Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Истиқлол ва татбиқи ормони миллӣ

Истиқлолу озодӣ воқеан ба осонӣ насиби миллати тоҷик ва сокинони Тоҷикистон нагардида, барои бунёди давлати навин халқу миллати тоҷик аз сангарҳои сангин гузашт.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки баъдтар ҳамагон донистанд, тарҳрезии хоҷагони  хориҷӣ   будааст, хавфи дахшатбори  аз байн рафтани Тоҷикистонро дарак  медод.

Дар рӯзгори пурфоҷиаи солҳои аввали истиқлолӣ яъсу навмедӣ, шикасти рӯҳию равонӣ вобаста ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар сокинони мамлакатро фаро гирифта, кишвари азияткашидаи моро ҷаҳониён бо “ангушт” нишон медоданд. Аксари кишварҳо аз давлати мустақил шудану таъмини сулҳ дар Тоҷикистон эътимод надоштанд. Ҳатто андешаҳои тамасхуронаю расидан ба иззату эҳтироми як миллатро раво медиданд, ки ин басо аламовар буд.

Истифода аз ҷолишҳою бенизомиҳои давр хоинони миллат хок ба руйи модари хеш зада дастури аҷнабиёнро амалӣ мекарданд. Мардумро ба майдонҳо сипас ба ҷанги   бародаркӯш кашиданд. Ин ҷанг хисороти бузургеро пайи худ гузошт. Мудҳиштарин хисороти ҷанги шаҳрвандӣ қурбонии зиёда аз 150 ҳазор сокинони мамлакат буда, дар бораи ҳазорон ятиммондагону гурезагон, миллиарҳо хисороти иқтисодӣ санадҳои таърих гувоҳӣ  медиҳанд. Ба далеле ҷанги шаҳвандӣ 27 сол иқтисодиёти Тоҷикистонро ба қафо партофта, ба рушди   давлати навбунёди миллӣ зарбаи ҷонкоҳ зад.

Шоири шаҳири тоҷик Ашур Сафар дар мисраҳои ормонии худ дар он айём бо сӯз гуфта буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад.

Роҳи пурфоҷеа ва дар охир дурахшони соҳибистиқлолӣ татбиқгари ормонҳои миллӣ гашта ба ин мисраҳо ҷавоби сазовор пайдо шуд.

         Дар кишвари  мо базму тараб шуд ту куҷоӣ,

         Сад бори дигар ханда балаб шуд ту куҷоӣ.

Воқеан ба андешаи Устод Лоиқ

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад,

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт

Сулҳи деринтизори мо омад.

Рӯзгори сангин паси сар гашта ба рӯи  миллати иродатманд ва таҳаммулгари тоҷик дари бахту комёбиҳо саодату нусрат меҳнату фидокориҳо бунёдкорию созандагиҳо боз шуд.

Иҷлосияи 16-уми таъриҳии Шурои Олӣ, ки сутуни мустаҳками давлатсозӣ маҳсуб мешавад, роҳи минбаъдаи рушди давлати миллиро муайян намуд.

Ба бахти омадкардаи халқу миллати тоҷик зимоми давлатдорӣ ба дасти фарзанди қаҳрамони тоҷик, ки сарсупурдаи миллат гашт Эмомалӣ Раҳмон пайваст гашта,  минбаъд зери роҳбарию давлатдории муваффақонаи ин абармарди сиёсат Тоҷикистон ба суйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор монд.

Хуршеди дурахшони Истиқлол ба рӯю рузгори тоҷик нурпоши намуда, гармии тавонбахши давлатдории миллӣ ва навинро таъмин кард.

Зери раҳнамоии Роҳбари муаззами хеш, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  давра ба давра ҳадафҳои ормонӣ татбиқ гардиданд.

Истиқлолу озодӣ дар зеҳни мардум ҷой гирифта, сокинон ин арзишро эҳтиром ва ба ҳифзу  ҳимояти он масъул гардиданд.

