Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Бо парчами худ ифтихор дорем

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳр силсилаи чорабиниҳои тарғиботиро доир намуд.

Аз ҷумла , дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 15 ва 34 ҳамоиши устодону донишҷӯён ва хонандагон ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ бо барномаҳои ҷолиб баргузор шуда, муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева ва кормандони масъули Кумиҷроия Бурсибой Лутфуллоев, Мавлуда Тоҷиева, Муҳаммадтоҳир Мухторов, Қобилҷон Ҷалолов ва омӯзгорон дар бораи таърихи парчам, эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи давлатдорӣ ва соҳибтихтиёрӣ сухан карданд, донишҷӯёну хонандагон бахшида ба парчам шеърҳо қироат намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Аёдати собиқадорон

Дар ҳар иду айём аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд собиқадорони меҳнат, оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо аёдат карда мешавад. Дасти фитодаеро гирифтан ва шод намудан, ин кори хайру савоб аст. Дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 нафар сабиқадорону оилаҳои ниёзмандро кормандони кумиҷроияи шаҳрӣ бо маводи озуқа аёдат карданд.

Аз чеҳраҳои ҳар кадоми аёдаткардагон аён буд, ки бо шодкомӣ шукронаи давлат ва Пешвои миллатро мекарданду барои пойдории сулҳ ва тинҷиву оромии Тоҷикистони азизамон даст ба дуо бародоштанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳақиқат ҳамаи ин ободиву зебоӣ ва гул- гул шукуфоии ватанамон аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Мо бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки барои тараққиёт ва пешрафти кишвар каме бошад, ҳам саҳми худро гузорем.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Парчам – рамзи худшиносиву худогоҳии миллат

Воқеан, ҳам Истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ки аз баракати онҳо дар кишвари азизамон баргузории Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, ба иди умумимиллӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таҷассуми хешро дарёфта, шукӯҳу шаҳомати давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Сол аз сол қомат афрохтани Парчами миллӣ на танҳо барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, балки ба як муҳити зебову обод, созандагиву бунёдкорӣ ва майдони истироҳату фароғати сокинони мамлакат табдил ёфтааст.

Соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Осимӣ“ дар назди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар кори он муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ректори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, иброз дошт, ки истиқболи ҷашнҳои фархунда, хусусан, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо армуғонҳои арзанда ба ҳукми анъанаи нек даромада, бо дарки баланду ифтихори ватандорӣ таҷлил карда мешавад, ки он ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ифтихор нисбати Ватан нақши муассир мебозад. Донистани таърихи парчам, эҳтироми он, арҷ гузоштан ба парчам ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳии миллӣ имрӯз ба рукни муҳими ватандориву ватанпарварӣ табдил ёфтааст. Дар радифи дигар муқаддасоти кишвар Парчам низ дар пойдории номи давлату миллат ва шинохти он дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.

Сипас, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов табрикоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро бахшида ба Рӯзи Парчам ба самъи ҳозирин расонид.

Ҳамчунин муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода табрикоти раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба иштирокчиён қироат кард.

Ректори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар мавзӯи “Парчам саодати халқ” ва устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Б.Ғафуров Назира Маҳмудова дар мавзӯи “Парчам рамзи Истиқлолият ва ҳастии давлат” бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ баромад карданд. Дар рафти чорабинӣ якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб бо Медали ҷашнӣ, Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Инчунин барои иншоҳои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Конситутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дар фарҷоми конференсия аз тарафи донишҷӯёни донишкада кампазитсияи адабӣ – фарҳангӣ намоиш дода шуд.

ПАРЧАМ – РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛАТ

Воқеан, ҳам Истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ки аз баракати онҳо дар кишвари азизамон баргузории Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, ба иди умумимиллӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таҷассуми хешро дарёфта, шукӯҳу шаҳомати давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Сол аз сол қомат афрохтани Парчами миллӣ на танҳо барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, балки ба як муҳити зебову обод, созандагиву бунёдкорӣ ва майдони истироҳату фароғати сокинони мамлакат табдил ёфтааст.

Соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Осимӣ“ дар назди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар кори он муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ректори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, иброз дошт, ки истиқболи ҷашнҳои фархунда, хусусан, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо армуғонҳои арзанда ба ҳукми анъанаи нек даромада, бо дарки баланду ифтихори ватандорӣ таҷлил карда мешавад, ки он ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ифтихор нисбати Ватан нақши муассир мебозад. Донистани таърихи парчам, эҳтироми он, арҷ гузоштан ба парчам ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳии миллӣ имрӯз ба рукни муҳими ватандориву ватанпарварӣ табдил ёфтааст. Дар радифи дигар муқаддасоти кишвар Парчам низ дар пойдории номи давлату миллат ва шинохти он дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.

Сипас, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов табрикоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро бахшида ба Рӯзи Парчам ба самъи ҳозирин расонид.

Ҳамчунин муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода табрикоти раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба иштирокчиён қироат кард.

Ректори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар мавзӯи “Парчам саодати халқ” ва устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Б.Ғафуров Назира Маҳмудова дар мавзӯи “Парчам рамзи Истиқлолият ва ҳастии давлат” бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ баромад карданд. Дар рафти чорабинӣ якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб бо Медали ҷашнӣ, Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Инчунин барои иншоҳои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Конситутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дар фарҷоми конференсия аз тарафи донишҷӯёни донишкада кампазитсияи адабӣ – фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: Қаҳрамони сулҳ, сармеъмори ваҳдат, бахти нурафшон ва даҳои зиндагӣ

МАҚОЛА: Нигоҳе ба шинохту бузургдошти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷодиёти адибони Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давраи фоҷеабори таърихи миллат зимоми давлатдории кишварро ба каф гирифта, тавонистанд, бо вуҷуди монеаву хатарҳои гуногун маҷрои сарнавишти Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир диҳанд. Бо хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими амнияту субот ва ниҳоят даст ёфтан ба Ваҳдат ва эҳёи давлатдории миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик буд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як шахсияти маҳбуби кишвар ва кулли тоҷикони ҷаҳон табдил ёфтанд. Аз ин ҷост, ки ба қавли муҳаққиқи ҷавону донишманд Мирзоолим Мирзораҳимов “шахсият ва корномаи беназири ватанпарастию миллатдӯстии Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин идеали зиндагӣ мебошад”. Дар адабиёти тоҷик низ шахсияту корномаи абармарди таърихсоз ва асосгузори Тоҷикистони нав муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хос дошта, сабаби пайдоиши беҳтарин осори адабию бадеӣ гардидааст, ки албатта ҳар яке дорои заминаву арзишҳои воқеӣ ҳастанд.

Барои шоирону эҷодкорони ноҳияи Мастчоҳ шахсият ва хизматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳом дар иншои осори мондагор мебошад. Қувват Давлат, Усмон Олим, Олимхон Исматӣ, Гулноз Тоҳириён, Ҷӯра Юсуфӣ, Муҳаммадюсуф Фозилзода, Қудратшоҳи Одина, Абдуқодири Абдуллохон, Шариф Раҳмон, Сурайё Ёқубова, Мирзоҳайдар Умарзода, Мирзоюсуф Шарифзода, Ҳасан Боқӣ, Муллоҳасан Гулов, Бобоашӯр Амонзода, Родмеҳр Сулаймонӣ, Муллошукур Шокирзода ва даҳҳо нафари дигар аз адибони ин гӯшаи шоирхези Тоҷикистон дар ашъори худ ҷасорату ҷавонмардӣ, сулҳофариниву давлатсозӣ, адолату созандагӣ ва дигар хислату хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллатро сутудаанд.

Барои шоири шаҳиру тозабаён Қувват Давлат Эмомалӣ Раҳмон Қаҳрамони сулҳ аст, ки тавониста “миллатеро аз ҷунуни худкӯшӣ” берун оварад. Шоир дар оғози шеъри маъруфи худ “Қаҳрамони сулҳ” аз бисёр будани қаҳрамонони ҷанг ёдовар мешавад, ки бо ҳар роҳу восита ба зидди душман ва шикастани он мубориза бурдаанд:

Қаҳрамони ҷанг бисёр аст,

Он яке тарконда худро душманеро кард кӯтаҳдаст,

Бар тани захмини худ он дигаре баста гулӯла

Хешро дар зери тасмачарх андохт,

Танкҳои оҳанин бишкаст.

