Рубрики
Асосӣ

ҲАМОИШИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба иди бузурги умумимиллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 – уми октябри соли 2021 дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара Ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин, ғолибони озмунҳои фаннӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, омӯзгорону мутахасисони ҷавони соҳаҳои хоҷагии халқ, роҳбарони ҷамоатҳо, корхонаю ташкилотҳо, сохторҳои МИҲД, собиқадорони меҳнат, намояндагони васоити ахбори омма иштирок варзиданд.

Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин зимни баромади худ вобаста ба Истиқлолияти давлатӣ, ободкориву созандагӣ, азму талошҳои бесобиқаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маориф, ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода, масъулинро ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо роҳнамоӣ карданд. Раиси шаҳр зимни баромади худ қайд намуданд, ки “Дар кишвари мо захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар шаҳри Исфара 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол ҷавонон мебошанд. Ҳар сол дар шаҳру деҳоти Исфара наздик 1200 нафар ба бозори меҳнат ворид мешаванд, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.”

Сипас Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба маърӯза баромада, вобаста ба масъалаҳову камбудиҳои ҷойдошта, куллан беҳтар намудани фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан”, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон ибрози андеша намуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара зимни баромади худ роҷеъ ба корҳои дохилиҳизбӣ, қабули бо сифат ба аъзогии ҳизбӣ, таъсиси ташкилотҳои нави ҳизбӣ, ҷавонон, варзиш ва маорифу тандурустӣ таклифу пешниҳодҳо намуда, қайд намуд, ки “ дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 1191 нафар ба аъзогӣ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 775 нафар ё ин ки 2,8 баробар зиёд мебошад. Аз ин шумора 503нафарашро ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳад. Ҳоло миқдори ҷавонони то 30 сола дар сафи ҲХДТ дар шаҳри Исфара 5228 нафар аст, ки ин 34,2% – ро нишон медиҳад. Ҳар як чорумин ташкилоти ҳизбиро ҷавонон роҳбарӣ менамоянд. Дар байни вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара ҳиссаи ҷавонон 25% – буда, ин нишондод дар байнӣ вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти 36% аст.”

Сипас як чанд нафар ҷавонон ва бонувон вобаста ба дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ояндасози миллат – ҷавонон ибрози андеша намуда, дар назди ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиш ваъда доданд, ки пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат намуда содиқонаву софдилона ба Ватан хизмат менамоянд.

Аз ҷониби як нафар аз иштирокчиён Муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиш ироа гардида, аз тарафи иштирокчиён қабул карда шуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Исфара якчанд нафар ҷавононро, ки ба тозагӣ ба сафи ҳизб пайвастанд бо шаҳодатномаи ҲХДТ ва як чанд нафари дигарро ба сафи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” пайвастшуданд, бо шаҳодатномаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” қадрдонӣ намуданд. Дар чорабинии васеъ аъзоёни нав ба ТҶҶ “Созандагони Ватан” аъзошуда, ваъдаи тантанавӣ доданд

Дар охир барномаи омоданамудаи фарҳангии ҳунармандони ҷавон ба иштирокчиён ба намоиш гузошта шуд.

Рубрики
Асосӣ

ҲАМОИШИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Конибодом дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинӣ Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов, муовини раиси шаҳри Конибодом Ғафурзода Зарринахон ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир ҳадафи чорабиниро арзёбӣ намуд ва оиди дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон, ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон ва дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон суханронӣ намуд.

Сипас, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад, фикру андешаҳои худро баён намуд.

Муовини раиси шаҳр Ғафурзода Зарринахон бобати шароиту имкониятҳои мусоид барои наврасону ҷавонон, оид ба бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар қалби ҳар як ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бояд ҳама вақт дар сафи пеш қарор дошта, барои ҳимояи марзу буми ватани аҷдодии худ ҳиссагузор бошанд.

Инчунин, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и назди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб маърӯза намуданд. Ҳамчунин сабози қисми низомии 04080 Қодиров Муҳаммадӣ бо ифтихор аз муҳофизи Ватан будани хеш андеша ронда, ҷавононро ба ватандӯстию посбонии марзу буми ватани аҷдодӣ даъват намуд.

