Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад.

Масоҳати замини ҷудошуда барои бунёди иншоот 960 метри мураббаъ ва масоҳати зери сохтмон 485 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи иншоот бахши бойгонӣ, китобхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ҷои нигоҳдории таҷҳизоти барқӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюм 7 утоқи корӣ бо таҷҳизот ва лавозимот барои пешбурди фаъолият таъмин аст. Маҷлисгоҳи иншоот, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 60 ҷои нишаст мебошад. Дар баробари ба истифода додани иншооти мазкур бо ҳуҷраҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир барои кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам омад ва дар ин замина сатҳу сифати корбарӣ низ беҳтар мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ беҳтарин туҳфа барои кормандон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, масъулинро ба истифодаи самараноки имконият дар тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27098

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Дӯстӣ

Қасри боҳашамати фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории соҳибкорон ва шахсони ватандӯсту саховатпеша азнавсозӣ карда шудааст, ки он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ расман ба истифода дода шуд.

Корҳои азнавсозӣ дар Қасри фарҳанг соли 2020 оғоз гардида, дар ин давра зиёда аз 40 нафар мутахассисон ба кори муваққатӣ ҷалб карда шуданд.

Бинои Қасри фарҳанг бо унсурҳои хоси миллӣ азнавсозӣ гардида, ба симои ноҳия ҳусни дигар зам намудааст.

Ҳангоми азнавсозии ин иншооти фарҳангӣ мутахассисон таваҷҷуҳи асосиро ба санъати хоси миллии меъморӣ равона намудаанд, ки қисми берунию даромадгоҳ ва даҳлези он басо зебою назаррабо ва диққатҷалбкунанда аст.

Бинои Қасри фарҳанг аз 2 ошёна иборат буда, дорои китобхона бо 8 ҳуҷра, мактаби мусиқии бачагона дорои 7 синфхона, толори консертӣ барои зиёда аз 300 ҷои нишаст, толори рақс, 10 утоқи корӣ барои кормандон ва ҷои нигоҳдории либос мебошад.

Дар фонди китобхона 24 ҳазор нусха адабиёти бадеиву соҳавӣ ва бачагона мавҷуд буда, дар он барои дӯстдорони каломи бадеъ шароити мусоид муҳайё мебошад.

Дар осорхона нигораҳои қадимаи давраҳои гуногуни таърихӣ ҳифзу нигоҳ дошта мешаванд, ки муаррифгари гузаштаи пурифтихори мардуми тамаддунофари тоҷик аст.

Маҷлисгоҳ бо зиëда аз 40 ҷои нишаст низ барои баргузории чорабиниҳои гуногун шароити мусоид дорад.

Саҳн ва роҳравҳои иншооти мазкур дар масоҳати 1800 метри мураббаъ азнавсозӣ гардида, инчунин ҷиҳати назаррабо нигоҳ доштани ҳудуди иншооти мазкур дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бо шинонидани дарахтони ороишию сояафкан корҳои сабзу хуррамнамоӣ анҷом дода шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити корӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ баҳои баланд доданд.

Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол бунёди иншооти фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёд гардида, амалӣ кардани чунин тадбир дар баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги аҳолӣ ва ҳуввияти миллии шаҳрвандон нақши муносиб мегузорад.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27097

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстиро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд гардидааст.

Корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдураҳмон-2013” анҷом дода, дар раванди амалисозии лоиҳаи мазкур зиёда аз 60 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба корҳои муваққатӣ ҷалб карда шуданд.

Масоҳати умумии Боғи фарҳангию фароғатӣ 3 гектарро ташкил медиҳад.

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ атраксионҳои кӯдакона, суҳбаткадаҳо, нишастгоҳҳо, фаввора, майдончаи варзишӣ, майдони волейбол, ду майдон барои тамрини бадан, ҷой барои бозии кӯдакон, ҷой барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳавзи об ва таршедҳо барои таъмини рӯшноӣ мавҷуд аст.