Қаҳрамони ҷанг бисёр аст,

Он яке бо синаи худ дошт роҳи тирборонро

Бо вуҷуди худ раҳонид аз шикори марг ҷони ҷумла ёронро…

Қаҳрамони ҷанг бисёр аст,

Зидди душман рафта ҳам гавваккашон,

Зидди душман рафта ҳам оташфишон,

Аз хуни худ бар замин бикшида хатти арғувон.

Дар идомаи шеър шоир хеле ҳунармандона диққати хонандаро ба қаҳрамони сулҳ равона месозад. Қаҳрамони ҷанг бисёр аст, аммо Қаҳрамони сулҳ яктост, бо фард будани худ фарқ мекунад, миллатро аз марг наҷот мебахшад:

Қаҳрамони ҷанг бисёр аст,

Қаҳрамони сулҳро бин,

Бо вуҷуди хеш баста,

Пеши роҳи тирборони адоватро,

Вораҳонд аз марг миллатро.

“Қаҳрамони сулҳ”-и Қувват Давлат симои сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тасвир намудааст. Бо қироати ин шеъри олӣ ҳамаи заҳмату талошҳои Қаҳрамони сулҳ – Эмомалӣ Раҳмон дар он солҳои мудҳиш ба мисли навори филми ҳуҷҷатӣ пеши назари хонанда зинда мешаванд:

Қаҳрамони сулҳро бингар,

Он ҳама таркидаҳоро боз аз нав медиҳад таркиб,

Он ҳама бигсастаҳоро боз аз нав мекунад пайваст.

Бо муҳаббат даст ёзида,

Карда пулҳои зи ҳам бишкастаро пайваст бо даст.

Қаҳрамони сулҳ барои расидан ба ҳадафи олӣ – истиқрори сулҳу ваҳдати комил ва амнияту суботи ҳамешагӣ кинаҳоро аз дили мардум берун карда, хашмҳои талху сӯзонро ба муҳаббат табдил медиҳад, ки фақат хоси ӯст:

Қаҳрамони сулҳро бингар,

Баркашида минаҳоро як – як аз раҳ безарар карда,

Яъне

Кинаҳоро аз дили мардум бадар карда.

Қаҳрамони сулҳро дидӣ?

Хашмҳои талху сӯзонро муҳаббат кард,

Ҳам кудуратро бурун андохт аз дилҳо,

Баъди ин дилҳои мо бо меҳр одат кард.

Мубориза байни хайру шар ва некиву бадӣ дар ҳама давру замон буд ва табиист, ки дар муқобили Қаҳрамони сулҳ низ гуруҳе сангар мегиранд. Вале сабру таҳаммул ва ҷасорату мардонагии Қаҳрамони сулҳ ҳамаи садду найранги бадхоҳонро мешинакад, ба халқи ҷафокашидаи тоҷик, ки фасли тирборон умрашро сияҳ карда буд, оштӣ мебахшад, сулҳро эҳдо мекунад, ки сабаби аз ҷунуни худкушӣ ба ҳуш омадани миллат мешавад:

Қаҳрамони сулҳро бингар,

Гоҳ андар тирборонҳои бадгӯй,

Сабри сангин ӯ сипар карда,

Аз таҳаммул ҷавшани мардонагиро ҳам ба бар карда,

Бо ҷасорат хештанро дар хатар карда,

Аз ҳама хашму аламҳо оштӣ овард,

Аз ҳама ҷангу ҷадалҳо сулҳ рӯёнид,

Бо ҳама садду халалҳо сулҳ рӯёнид.

Дар диёри мо, ки фасли тирборон буд,

Бо чи заҳматҳо зи кӯҳу дарраҳову дашту талҳо сулҳ рӯёнид.

Қаҳрамони сулҳро дидӣ?

Оштӣ оварду оташ кард хомуш

Миллатеро аз ҷунуни худкушӣ овард бар ҳуш.

Шеъри “Қаҳрамони сулҳ” ба назари мо дар адабиёти тоҷик яке аз беҳтарин ва муассиртарин асарест, ки тавонистааст симо ва заҳмату ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳунари баланд ва тасвирҳои тозаву хотирмон таҷассум намояд.