Истиқлолу давлатсозии навин ормонҳои ҳазорсолаи тоҷиконро амалӣ сохт. Халқи тамаддунсози тоҷик соҳиби  давлати мустақил  ва муқаддасоти давлатдорӣ гардида, волотарин арзишҳои миллӣ, забон фарҳанг дар доираи давлати миллӣ амал намуданд.

Бунёдкорию созандагӣ мароми рузмарраи ҳар сокини кишвар гардид. Олитарин давстоварди соҳибистиқлоли ҳамин шуд, ки ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун шинохтанд.

Хадафҳои стратегӣ ба хотири  рушди босуботи минбаъда қабул гардида, татбиқи он давра ба давра таъмин гардид.

Воқеан Истиқлолият, Ваҳдати комил, давлатдории миллӣ ва Пешвои давлатсози миллатро ҳар сокинони мамлакат чун неъмати бебаҳо ва ҳадяи парвардигор шуморида, сидқану содиқона ба қадри ин дастовардҳои бузурги миллӣ  мерасанд.

Имрӯз  миллати сарфарози тоҷик ва халқи шарифи Тоҷикистон бо болидагию фараҳмандӣ, бо эҳсоси ифтихор аз соҳибватан будану шукргузорӣ ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд.  Ҷашн дар ҳар хона, ҳар  куча маҳаллу деҳа  ва сар то сари кишварро фаро хоҳад гирифт. Зеро ин ҷашни Истиқлол, ҷашни меҳан, ҷашни миллат, ҷашни шукргузорию ифтихор ва ҷашни хурду бузурги Тоҷикистон аст.

 Туйғун Шарифзода –

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

          дар ноҳияи Зафаробод 

Рубрики
Uncategorized

МАҚОЛА: ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ

Дар фалсафаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон эҷоди низоми ҷадиди иқтисодӣ – низоме, ки ба  таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ мусоид бошад ва барои пайвастани иқтисодиёти кишвар ба низоми ҷаҳонии иқтисодӣ роҳро ҳамвор менамояд, аз аслҳои бунёдгузор ба шумор меравад.

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавии равандҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта шудааст.  Дар Паёми навбатии худ  Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва роҳу нақлиёт вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Мавриди қайд аст, ки ҳоло дар мамлакат ҳуҷҷати асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида истодааст, ки тибқи он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ муайян карда шудааст.

Барои расиданд ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегӣ муайян карда шудаанд:  

–  таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;

– раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ;

– таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;

– саноатикунонии босуръати кишвар.

 Бояд қайд намуд, ки таърихи иқтисодиёти миллӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ се марҳилаи асосии иқтисодиро дар бар мегирад: марҳилаи буҳрон, муътадилшавӣ ва марҳилаи   рушд. Ин марҳилаҳо дорои хусусиятҳои хоси иқтисодӣ буда, аз   хисороти иқтисодии давраи ҷанги шаҳрвандӣ, то корҳои барқарорсозию бунёдкорӣ ва таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро фаро мегиранд.

 Дар маҷмӯъ, аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди иқтисодӣ ноил гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 1995-2020

 (бо миллиард сомонӣ)

Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар аз 700 миллион сомонии  соли 1995 ба 82,5 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расид, ки ин зиёда аз 100 маротиба афзудани нишондиҳандаи мазкурро шаҳодат медиҳад.

ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар солҳои 1991-2020

(бо сомонӣ)

Нишондиҳандаи дигари муҳимми макроиқтисодӣ – маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ – бошад,  дар давоми ду даҳсолаи охир аз 288,7 сомонӣ ба ҳар нафар дар соли 2000, то ба 8505,2 сомонӣ дар соли 2020 расид, ки зиёдшавии он  дар ин марҳила 29,5 маротибаро ташкил менамояд. 

Бояд зикр намуд, ки новобаста аз буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, кадоме дар давраҳои гуногун ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ба таври назаррас таъсири манфӣ расониданд, бо туфайли татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои зиддибӯҳронӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва амалӣ гардиданд, имкон фароҳам оварда шуд, ки рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба ҳисоби миёна зиёда аз 7 % таъмин гардад.