Дар боғи мазкур дар масоҳати 6500 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ сурат гирифта, ҳамзамон навъҳои гуногуни дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулҳои нодири ороишӣ шинонида шудааст.

Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ баъди азнавсозӣ ба як мавзеи зебою назаррабо табдил ёфтааст, ки дар он барои сайру гашти сокинон шароити арзандаи истироҳат фароҳам гардидааст.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27096

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар яке аз мавзеҳои мувофиқ барои сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 метр, дарозии он 14 метр ва баландии сутунпояаш 36 метр буда, бо сифати баланд бунёд шудааст.

Масоҳати майдони Парчами давлатӣ 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он кабудизор карда шудааст, ки дар ин ҷо барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам аст.

Бо мақсади зебою назаррабо гардонидан дар майдони Парчами давлатӣ ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шуда, 1 фаввораи зебо бунёд гардидааст.

Мавриди истифода қарор додани иншооти Парчами давлатӣ нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар саҳни он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27095

Рубрики
Асосӣ

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ва ифтитоҳи Варзишгоҳи марказӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарият ва сокинони ноҳияи Дӯстӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ нахуст варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор доданд.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Дӯстӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 3000 ҷойи нишаст бо маблағгузории Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии варзишгоҳ 8,64 гектарро ташкил дода, ин ҷо дар масоҳати зиёда аз шаш ҳазор метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шудааст.

Дар варзишгоҳ 4 сутунпояи калон ва дар атрофи он 30 сутунпояи чароғ насб гардида, ба намои варзишгоҳ аз лиҳози равшанӣ ҳусни бештар мебахшад.

Ҳамзамон, дар атрофи варзишгоҳ ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст, ки сокинон метавонанд аз ин зебоӣ ҳангоми сайру гашт баҳра бардоранд.

Варзишгоҳ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, мавзеи болопӯшида барои меҳмонон ва дар қисмати зери нишастгоҳҳо ҳуҷраҳои корӣ, аз ҷумла, ҳуҷраи нозир, доварон, ҳуҷраи техникӣ, либосивазкунӣ ва мураббиён бо тамоми шароити мусоид бунёд гардидааст.

Баъди ба истифода додани иншооти мазкур сокинони ноҳияи Дӯстӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллӣ имконият пайдо мекунанд, ки дилхоҳ чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланди худро дар ин варзишгоҳи навбунёд доир намоянд.

Инчунин дар варзишгоҳ шароити мусоид барои ҷавонону варзишгарони ноҳия дар самти ташкили тамринҳои ҳаррӯза, гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ ва ташкили чорабиниҳои варзишӣ имконоти васеъ фароҳам аст.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27094

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат” -и шаҳри Левакант

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат” -и шаҳри Левакантро, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби сокини ватандӯсти вилояти Хатлон Соҳибов Фатҳулло бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои шоиставу бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Дар иншооти мазкур 25 ҷои корӣ муҳайё карда шуда, сокинони шаҳри Левакант бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Хоҷагии моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ дар майдони 32 гектар замин таъсис ёфт. Аз масоҳати умумии хоҷагӣ дар 20 гектар ҳавзҳо барои парвариши 50 ҳазор моҳӣ ва дар 12 гектар истироҳатгоҳ бунёд гардидааст.

Дар ҳавзҳои алоҳида истироҳткунандагон метавонанд ба моҳидорӣ машғул шуда, вақти худро хуш гузаронанд.

Барои ободу дилкаш гардонидани ҳудуди истироҳатгоҳ дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои зебо шинонида шудааст.

Ҳудуди истироҳатгоҳ чароғон ва барои фароғати сокинон суҳбаткада ва нишастгоҳҳо васл гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми Соҳибов Фатҳулло, ки ҳамеша барои ободии диёри хеш талош меварзад, баҳои арзанда дода, иқдоми ӯро шоистаи таҳсин хонданд.

