Рубрики
Uncategorized

Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

ҒАРБ ВА МАВЛОНО

(Ба ифтихори рӯзи Мавлоно, суфии покманиш)

Вақте ки Созмони миллали муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлонои кабир ихтисос дод, кишварҳои ҷаҳон мисли Туркиё, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса, Итолиё ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ҳаштсадумин солгарди милоди суфии покманиш баргузор намуданд. Хурсандиовар аст, ки ин барномаҳо то ба ҳол идома доранд ва ин силсилабарномаҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои фарҳангию адабии ҷаҳон доир мешаванд.

Дар ин навиштаи кучак нигоҳи иҷмолие ба шуҳрати Мавлонои кабир дар бархе аз манотиқи ҷаҳон меандозем ва ба хадамоти пажуҳишгарони ғарбӣ, ки роҷеъ ба таьлимот ва осори Мавлоно анҷом додаанд, таваҷҷӯҳ мекунем. Дар ин навишта аз бархе манобеи интернетӣ бо забонҳои инглисӣ, русӣ ва форсӣ истифода шудааст. Имрӯз дар тамоми манотиқи ҷаҳон дар кишварҳое ки ҳазорон чеҳраҳои бузурги фарҳангию адабӣ дорад, дар ҳамаи марокизи илмию пажуҳишӣ ва ҳунарӣ аз осори Мавлонои кабир иқтибос меоранд ва ӯро ба масобаи як инсони ормонӣ ва идеол ёд мекунанд.

Мавлоно ва Русия

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамон гуна ки дар Аврупо ва Амрико аз шуҳрати волое бархурдор аст, дар Русия низ аз муддатҳо замон дорoи шуҳрату эътибор аст. Шарқшиносони барҷастаи русӣ чун Бартелс, Гордовский ва дигарон ин шоир ва андешаманди бузурги ҷаҳони Исломро дар осори худ муаррифӣ ва ёд кардаанд. Ин ёдкуниҳо ҳокӣ бар таъсиргузор будани Мавлоност.

Бояд арз шавад он асаре, ки муҷиб бар муаррифии осор ва таьлимоти Мавлоно дар маҳофили адабӣ ва доираи хонандагони рус гардидааст, асари “Ҷалолиддин Руми” нависандааш Радий Фиш мебошад.

Китоби мазкур дар силсилаи китобҳои “Зиндагии бузургон” тавассути Максим Горки дар соли 1934 эҳё гардидааст. Воқеан ҷолиб аст, вақте мебинӣ, ки чунин асаре бо он ҳама таълимоти ирфонӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ дар чунин муҳити коммунистии Русия нашр гардад. Ин амр далел бар пайванди инсон ба руҳоният ва маънавияти фитрист, ки муҷиб бар чунин иттифоқе шудааст. Мавлоно дар ҳақиқат тавассути таълимот ва осораш бузургтарин муъҷизаи маънавиро эҷод кардааст, ки инсони тамоми минтақаи оламро ба сӯи хеш мехонад ва ин муъҷиза барои қарнҳо мондагор хоҳад монд.

Николсон ва Мавлоно

Рейнолд Николсон аз мусаҳҳеҳ ва муфассири бузурги Маснавии шариф умри гаронмояи хешро сарфи таҳқиқ ва пажуҳиш дар мутуни куҳани исломӣ ва ирфонӣ намуд, вале он чи ки ӯ анҷом дод ва солиёни сол ва қарнҳо бегазанд хоҳад монд, ин вироиш ва таҳқиқи Маснавии шариф буд, ки имрӯз аз муътабартарин нусхаи Маснавии Маънавӣ мебошад. Маснавиро ба забони модарияш (англисӣ) тарҷума намуд ва онро дар 8 ҷилд тафсир кард. Ба ҳар ҳол, агар аз зовияи таърих ба тарҷума бингарем, хоҳем дид, ки Николсон хадамоти бузурге барои ғарбиён кардааст. Ҳудуди 50 сол пеш Маснавиро бо диққати тамом ва жарфнигарӣ ба инглиси тарҷума намудааст.

