Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Ғамхорӣ нисбати эҳтиёҷмандону шахсони яккаву танҳо

Бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат бахшида ба таҷлили Иди саиди «Қурбон» аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз оилаҳои ниёзманд ва маъюбон аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои хӯрока дастрас гардиданд.

Аёдатшудагонро аз номи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Иди саиди «Қурбон» табрику муборакбод намуд.

Дар навбати худ аёдатшудагон шукронаи сулҳу суботро карда, аз ин ғамхориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Худ ва наздиконро эҳтиёт намоед!

Тибқи нақшаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд аксияи “Худ ва наздиконро эҳтиёт намоед!” дар мавзеъи назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷанд баргузор намуд.

 Он рӯз, ки ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд, аҳолии зиёд бо мақсади харидорӣ намудани анвои гуногун онҷо сарҷамъ омада будавнд. Зимни баргузории аксия масъулин корҳои фаҳмондадиҳи оиди пешгирии бемории сироятӣ каронавирус, тақсимоти муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  ва тақсимоти ниқобро ба роҳ монд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ, орду равған баргузор гардида истодааст.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.

Рубрики
Асосӣ

СПИТАМЕН: Мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд дар ноҳияи Спитамен

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба ифтихори 30-солагии ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба даст овардани “Ҷоми ҲХДТ”  байни деҳаҳо мусобиқаи футболи хурд гузаронида шуда истодааст. Мусобиқаҳо дар сатҳи баланд бо риояи қоидаҳои байналмилалии футбол ҷараён дошта, рафти мусобиқаро гуруҳи ҳакамон доварӣ мекунанд.  

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ХУД ВА АТРОФИЁНРО ҲИФЗ НАМОЕД

Бо мақсади пешгирии хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар бозори марказии шаҳр бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Бахши ҷавонон ва варзиш, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим аксияи навбатии тарғиботӣ таҳти унвони “Худ ва атрофиёнро ҳифз намоед!” ба роҳ монда шуд. Зимни аксияи мазкур бо истифода аз баландгӯяк доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, аз мардум даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати нигоҳ доштани солимии худ ва наздикону пайвандон бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҷиддан ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд ва дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои бемории мазкур ба мутахассисони соҳа муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, дар ин самт ба мардум маводҳои тарғиботиву варақаҳои ахборотӣ тақсим карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Корҳои тарғиботӣ идома дорад

     Бинобар хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии Ковид – 19 тарғиботчиёни назди кумиҷроия ба корҳои тарғиботӣ вусъати тоза бахшида, баҳри пешгирии бемории сироятӣ вохӯрӣ ва корҳои тарғиботиро бо сокинон ба роҳ монданд. Зимни вохӯрӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии    СOVID-19 ибрози сухан намуда, қайд карданд, ки ҳар як фард гигиенаи шахсиро бояд риоя намояд, дастонро тез-тез  собуншӯ намуда, аз маҳлули антисептикӣ барои дастон истифода барад,  ниқоб пӯшида  ба аҳли хонавода ва дигарон  низ тавсия диҳад. Дар баромадҳо таъкид шуд, ки яке аз василаҳои эмин мондан аз ин беморӣ дар хона буданд ва дар сурати зарурат фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд. Зимни вохӯриҳо маводҳои тарғиботӣ, ниқоби тиббӣ ва маҳлули безараргардонӣ ба сокинон тақсим карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ТАЛОШ БАҲРИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҶОМИ ҲХДТ

Бо дастури Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни маҳаллаҳо, ҷамоатҳо , шаҳру ноҳия ва вилоятҳо барои ба даст овардани Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи хурди футбол байни бозингарони ғайрикасбӣ роҳандозӣ мегардад. Бозии навбатии футболи хурд байни дастаҳои”Дӯстии-Халқҳо” ва “Ваҳдат” – и  ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон оғоз ёфт.

 

 

 

 

Рубрики
Uncategorized

СПИТАМЕН: АЁДАТ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Бо ин мақсад дар арафаи Иди саиди Қурбон аз ҷониби вакил аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен аз ҳавзаи интихоботии “Фирдавсӣ №3” Мирзоев Амиршо дар якҷоягӣ бо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ойбек Насруллозода 5 оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои ғизоӣ дастрас карда шуданд. Аёдатшудагон аз ин иқдоми ҳизбиён шод гардида, барои ғамхорӣ ба Роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзи сипос намуданд.