Баъдан, маросими ваъдаи тантанавии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки нав ба сафи аъзогии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳр доир гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар ҷавононе, ки нав ба сафи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” шомил гардидаанд шаҳодатномаҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ба 10 нафар ҷавонони нав ба сафи ҳизб қабулгардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” аз ҷониби узви курси захираи кадрии назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Баротов Ғафурҷон ба самъи ҳозирин расонида шуда, баъдан аз тарафи иштирокчиён қабул карда шуд.

Композитсияи адабӣ таҳти унвони “Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик” аз ҷониби ҷавонони фаъоли шаҳр қисмати фарҳангии чорабиниро оғоз бахшид. Сипас барои хубу хотирмон доир гардидани ҳамоиш аз тарафи санъаткорони ҷавони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

Суруди ҷамъбастии “Ҳизби мост-ҳизби халқ” бо парафшонии парчаму кафкубиҳои иштирокдорон хотимабахши чорабинии тантанавӣ гардид.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36 аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, хатмкардаи таълимгоҳи мазкур Саидмуҳриддин Сайфов бунёд гардид.

Тавре ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, мактаби нав бо дарназардошти талаботи замон сохта шуда, дар ду баст барои 800 нафар хонанда пешбинӣ гардидаст.

Сохтмони муассисаи таълимӣ моҳи октябри соли 2020 оғоз гардида, дар давоми як сол пурра ва бо сифати баланд сохта шуд.

Бинои нави мактаб асосан барои синфҳои ибтидоӣ ва умумӣ пешбинӣ гардида, дорои 16 синфхонаи барҳаво, кабинетҳои алоҳидаи технологияи иттиллоотӣ, математика, забони русӣ, англисӣ ва китобхона мебошад.

Ин иқдоми созандаро соҳибкори ватандӯст Сайидмуҳриддин Сайфов дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ кардааст.

Барои амали нек – бунёди чунин як мактаби зебову замонавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини ватандӯст баҳои баланд дода, кори пуршарафи ӯро шоистаи таҳсин хонданд.

Корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сатҳу сифати баланд ва бо тарҳи зебову муосир анҷом додаанд.

Бинои мактаб бо усули меъмории шарқӣ ва бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шуда, атрофи иншооти низ бо санъати хоси миллӣ оро ёфтааст.

Барои хонандагон синфхонаи алоҳидаи компютерӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ сохта шудааст.

Китобхонаи мактаб низ барҳаво сохта шуда, фонди умумии китобҳо 13 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 10 ҳазору 500 ададаш китобҳои дарсӣ буда, боқимонда асарҳоро адабиёти бадеӣ ташкил медиҳад.

Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ва хонандагонро ба истифодаи шароити муосири илмомӯзӣ ҷалб карданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27108

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматкаши вилояти Хатлон ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлолу озодии кишвари маҳбубамонро бо вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ таҷлил намуданд ва ин равандро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон идома дода истодаанд.

Таъкид шуд, ки дар нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят бунёду азнавсозии 7667 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин рақам 31 фоизи нақшаи умумии корҳои дар миқёси кишвар пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти ҷамъбастӣ то ба имрӯз корҳои сохтмонӣ дар 8180 иншооту биноҳо, яъне 513 иншоот аз нақша зиёд ба маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳамаи онҳо ба истифода супорида шудаанд. Нақшаи тасдиқгардида қариб 107 фоиз таъмин гардид. Бояд гуфт, ки аксари кулли ин иншоот бо маблағҳои соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми сарбаланди вилояти Хатлон, махсусан, ба соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки барои ободу пешрафта гардонидани шаҳру ноҳияҳои вилоят софдилона заҳмат кашида истодаанд, миннатдории самимӣ баён намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди вилоят корҳои созандагиро минбаъд низ идома медиҳанд ва ба хотири муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии ҳамдиёрони худ саъю талоши бештар мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ҷиҳати идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон тақвият бахшида, сифати корҳо дар иншооти бунёдшаванда ва истифодаи самараноки онҳоро назорат намоянд.

Ҳамчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корҳоро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоя, махсусан, сармояи мустақим тақвият бахшанд.

Зимни таҳлили соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи саноати вилоят мунтазам тараққӣ карда, ҳоло шумораи корхонаҳои соҳа ба 631 расонида шудааст. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 22 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кардааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки барои таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Имкониятҳои вилояти Хатлон дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар низ ниҳоят васеъ мебошанд.

Аз ин ру Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки бо мақсади истифодаи ҳарчи бештар аз имконияту захираҳои вилоят корҳо дар самти зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, ташкили фермаҳои чорводориву корхонаҳои парандапарварӣ, инчунин, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар минтақаҳои мусоид, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа ва афзоиш додани содироти маҳсулот мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.

Бо мақсади ҳалли мушкилоти вобаста ба роҳу нақлиёт ҳоло дар қаламрави вилоят 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 4,7 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо солҳои наздиктарин 219 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 25 пул бунёд ва ба истифода супорида мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳарчи пурраву самаранок истифода кардани имкониятҳои фароҳамгардида роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута барои ташкили марказҳои логистикӣ ва тақсимоти яклухти маҳсулот, анборҳои нигоҳдориву сардхонаҳо ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, сабзавоти барвақтӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади истифодаи ҳарчи бештари иқтидори бузурги гидроэнергетикии вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 890 мегаватт, 37 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 1654 киловатт, 290 километр хатҳои интиқоли барқи 220 – киловолта, 4 зеристгоҳи нави барқии 220 – киловолта ва дигар инфрасохтори энергетикӣ ба маблағи умумии 12,6 миллиард сомонӣ бунёд карда шудаанд. Ҳоло дар ин самт татбиқи боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии қариб 9 миллиард сомонӣ идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки якҷо бо вазорату идораҳои далхдор корҳоро ҷиҳати истифодаи самараноки нерӯи барқ ва кам кардани талафоти он вусъат бахшанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати вусъат додани кишти тирамоҳӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба зимистон, аз ҷумла ҳарчи зудтар ба мавсими сармо омода кардани соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳҳо, захираи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, инчунин, захираи кофии хӯроки чорво, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27106

Рубрики
Асосӣ

Иштирок дар таҷлили ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар таҷлили ҷашни Меҳргон иштирок карданд.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматкашони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дода, барои баланд бардоштани маҳсулнокии заминҳои корам маслиҳатҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нишондиҳандаҳои нуҳмоҳаи соли ҷорӣ, дар тамоми бахшҳои кишоварзии ноҳия пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра истеҳсоли пахта, ғалла, картошка, полезиҳо, пилла ва ширу тухм зиёд шуда, тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 110,2 фоизро ташкил додааст.

Дар намоиши мазкур ҳамчунин меваҳои шаҳдбор, сабзавоту полезӣ, асал, зироати хӯроки чорво ба маъраз гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони 791 гектар кишти барвақтии зироатҳо гузаронида шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 46 гектар зиёд мебошад.

Тибқи натиҷагирӣ аз моҳи январ то моҳи сентябр, аз хоҷагиҳои ноҳия 81 ҳазору 385 тонна сабзавот, 39 ҳазору 319 тонна полезӣ ва 11 ҳазору 483 тонна мевагӣ ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шудааст. Дар ин давра истеҳсоли асал ба 38 тонна баробар гардид.

Аҳли заҳмат рушди соҳаи кишоварзиро натиҷаи амалишавии саривақтии барномаҳои давлатӣ, дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани имтиёзҳои соҳавӣ арзёбӣ намуданд.

Дар чорабинии имрӯза ҳамчунин бонувони ноҳия гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил карданд.

Бонувони ҳунарманд бо пешниҳоди хӯрокҳои гуногуни миллӣ, навъҳои нон, кулчақандҳои болаззат ва ҳар гуна кашидадӯзиву гулдӯзиҳоро пешкаш намуданд.

Сесолаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро иштирокчиён омили асосии эҳё гардидани ҳунарҳои миллӣ ва рушди омӯзиши он миёни ҷавонон арзёбӣ намуданд.

Зимни суҳбатҳои самимӣ кишоварзону ҳанармандон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории пайваста, дастгирии ҳунармандон ва эҳёи оину суннатҳои бостонӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани мақоми ҷашни Меҳргон изҳори миннатдорӣ карданд.

 

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27105

 

 

Рубрики
Асосӣ

Тақдими туҳфа ба ятимони кулл дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Дар доираи сафар корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл дидорбинӣ намуда, бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Аз ҷониби Сарвари ғамхору ятимпарвар ба 150 нафар ятими кулл туҳфа, аз қабили сару либоси зимистона ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд, ки ҳеҷ гоҳ ятимонро танҳо намегузоранд. Натиҷа ҳамин аст, ки зимни сафарҳои кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сараввал бо чунин нафарон мулоқоту суҳбат намуда, аз аҳволашон шахсан бохабар мегарданд. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Роҳбари давлат боис ба он гардидааст, ки кӯдакони ба амри тақдир ятиммонда ҳамеша зери ғамхорӣ қарор доранд.

Зимни суҳбати озоду самимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳамеша дар ҳаққи чунин нафарон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Аз кӯдакону наврасон даъват ба амал оварданд, ки шароитҳои фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, барои омӯхтани илмҳои муосир, донистани забонҳои гуногун ҳамеша саъйю кӯшиш намоянд.

Кӯдакон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагиашон ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ ва илмомӯзӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27104

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи бинои Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳраки Балхӣ бинои нави Осорхонаи ноҳиявӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои осорхона дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълони солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шудааст.

Дар бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи ноҳиявӣ, ки аз 5 ошёна иборат мебошад, инчунин китобхонаи марказӣ, идораи бойгонӣ ва рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Балх” бо матбаа ҷой дода шудааст.

Осорхонаи ноҳиявӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюм ҷойгир буда, дар рафҳои намоишӣ бештар аз 3500 нигораи таърихӣ нигоҳ дошта мешавад.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аксарияти нигораҳо аз гӯшаву канори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ёфт гардидааст. Нигораҳо давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, шурӯъ аз асри 6-и пеш аз мелод то замони навро дар бар мегирад. Мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард, ки мансуби асри 6-7 то мелод аст, зиннатбахш ва василаи ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба осорхонаи тозабунёди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.

Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ исбот шудааст, ки Ҳалевард то солҳои 740 мелодӣ дар масоҳати 13,5 гектар замин ҷойгир буда, дарозӣ ва паҳноии он 460 метрро ташкил медод.

Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз димнаи Кофирқалъа маводҳои зиёд – зарфҳои кулолӣ(сафолӣ), шишагӣ, оҳанӣ, инчунин ашёҳои аз устухону санг сохташуда дарёфт карда шудааст, ки онҳоро бостоншиносон ба гурӯҳҳо ҷудо намуданд. Ҳамчунин ёдгориҳои сершумори санъати мутааллиқ ба дини буддоӣ аз даруни куҳандиз ва хонаҳои истиқоматӣ дарёфт карда шуд.

Мутахассисон ин бозёфтҳоро ҳаматарафа омӯхта, ба кадом давр тааллуқ доштани онҳо, ҳамчунин ба маданияти кадом минтақаҳо омехта буданашонро муайян кардаанд.

Намунаҳои мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард дар бинои осорхонаи нав ба маъраз гузошта шудааст, ки муаррифгари таърихи қадимаи миллати тоҷик мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони осорхона дастур доданд, ки паҳлуҳои норушани мероси фарҳангиву таърихии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Зимни шиносоӣ бо осорхона таъкид шуд, ки ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арзиши баланди таърихии миллати тоҷикро доро буда, қисмати муҳими Роҳи Абрешим тавассути ҳамин ноҳия то Аҷинатеппа мерасид ва воситаи муҳими тиҷорат маҳсуб меёфт. Дар ҳудуди ноҳия аз тарафи бостоншиносон ду корвонсарой кашф гардидааст.