Ҳамин дилбастагию алоқамандаии Николсон ба забон ва адабиёти бузурги исломӣ буд, ки муҷиб гашт то баргузидаи ашъори “Девони Шамс”- ро ба дасти чоп диҳад. Профессор Николсон дар соли 1901 ҳангоме, ки 33 сол дошт, ҷонишини Эдвард Браун дар Донишгоҳи Кембрич шуд ва ҳамонҷо курси забони форсиро дар ихтиёр гирифт ва узви расмии акодемии забони форсӣ шуд. Пас, мусалламан метавонем бигӯем, ки чун ӯ донандаи забони форсӣ буд барояш таҳқиқ ва омузиши осори бузургоне чун Мавлоно он қадар душвор набуд.

Николсон аз нахустин шарқшиносонест, ки осори Аттор ва бахусус Мавлоноро ба сурати густурда ва амиқ ба ҷаҳони Ғарб муаррифӣ намуд. Ҳамчунин ӯ барои нахустин бор дар маҷалаи Салтанати осиёӣ даст ба муаррифии китоби “Фиҳи мо фиҳи” зад, то аз ин роҳ он китоби арзишмандро ба пажуҳишгарони ғарбӣ бишоносонад. Рейлонд, ки худ ба тарҷумаи бахшҳое аз он ҳиммат гумошта буд, тарҷумаи комили онро ба шогирди худ Арберӣ тавсия кард. Хадамоте, ки ин абармард анҷом дода, кам пажуҳишгарон анҷом додаанд. Албатта, қабл аз Николсон мутарҷимоне чун Ҷемс Редхаус ва Винфилд ба тартиби дафтари аввал ва кулли Маснавиро бо забони инглисӣ дар солҳои 1881 то 1887 милодӣ мунташир карда буданд, аммо он чи Николсон анҷом дод, фарқкунанда буд. Ӯ бо диди ноқидона ва олимона ва риояти лозима ба заъфҳо ва камбудиҳои эшон ишора кард. Ин боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз дар кулли ҷаҳон Маснавии Мавлоно ба беш аз 40 забони дунё тарҷума шуда ва дар ихтиёри ҷомеаи башарӣ қарор гирифтааст. Инро ҳам бояд бигӯем, ки ҳарчанд аз кори анҷомдодаи Николсон ба Маснавӣ чандин сол мегузарад, аммо ҳануз эътибори он аз байн нарафтааст ва аҳли таҳқиқ бо истинод ва иқтибос аз он ба таври густурда истифода мекунанд. Ин албатта, ҳокӣ бар бузургии дасти пажуҳишии Николсон аст.

Мавлоно ва Фаронса

Ҳамин бузургманишии Мавлоност, ки бо қудрати ҷозибаи осораш аз тамоми нуқоти олами беканору бекарон донишмандон, мутафаккирон ва файласуфонро ба сӯи хеш мехонанд. Марзҳоро убур карда ва тамаддунҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Фаронса ҳам ин даъватро аз хоки гуҳаррези Туркиё мешунавад.

Лозим ба ёдоварист, ки профессор Ива ду Витрей Меэерович (1909–2001)-ро бояд бузургтарин мавлоношиноси фаронсавӣ донист. Чанд нукта роҷеъ ба фаолияти ин пажуҳишгар гуфтанӣ ҳастем.

