Рубрики
Uncategorized

Панҷакент:Ҳизбиён ва маърифати беҳдоштӣ

                         

             Дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии маркази назорати санитарӣ- эпидемиологӣ, ки бо иштироки ҳамаи ҳизбиён ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд, фаъолияти аъзоёни ҳизб дар семоҳаи сеюми соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

          Аз ҷумла , дар ҳисобот таъкид шуд, ки хуруҷи бемории коронавирус ба фаъолияти кормандони марказ низ тағйирот ворид намуд ва таваҷҷӯҳи онҳо  ба тарғиби маърифати беҳдоштӣ, риояи қоидаҳои санитарӣ , кор бо аҳолӣ, назорат ба фаъолияти нуқтаҳои хӯроки умумӣ, бозорҳо бештар шуд. Дар ин ҷода аъзоёни ҳизб саҳми бештар мегузоранд. Давоми семоҳа тибқи нақша дар мавзӯъҳои муҳими рӯз хонишҳои сиёсӣ баргузор шуда, пешниҳоди ҳисоботҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва пардохти ҳаққулузвият муназзам роҳандозӣ гардид.

          Дар маҷлиси ҳисоботӣ муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Бурсибой Лутфуллоев сухан карданд.

Рубрики
Uncategorized

НАЗАРЕ БА ОИНА

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, барномаи навбатии “Назаре ба оина” бо иштироки подполковник-корманди комиссириати ҳарбии вилояти Суғд Наимзода Фариддун Наим, сардори зершуъбаи корҳои сиёсӣ –тарбиявии қисми ҳарбии 35-01 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Нурзод Маҳбуб Мелс, модарони сарбозон, сарбозону афсарони қисмҳои низомии вилоят ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Подполковник- Наимзода Фариддун Наим қайд намуд, ки бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши омодагии дифои ҳарбиро ба таври зарурӣ ба роҳ монд. Ҳар ҷавон пас аз хатми муассисаи таълимӣ бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи худ донад. Имрӯзҳо сафи ҷавонони ихтиёрӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

Майор Нурзод Маҳбуб Мелс, оид ба хизмат ба Ватан иброз дошт, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Ҳимояи Ватан – вазифаи муқаддаси хар як ҷавонмард мебошад. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари ба нангу номусро талаб мекунад.

Сарбозоне, ки имрӯзҳо адои хизмат намуда истодаанд дар барнома иштирок намуда иброз доштанд, ки имрӯзҳо бештари ҷавонон барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис мекунанд. Шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад.

Ҳамарӯза аз ҷониби тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ давом дода шуда истодааст.

Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Ҳадафи мо ҳаммаромист!

Санаи 13-уми октябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти гурӯҳи кории кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо ҷавонони ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот аъзоёни гурӯҳи корӣ Қобилов Аббос – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, Исанбоева Муаттар – директори МТМУ №29,  Дадоҷонов Шарифҷон – ходими дин ва Разоқов Абдумаҷид – намояндаи ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ доир ба ҷо овардани рисолати шаҳрвандӣ, гузаштан аз мактаби ҷавонмардӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ибрози афкор намуданд. Дар ин ҷода, аз ҷониби масъулин инчунин доир ба хатарҳову паёмадҳои терроризму экстремизм, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда ибрози назар сурат гирифта, ин падида омили нооромиву парокандагӣ ва парешониву ноумедии мардум арзёбӣ гардид ва аз қишри фардосози Ватан бобати нигоҳ доштани зиракии сиёсӣ ва манфиатҳои миллатро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан даъват ба амал оварда шуд.

Рубрики
Uncategorized

Мақола: Истаравшан: Пайравони Пешвои миллатем

         Насли истиқлоли сулҳу ваҳдатем,

Пайравони Пешвои миллатем.

Имрӯзҳо шукрона аз истиқлолияти комилан устувори кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон мекунем, ки аз нуру таровати он Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу сарсабз гашта, Ватани азизамон шӯҳрати комил ба даст оварда истодааст.

Қобили қайд аст, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар беш аз пеш зиёд гардида истодааст.

Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, қувваю нерӯи бузург ва ояндаи давлату миллат мебошанд”.

Имрӯзҳо ҷавонони Истаравшани бостонӣ низ дар роҳи ободиву созандагӣ, рушди устувори кишвар бо донишу малака, ақлу заковат, далериву шуҷоатмандӣ бо ҷавонони саодатманди кишвар қадамҳои устувор мегузоранд. Мутаассифона имрӯз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад.