Дар умум, ҳар як меҳмони Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ метавонад бо гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик ба пуррагӣ ошноӣ пайдо намояд.

Нигораҳои ҷолиби дигаре, ки дар осорхона гузошта шудааст, ин скалатитҳои дорои таърихи 3 миллион сол, сарнайзаҳои асрҳои ибтидоӣ, гӯшаи табиат бо хӯсаҳои ҳайвоноти нодири шомили Китоби сурх, кӯзаҳои асри биринҷӣ, кӯзаҳои замони Кӯшониён, намунаҳои заргарӣ, диарамаҳои табиат ва даҳҳо осори бостонии миллат тоҷик мебошад.

Бояд таъкид кард, ки таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба кишвари мо ба мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дастур доданд, ки барои фаъолияти минбаъдаи осорхона роҳбаладони забондону касбӣ ба кор ҷалб гарданд, то ҳар як нигораи таърихӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дақиқ ва ҳамаҷониба муаррифӣ карда шавад. Зеро осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои қадима метавонад ба тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори антиқӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбия намояд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27102

Рубрики
Асосӣ

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва боздид аз ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” ташриф оварда, бо ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ шинос шуданд.

Таъкид гардид, ки хоҷагии мазкур аз соли 2010 дар баробари дигар бахшҳо ҳамчунин ба шолипарварӣ машғул буда, имсол майдони кишти шолиро ба 13 гектар расонидааст.

Тибқи таҷриба, ҳамасола хоҷагидорон аз ҳар гектар замин то 50 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд ва имсол дар маҷмӯъ, дар назар аст, ки ба андозаи 650 сентнер ду навъи биринҷ ҷамъоварӣ намоянд.

Айни замон дарави шолӣ бо ҷалби техникаи муосири соҳавӣ ва 60 нафар сокини маҳаллӣ бомаром идома дорад ва аллакай 90 фоизи шолӣ даравида шудааст.

Зимни боздид иттилоъ доданд, ки ҳамасола хоҷагӣ маҳсулоти худро ба бозорҳои ноҳия ва шаҳрҳои Бохтару Душанбе ба фурӯш бароварда, дар таъмини фаровонии маҳсулот ҳиссаи худро мегузоранд.

Хоҷагии мазкур имсол ду навъи биринҷ “Ҷашнвора” ва “Сурхи мӯякдор”-ро ба харидорон пешниҳод менамояд.

Дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 13 гектар ғалла корида буданд, ки аз ҳар гектар бештар аз 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.

Ҳамасола дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замини кишоварзӣ хоҷагидорон дар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон кишти такрорӣ мегузаронанд ва аз ин ҳисоб низ фоидаи хуб ба даст меоранд.

Дар маҷмуъ, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имсол майдони кишти шолӣ наздик ба 150 гектарро ташкил дод. Майдони умумии кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳия имсол 791 гектаро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта бештар мебошад. Хоҷагидорон бо гирифтани ҳосили хуб ҳамасола барои таъмини бозорҳои мамлакат бо биринҷи аълосифат саҳми худро мегузоранд.

Тавре маълум гашт, ғайр аз шолипарварӣ ҳамчунин Хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” ба парвариши гандум, пахта, маккаи тухмӣ, полезӣ ва сабзавот машғул мебошад. Хоҷагӣ дар маҷмӯъ бештар аз 84 гектар заминро дар ихтиёр дошта, 60 гектари он барои парвариши пахта истифода мегардад. Айни замон ҷамъоварии пахта низ дар хоҷагӣ бомаром идома дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид рушди соҳаи кишоварзиро омили асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти арзону хушсифат маънидод карда, кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ҳар порча заминро самаранок истифода баранд ва ба ин васила саҳми худро дар таъмини фаровониву арзонии бозорҳои мамлакат гузоранд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27101

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Боздид аз боғи анор дар хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” шинос шуданд.

Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ, 11,48 гектарро ташкил менамояд, ки аз ин 10,32 гектараш заминҳои обӣ мебошад.