Ӯ бештари осори Мавлоноро ба забони фаронсавӣ тарҷума карда ва дар китобҳои таьлифии худ низ осори Мавлоноро мавриди баррасии коршиносона қарор дода аст. Ӯ дар мавриди чигунагии ошноӣ бо Мавлоно мегуяд: “Рузе як дусти мусалмон китобе аз Иқболи Лоҳурӣ пеши рӯям ниҳод. Ҳангоме ки онро мутолиа кардам, маро бисёр маҷзуб кард ва ман бо вуҷуди машғулиятҳои зиёд тасмим гирифтам китобро аз инглисӣ ба фаронсавӣ тарҷума кунам. Бо мутолиаи осор ва ашъори Иқболи Лоҳурӣ медидам, ки Иқбол пайваста аз Мавлоно ба унвони муаллиму муроди хеш ёд мекунад. Кунҷков шудам ва хостам бидонам чаро ӯ то ба ин ҳад нисбат ба Мавлоно иродат дорад. Бадин тартиб ҳангоме, ки мутолиаи осори Мавлоноро шурӯь кардам, ба забони фаронсавӣ чизи каме ёфтам ва маҷбур будам ба осори тарҷумашуда ба забонҳои инглисӣ ва олмонӣ муроҷиат намоям.”

Меэерович ба тадриҷ Мавлоноро дарк мекунад ва ҳар қадар, ки Мавлоноро бештар мешиносад, ҳамон қадар алоқамандтару муштоқтар мешавад. Ива 15 сол барои тарҷумаи Маснавӣ вақт гузошт ва бо ҳамкории як муҳаққиқи эронӣ ба номи Ҷамшеди Муртазавӣ ин китоби арзишмандро ба таври комил тарҷума кард. Тарҷумаи ин китоб дар соли 1990 милоди дар 1705 саҳфа ба инзимоми як муқаддимаи 40 сафҳаӣ аз суи интишороти “Руше” дар Фаронса мунташир гардид. Ӯ ҳамчунин “Фиҳи мо фиҳи”, “Рубоиёт”, “Мукотибот” ва низ гузидае аз Девони Шамсро тарҷума кард. “Рубоиёти Мавлоно” маҷмуае аз 1000 рубоӣ аст, ки хонуми Меэерович аз миёни 2000 рубоӣ ба Мавлоно нисбатдодашуда интихоб ва тарҷума кард. Ин хадамоте, ки хонум Меэерович анҷом дода, шоистаи таҳсину такдир ва ситоиш аст.

Борес ва Мавлоно

Дар Фаронса танҳо хонуми Меэрович набуд, ки ба тарҷума, пажуҳиш ва омузиши осори Мавлоно даст зада буд, балки дигар донишмандон ва муҳаққиқон низ дар ин амр ҳиммат мегумориданд. Яке аз ин навсиандагон Мурис Борес (1862—1923), сиёсатмадори фаронсавӣ, буд, ки ба хотири алоқаи шадиде ба Мавлоно ва маросими самои фирқаи Мавлоно ба Куния сафар мекунад. Рақси самои дарвешон, ки таваҷҷӯҳи муҳаққиқони кишвари Фаронсаро ба худ ҷалб карда буд, аммо дар миёни онҳо ҳеч як ба андозаи Борес ба омузиши Мавлоно ва самои мавлавия напардохтааст. Он чи ки Бoрес анҷом дод, нахуст Маснавӣ ва бархе дигар аз ашъори Мавлоноро аз рӯи тарҷумаи пароканда ва низ аз рӯи он чи дар “Маноқиб-ул-орифин” хонда буд, ба забони фаронсавӣ дармеоварад ва мушоҳидоташ низ дар Куния ӯро ба таамулоте дар бораи “Ирфон дар ҳамаи адён” барангехта ва андешаҳои пешини ӯро дигаргун карда аст.

Ӯ дар 17 июни 1914 милодӣ ба Куния маҳалли зиндагии Мавлоно ва оромгоҳи ӯ сафар кард. Дар онҷо бо ҳамроҳӣ дар рақси оҳангини мавлавиҳо “дарвешони муриди Мавлоно” ба руёи худ таҳаққуқ бахшид. Вай ин мавзуъро дар осори худ “Таҳкике дар кишварҳои шарқӣ” (Enquête aux pays du Levant) ва “Дафтарҷаи Хойм” (Mes Cahiers) ташреҳ карда аст.

