Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Парчам – рамзи худшиносии миллат

Бо ифтихор аз ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва тарғиби ифтихори муқаддасоти миллату давлатдорӣ, дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Хоҷагулистон” чорабинии идона таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон кишварам” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева Муяссара иштирок намуда, ҳамагонро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки имрӯзҳо парафшонӣ ва болобаландии парчам барои ҳар фарди ватандӯст, нишонаи ободиву озодӣ ба ҳисоб рафта, пойдевори нангу номуси кишвар аст. Ҳамин бузургӣ ва эҳтироми парчам аст, ки халқи тоҷик аз қадим онро ҳамчун як муқаддасоти миллӣ ва нишонаи пешрафту музаффарият медонистанд, ки ин анъана то имрӯз побарҷост. Имрӯзҳо парчами кишвари мо дар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ парафшонӣ намуда, муаррифгарӣ миллати сарбаланди тоҷик гаштааст. Яъне, Парчам нишону ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватандор дониста шудааст ва месазад, ки баҳри сарбаланду парафшон буданаш ҷони хешро нисор кард.

Таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ маҳсуб гардида, он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст.

Баъдан аз тарафи хонандагони МТМУ№10 барномаи бошукӯҳе тақдим гардид, ки табъи ҳозиринро болида намуд. Дар охир дар вазъи тантанавӣ, намояндаи кумиҷроия, ба якчанд аъзоҳои тозаинтихоб, шаҳодатномаи ҳизбӣ супориданд.