Дараҷаи рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

(бо % нисбати соли гузашта)

Дигар аз нишондиҳандаи муҳими иқтисодӣ ин сатҳи камбизоатии мамлакат мебошад. 

Тамоюли пастшавии сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1999-2020

Бояд зикр кард, ки татбиқи босамари барномаҳои стратегӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва ноил шудан ба сатҳи устувори макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 81%-и соли 1999 то 25,3 % дар соли 2020 коҳиш ёбад.

 Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон дар байни 82 давлати рӯ ба рушд қарордошта аввалин кишварест, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи Миллии Рушдро барои солҳои 2007-2020 таҳия намуда, иҷрои муваффақонаи онро таъмин намудааст. Дар давоми танҳо 7 соли охир  барои амалӣ намудани  Стратегияи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 41,6 миллиард сомонӣ (13 миллиард доллари амрикоӣ) пешбинӣ шуда буд, ки истифодаи мақсадноки он низоми иқтисоди мамлакатро тақвият бахшид.

Бояд гуфт, ки даромади буҷети давлатӣ низ ҳамчун нишондиҳандаи муҳимми иқтисодӣ баъд аз соҳибистиқлолӣ сол то сол афзуда истодааст. Нишондиҳандаи мазкур агар дар соли 1995 як миллион сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2020 он ба зиёда аз 23,6 миллиард сомонӣ расид, ки 236 маротиба афзудааст. 

Даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2020 (миллиард сомонӣ)

 Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки афзоиши нишондиҳандаҳои муҳимми иқтисодиёти миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегияи миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат яке аз самтҳои асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб ёфта, дар доираи он афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, идоракунии самараноки захираҳои об, ҳифзи ҳуқуқи истифодаи замин муайян карда шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас дорад.

Инчунин бо назардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ тақсим карда   шуд, ки ин тадбир ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти   кишоварзӣ  дар даврони соҳибистиқлолӣ мусоидат намуда, ин нишондиҳанда то 33,6 миллиард сомони расонида шуд. Дар ин давра истеҳсоли ғалладона ва лӯбиёгӣ 4,6 маротиба, картошка 5,5 маротиба, сабзавот 3,4 маротиба, полизии озуқаворӣ беш аз 4 маротиба зиёд гардид.

Ҳалли масъалаҳои муҳим, аз қабили зиёд кардани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани  заминҳои наву бекорхобида, бунёди кластерҳои агросаноатии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда пурра  амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифатро дар кишвар таъмин менамояд.

 Аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз афзалиятҳои рушд муайян намуд.  

Вобаста ба ин Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон коркард шудааст, ки он ду самти асоси фаъолияти соҳаро муайян менамояд:

якум, ташаккули шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;

дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.

Маврид ба зикр аст, солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуд ва дар натиҷа Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид.

Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Корҳои дар ин самт анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд.

Ҳамчунин, 6-уми августи соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иштирок дар  Саммити сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва дар баҳри Хазар масъалаи рушду густариши муносибатҳои кишварҳои минтақаро ҷиҳати ташкили долони нақлиётӣ ва баромадан ба баҳри Хазар ибрози андеша намуданд, ки он баҳри расидан ба ҳадафи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика, рушди он ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.  Ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-1», агрегатҳои 1 ва 2-юми НБО-и “Роғун” ва идома ёфтани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Сангтӯда-2», агрегатҳои дигари НБО-и «Роғун» ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург иқтидори энергетикии кишварро ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар ин давра аз 17 миллиард киловатт-соат то 21 миллиард киловатт-соат афзоиш дода шуд.

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад. Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил гардид.

  Маврид ба зикр аст, ки маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуда, аз ҷониби Сарвари давлат саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чорум эълон карда шудааст.

 Тибқи маълумотҳои оморӣ агар дар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда бошанд, ин нишондиҳанда дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ба 2274 адад расида,  тибқи ҳадафҳои муайянгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 соли оянда бояд ба 3500 адад расонида шавад. 

 Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакат  фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшид.

Бояд қайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намуданд, ки “Дар зарфи се даҳсолаи охир мо ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад”.

Дар маҷмӯъ, тафсири нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар 30 соли соҳибистиқлолӣ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки  Тоҷикистон ва минтақаҳои иқтисодии он дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил гашта,  роҳ ба сӯи рушду нумӯъ пеш гирифтааст.

 Қайд кардан ҷоиз аст, ки саҳми вилояти Суғд дар пешрафти иқтисодии мамлакат ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегӣ хеле назаррас буда, бо иқтидори  иқтисодӣ, кишоварзию саноатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол менамояд.

Шарифзода Муъмин Машокир,

                                                          ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳоли итқтисодӣ,

 профессор, узви Кумитаи марказии ҲХДТ

Рубрики
Uncategorized

Спитамен: Роҳи пуршарафи Истиқлолият

Истиқлолият ва давлатдории миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои беназире ба шумор мераванд, ки 30 сол муқаддам миллати шарафманди тоҷик баъд аз ҳазор соли парокандагӣ ба он мушарраф гардид.

Бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ  ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд,  дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавоноӣ аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.

     Чӣ тавре, ки мо хуб огаҳӣ дорем Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон таъкид намудаанд, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард. Ин нуқтаҳо ба хотири баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва руҳияи ватанпарастиву ифтихори миллии ҳар як ҷомеаи шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлолро водор месозад, ки ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолият расида, ватанро боз ҳам бештар дӯст дошта, дар ҳимояи арзишҳои миллӣ садоқатмандона талош намоем ва номи неки Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

      Таи сӣ сол аст, ки халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ- Истиқлолияти давлатӣ ифтихор дораду мо ин рӯйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн хоҳем гирифт. Хоса дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри истиқлолияти комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳмгузор бошем.

Ҳамаи ин ғамхориҳо дар навбати худ аз мо – ҳизбиён иҷрои рисолатҳои муҳимеро тақозо менамояд. Ҳар як фарди баору номусро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз имрӯзаи дурахшон ва пур аз шукуфтанҳову растанҳо, ба қадри истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва сулҳу субботи комил бирасем, зиракии сиёсиро аз даст надода, парчамбардори ҳақиқии Ватани азиз ва пайравони асили Пешвои муаззами ҲХДТ бошем.

          Имрӯз мо бояд дар замири наслҳои ояндасоз муҳаббати чунин ободиҳою шоҳкориҳоро парварем, то ки ҳар як фард низ муҳофизати замони соҳибистиқлолӣ бошаду онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.  

         Бо камоли ифтихору сарфарозӣ мардуми шарафманди Тоҷикистонро аз самими қалб бо фарорасии ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, дар ҷодаи зиндагӣ ва кору фаъолияти хеш саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамоям.

         Пирӯзиҳои Истиқлолият ва абадияти сулҳу суботи Тоҷикистон хуҷаста бод!

Гулнора УСМОНОВА,

мудири шуъбаи умумии кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен

Рубрики
Uncategorized

Хуҷанд: ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАНҶИ БЕБАҲОСТ

Истиқлолият ганҷи бебаҳост, то ба  даст овардани он мардуми заҳматкаши Тоҷикистон орзу мекарданд, ки дар давлати озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд умр ба сар баранд. Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 30 сол кабл аз ин Истиқлолияти давлатӣ насиби мардуми тоҷик гардид.

Имрӯзҳо хурду бузурги сокинони кишвар бо як руҳияи болида ва шукронаи сулҳу оромии давлат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд. Ба ин хотир дар арафаи иди Истиқлол аз тарафи Кумитаи иҷрояи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд бо роҳбарии раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар якчанд фаъолон, собиқадорон ва оилаҳои камбизоат бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маводи озуқа аёдат карда шуданд.