Шиммел ва Мавлоно

Ҳамчунин Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ва аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ду орифу мутафаккири барҷастаи ҷаҳони Шарқ, шахсиятҳое ҳастанд, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи бисёри профессор Онне Море Шиммел қарор доранд. Ин донишманд чанд асари муҳимеро аз осори манзум ва мансури ин ду ҳакими фарзона ба забонҳои олмонӣ, инглисӣ ва туркӣ тарҷума намудааст. Афзун бар ин, дар миёни осори устод Шиммел таҳқиқ ва таълифҳои бисёре низ дар бораи шахсияти барҷаста ва осори арзишманди Мавлавӣ ва Иқбол дида мешавад.

Профессор Шимел яке аз устодони шинохтаи ҳавзаи мутолиоти “Мавлавишиносӣ” ва “Иқболшиносӣ” аст. Ин пажуҳишгар миёни Шарқ ва Ғарб ба масобаи пулест, ки тамаддунҳо ва фаргҳангҳоро ба ҳам мепайвандад ва паёми Шарқро ба Ғарб мерасонад. Хадамоти эшон низ дар муаррифӣ ва таҳқиқи ин ду чеҳраи бузурги ҷаҳони исломӣ бисёр бузург аст. “Ман чу бодам, ту чу оташ” (Ich bin wind und bist feuer) унвони китоби зиндагинома ва таҳлили осори орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст ва то кунун чандин маротиба таҷдиди чоп шудааст. Дар ин китоб баъд аз шарҳи аҳволи Мавлоно шахсияти вай ва асари шоҳкораш – Маснавии Маънавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Устод Шиммел дар ин китоб ишора мекунад: “Набояд аз ёд бурд, ки бузургтарин малҳами Мавлоно дар Маснавии Маънавӣ китоби Куръон будааст, аз ин ба Абдураҳмони Ҷомӣ бояд ҳақ дод, ки Маснавии Мавлоноро “Куръон ба забони форсӣ” мехонад. Бадеҳӣ аст, ки Мавлоно мутуни ирфонии пешиниёнро мутолиа карда буд: мутуне чун “Рисолаи қашрия” ва “Эҳёи улуми дин” -и Имом Ғаззолӣ. Яке дигар аз китоби муҳими хонум Шиммел дар бораи Мавлоно китоби “Шукуҳи Шамс” (The Triumphal Sun) аст. Ин китоб сайре дар осор ва афкори Мавлоност ва хушбахтона ба ҳиммати устод Ҳасани Лоҳутӣ ва бо муқаддимаи аллома Ҷалолиддини Оштиёнӣ ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст. Профессор Шиммел аз ҳамон оғози фаолиятҳои илмии худ ба мутолиа ва баррасӣ дар осор ва афкори Мавлоно ба таҳқиқоти доманадоре даст мезанад ва Мавлонои кабирро ба муҳити Аврупо мешиносонад.

Читик ва Мавлоно

Ҳамчунин, Вилиям Читик аз пажуҳишгарони номдори олами Ғарб бо таьлифи асаре тахти унвони “Ман ва Мавлоно” достони шурангези зиндагии Мавлоно ва ба вижа моҷарои ишқи афсонавиро, ки ӯро бо Шамси Табрезӣ пайванд дод, ба қалам мекашад. Дар боби он чи ба Мавлоно марбут мешавад, осор ва таьлифоти бисёре ба забонҳои форсӣ, туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ғайра ба чашм мехурад.

Лозим ба ёдоварист, ки Фронклин Луис дар китоби арзишманди “Мавлоно, дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб” нахустин пажуҳандаи амрикоист, ки ба тафсил ва ба таври ҷудогона дар фасли чаҳоруми китоби худ ба зиндагӣ ва андешаҳои Шамси Табрезӣ пардохтааст. Аммо ин Вилиям Читик буд, ки дар соли 2003 барои нахустин бор қисмати аъзами Мақолоти Шамси Табрезиро ба англисӣ тарҷума ва дар соли 2004 мунташир кард.

