Рубрики
Uncategorized

Андеша: Ҷавонон ва истиқлоли давлатӣ

(Чанд андеша доир ба нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдату ягонагӣ)

Инсон ҷасорат ва садоқатро дар майдони ҷанг, сатҳи донишро дар майдони илм собит менамояд. Мо, ҷавонон, бояд дар раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ ва пайдо гардидани ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ таъкидҳои Сарвари давлатро мунтазам пайгирӣ намоем ва нагузорем, ки душманон кохи ваҳдати миллии моро халалдор намоянд. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки:-бояд ҷавонон, воқеан, дар амал собит намоянд, ки масъулият ва талошҳои пайвастаи онҳо барои имрўз ва фардои дурахшон давлату миллат аст; Ин маънои онро дорад, ки ҷавононро мебояд фаъолияти худро дар ҳамаи самтҳо пурзўр намоянд, ҳар амалеро, ки анҷом медиҳанд барои рушди устувори иқтисоди кишвар замина гузорад ва дорои аҳамияти бузург барои ояндаи давлат бошад.-баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ва илман мубориза бибаранд;Ҳар як миллат дорои фарҳангу маданияти хоси худ мебошад ва вазифаи аввалиндараҷаи онҳо пеш аз ҳама гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Онҳое, ки ба фарҳанги худ эҳтиром намегузоранд, оқибат фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои бегона мегарданд. Ҳамзамон, дар назди наслҳои имрўза ва оянда мавқеи худро аз даст медиҳанд. Баръакс онҳое, ки фарҳанги миллиро асоси зиндагӣ ва фаъолияти илмии худ медонанд, бо гузашти вақт қадру қиматашон дар назди давлат баланд мешавад. – нишон додани меҳнати софдилона баҳри ифтихори миллат дар замони имрўза ва оянда; Воқеан, меҳнати ҳалол ва софдилона боиси пешрафти ҷомеа мегардад ва марҳила ба марҳила имкониятҳои нави инкишофро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба миён меоварад. Натиҷаи ин раванд сабаби пешрафти давлат ва шинохти шахсиятҳои бузург дар симои миллат хоҳад гашт. Аз ин лиҳоз, дар замони муосир зиёд гардидани сафи ҷавонон бонангу номус тақозои давр буда, ба болоравии обрўи миллат такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳастанд ҷавононе, ки имрўз Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштаанд. Бахусус, Дилшод Назаров, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён, Мавзуна Чориева, Кристина Проженко ва даҳҳо нафари дигар дар олимпиадаҳои гуногун давлату миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кардаанд. Сафи чунин ҷавонмардон ва бонувон, воқеан, хело зиёд шудан дорад. На танҳо дар соҳаи варзиш, балки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму технология сол аз сол пеш рафта истодааст.-тарғиби ғояҳои ваҳдати миллӣ.Ваҳдат, ки асоси ягонагӣ ва ҳамдилии мардум мебошад, барои пойдории ҳар як давлат дар низоми давлатдорӣ нақши калидиро иҷро менамояд. Оромӣ равандест, ки заминаҳои рушди бомароми соҳаҳоро ба вуҷуд меоварад ва дар симои давлат ва миллат ба ҷаҳониён фарҳанги баланди ваҳдатдустӣ ва ватандўстиро тараннум менамояд. Саҳми ҷавонон дар таҳкими сулҳу суббот дар кишвар хело бузург буда, имрўзҳо ҳазорҳо ҷавонмардон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи марзу буми давлат, сулҳу субот ва оромии сартосарии кишвар содиқона хидмати ҳарбӣ намуда истодаанд. Мо, ҷавонон, бояд ба хотири пойдории ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатамон дар байни ҷомеа барои дарки аҳамияти таърихии сулҳу субот ва оромӣ корҳои тарғиботиро хуб ба роҳ монем ва тариқи расонаҳои давлатӣ маводҳои заруриро омода ва нашр намоем, то дар фазои иттиллооти кишвар таъсири ғояҳои ваҳдат ба афкори ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон таъсири мусбӣ расонад.Пайрави ба Пешвои миллат ва бархурдор гардидан аз мактаби беназирашон дар масири худшиносиву худогоҳӣ, ватадўстиву хештаншиносӣ ва дурандешиву ботадбирӣ ба мо, ҷавонон, имкон медиҳад, ки дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ дорои мавқеи шоиста бошем ва ғурури миллиамонро баланд бардошта, дар ҳама ҳолат ба фишорҳои ғаразноки нерўҳои ифротгаро ҷавобан боадолатона муносибат намоем ва ватан, миллат ва фарҳанги миллиамонро гиромӣ ва ҳифз дорем. Борбад БАҲРОМЗОДА- аъзои ҲХДТ