Аз чеҳраи ҳар кадоми аёдаткардагон воқиф гардидем, ки  шукронаи давлат ва Пешвои миллатро мекарданду   барои пойдории сулҳ ва тинҷии кишвар даст ба дуо бардоштанд. Бояд зикр намуд, ки дар ҳақиқат ҳамаи ин ободиву зебоӣ ва гул гул шукуфоии ватанамон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Вохӯрии судманд

Тибқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 вохӯрӣ бо хонандагон гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ дар бораи дастовардҳои Истиқлолият, сохтмони иншоотҳои бузурги аср, пешгирии ҷавонон аз гирифтани таълимоти ғайрирасмӣ, дӯст доштани Ватан – модар сухан рафт. Дар вохӯрӣ хатмкунандагони муассиса баромад намуда, шукргузории худро аз даврони ободу озод, осмони софи сулҳу субот изҳор намуданд. Зикр карданд, ки пайрави Пешвои миллатанд ва Ватани худро аз ҷону дил содиқона дӯст медоранд.

Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Пахта – боигарии миллат

       Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳр  кӯшиш ба харҷ намуда, барои ҷамъоварии тиллои сафед саҳми хешро гузоштанд.

       Рӯзи гузашта коркунони Кумиҷроияи шаҳрӣ, фаъолони ҳизб, занону ҷавонон, собиқадорони ҳизб барои ғунучини “Ҳосил-2021” сафарбар шуданд. Гурӯҳи зарбдор бо роҳбари Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон кӯмак намуда истодаанд.

Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Ситоди “Обуна-2022”

         Дар кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Ситоди “Обуна – 2022”баргузор гардид. Дар он кормандони кумиҷроия оиди иҷроиши рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” дар ташкилотҳои ибтидоӣ маълумот доданд. Баъдан, аз тарафи раиси кумиҷроия супориш дода шуд, ки нақшаи обунаро дар муҳлатҳои наздиктарин иҷро намуда, дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намоянд.

Рубрики
Uncategorized

Андеша: Ду боли Истиқлол

Муллоев Мулломухтор ҳамсоли Истиқлолият аст.  Ӯ хатмкардаи факултаи муносибатҳои  байналхалқии Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон мебошад. Дар маркази рушди компютерҳои пешрафтаи шаҳри Ноудаи Ҳиндустон аз такмили ихтисос гузаштааст.  Унвонҷӯйи Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи даҳҳо мақолаҳои  илмиву публисисти аст. Ӯ як ҷавони муваффақест, ки имрӯз мавқеи худро дар ҷомеа дарёфтаасту кӯшиш мекунад то ба дастовардҳои  беҳтарин ноил гардад.  Ҳоло ба ҳайси мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  фаъолият дорад.

Чун ҷавони даврони соҳибистиқлол зери мафҳуми Истиқлолият чиро мефаҳмед?

Истиқлолият ин арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ ба азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Маҳз Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири  худро мустақилона интихоб  намояд ва ба дастовардҳои беназир комёб гарданд.  Боиси сарфарози аст, ки мо тоҷикон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар остонаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ, 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.

Аслан Истиқлолият ба шумо, ки ҳамсоли он ҳастед, чӣ дод?

Истиқлолият на ин, ки ба камина, балки барои тамоми ҷавонони кишвар беҳтарин имкониятҳоро барои ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани  омилҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии ҳар як  фарди кишвар замина мегузорад, фароҳам овард. Маҳз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷавонони Тоҷикистон имрӯзҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба беҳтарин дастовардҳо ноил гардиданд.

Ба фикри шумо ватандор бояд чӣ гуна шахс бошад?

Ватандор шахсест, ки Ватанашро сидқан бо каму косаш дӯст бидорад ва Ватан аз ӯ ифтихор кунад. Дар гузашта миёни мардум ақидае вуҷуд дошт, ки Ватандӯст будан ин ҷон супоридан дар роҳ ватан аст.  Албатта ин андеша дуруст аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки Ватандӯстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ бигирад, аз ҷумла, доштани оилаи солим , мутахассиси касби худ будан ва дар ин замина ҳиссаи худро барои пешрафти кишвари худ гузоштан оғоз мегардад. ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки мо Ватандор ҳастем ва аз Ватани худ ифтихор дорем. Ифтихор намудан хуб аст, вале беҳтар он аст, ки Ватан аз мо, бо рафтору кирдор , дастоварду ташаббуҳо, созандагиву бунёдкориҳои мо ифтихор кунад.

Дурнамои Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехохед?

Таърихи куҳанбунёди тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки дар тамаддуни халқи мо нақши тақдирсоз бозида, воқеаи сиёсии нисбатан муҳимтарине, ки дар даврони навини таърихи тоҷикон ба вуқӯъ пайваст, дастёбӣ ба истиқлолияти давлатӣ аст. Дар лурнамо, Тоҷикистонро ҳамчун давлати тараққикарда дар фазои сулҳу озодӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт дидан мехоҳам. Бигзор муттаҳидии халқи тоҷик чун қудрати бузурги созандаву бунёдкор дар давлати соҳибистиқлол абадан боқӣ бимонад.

Зулола Ибрагимова низ ҳамсинни Истиқлолият аст. Соли 2015 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали  ибни Синоро бо ихтисоси “Кори табобатӣ” хатм намудааст.  Ҳоло дар вазифаи сартабиби Беморхонаи  шаҳрии шаҳри Бӯстон   фаъолият бурда истодааст.  Вакили маҷлиси вакилони халқии шаҳри Бӯстон низ ҳаст.  Соли 2021 бо мукофоти сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” сарфароз  гардидааст.

Ба фикри шумо  Истиқлолият чист ва чӣ гуна ба даст омадааст?

Истиқлолият бузургтарин  ва азизтарин муқаддасоти миллат ба ҳисоб меравад. Нишонаи устовориву асолати миллат  ва дастоварди худододист. Маҳз ҷасорат, зиракии сиёсӣ ва ташаббусу далерии Пешвои муаззами миллат буд, ки мо тоҷикон соҳиби истиқлолият шудем. Бешубҳа мо насли хушбахтем, ки дар давлати соҳибистиқлол, озоду обод умр ба сар мебарем. Махсус мо ҷавононе, ки бо Истиқлолият ҳамқадам мебошем.

Оё имрӯз ҷавонон дар соҳаи тиб мавқеи худро дарёфта истодаанд?

Албатта имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат ҷавонон дар ҳама самту сохтор  ва ҳатто дар зинаҳои роҳбари мақоми худро ёфтаанд ва муваффақ низ мебошанд. Дар соҳаи тиб низ ҷавонон имрӯз мавқеъи худро ёфтаанд.  Дар ҳама мулоқотҳояшон Пешвои миллат  таъкид мекунанд, ки мо ба мутахассисҳои ҷавон ниёз дорем.

Назару ақидаи Шуморо нисбати завқ ва шавқи ҷавонон фаҳмидан мехоҳам. Чаро аксарият ихтисосҳои ҳуқуқшиносиву тиббиро пеша мекунанд?

Зеро соҳаҳои ҳукуқшиносиву тибби яке аз соҳаҳои муҳим мебошанд.  Интихоби касб аз завқи худи инсон вобаста аст. Масалан ман аз хурдӣ орзуи табиб шуданро дар дил мепарваридам ва хушбахтам, ки дар ин самт кору фаъолият бурда истодаам. Аммо бояд қайд кунам, ки солҳои охир падару модарон маҷбуран фарзандонашонро табиб кардан мехоҳанд.  Агар мо ҷавонон мустақилона аз рӯи шавқу завқи худ касб интихоб намоем, фикр мекунам мутахасиси касби хеш мегардем.

 Дурнамои Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед?

Мехоҳам Тоҷикистони соҳибистилоли мо дар ҳама самтҳо муваффақ бошад. Имрӯз мо ҷавононро месазад, шукронаи ин ҳама давлати тинҷу ором кунем. Нагузорем, ки ягон қувваи бегона тафаккури сиёсии моро дигар кунад.

Сӯҳбаторо рӯзноманигори “Сухани халқ”

                                                 Мадинахон Зоидова