Лозим ба зикр аст, ки ба эьтикоди Читик мутолиаи осори класик беҳтарин роҳ барои вуруд ба дунёи дарунии соҳибони асар аст. Ва ҳамчунин аз ҳамин рӯст, ки тарҷумаи осори класик ва дастабандии онҳо яке аз боризтарин бахшҳои фаъолияти илмии ӯ маҳсуб мешавад.

Ин нуктаро ҳам бояд арз намоем, ки профессор хонуми Ива ду Витрей Меэрович барои мутолиаи осори Мавлоно ва фирқаи Мавлавия борҳо ба Куния сафар кард ва бо пайравони Мавлоно гуфтугуву баҳсҳо анҷом додааст. Ӯ Мавлоноро орифи ҷомеь ва комил медонист, ки андешаи ҳамаи урафоро дар худ соҳиб аст. Барои Меэерович ирфони Мавлоно, ки ба шеър шакл гирифтааст, метавонад тамоми афродро бо хостгоҳҳои мухталифи динӣ ва маънавӣ гирд овард, ҳамон тавр ки рӯзи хоксупории Мавлоно, масеҳиён ва яҳудиёни Куния ба андозаи мусалмонон мутаассир буданд ва шеван мекарданд.

Хулоса

Бо дар назардошти он чи, ки изҳор кардем ва он чи мавлоношиносон анҷом додаанд, метавон ба чунин хулоса расид, ки Мавлоно аз ҷумлаи бузургони ирфон ва адаби исломист, ки мансуб ба як кишвар, миллат, маҳдудаи ҷуғрофиёӣ набуда, бо баҳрагирӣ аз манобеи шариат ва тариқат ҳамвора руй бар сӯи ҳақиқати илоҳӣ оварда ва ойину адёну мазоҳиби дигар миллалро ситоиш, эҳтиром ва такдир кардааст ва дарк намудааст.

Фирдавси АЪЗАМ

Рубрики
Uncategorized

Бӯстон: Пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

Дар қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон вохӯрии гурӯҳҳи корӣ мутобиқи нақша чорабиниҳои муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Марказӣ исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки васеи ҷавонон ва ҷомеаи меҳнатии шаҳр оид ба пешгирии шомилшавии сокинон бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ мулоқот баргузор гардид. Дар кори мулоқот котиби илмии Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Марамбеков М., сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев М., мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода С., муовини Раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Х. ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода М. иштирок намуданд.Дар рафти чорабинии мазкур зикр гардид, ки масоили пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ, таълими ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медоранд, ки дар ин самт ҷиҳати ташкил намудани мулоқоту вохӯриҳо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа кӯшишҳо равона карда шавад.

Рубрики
Uncategorized

Хуҷанд: Терроризму ифротгароиро маҳкум мекунем!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои дастури Раиси вилояти Суғд ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофотпарастӣ ва таъсири унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспушӣ, вохуриҳоро роҳандозӣ намуда, чунин мулоқот тибқи ҷадвали тасдиқгардида санаи 28-сентябри соли равон бо сокинони маҳаллаи “Чорчароғ” баргузор гардид.Дар вохӯри муовини кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева ва устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ӯғулой Умаралиева иштирок намудаанд.Сипас намояндагонии кумиҷроияи шаҳрӣ дар баромадҳояшон қайд намуданд, ки муаммою мушкилоти аз ҳама ташвишовар ин доман паҳн кардани зуҳуроти номатлуб терроризму- экстремизм мебошад, ки хатар ба амнияти инсонӣ мебошад. Рафтори шахсони ифротгаро ҳеҷ гоҳ беҷавоб намемонад ва ҳар як шахсе, ки нисбат ба Ватану халқи худ носипосӣ менамояд, ҷавоб хоҳад дод. Мо бояд байни ҷавонон ва наврасону аҳли ҷомеа корҳои тарғиботиву ташвиқотиро боз ҳам пурзӯр намуда, аз роҳи хато боздорем. Насли наврасро бештар бо роҳи илму донишандӯзӣ , китобхонӣ ва ҳар гуна озмуну чорабиниҳои сиёсию – маърифатӣ ҷалб намуда, онҳоро бо роҳи меҳанпарастию ватандӯстӣ ҳидоят намоем.