Мавриди зикр аст, ки майдони замини ҳавзи моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ пештар сангзор буда, маҳз бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санглох ба як макони тамошобоб, дилнишин ва назарррабо мубаддал гашт.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27081

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё” дар шаҳри Левакант

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё”-ро пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода супориданд.

Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё”-и шаҳри Левакант 25 июни соли 1964 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 40 ташкил шуда, соли 2006 ба Литсейи касбии саноати кимиё табдил дода шуд.

Бо гузашти солҳои тӯлонӣ ва хароб гаштани бино зарурати таъмир ва навсозӣ ба миëн омад.

Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани иншоот ва муҳайë сохтани шароити созгори касбомӯзӣ тадбирҳои ободонию бунëдкорӣ оғоз гашт.

Натиҷа ҳамин аст, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ шуруъ аз даромадгоҳи муассиса то се бинои таълимии дуошëна, як бинои дуошëнаи маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ ободу зебо гардонида шуд.

Дар хобгоҳи муассисаи таълимӣ, ки аз се бинои чорошëна иборат буда, барои 426 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, корҳои созандагӣ идома дорад.

Корҳои сохтмону навсозии иншоот бо саҳми соҳибкорон ва шахсони бо нангу номуси шаҳри Левакант ва вилояти Хатлон бе ҷалби маблағҳои буҷет анҷом дода шудааст.

Дар баробари таъмир ҳамзамон дастгоҳу лавозимоти муосири илмомӯзию касбомӯзӣ дастрас карда шудааст, ки муҳассилин метавонанд бе ягон мушкилӣ ба касбомӯзӣ машғул гарданд.

Давоми 57 сол дар муассиса 14 ҳазору 484 нафар таҳсил намуда, соҳиби дипломи соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шудаанд.

Солҳои пеш Омӯзишгоҳ дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиëи Миëна ва Иттиҳоди Шӯравӣ ягона муассисае ба ҳисоб мерафт, ки мутахассисони варзидаи соҳаи истеҳсолии маводи кимëвиро омода менамуд.

Дар доираи корҳои ободонӣ дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ҳамзамон осорхона таъсис дода шудааст, ки таърихи таъсисëбии литсейи мазкур, таҳсилу фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи даврони таҳсил дар литсейи мазкур, китобхона ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1969-1971 дар ин муассиса дар гуруҳи рақами 10 бо ихтисоси “Челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ-санҷишӣ ва автоматика” таҳсил карда, онро бо муваффақият хатм намудаанд.

Айни замон шумораи толибилмони ин даргоҳи илму маърифат 278 нафарро ташкил намуда, 44 нафар омӯзгор аз рӯи 10 ихтисос ба донишҷӯëн таълим медиҳанд.

Дар идомаи боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант бо ҷараëни корҳои сохтмони бинои филиали Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмат шинос шуданд.

Иншоот дар масоҳати 1,55 гектар замин бунëд карда шуда, аз 7 ошëна иборат мебошад.

Айни замон 28 нафар мутахассиси ватанӣ дар корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда, ба таври густурда фаъолият доранд, то ин ки иншоот дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бунëд карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи сайëҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз 30 июли соли 2021 дар заминаи Литсейи касбии саноати кимëи шаҳри Левакант таъсис дода шудааст.

Ҷараëни таълиму тарбия дар ин боргоҳи илму маърифат дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои хадамоти гумрук, иқтисодиëт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, энергетика ва кори бонкӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки иншоотро тибқи лоиҳа бо сифати баланд сохта ба истифода дода, барои ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисони ҷавон аз имкониятҳои фароҳамгашта мақсаднок истифода баранд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27080

Рубрики
Асосӣ

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Левакант ва ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Борбади шаҳри Левакант бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот се ошёна буда, аз 18 синфхонаи таълимию фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи технологияи информатсионӣ бо 12 компютер, китобхона, маҷлисгоҳ бо беш аз 100 ҷойи нишаст, синфхона барои ҳунаромӯзии дӯхтарон, ошхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, теннис ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.