Дарки нодурусти озодию демократия боиси он гардид, ки баъзе аз гурӯҳҳои ҷомеа алалхусус, бархе аз ҷавонон аз паи ҳавою ҳавас ва лаззатҳои моддӣ ба амалҳои ношоиста, ба ҷиноят даст мезананд, ба доми фиребу фарҳанги динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.

Намедонанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ба тартиботи ҷамъиятӣ хатари ҷиддӣ расонида, оқибатҳои нохушро ба бор меорад. Имрӯз мо бояд зуҳуроти номатлуби замони муосир-терроризмро пешгирӣ намоем.

Роҳ надиҳем, ки ҷавонон, рафиқону бародарони мо ба ин роҳи нодуруст раванд, талқин кунем, ки Ватан-модари азизи худро чун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ кунанд ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошанд.

Мо, ҷавонон, пайрави арзандаи Пешвои миллат бошем! Бо Пешвои азизи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш!

Рубрики
Uncategorized

Истаравшан: Вохӯрии судманд

         Дар асоси нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҳайати гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроия дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, деҳаи Зарнисор бо хонандагони синфҳои болоӣ ва падару модарон ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таълимоти ғайрирасмӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ вохӯрӣ доир намуданд.

         Дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи КИ М.Абдуваҳҳобова, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Мадина Ҳакимова, гирандаи идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Париноз Маҳмудӣ оид ба масъалаҳои зикршуда баромад намуда, аз падару модарон ва ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки Ватанро чун модар дӯст доранд, ба гуфтаҳои хоинони миллат фирефта нашуда, баҳри гиромидошти арзишҳои миллӣ талош варзанд.

         Аз номи иштирокчиён омӯзгори ҷавони муассиса Шукрона Миршафиева, аз номи падару модарон Қурбонҷон Ғуломзода, гирандаи идрорпулии раиси шаҳр Ҳайитова Маҳина аз номи хонандагон, сарвари муассиса Дилафрӯз Рӯзибоева баромад намуда, изҳор намуданд, ки баҳри ба амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” кӯшиш менамоянд. Ватанро чун модар дӯст медоранд ва арзишҳои миллии онро муқаддас нигоҳ медоранд.

Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Санаи 13-уми октябри соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони маркази ноҳия аз ҷумла бо  кормандони бозори “Бадахшон” оиди пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва тарбияи нокомили насли ҷадид, таблиғу ташвиқ ва амалигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  мулоқот баргузор намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Гар зи ишқи Ватан ҳарф мезанӣ, сарбоз шав!

                         

    Ватан сарвати бебаҳост, ноёбтарину азизтарин неъмат аст, ки онро ба ҳеҷ чиз иваз карда намешавад. Ватан сарнавишту қисмати ҳар фарзанд аст,ки аз ибтидо ба бошандагонаш ба мерос гузошта мешавад.Ватандӯсти ҳақиқӣ будан на дар суханҳои зебою ботантана, ваъдаҳои хушку холӣ, балки дар кору фаъолияти ҳамарӯзаи амалӣ, дар гуфтору кирдор ва қавлу вафо,дар кору заҳмати софдилона, дар интизоми намунавию ахлоқи ҳамида, дар кӯшишу талошҳои пайваста баҳри манфиати Ватани маҳбуб ва халқу давлат зоҳир мегардад.

    Ҳар яки мо бояд Ватани азизи хешро дӯст дорем.Муҳаббат ва садоқати бепоён ба меҳан, сарафрозӣ аз гузаштаи пурифтихор дошта бошем, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳифз намоем.

    Мо бояд дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстиро парвариш намоем. Онҳо дар чунин руҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад. Ҳифз кардани онро барои худ шарафи бузург донанд.Такмили Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва пурзӯр намудани муҳофизати сарҳади давлатии ҷумҳурӣ вазифаи ҷонии ҷавонон аст. Мо ба ҳамаи ҷавонон,махсусан, ба даъватшавандагон муроҷиат намуда, онҳоро даъват менамоем, ки қарзи ватандӯстонаи худро софдилона иҷро намоянд ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шаванд.

    Ҷавонони азизу арҷманд! Шумо, ки муҳофизони фардои Ватанед, бояд ҳимояи Ватанро вазифаи фарзандию ҷонии худ бидонед.Ба хизмати сарбозӣ рафтан, барои ҳифзи Модар – Ватан камар бастан, бояд орзуи ҳар як ҷавонписари кишварамон бошад. Саъдии Шерозӣ дар ин маврид барҳақ мефармояд: “ Гар зи ишқи Ватан ҳарф мезанӣ, сарбоз шав!”