Рубрики
Uncategorized

Ҷаббор Расулов: Мизи мудаввар

Мизи мудаввари КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар мавзӯи «Тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар амал» Санаи 28 сентябри соли ҷорӣ дар тарабхонаи «Иноят»-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мизи мудаввар дар зери унвони «Тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар амал» баргузор гардид. Дар он намоянда аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Маннонова Заррина, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам, намояндаи Суди ноҳия Шарифзода Аъюбҷон, намояндани прокуратураи ноҳия Назарзода Қамариддин, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия Зокиров Ҳусейн, намоянда аз САҲШ-и ноҳия Муслимзода Мурод Эргаш, раисони Ҷамоатҳо, сархатиби ноҳия Ҳоҷиев Абдусамад, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, раисони ТИ, намояндагони мақомоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятии ноҳия, занон ва ҷавонони фаъоли ҳизб, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”, собиқадорони меҳнат, оилаҳои ҷавон, намояндагон аз ҷавонони нав хонадор мешуда иштирок карданд. Дар мизи мудаввар намояндагони мақомотҳои дахлдор дар бораи корҳои анҷомдодашуда баҳри амалӣ намудани қонуни мазкур ҳисоботи мухтасар доданд ва байни иштирокчиён ва мутахассисони марбут ба ин мавзӯъ саволу ҷавобҳои ба маврид доир гардид. Мизи мудаввар дар зери унвони «Тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар амал» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳо ва дарёфти ҳалии муаммоҳои мухталифи ҷомеа мусоидат намуд.

Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Терроризму ифротгарои омили касифии ҷомеа

Нимаи аввали 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар идомаи мулоқоту вохӯриҳои тарғиботии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои дастури Раиси вилояти Сугд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофотпарастӣ, таъсири унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспушӣ мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯёну омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳр баргузор гардид.Зимни мулоқот Аброров Аббосхон – сархатиби масҷити ҷомеии марказии шаҳр, Тураева Муаззама – раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба хатарҳои падидаҳои номатлуб чун терроризму экстремизм ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ ибрози андеша намуда, ин падидаро омили нооромиву парокандагӣ ва монеъи рушду инкишофи ҷомеаву давлат арзёбӣ намуданд.Дар ин ҷода, инчунин масъулин доир ба мустаҳкамии оилаҳои ҷавон ва амалӣ намудани рисолати ҷавонмардии ҷавонон яъне хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуда, аз қишри фардосози Ватан дар самти нигоҳ доштани иродаи мустаҳкам ва ҳимоят намудан аз манфиати давлату миллат даъват ба амал оварданд.

Рубрики
Uncategorized

Истиқлол: Хатари терроризму экстремизм

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд айни замон дар шаҳри Истиқлол вохӯриҳо бо сокинони шаҳр доир гардида истодаанд, ки дар ин вохӯриҳо гурӯҳи тарғиботии шаҳр ширкат варзида, доир ба хатари терроризму экстремизм, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро баромад намуда истодаанд. Ҳамзамон дар рафти вохӯриҳо тарғиботчиён оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар масоили мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Мулоқоти судманд бо сокинон