Олимхон Исматӣ дар бораи афкор, шахсият, корнома, ва бунёдкориҳои бузургу беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи шеърҳои гуногунжанр, аз ҷумла ғазалу рубоӣ, мухаммасу дубайтӣ ва достон сурудааст. Шоир ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Исмоили асри навин, ки ҳумоюнажод, соҳиби толеву бахти бузург, намоди ҷасорат, адолату шараф аст ва нисбати тақдири миллат бетараф нест, барои эҳёи номи миллат ва равнақи бунёдкориву созандагӣ сано мефиристад:

Дигар нест ҷанги бародаркушӣ,

Дигар ҳамдигарфаҳмӣ асту хушӣ.

Ки Исмоили аср омад ба тахт,

Ҳумоюннажоде, батолеву бахт.

Саропо ҷасорат, адолат, шараф,

Ба тақдири миллат нашуд бетараф…

Ба эҳёгари номи миллат сано,

Ки моро бақо шуд зи боди фано…

Пешрафти Тоҷикистон ва ояндаи неки он ба ному талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи мустакиму ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки шоир таманнои салатанати ҳамешагии ӯро дорад ва бо ифтихор мегӯяд:

Туӣ, Тоҷикистон муваффақ шуда,

Раҳи мо ба фардо муҳаққақ шуда.

Дилам хоҳад умре ту бошӣ ба тахт,

Ки саъдахтарастӣ ба толеву бахт…

Ҳалолат бувад шири модар ба тан,

Ки номат шуда ҳамрадифи Ватан.

Дигар Тоҷикистони ман, раҳ ба пеш,

Ба фатҳи умеду таманнои хеш…

Зиҳӣ Пешвоё, зиҳӣ Қаҳрамон,

Амон мон, ки халқат амон аст, амон!

Бо ба сари қудрат омадани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии мо эҳё шуд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои тамддуни бостонӣ ва мероси бузурги илмиву фарҳанги эътироф гардид, ки ормони ҳазорсолаи миллат буд. Ин маънӣ дар ашъори Қудратшоҳи Одина чунин ифода гардидааст:

Дарди ҳазорсола бо азми ту шифо ёфт,

Эй ормони миллат – Эмомалии Раҳмон.

Тоҷикро дар олам ному нишон ту додӣ,

Ному нишони миллат – Эмомалии Раҳмон…

Дар Куллиёти форсии шоир ва мутаффакири Машриқзамин Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ абёти зерин сабт шудаанд, ки дар Тоҷикистон низ чун паёми худшиносӣ маҳбубияту маъруфият доранд:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Қитъаи шоири масчоӣ Шариф Раҳмон, ки “Нури миллат” унвон гирифтааст, аз ҷиҳати шаклу оҳанг ба ба абёти боло хеле наздик аст:

Худо он миллатеро нур бахшад,

Ки ӯро ҳамчу шамсе роҳбаре ҳаст.

Худо бар Тоҷикистон хост равнақ,

Ки Эмоми Алияш сарваре ҳаст.

Аз ҷиҳати мазмун ва баёни андеша метавон “Нури миллат”-ро як навъ ҷавобияи дурусту зебо ба абёти Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ донист.

Дар шеъри дигар низ Шариф Раҳмон тавонистааст бо истифода аз сабки зебову шевои Мавлоно дар офаридани мазмуни нав ва таҷассуми бадеии хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамавқеъ ва ҳунармандона истифода намояд:

Эй ҷони мо, эй ҷони мо, Эмомалӣ Раҳмони мо,

Эй нури раҳмонӣ ба сар, эй зиннати даврони мо.

Ҳар ҷо, ки по бигзоштӣ, гулзор кардӣ он макон,

Эй хоки поят тӯтиё, “эй гавҳари чашмони мо”.

Аз файзу аз эҳсони ту, аз ҳиммату аз ройи ту,

Обод шуд, бунёд шуд, кошонаи вайрони мо.

Дунё биомӯзад зи ту, расму русуми сарварӣ,

Эй Сарвари сулҳофарин, эй нури нуристони мо.

Эҳёгари миллат туӣ, созандаи давлат туӣ,

Дармони сад иллат туӣ, эй пири равшанҷони мо.

Эй шоми миллатро саҳар, эй парчами давлат ба сар,

Эй Тоҷикистонро сипар, эй бахти нурафшони мо…

Дар ин ғазал ибораҳои шоиронаи “нури нуристон”, “пири равшанҷон” ва “бахти нурафшон” ҳадафи шоирро, ки офаридани образи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, хеле зебову ҳунармандона таҷассум намудаанд.

