва риояи меъёрҳои гендериро дар ҷомеа шарҳ дода, таъкид намуданд, ки барои пешгирии ин падида, бояд нахуст бонувон ҳуқуқҳои худро донанд, ҷамоатҳои деҳот, фаъолон, волидон барои идомаи таҳсили духтарон дар коллеҷу макотиби олӣ монеа эҷод накунанд. Иштирокчиёни мулоқотҳо оид ба роҳҳои пешгирии хушунати оилавӣ, коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи маънавии фарзандон дар оила фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. 

Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ БО ШИФОКОРОН

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар доираи силсилаи мулоқоту вохӯриҳои тарғиботии худ санаи 9-уми июн бо шифокорони Маркази саломатии деҳаи Патар ва беморхонаи минтақавии №4 мулоқот оростанд. Зимни мулоқот намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба нақши калидии кормандони соҳаи тандурустӣ дар мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии ҷомеа ибрози ақида намуда, ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлатро нисбати ин қишри ҷомеа арзандаи таҳсин арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, дар раванди мулоқот ба чанде аз шифокорон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРИ МАН

Нисфирӯзии санаи 9 июни соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳо дар самти вусъат бахшидани фаъолияти ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ҷамоати деҳоти Патар амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро роҳандозӣ намуданд. Чунин амалиёт дар дигар ташкилотҳои ҳизбӣ низ идома дорад.

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

    Гурӯҳи тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Гулистон корҳои тарғиботиро мунтазам ба роҳ монда,  зимни мулоқоту вохӯриҳо бо шаҳрвандон муайян намуданд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон захираи маводи ғизоӣ  барои зимистонгузаронӣ босуръат идома дорад. Шаҳрвандон аз заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ёрирасон ҳосили фаровони меваҷот ва сабзавотро ба даст оварда, барои зимистонгузаронӣ тайёрии  ҳаматарафа дида, баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузорӣ менамоянд.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР

Дар толори ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар”  маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки муовини раиси  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Салимзода Мадинахон Қодир, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Маннова Заррина ва намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур аввалан гузориши муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Эргашева М. дар бораи ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва вазифаҳои минбаъда шунида шуд.   Инчунин дар ҷаласа аъзои раёсат ва раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардид.   Сипас муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкурро шунида, қаноатбахш арзёбӣ намуд. Қайд кард, ки такшилоти ибтидоӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳаракати аъзои ҳизб, танзими ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, чиҳати зиёд намуданӣ аъзои ҳизб ва дар амал татбиқ намуданӣ Оиннома ва Барномаи ҲХДТ саҳми арзанда дорад.  Аъзоёни ҳизби ин ташкилот, собиқадорони меҳнат Баҳодуров Ш. ва Тоҳиров А. ба музокира баромада, оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти иҷроиши Қонунҳои миллии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.    Ҳамзамон намояндагони кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявӣ аз утоқи ҳизбӣ ва ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоӣ  дидан намуда, маслиҳатҳои муфид расониданд.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР КИИ ҲХДТ МИНТАҚАИ ОВЧИҚАЛЪАЧА

    Санаи 09.06.2021 тибқи нақшаи тасдиқгардида дар КИИ ҲХДТ минтақаи Овчиқалъача маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадинахон Қодир, мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи вилоятӣ Маннонова Заррина, собиқадори ҳизб Негматова Мукаррама ва намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок намуда, бо маърӯзаи муфассал дар назди ҳозирин баромад намуданд.

   Доир ба фаъолияти КИИ  ҲХДТ дар минтақаи Овчиқалъача муовини кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Қаландарова М. ҳисобот доданд.      Дар маҷлис ҳамаи масъалаҳои дар рӯзномабуда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон раиси КИИ ҲХДТ дар минтақаи Овчиқалъача Шукуров Аҳмадҷон интихоб гардид.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   дар ҷамоати деҳоти Зарзамин  бо сокинони ҷамоат  оиди  самаранок   истифода бурдани  заминҳои наздиҳавлигӣ  мулоқот доир намуданд. Зимни мулоқот бо сокинон даъват ба амал оварданд, ки заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, аз ҳар як қитъаи замин барои руёнидани ҳосили нав дар як сол якчанд маротиба ҷидду ҷаҳд намоянд.