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои дастури Раиси вилояти Сугд ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофотпарастӣ ва таъсири унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспушӣ дар коллеҷу литсейҳо, ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллу шаҳракҳо мулоқоту вохуриҳоро роҳандозӣ намуда, чунин мулоқот тибқи ҷадвали тасдиқгардида санаи 29.09.2021 бо ахли чамоатчигии чамоати дехоти ба номи Рачаб Хамробоев баргузор гардид. Дар мулоқот Тураева Муаззама- раиси Шурои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, Ахмедов Исмоилчон- раиси Шурои собикадорони чамоат, Шаропов Мухиддин -имомхатиби масҷиди ҷомеи дехот, Муродова Умеда- вакили мачлиси вакилони халки вилоят ва масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок ва бобати масъалаи мубрам –пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги либоспушии миллӣ, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, чалби чавонон ба китобу китобохони мустаҳкамии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Ашт: Мулоқоти судманд бо қишрҳои гуногуни ҷомеа

Санаи 29-уми сентябри соли равон дар асоси дастуру супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тасдиқнамудаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МИҲД-и ноҳияи Ашт бо иштироки гурӯҳи корӣ бо кишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқоти судманд баргузор гардид. Баромадкунандгон дар рафти мулоқот оиди дастуру супоришҳое, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми динӣ ва бегонапарастӣ баён шудаанд, суханронӣ намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Хуҷанд: Терроризм ва экстремизм вабои аср

Тибқи супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо маром ҷараён дорад. Чунин вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда истодааст. Дар чойхонаи маҳаллаи “Тути калон” Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ бо фаъолон ва сокинони он оиди мавзӯи “Терроризм ва экстремизм вабои аср” вохӯрӣ баргузор намуд. Мавсуф дар суҳбат кайд намуд, ки сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ҳар гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ноустувории шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, бахусус ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад . Пешгирӣ намудани ҷиноят нисбат ба ошкор кардани он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа осон ва манфиатовар аст. Ҳар нафар шаҳрванди имрӯзаи Тоҷикистон бояд ба худ суол диҳад, ки барои пешарфт ва тараққиёти кишвар чи корҳоро анҷом дода истодааст. Кӯшиш ба харҷ диҳад, ки барои пойдории сулҳу суботи Тоҷикистони азизамон бетараф набошанд. Ҷавононро ҳушдор созанд, ки фирефтаи ҳаргуна ҳизбҳои ифродгаро нагарданд ва барои пешгирии он корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон ва оилаҳои худ бисёртар ба роҳ монанд. Дар ҳақиқат имрӯз бояд ба қадри озодӣ ва истиқлолияти ватанамон расем ва нагузорем, ки нохалафон ба зиндагии тинҷу осудагии мардуми кишварамон халал раоснанд.Дар охири вохӯрӣ бо истиҷоматкунандагони маҳаллаи “Тути калон” суҳбати ошкоро доир гардида, хоҳишмандон фикру анднешаҳояшонро перомуни мавзӯъ иброз доштанд.

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Дифои Ватан ​ – қарзи мост, эй ҳамватан ​ ​ ​