Дар 3,50 гектар замини хоҷагӣ дарахтони бисёрсола буда, дар 3,50 гектари дигар анорбоғ бунёд карда шудааст.

Соли 2020 аҳли заҳмати хоҷагӣ наздики 20 тонна анор ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими ҷорӣ нақша доранд, ки бо гирифтани ҳосили баланд самараи дастранҷи худро афзоиш диҳанд.

Ҳамчунин аъзои хоҷагӣ бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот бо ғунҷоиши 10 тонна сардхона бунëд кардаанд.

Истифодаи роҳу усулҳои гуногуни парвариш ва заҳмати пайваста ба нашъунамои хуби ниҳолҳо замина гузоштааст. Ҳосили расида фаровон буда, ҳавасмандии аҳли заҳматро ба истифодаи мақсадноки замин ва рушд бахшидани соҳа бештар кардааст.

Дар хоҷагии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.

Ноҳияи Дӯстӣ яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, сокинонаш бо амалисозии таҷрибаи нави кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонҳосилӣ дар мамлакат ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар нақши назаррас доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 812 миллиону 619 ҳазору 200 сомонӣ расонида шуд.

Дар соли 2021 дар ноҳия 5080 гектар ғалладонагӣ, 314 гектар картошка, 1833 гектар сабзавот ва 1370 гектар полезӣ кишт карда шудааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 30 ҳазору 384 тонна ғалладонагӣ, 5209 тонна картошка, 68 ҳазору 492 тонна сабзавот, 57 ҳазору 125 тонна полезӣ, 5352 тонна мевагӣ ва 3080 тонна ангур истеҳсол карда шуд, ки дар маҷмуъ нишондиҳандаҳо нисбат ба соли қаблӣ зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ майдони умумии замини ноҳияи Дӯстӣ 123 ҳазору 619 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 14 ҳазору 227 гектараш замини корам мебошад.

Ҷашни Меҳргон, ки натиҷагирӣ аз ҷамъоварии ҳосил, захира кардани маводи ғизоӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзон мебошад, аҳли заҳмати ноҳияи Дӯстӣ бо истифодаи муосиртарин усулҳои парвариш соҳаи кишоварзиро рушд дода, самараи дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.

Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳия ба рушд бахшидани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуда, рӯз то рӯз дастовардҳо бештар мегардад.

Дар маҷмуъ хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо пуштибонӣ аз дустуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замин, афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонҳосилӣ ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ талош доранд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27100

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳамчунин бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот бо сарфи беш аз 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,10 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.

Корҳои сохтмониро давоми ду сол Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаридун-Д” бо ҷалби зиёда аз 40 сокини маҳаллӣ анҷом додааст. Зимни иҷрои корҳо талаботи соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ пурра риоя шудааст. Иншоот пурра бо истифода аз масолеҳи босифати ватанӣ, бунёд гардидааст.

Бино дорои 9 утоқи барҳаво барои кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, филиали Муассисаи Давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ мебошад.

Барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ 3 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, дӯзандагӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбобҳои рӯзгор бо ҳамаи шароит таъсис дода шудааст. Маҷлисгоҳи бино дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дорои 20 ҷои нишаст мебошад.

Маврид ба таъкид аст, ки қаблан кормандони соҳа дар утоқҳои хурд ва номусоид кору фаъолият менамуданд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав шароити созгори корӣ фароҳам омад. Ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ ва мизу курсӣ пурра таъмин мебошанд.

Кормандони соҳа иброз медоранд, ки дар чунин шароит имкон аст хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои босифат бунёд намудани иншоот изҳори сипос карда, кормандони соҳаро ба истифодаи самараноки имконият ҳидоят намуданд.

Атрофи бинои сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бо гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз зебо гардонида шудааст. Роҳравҳо дар масоҳати 800 метри мураббаъ пурра сафолакпӯш мебошад. Тарҳи иншоот низ диққатҷалбкунанда буда, он ба зебоии кӯчаи марказии ноҳия ҳусни тоза зам менамояд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27099