Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: “НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ”

Дар китобхонаи марказии ноҳияи Айнӣ даври ноҳиявии маҳфил- озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, баргузор шуд, ки дар он 25 – нафар ғолибони даври аввал, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар ибтидо масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ мазмуну моҳият ва шартҳои онро ба иштирокчиён шарҳ доданд.

Сипас, ровии озмун, хонандаи МТМУ №37-и шаҳраки Зарафшон -2 Гулзода Шералӣ ба кори озмун ифтитоҳ бахшида, ҳайати ҳакамонро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд. Доварон дар ҷараёни озмун ба хонандагон доир ба фасл ва мавзӯҳои матраҳгардидаи Шиносномаи миллат, китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров саволу ҷавоб намуда, савияи дониши хонандагонро мавриди санҷиш қарор доданд, ки дар натиҷа, ҷойҳои аввалро хонандаи МТМУ № 20-и деҳаи Мадм Холов Мавлуддин, ҷойи дуюмро хонандаи МТМУ №7-и деҳаи Похут Ашурзода Шодиқул ва ҷои сеюмро хонандаи МТМУ №19-и деҳаи Сангистон Ғафурова Гесу соҳиб шуданд. Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон дар байни иштирокчиёни озмун Холов Мавлуддин ва Ошурзода Шодиқул бо касб намудани ҷойҳои ифтихорӣ ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар интиҳо, барои иштироки фаъолона ва дар амал тадбиқ намудани Оиннома ва Барномаи созандаи ҳизб, миннатдории раиси кумиҷроия ба устодон расонида шуда, ғолибони озмун ва дигар хонандагон барои иштироки фаъолона бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи маҷозии иншооти дӯстӣ – Мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон

Дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ – бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи Ҳукуматҳои ду кишвар бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мактаби муосири таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, аз се ошёна ва синфхонаҳои муосир, варзишгоҳ, толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ин даргоҳи илму маърифат тӯҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя, бунёд шудааст.

Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Маҷмааи тандурустӣ 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад.

Бо таъмини чунин шароити муосир акнун сокинон дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мактаби нав барои шашсаду сӣ ҷой, ки онро дӯстони узбек сохтаанд, ба истифода дода шуд. Сохтмони як муассисаи томактабӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона барои 200 ҷой дар арафаи анҷомёбист.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25880

Рубрики
Асосӣ

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Complex Mining Solution”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон”;

– Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018;

– Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018;

– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба таъсис додани ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

– Харитаи Роҳ барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 36 ҳуҷҷат ба имзо расид.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25879

Рубрики
Асосӣ

Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз табиати нотакрори Тоҷикистон

10 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карданд.

Дар ҳақиқат боду ҳавои фораму обҳои тозаи ин мавзеъ ба руҳи инсон ҳаловат мебахшад. Ин макон бо фазои мусоид ва табиати сабзаш макони мулоқот, сайру гашт ва тамошои меҳмонони сатҳи олӣ, аз ҷумла Сарони давлатҳои хориҷ гардидааст.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ – муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.

Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, кишвари мо дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст ва Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25886

Рубрики
Асосӣ

Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” дар Кохи Борбад

10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандию нишоти худ ва мардуми Тоҷикистонро аз ташрифи расмии меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, натиҷаҳои онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Дар баромади худ Сарони давлатҳо инчунин оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ – толори Кохи Борбад бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дӯсти ду кишвари ҳамсоя фазои тозаи идона дошт.

Баъди суханронии сарони давлатҳо чорабинии фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, идома ёфт.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25889