Солиева М   –  мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Идомаи корҳои тарғиботӣ

                          

     Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 – 2023, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва тарбияи нокомили насли ҷадид, таблиғу ташвиқ ва амалигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим “ ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Чорсу” бо хонандагон ва омӯзгорони ин муассиса  мулоқот гузаронида шуд. Мулоқотро намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М гузаронида, бори дигар ба ҷавондухтарон таъкид намуданд, ки бояд ҳар як духтари тоҷик аз паи омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун шаванд. Имрӯзҳо барои ҷавондухтарон  барои омӯзиши ҳунарҳо хеле шароити хубу замонавӣ фароҳам аст. З-ин сабаб бояд бо шукргузорӣ аз ин шароити хуб, бояд ҷавондухтарон кушиш намоянд, ки ҳунарҳои хуберо аз худ намоянд.

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Раиси сенати Ҷумҳурии Фаронса Жерар Ларше

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, Фаронсаро шарики боэътимод ва ҷойгоҳи онро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳиму афзалиятнок маънидод намуданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва равобити барои ду кишвар судманд омодагии худро иброз доштанд.

Дар муносиботи ду кишвар ҳамкории байнипарлумонӣ мавқеъи хоса дорад ва ҷоннок кардани фаъолияти Гуруҳи дӯстии Фаронса – Осиёи Марказӣ ва робитаи байни вакилон ба эҷоди боварию эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба, инчунин заминаҳои ҳуқуқии онҳо, мусоидат мекунад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои омӯзиши системаи пешрафтаи меъёрҳои парлумонӣ ва ҳуқуқии Франсия омода аст.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз рушди бобарори муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот идомаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо истифодаи таҷрибаи бойи Фаронса ва истифодаи имкониятҳои ширкатҳои фаронсавӣ зарур шумурда шуд.

Дар самти ҳамкорӣ дар бахши маориф фаъолияти босамари Маркази фарҳангии “Бактрия” (Бохтар) ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Эразмус, Мундус ва Эразмус плюс, махсус қайд гардид.

Ҷиҳати таъмини кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсили шаҳрвандон дар муассиааҳои олии Фаронса ва таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ҷонибҳо оид ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ, дахолати ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо доштани қисмати зиёди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа ва ҳифзи сарҳадот, пурзур кардани иқтидори мудофиавии сарҳад, тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси сенати Фаронса Жерар Ларше даъват ба амал оварданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26972

Рубрики
Асосӣ

Иштирок дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимей Ҷумҳурии Фаронса

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд.

Ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, саҳми бузурги сарони давлатҳо дар пайванд сохтани тамаддунҳо ва мардумон мебошад.

Пеш аз ҳама, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Фаронсаро ба маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Бояд гуфт, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса дар баробари дигар соҳаҳои ҳамкорӣ, бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва эътирофи манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд.

Дар ин робита, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон барои саъю талош ва ташаббусҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса ва дар ин замина ташкил гардидани Намоишгоҳи имрӯза арзи сипос намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ин рӯйдод ба роҳандозии робитаҳо байни осорхонаҳои ду кишвар ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо нигораҳои нодир шинос шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эммануэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Тавре маълум аст, тоҷикон миллати тамаддунофар буда, дар таърихи умуми инсоният ҷойи сазовор доранд.

Бозёфтҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки осори фарҳангиву ҳунармандии қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб мебошанд.

Мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни боздид аз ин намоишгоҳ имкон доранд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд.

Намунаҳои пешниҳодшуда ба аврупоиҳо имкон медиҳанд, ки дар бораи кишвари зебои кӯҳистони мо маълумоти бештар гиранд ва дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.

Барои муаррифии шоистаи давлати тоҷикон дар осорхона нигораҳо ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ва сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик гузошта шудааст.

Тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки тавассути нигораҳои намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод- “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.

Хусусияти хоси намоишгоҳ дар он аст, ки осори ба маъраз гузошта шуда аз ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардидаанд.

То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад.

Гимей – Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж охирҳои асри 19 аз ҷониби сарватманди саноатчӣ Эмил Гимет таъсис ёфтааст.

Осорхона бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Париж интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир гардидааст.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26971