Рубрики
Uncategorized

Мақола: Сиёсати бомуваффақи Тоҷикистон

Дар самти мубориза бо ифротгароии хушунатомез пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҳамкории шарикӣ доранд.Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳамагуна тарҳҳо, ки барои эҳёи субот, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амният дар Афғонистон зарур аст, истиқбол мекунад.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намуданд.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистону Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни “Толибон”-у тоҷикон ба тавофуқ расиданд.“Мо ба тавофуқ расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд”“Мо ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар азиятдида пеш аз ҳама манфиатдорем. Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба хусус барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад”Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчи зудтар барқарор гардад ва манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта шаванд.“Ташкили ҳукумати фарогир дар он кишвар бояд бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ бошад. Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кумакҳои башардӯстона, яъне аз ҷониби ниҳодҳои СММ, Салиби сурх ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд. Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд”,Тоҷикистону Афғонистон ҳамеша ҳамсояи хуб буданд ва хоҳанд монд. Дар тӯли таърих онҳо дар шодию ғами якдигар шарик буданд. То замоне, ки ин кишвар дар ҳолати душвор қарор дорад, Тоҷикистон дар канори он боқӣ хоҳад монд. Тоҷикистон ҳамеша дар ин кишвари дӯсту бародар, ки мардуми мо бо як забон ҳарф мезананд ва бо мо фарҳанги муштарак доранд, истиқрори сулҳи комил ва ваҳдати миллиро самимона дастгирӣ мекард.Гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ бо истифода аз вазъи мураккаби Афғонистон ҳадафҳои харобкоронаи худро амалӣ намуда, фаъолиятҳои харобкоронаи худро густариш доданд. Таҷрибаи талхи ҷанги давомдор дар ин кишвар дар тӯли 40 соли охир собит мекунад, ки мушкилоти Афғонистон ҳалли низомӣ надорад. Тоҷикистон ҳалли мушкилоти имрӯзаи Афғонистонро дар истифодаи васеи воситаҳои дипломатӣ ва сиёсӣ, дар андешидани чораҳои муассир оид ба таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебинад.Дар шароити мураккаби феълӣ ҷомеаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама кишварҳои донор, бояд дастгирии худро ба мардуми пурсабри Афғонистон идома диҳанд. Понздаҳуми август гурӯҳи террористии “Толибон” пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро ба даст оварданд ва то имрӯз мушоҳида мегардад, ки ба қатлу кушторҳои бераҳмона даст зада истодаанд. Дар ҳукумати навтаъини онҳо фарогирии ақалиятҳои миллӣ ба назар намерасад ва онҳо ба ваъдаҳои ҳукумати ҳамашумули худ вафо накарданд.Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем. Толибон дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд. СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва дигар созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд”.Туразода Ҷамшед Аскар – н.и.и., дотсент, муовини раиси КИИ ХХДТ “Сомон”

Рубрики
Uncategorized

Хуҷанд: Идомаи мулоқотҳои тарғиботӣ

Рӯзи гузашта дар идомаи рафти мулоқоту вохӯриҳои тарғиботии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд самти пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофотпарастӣ, таъсири унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспушӣ мулоқоти навбатӣ бо сокинон,ҷавонону наврасони маҳаллаи “Навбаҳор” баргузор гардид.Зимни мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Н.М. доир ба хатарҳову паёмадҳои терроризму экстремизм, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда ибрози андеша намуда, ин падидаро омили нооромиву парокандагӣ ва монеъи рушду инкишофи ҷомеаву давлат арзёбӣ намуданд. Инчунин мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Манонова оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сухан намуд. Дар ин ҷода, инчунин доир ба мустаҳкамии оилаҳои ҷавон ва амалӣ намудани рисолати ҷавонмардии ҷавонон яъне хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуда, аз қишри фардосози Ватан дар самти нигоҳ доштани иродаи мустаҳкам ва ҳимоят намудан аз манфиати давлату миллат даъват ба амал оварданд.НравитсяКомментироватьПоделиться