Рубрики
Uncategorized

МАҚОЛА:Соҳаи илму маориф дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат

Дар ҳама давру замон соҳаи иҷтимоиёт масоили мубрам маҳсуб ёфта, илм ва зарфиятҳои илмӣ, омили пешрафту таҳаввули инсоният ба ҳисоб мерафт. Таърих гувоҳи он аст, инсоният барои расидан ба ҳадафтҳои муайяни худ, аз аҳди бостон то ба имрўз дар ҷустутҷуи илм ва маърифат аст. Бояд тазаккур дод, ки дарёфти илму маърифат роҳи осон намуда, заҳматҳои зиёдро тақозо дорад, ки инсоният онро бо машақатҳо фатҳ менамояд.

Миллати тоҷик низ дар тўли таърих сохибилму тамаддунофар буда, бо нобиғонаш рўи олам маълуму машҳур аст. Акнун замоне фаро расидааст, ки ин шарафи бузург ба мамлакати озоду соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон дар замони муосир баргардад.

Маҳз бо чунин мақсад дар замони соҳибистиқлолӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, соҳаи илму маориф хамеша дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки Пешвои миллат дар ҳамаи суханрониҳои худ оид ба рушди илму маориф дар кишвар таъкид менамоянд, зеро дар замони муосир дастовардҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату матамаддин собитгари он аст, ки омўзондани илм ба насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳаё намудани омилҳое, ки барои рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушди пешрафти ҳар як кишвар маҳсуб меёбад. Бинобар он насли ҷавон ба сифати як нерўи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерўи демократии давлатро балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад.

Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳими тақдирсози кишварро ба инобат гирифта, рушди илму маориф дар мамлакат ва фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ дар ин соҳа бо суръат давом дорад. Аз рўи оморҳои расмӣ аз соли 1991 то ба имрўз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шудааст, ки ин нишондиҳанда шаҳодатгари гуфтаҳои болост.

Вобаста ба ҷалби наврасону ҷавонон ба илму маориф ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар Паёми соли гузаштаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2020-2040 «Солҳои омўзиш ва рўшди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд. Ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд.

Илова бар ин, бо ташаббусу дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат нисбат ба наврасону ҷавонон дар мамлакат як чанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба мисоли «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нодир таъсис дода шуд, ки натиҷаи хуб дар як муддати кўтоҳ ба бор овард.

Аз ин рў, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ низ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии болозикр қайд намуда, таъкид намуданд: «Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омўзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад»

Бояд тазаккур дод, ки дар ин навишта, мо перомуни на ҳама хидматҳои Пешвои миллат дар самти рушди соҳаи илму маориф сухан рондем, танҳо қатрае аз баҳри беканор-ро қайд намудем. Хулоса, бузургии ва шаҳомати Пешвои миллат шаҳодатгари он аст, ки ҷиҳати таъмини сиёсти иҷтимоӣ ва рушди босуботи соҳаи илму маориф дар кишвар, ҳамеша худро масъул ва вазифадор меҳисобанд.

Мулломухтор Муллоев

таҳлилгар, корманди

КИ ҲХДТ дар шаҳри Бўстон