​    ​ ​ Вазъияти муташаниҷе, ки дар Афғонистон ба вуқӯъ пайваста аст, давлати моро хеле ба ташвиш андохтааст. Як тараф фикри аҳволи мардуми​ афғону тарафи дигар​ фикри амнияти кишварамон. Зеро нооромӣ дар давлати ба мо ҳамсоя, ки маркази гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткориҳову нашъаҷалобӣ гаштааст, хавфи зиёде низ ба бор овардааст. Якчанд давлатҳои ба мо дӯст бо намояндагони сарони толибон гуфтушунид кардаанд ва ин маънои онро дорад, ки толибонро эътироф намудаанд. Дар ҳоле, ки толибон, дар ҷаҳони муосир ҳамчун гурӯҳи террористӣ ба ҳисоб мераванд ва ҳар он ваҳшониятҳое, ки дар давоми ҳукумрониашон солҳои 1996 – 2001 содир намудаанд, то ҳол аз хотири мардуми Афғонистон нарафта, то ба кунун ба сари давлат омаданашон низ таркишу одамкушиҳои зиёдеро кардаанд. Мутаасифона алҳол давлат дар дасти онҳост. Барои ҳамин ҳам мардуми вилояти Панҷшер бо сарварии Аҳмади Масъуд ба Фронти халқи мубаддал гардида, бар зидди толибон меҷанганд ва бештари аҳолии Афғонистон ба умеди ин марди майдонанд. Аҳмади Масъуд чандин бор аз давлатҳои хориҷа кумак дар ин қазия хостааст, то бар аҳволи мардуми афғон бетараф набошанд. Ва соате чанд ЭЪЛОМИЯИ ДАВЛАТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОНРО​ тариқи шабакаҳои интернети пахш намудааст, то ҳар як шахси бархурдору ватандуст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф набошанд.Дар баромадҳои худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амнияти сулҳу субот дар Ҷумҳурии Афғонистон ​ муроҷиат намудааст. Чанде пеш​ тариқи пахши зинда Пешвои миллат ба Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуда, масъалаи вазъияти муташаниҷи бавуқӯъ омадаи Афғонистон, муборизаҳои гуруҳҳои қавмӣ, шароити вазнини вилояти Панҷшер матраҳ намуд. Роҳбарияти ҳозираи толибон бошад, суханҳои Пешвои миллатро ҳамчун дахолат ба Аморати исломии Афғонистон арзёбӣ намуда, таҳдид ҳам намудааст, ки бар ҳар амале ақсуламале ҳасту қисме аз артиши худро ба вилояти назди сарҳадии Тоҷикистон равона кардааст. Мутаасифона ин қисми толибонро гуруҳи “Ансоруллоҳ”, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Миёна ҳамчун ташкилоти террористӣ​ ба ҳисоб меравад, ташкил медиҳад. Аъзоёни гурӯҳ низ тоҷиконанд, ки зери парчами Толибон меҷанганд ва роҳбари онҳо тоҷике аз Тоҷикистон – Муҳаммад Шарипов бо лақаби Маҳди Арсалан мебошад, ки аз рехтани хуни халқи бегуноҳ ҳеҷ вақт рӯй намегардонанд. Боз як толибони террористи дигар Мавлавӣ Наим таҳдид кардааст, ки “агар ҷомеаи байналмиллалиӣ дахолат накунад, Тоҷикистонро дар 24 соат тасхир мекунем”. Ба ин палид мехоҳам бигӯям, ки на барои туву на барои “Ансоруллоҳ”, на барои “Толибон”-у Муҳиддин Кабирии “дупагона” (ишора ба он, ки корбарони худро ба ду гуруҳ тақсим карда, як қисм тарафи Панҷшеру қисми дигар тарафи Толибон дар восоити ахбори иҷтимои инъикосгар бошанд ва ӯ худ низ нигарон бар онаст, ки толибон Тоҷикистонро забт намоянд) ​ бо машаққатҳои зиёде ба 30 соли Истиқлолияти давлатӣ расидаем, фарсахҳои машақатҳоро паси сар кардаем. На барои Шумо шағолон, ин диёри ободро ​ бо сарварии Пешвои миллат ва заҳмату талошҳои мардуми меҳнатқарин обод кардаем, ки дар 24 соат ба шумоён диҳем. Лозим ояд хоку хун мехӯрем, сар медиҳем, лек миллати худ аз даст намедиҳем.Вақти он омадааст, эй ватандорон ба ҳимоя ва дифои ватани хеш омода бошем! Вақти он омадааст, эй фарзандони фарзонаи тоҷик ба хизмати Ватан –​ Модар омода бошем! Қарзи фарзандии хешро назди миллати худ ба ҷо орем! Дифои Ватан – қарзи мост, эй ҳамватан! ​

Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон