Рубрики
Uncategorized

Мақола:Биё, то раиятпарвариро аз Раҳбари худ омӯзем

Дар авроқи таърихи инсоният бар раият ҳамеша нафаре фаъол роҳбар буда, пешрафти он марз ва ҳаёту он мардум аз тадбиру ройи он роҳбар вобастагии бузург дошт, ё қаламраваш обод ва рӯзгори мардум осуда ё марзе пур аз ноиттифоқӣ ва раият дар гадоӣ. Ин сифатҳои роҳбарӣ ба тавре ёдгор мондаанд, ки то имрӯз мардум аз он дарси ибрат мегиранд. Саъдии Шерозӣ низ дар гуфтори хеш мефармояд, ки дар он мулқ, ки шоҳаш ахлоқи ҳамидаро доро ва дар баробари раияти хеш одил бошад бақову пойдорӣ дар кишвараш ва оромиш дар дили инсонҳо абадӣ мегардад.Чун ин ҷо ҳарфе задем аз адлу доди сарварон, ростӣ бояд гуфт, ки ба бахти миллати мо низ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи пешгирифта ва алалхусус бо ҳикмати асили инсондӯстӣ давоми солҳои сарвариашон ба мулки тоҷикон ном баровардаанд ва шаҳодат аз он ин аст, ки имрӯз хурду бузурги кишвар Пешвои моро дӯст медоранд.Яке аз пиндоштҳо, ки сармашқи фаъолияти Пешвои мо ҳаст, ин аз наздик ошно будан ба ҳаёти мардум маҳсуб меёбад. Дар сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишварамон ва суҳбати самимӣ бо халқи азиз шаҳодат аз гуфтаҳои болост. Ин гуфтаҳои пири маънавӣ Саъдии Шерозӣ дар рисолати Шоҳи мо нақши муҳим бастаанд: «Подшаҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянду раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд» Имрӯзҳо шукрона дар атрофи ин сиёсати инсонпарварона мардум сарҷамъанд ва бодо бод, ки ҳазорсолаҳо чунин бошад. Бузурге дар ин маврид фармудааст:Додгарӣ шарти ҷаҳондорияст,Давлати боқӣ зи камозорияст.Мамлакат аз адл шавад пойдор,Кори ту аз адли ту гирад барор.Чун дар боло қайд кардем, ки мардум имрӯз хосса пиру ҷавон аз ин сиёсат хушҳоланд, бале ҳақиқати ҳол аст. Ин пешаи Пешвои азиз чун инсондӯстӣ ва раиятпарварӣ, дасти сахо болои мардумон доштан ва меҳанпарварӣ дарси фаъолияти ҳар як роҳбар, ки вазифа имрӯз ба дӯши ӯст бояд бошад.Ҳар он дастуре ё супорише аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешавад бояд сармашқи кори мо бошад, зеро дастурҳо ва фаҳмишҳои ин пири хирад аз таҷриба, тадбирҳои санҷидашуда ва хосса аз муҳаббат ба ин марз сарчашма гирифтаанд. Низомулмулк дар «Сиёсатнома»-и хеш менависад, ки тадбир бар ҳама кор аз касе, ки сафарҳои бисёр карда ва ҷаҳон бештар дида, сарду гарм чашида ва дар миёни корҳо буда бигир ва бар фоидаи ту бошад.Ё Афлотуни доно менависад, ки пойдории давлат ва ҳастии он, ки сангинтарин аз вазоиф дар сиёсатҳо ҳаст аз қудрати Сарвар вобаста аст, то он даме Сарвари дар чунин сиёсат ҳаст давлаташ пойдор.Ба ростӣ яке аз рисолатҳои хирадмандонаи Пешвои азизи миллат ин суҳбат бо мардум аст ва бештар вақт дар сафарҳои корӣ дар ҳама манотиқи кишвар Сарвари азизи миллат рӯ меоранд ба пирони кор, собиқадорон, модарону ятимон ва махсусан сухани раият гӯш мекунанд бевосита.Ин инсондӯстии эшон аст, ки имрӯз ҳама Пешвои миллатро эҳтиром мекунанд ва асли ҳол он аст, ки ҳар куҷое дар ин марзи муқаддас обод мешавад ё кадом соҳибкор даст ба кори ободониву созандагӣ мениҳад иқдом аз амалҳо ва дарс аз ҳаёти оқилонаи Пешвои миллат аст.Шодравон Нурмуҳаммад Ниёзӣ басе хуб қайд кардааст, ки :Давлатеро ба миллат овардӣ,Миллатеро ба давлат овардӣ.Ватан акнун шикояте накунад,Ту шукуҳу шаҳомат овардӣ.Ту ҳамонӣ, дигар нашуд суханат.Мамлакатро ба ваҳдат овардӣ!

Рубрики
Uncategorized

Мақола: Дастоварди кишварсоз

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон аввалин ва маҳбубтарин дастовард барои миллати тоҷик ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ин муқаддасот дар сатри аввали арзишҳои умумимиллӣ ҷойгоҳи аълоро касб намудааст.Марҳилаи баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ каме душвортар барои миллати тоҷик арзи ҳастӣ кард, зеро дар ин миён ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил шуд. Дар он рўзҳо эҳтимоли аз байн рафтани давлат, пароканда гардидани миллат ва нобуд шудани кишвар ба назар мерасид.Хушбахтона, ба ин ҳама бедодгариҳо Ваҳдати миллӣ анҷом бахшид.Дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик ин падидаи софу беолоиш, натиҷаи заҳматҳои ватандӯстона ва дурандешона, яъне Рӯзи ваҳдати миллӣ ба миён омад ва ростӣ сокинони кишвар бо умед ба ояндаи нек маҷрои зиндагии хешро тағйир доданду комёбиву хушбахтиҳои навин рӯйи кор омаданд. Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид ва Тоҷикистонро бисёр кишварҳои дигари олам шинохту таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи давлатдорӣ ҳисобид.Ваҳдат дар қалби меҳрпарвари мардуми мо гулхани фурӯзони робитаи имрӯзро бо ояндаи дурахшон ва ҳаёти шоиставу арзандаи мо тоҷикон фурӯзон кард. Ин садои қалбу иқдоми пок ва дилу нияти бедори Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо акси шӯълавари худ шинохту эътирофи тамоми мардумони сулҳҷӯи дунёро муттаҳид сохт.Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Ба ҳамин хотир ваҳдати миллиро метавон дастоварди кишварсоз номид.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.»Ростӣ тоҷикистониёнро ваҳдати миллӣ ба ҳам овард, сарҷамъу муттаҳид кард ва мардум бо умеди ояндаи дурахшон, бо истифодаи иродаи қавии якдигар қадамҳои устувор гузоштаанд. Ин аст азми азими халқи бузургвори мо!Мо фаъолони ҷомеа бояд бо роҳи мусоидат бо тарғибу ташвиқ ва такягузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ мазмуну мӯҳтавои ифтихор аз давлату миллат, расидан ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ, ватандустиву меҳанпарастиро тавре ба дили мардум ва хосатан ҷавонон ҷо намоем, ки он ҳиссиёт ангезандаи эҳсоси олиро, яъне муҳаббатро дар қалби онҳо ҷуш занонанд. Ба қадри соҳибватанӣ ва озодӣ, ва аз ҳама муҳимаш сулҳу суботи ҷомеа ва давлат бирасем. Имруз аз мо, давлати шарафмандамон танҳо як хоҳишу дастур дорад, ин ҳам бошад, адои мехнати софу покдилона бахри бунёди ҷомеаи боадолати дунявию демократӣ. Мо бояд дарк намоем, ки меҳнатро аслан агар аз ободии Ватан сар кунем, охир шаҳри худ, кӯчаи худ, манзили худ, оилаи худ ва ояндаи неки фарзандони худро обод хохем кард. Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат, Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат. Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ, Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат. Бигзор ваҳдати сартосарӣ дар кишвари азизи мо ҳазорсолаҳо ҳукмфармо бошаду халқи тоҷик муттаҳиду сарҷамъ ва ҳамеша хушнудию хурсандӣ ба коми дили ҳамаи пиру барнои Тоҷикистони азиз бошад!

Бобоҷонзода Азимҷон Тоир

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Uncategorized

МАШВАРАТИ КОРИИ КОРМАНДОНИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд машварати кории Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо кормандон баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён намуд, ки КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва аъзои он фаъолияти худро мутобиқи дастуру раҳнамоиҳои – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муҳтарами ҳизбамон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барои расидан ба ҳадафҳои хеш талошу кўшиш ба харҷ дода истодаанд. Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон кормандонро вазифадор намуда таъкид намуд, ки баҳри вусъат бахшидани ҷараёни сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Ҷаббор Равсулов, ташкили қитаъи замини ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо, кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ, саривақт доир намудани соатҳои сиёсӣ, иҷроиши нақша ва барномаҳои ҲХДТ пурмасъул бошанд. Мавсуф баҳри вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ташивқоти оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, таълимоти ғайри динӣ, даъвати ҷавонон ба сафи артиш миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, омодагӣ иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳури ва вилоятӣ, ба аҳли кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар анҷоми машварат Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадина Салимзодаро ба вазифаи мудири шуъбаи ҳуқуки кудак-и МИҲД виляоти Суғд таъин гардиданаш табрику муборакбод намуда ба Мадина Салимзода дар вазифаи пурмасуъилият барору комёбӣ таманно намуд

Рубрики
Uncategorized

Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.Намоишгоҳ аз 2 қисми асосӣ – намоишгоҳи асал ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ иборат буд. Деҳқонони ризқофари кишвар маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бо шукӯҳ буд.Дар ин майдони фаррох дар масоҳати 50 садяк замин кишоварзони зарофар аз 9 шаҳру ноҳияи мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд ширкат варзида, анвои гуногуни маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.Дар фестивал беш аз 300 оилаи занбур ба намоиш гузошта шуд. Ба фестивал 40 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла 15 тонна навъҳои гуногуни асал, мум, гарди гул, шири занбӯр ва ғайра бо банду баст тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод шуд. Дар ҷойи баргузории намоиши асал хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.Табиат ва боду ҳавои ноҳияи Дарвоз бо гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш барои парвариш ва зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал бисёр созгор мебошад.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ таъкид намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фаррохи дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз мавҷуд буда, метавон рушди соҳаро таъмин ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро баланд бардошт.Занбӯриасалпарварӣ ва истеҳсоли асал соҳаи камхарҷу сердаромад ба шумор меравад. Тавре зикр гардид, аз соли 2005 то ин ҷониб, яъне аз давраи қабули Барномаи давлатии рушди занбӯри асал шумораи оилаҳои занбӯр, занбурпарварон ва ҳаҷми маҳсулоти он маротибаҳо афзудааст.Қобили қайд аст, ки соли равон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯрпарварони ноҳия шумораи қуттиҳои занбӯри асалро ба 4 ҳазору 330 расониданд, ки ин шумора назар ба соли қаблӣ зиёд мебошад.Занбӯрпарварони ноҳияи Дарвоз ҳамасола кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал аҳолиро бо ин навъи маҳсулоти табобатии аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ таъмин намуда, ба ин васила дар ғанӣ гардидани буҷа, таъсиси ҷойҳои кории мавсимӣ ва муаррифии асали тозаи ватанӣ саҳмгузор бошанд.Дар 4 гӯшаи дигари намоишгоҳ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, анвои гуногуни маҳсулоти соҳа, аз қабили картошка, пиёз, каду, меваҳои хушк ва тар, навъҳои гуногуни себ ва дигар намуди сабзавоту полезиҳо, ки дастранҷи заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Дарвоз мебошанд, ба намоиш гузошта шуд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз фаровонии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ки аксаран содиротӣ мебошанд, изҳори хушнудӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол аз сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шавад.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Идомаи вохӯриҳо дар ҷамоати деҳоти Оббурдон

Дар идомаи вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботӣ –  раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар ҳайати: муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ – Муллосоқӣ Атовуллозода, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Дилшод Зокиров, Шуҳрат Саидзода – номзади илмҳои сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон ва Шуҷоат Ҳасановна – собиқадори ҳизб бо имомхатибону раисони маҳалла, собиқадорону сокинони Ҷамоати деҳоти Оббурдон вохӯрӣ доир намуданд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ – Муллосоқӣ Атовуллоев вохӯрии мазкурро ифтитоҳ ва мақсади баргузории онро шарҳ дод.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода доир ба вазъи тоҷикони Афғонистон, печидатар гардидани танишҳои миёни тоҷикони он тарафи марз бо Толибон, талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба эътидол даромадани вазъи сокинони Афғонистон маъруз кард.

Собиқадори ҲХДТ – Шуҷоат Ҳасановна доир ба пешрафту дастовардҳои замони истиқлолият, 30 соли озодӣ ва бурдборӣ, муваффақиятҳои кишвар дар замони истиқлолият суҳбат намуд.

Шуҳрат Саидзода – номзади илмҳои сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба созмонҳои террористиву экстремистии “ДОИШ” “Ал – Қоида”, “Ҳизбут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва амсоли инҳо, ки ҳамакнун  дар кишвари Афғонистон реша давонда аз будани худ дар ин мамлакат дарак медиҳанд, маълумот дода, аз сокинон даъват ба амал овард, ки нисбат ба фарзандонашон дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ бетафовут набошанд.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Вохӯрӣ бо чинакчиён дар хоҷагии деҳқонии “Лангар”

Дар доираи вохӯриҳо гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд –Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз рафти ҳосилғундории хоҷагии деҳқонии “Лангар”-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дидан намуданд.

Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии мазкур ки онро Сангинмаҳмад Ҳомидов роҳбарӣ менамояд, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо деҳқонон доир ба фаъолияти кишоварзӣ ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонони кишвар суҳбати самимӣ доир намуд.

Хаҷагии деҳқонии “Лангар” ҳамасола дар кишт ва ғунучини тиллои сафед пешсаф буда, кӯшиш менамояд, ки нақшаро аввал шуда иҷро намояд.

Пас аз суҳбатҳои самимӣ миёни гурӯҳи корӣ бо деҳқонон як қатор чинакчиёни беҳтарин бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Вохӯрии гурӯҳи тарғиботчиён бо сокинони ҷамоати шаҳраки Бӯстон

Дирӯз, 24 сентябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд –Исмоилзода Зуфар Муртазохон  бо аъзои ТҶҶ “Созандагони ватан” ва сокинони ҷамоат баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ – Муллосоқӣ Атовуллозода, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Дилшод Зокиров, Шӯҳрат Санидзода – номзади илмҳои сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ биснес ва сиёсати Тоҷикистон ва Шуҷоат Ҳасановна – собиқадори ҳизб иштирок доштанд.

Муллосоқӣ Атовуллозода – муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ чорабиниро ифтитоҳ намуда, мақсаду муҳтавони онро шарҳ дод.

Зуфар Исмоилзода – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд доир ба вазъи кунунии ҳамсоякишвари ба мо дӯст – Афғонистон ва ҷанбаҳои печидаву мураккаби он ибрози назар намуда, мардумро ба сарҷамъиву муттаҳидӣ ва пос доштани якпорчагии кишвари азизмон – Тоҷикистон даъват кард.

Имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадҳою вохӯриҳояшон бо фаъолону мансабдорони кишвари азизамон ва сарварони дигар кишварҳо доир ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ва шиканҷаву қатлу куштори Толибони ифротӣ ба мардуми Панҷшеру дигар манотиқи ҳамсоякишварамон суханронӣ мекунанд ва қотеона аз барои барпо намудани ҳукумати ҳамашумулро дар ин кишвари ҷангзада хоҳонанд. Мо низ бояд дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат истода, ҳамчунон баҳри посдории якпорчагии кишварамон низ саҳмгзор бошем, – гуфт Зуфар Исмоилзода.

Шуҷоат Ҳасановна – собиқадори ҲХДТ доир ба саҳми ҷавонон дар 30 соли истиқлолият ва ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеаи солим маърӯза кард.

Исмоил Сангинзода – номзади илмҳои сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ биснес ва сиёсати Тоҷикистон  дар мавзӯи террорзм ва экстремизм – вабои аср, ва ҳар гуна хушунатҳои ҷанбаҳои ифротгароидошта, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои ифротидошта суханронӣ намуд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт…

           Ин субҳ  толори китобхонаи донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент  аз накҳати ашъори ноби  устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шодоб гашта буд.

          Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии  донишкада ба ифтихори Рӯзи одаммушшуаро , устод Рӯдакӣ байни донишҷӯён озмуни рӯдакихонӣ баргузор шуд.

          Донишҷӯёну магистрантҳои донишкада  бо шавқу меҳр ва эҳсоси баланд аз ашъори устод порчаҳо қироат намуда, ба саволҳои ҳакамон  дар бораи аҳвол ва вижагиҳои осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷавоб гуфтанд.

          Зимнан, ин озмун бе эълони омодагии пешакӣ баргузор карда шуд ва он собит намуд, ки донишҷӯён ба ашъори падари шеъри форсӣ- тоҷикӣ дилбастагии хос доранд ва устодони донишкада инро ба шогирдони худ хуб талқин намудаанд.

          Муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева, мудири шуъбаи ташкилӣ Мастона Муродзода ва роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроия  Турдибой Солеҳзода ба ғолибони озмун ва иштирокчиёни  фаъол  сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравиро, ки аз китобҳои адибони номвари гузашта ва имрӯзаи тоҷику форс иборат буданд, тақдим намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Мулоқот бо донишҷӯён

          Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода  дар мулоқот бо донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳр  таваҷҷӯҳи онҳоро ба масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз ҷалб намуд.

           Аз ҷумла, ӯ аз дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол, саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими низоми давлатдории навини тоҷикон ёд намуда, вазъи нобасомони минтақаро вобаста ба воқеаҳои Афғонистон шарҳ дода, таъкид намуд, ки ҷавонон бояд зиракию ҳушёрии сиёсӣ зоҳир намуда, ба ҳар гуна тарғиботи ифротгароёна дода нашаванд, аз мавқеи  Сарвари давлат ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

          Донишҷӯён Маҳмадалӣ Бобомуродов ва  Паймона Аслонзода ҷонибдориашонро аз сиёсати Давлати Тоҷикистон  баён намуда, изҳор доштанд, ки онҳо  сидқан пайравони  Пешвои миллат ҳастанд ва инро бо таҳсили шоиста ва мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ собит менамоянд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Бонувон соҳиби ҷои кор шуданд

          Бо ибтикори собиқадори хидмати давлатӣ ва ҳизб,  яке аз фаъолони ташкилоти шаҳрии ҲХДТ  Мавлуда  Саъдуллоева  дар деҳаи  Марғедари ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент  коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази савдо бунёд шуда, дар Рӯзи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

          Дар маросими ифтитоҳи он раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода  ин иқдоми ӯро шоистаи таҳсин дониста, таъкид намуд, ки дар ин коргоҳи дӯзандагӣ боз 8 нафар бонувони деҳа  бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.  Дар маркази савдо низ чанд нафар ҷои кор меёбанд.

          Воқеан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли кишвар даҳҳо нафар фаъолони ҳизб дар бунёди  иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ саҳм гузоштанд.