Ҳамин тавр, дар эҷодиёти шоири хирадманд Усмон Олим, шеърҳои “Руҷӯи Пешвои миллат”-и Гулноз Тоҳириён, “Дуо”-и Муҳаммадюсуф Фозилзода, “Хутбаи рӯз” ва “Ниёиш”-и Абдуқодири Абдуллохон, “Шаҳпари миллат”-и Мирзоҳайдар Умарзода, “Даҳои зиндагӣ”-и Мирзоюсуф Шарифзода, “Таронаи ватандорӣ”-и Ҳасан Боқӣ, “Ҷони Ватан”-и Родмеҳр Сулаймонӣ, “Нури чашми Тоҷикистон”-и Муллошукур Шокирзода, рубоиёту сурудҳои Сурайё Ёқубова ва осори дигар эҷодкорони маъруфу ҷавони Масчо бузургии Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ӯ дар пешрафту ободии Ватан, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ҳомии арзишҳои милливу давлатӣ дар беҳтарин шаклу мазмун тасвиру тавсиф гардидааст, ки нишонаи муҳаббати бузурги мардум, махсусан эҷодкорон ба Президенти маҳбуби халқ мебошад. Ҳар яке аз ин шеърҳо барои ташаккули худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон ва ба роҳи пурифтихори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намудани онҳо метавонанд саҳми бориз ва шоиста гузоранд.

Муродулло ПОЧОЗОДА,

муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон

Вохӯрии вакили Ҷамоати деҳоти Оббурдон аз ҳавзаи интихоботии Андарвашт-7 Муродулло Почозода бо интихобкунандагони маҳаллаи Раҳмонобод баргузор гардид.

Сараввал вакил бо ҳамроҳии муовини якуми раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон Икром Ахмедов ва раиси маҳалла Абдуфаттоҳ Баракаев собиқадори меҳнат, собиқ раиси маҳаллаи мазкур, ҷанговари байналмилал Ҳомид Расуловро, ки дар байни мардум ҳамчун “Бобои Афғон” маъруф аст, аёдат карда, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфт. Зимни суҳбати самимӣ Муродулло Почозода аз нақши Бобои Афғон дар ободӣ ва номгузории маҳаллаи мазкур ёдовар шуда, барои хизматҳои тӯлонӣ ибрози сипосу миннатдорӣ кард.

Ҳомид Расулов изҳор дошт, ки мардуми маҳалла чун рамзи ифтихору қадршиносии хизматҳои бузургу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳалларо Раҳмонобод номгузорӣ карданд, ки аз ҷониби вакилони ҷамоат ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дастгирӣ ёфт.

Сипас дар МТМУ рақами 37 дидору суҳбати вакил бо як гуруҳ фаъолони маҳалла доир шуд, ки дар он Муродулло Почозода оид ба рафти иҷрои бандҳои Барномаи пешазинтихоботии худ маълумот дод. Мавсуф ҳамчунин сокинони маҳалларо даъват кард, ки баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона меҳнат карда, дар пешрафту ободии диёр саҳми шоиста гузоранд.

– Вазифаҳои асосии мо вакилону фаъолони маҳалла, омӯзгорон ва дар маҷмӯъ ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки барои дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, масъулиятшиносӣ ва саъю талоши пайваста баҳри ободу зебо намудани диёри файзбор дар муттаҳидӣ бо роҳбарияти ноҳия ба камол расонидани наврасону ҷавонон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, – таъкид кард Муродулло Почозода.

Икром Ахмедов, муовини якуми раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон зимни баромади худ доир ба мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки танҳо насли хушахлоқу донишманд метавонад ҳам барои ободии Ватан ва ҳам ба падару модар хизмати шоиста намояд.

Мудири бунгоҳи саломатии Файзӣ Султонов -2 Гулсуммо Абдулллоева ва ҳамшираи оилавии бунгоҳи мазкур Гулқизмо Бобоева оид ба моҳияти ваксинатсия ба зидди бемории сироятии коронавирус Covid-19 ва саривақт ба эмгузаронӣ фаро гирифтани кӯдакони навзод баромад карданд.

Дар идомаи вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакил ва дигар баромадкунандагон барои чунин вохӯрии муҳиму саривақтӣ ибрози миннатдорӣ намуда, гуфтанд, ки маҳаллаи Раҳмонобод яке аз беҳтарин маҳаллаҳои ноҳия буда, сокинонаш барои аз даст надодани ин пешсафӣ ҳамеша содиқона заҳмат мекашанд.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: “Парчами мо – ифтихори мо”

Чунин унвон дошт аксияи идонае, ки субҳи имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ роҳандозӣ гардид.

Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров ҳамроҳи кормандон дар ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва кӯчаву хиёбонҳои маркази ноҳия мардумро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд. Тақдими нишонҳои сарисинагӣ бо рамзи Парчами давлатӣ аз ҷониби сокинони ноҳия бо хушнудӣ истиқбол ёфт.

Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Ситоиш васфи парчами парафшони миллат

АНДЕША: Парчам! Дурахшонтарин ва зеботаринӣ. Нурафшониву сарбаландӣ -чу кӯҳҳои сарбафалаккашидаи тоҷик . Имрӯз парафшонӣ мекунӣ , ба бахти миллати сарбаланд ва сокинони шӯҳратманди тоҷик. Рангҳоят инъикосгари розҳои дили мардумонанд.

Алвонҷ мехӯриву гӯё наззора дорӣ, мардуми хушфоли тоҷикро , ки ифтихор аз ватандорӣ доранд.

Васфат ситоише бо барги сабзи хеш ифшо кардам , ки пеши бузургии ту ночиз аст. Илоҳо то дунё ҳаст , рахшандаву тобанда, пояндаву ҷовидон ва парафшон бимонӣ!

Парчами мо

Сурху сабзу дилрабо,

Ранги сапед раҳкушо

Ҳамранги нуру зиё,

Рахшанда парчами мо.

Рахшанда парчами мо,

Поянда парчами мо!

Доимо он парафшон

Чун шеди партавафшон,

Барои халқу кишвар,

Тобандаву дурахшон.

Рахшанда парчами мо,

Поянда парчами мо!

Ҳамранги бахту қисмат,

Се ранги босаодат.

Бахту нишоти миллат ,

Покии номи давлат.

Рахшанда парчами мо,

Поянда парчами мо!

Тамоми сокинони кишварро ба муносибати Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям. Бошад, ки парчами парафшони тоҷикон ҳамеша чу офтоби оламтоб бар сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нурафшонӣ бикунад!

Фирӯза Шерматова

Муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Парчамат парафшон бод,Тоҷикистон!

Таҳти чунин унвон дар муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 4-и шаҳри Конибодом ба ифтихори Рузи Парчами давлатӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова иштирок ва қайд намуд,ки иқдоми беҳтарин аст,агар аз хурдӣ дар дили ин дуструякон ҳисси эҳтиром ба муқадассоти миллӣ,худшиносию худогоҳӣ ва ватандустиро ҷой намоем.

Дар чорабинӣ тарбиятгирандагони муассисаи мазкур бо маҳорати баланд шеъру сурудҳо , рақсу саҳнаҳои ҷолиб намоиш доданд. Мудири кудакистон Чегабоева Ш зимни баромади хеш иброз дошт ,ки кудакон ояндаи давлатанд ва онҳоро бояд дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ чанде аз мураббиёни муассиса ба сафи узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Парчам рамзи давлатдорист!

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Зарнисор”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо мақсади баланд бардошти ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ чорабинии фарҳангӣ-адабӣ таҳти унвони “Парчам рамзи давлатдорист!” доир гардид. Муҳассилини муассиса дар васфи рамзҳои давлатӣ, Парчами миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ баромад намуда, шеъру таронаҳои ҷолиби диққат қироат намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ мебошад.

Тоҷикистон аз мани ту бо ҳама шоду ғамат,

Парчами ту ҷилвагар дар сарзамини миллатат.

Ранги сурху сафаду сабзе, ки дар бар кардаӣ,

Ин нишони тақдири мардуми сарбаландат.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Парчами тоҷик алвонҷ мекунад

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва иҷрои барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани ҷамъомадҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангию адабӣ, вохӯриву мулоқотҳоро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ монд. Суратгузориш аз рафти баргузории чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарчашма”-и шаҳраки Адрасмон таҳти унвони “Парчами тоҷик алвонҷ мекунад”

ПАРЧАМ -ЛИВОИ МОСТ!

Таҳти ин унвон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Консой”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бахшида ба Рӯзи Парчам мизи мудаввар баргузор гардид.

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОН!

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Парчам – “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон!” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Консой