Дар атрофи бинои навбунёд гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуда, саҳни муассиса пурра сафолакпуш ва ҳамзамон чароғон гардидааст.

Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,06 гектар замин бунёд карда шуда, имкон медиҳад, ки дар ду баст 640 нафар хонанда дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифта шавад.

Дар иншооти навбунёд 50 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи муҳассилин машғуланд.

Бинои муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои муассисаи нави таълимӣ кормандони соҳаи илму маорифро барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани ҷавонон ҳидоят карда, онҳоро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ аз ҳарвақта дида масъулиятшинос бошанд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27079

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи бинои нави Маркази тибби Хатлон дар шаҳри Бохтар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафарии кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои нави Маркази тибби Хатлонро ифтитоҳ намуданд.

Тибқи лоиҳа бинои Маркази тибби Хатлон аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, бо сифати баланди меъморию шаҳрсозии муосир бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бинои нав дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оилаи Назаровҳо сохта шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ бештар аз 100 нафар мутахассисону коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардиданд.

Дар шуъбаҳои Маркази тибби Хатлон аз ҷумла, шуъбаҳои дармонгоҳӣ, ҷарроҳӣ, табобатӣ, эҳёгарӣ ва ғайра, ки бо таҷҳизоти муосири ташхису табобатӣ таъминанд, барои муолиҷа ва табобати беморон шароити мусоид муҳайё карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи дармонгоҳӣ иборат аз ҳуҷраи табибони ҷарроҳ, урология, қалб, стоматология, эндовидеоскопӣ, сабти барқии дил, ултрасодо ва ғайра ҷойгир мебошанд, ки барои сари вақт муоина ва табобат кардани беморон пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар беморхона, ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадоии қалб, ҳуҷраи қабул, гиёҳдармонӣ, озмоишгоҳи клиникиву биохимиявӣ, осебшинос, ҳуҷраи хатна, китобхона барои бозомӯзии табибон, ҳамшираҳои шафқат ва шунавандагони шуъбаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, коллеҷҳои тиббӣ ва донишҷуёни факултети биохимияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият менамоянд, ки яке аз дастовардҳои навини Маркази навбунёд ба шумор мераванд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маркази тибби Хатлон дорои 40 кат буда, дар як рӯз имкони қабули бештар аз 60 нафар беморро дорад.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюми бино шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва беморони амрози даруна, ошхона, ҳуҷраҳои табибон, басту банд ва доругузаронӣ фаъолият менамоянд.

Толори маҷлисгоҳи замонавӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ ҳамчун заминаи илмию клиникӣ мавҷуд мебошад, ки барои пешбурди фаъолияти минбаъдаи кормандон истифода мешавад. Он барои такмилу баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар дар асоси дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии вилояти Хатлон рушд карда маблағгузорӣ ба ин соҳаи афзалиятнок афзоиш ёфт.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27076

Рубрики
Uncategorized

Гулистон:Солимии ҷамъият боигарии давлат

          

       Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади пешгирии бемории сироятии                          COVID— 19  корҳои тарғиботву ташвиқотӣ ва фаҳмонидадиро идома доданд. Имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳр  мулоқоту сӯҳбатҳо бо шаҳрвандон ҷараён дорад. Зимни мулоқот  оид ба риояи  гигиенаи шахсӣ,  роҳи пешгирии беморӣ маълумот  дода, ҷиҳати истифода аз ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои безараргардонӣ таъкид карда шуд, ки  истифодаи он ҳатмист. Ҳар як шахс бояд  ба ҳифзи саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Зеро солимии ҷамъият боигарии давлат аст. Гирифтани ҳар ду вояҳои ваксина шахсро аз бемории сироятии COVID—19 муҳофизат карда, қавитар мегардонад.

        Маводҳои тарғиботӣ   ба шаҳрвандон  тақсим карда шуда, кор дар ин самт давом дорад.