Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Паёми пешвои миллат – роҳнамои фардои ҷавонон

Дар таърихи санаи 26-уми январи соли 2021 паёми Пешвои Миллат ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ироа гардид, ки аз ҷумла он ба ҷавонон, ки ояндаи миллатанд аҳамияти басо бузург дошт. Бо фараҳманди гуфтан мумкин аст, ки ҳар як Паёми Пешвои миллат  зиндагии мардумро боз ҳам хубтар мегардонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол шарту шароити ҷавонон дар самти илмомӯзӣ зинаи баландро ишғол карда истодааст. Дар ин раванд қайд гардид, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд, ки бе шубҳа ин аз фаъолнокии ҷавонон ва таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон дарак медиҳад.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуданд. Илова бар ин, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад, қайд карда шуд дар ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст.

Ҷаноби Олӣ масъулони Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад.

Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем.

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод гардид, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад. Масалан, агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст.

Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст, ки боиси фараҳмандӣ ва сарфарозист. Дар хулосаи Паёми навбатии Пешвои Миллат ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтан ба маврид аст, ки ҳар як нуктаҳои зикргардида аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илму маориф ва аллалхусус тарбияи ҷавонони оянда басо муҳим ва саривақтӣ аст. Ин иқдом борои ҷавонону муҳаққиқон дар пешбурди илму дониш боз ҳам мусоидат хоҳад кард.

Муҳиддинов М.М. – аъзои ҲХДТ дар

шаҳри Хуҷанд

дотсенти кафедраи

маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Тарғибу ташвиқи Паёми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон

      Тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад.

       Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Консой”  оид ба нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат дастур ва роҳнамо барои таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои амалӣ гардидани вазифаҳо ва дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида, ҳар як шаҳрванд  бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ содиқона барои пешрафту ободонии  Тоҷикистони азиз меҳнат намояд.

Рубрики
Uncategorized

БӮСТОН: Падидаи ифротгароӣ миёни ҷавонон – омилҳо ва сабабҳо

Ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуб аст, ки тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст.  Он на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург дорад.

Дар ҷаҳони имрӯза якчанд созмону ҳаракатҳои дорои характери ифротиву террористӣ фаъолият менамоянд, ки аз ҳама дахшатбортарини онҳо ин созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ», инчунин ҳаракати «Ҳизб-ут-Таҳрир», ҳаракати «Салафия» ва ТЭТ ҲНИ (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шудаанд) мебошанд.

Ҳадафи ифротгароён ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба ҳисоб меравад. Заминаҳо ва омилҳои ба вуҷудоии ифротгароӣ гуногун буда, баъзан онҳо дар дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳе барои ривоҷи онҳо аз хориҷ кумаки молиявӣ расонида мешавад.

Ифротгароӣ вобаста аз хусусиёташ навъҳо ва шеваҳои гунонгунро доро буда, дар робита ба Шарқи Наздику Миёна ифротгароии динӣ ва маҳзабӣ бештар роиҷ аст.

Мавриди ёдоварист, ки ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ дар доираи Ислом ва зери ниқоби он низ зуҳур карда, ҳар ҷое, ки он пайдо гардад, дар назди худ танҳо як мақсад мегузорад- бунёди давлати «Хилофат». Тибқи нақшаи пешакии таъсиси «Хилофат» аз ҷониби созмони даҳшатангези ба ном «Давлати исломӣ» (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шудааст), он аслан бар зидди кишварҳои низоми дунявӣ ва демократӣ равона гардидаву онҳоро бо роҳи зурӣ тобеи «Хилофат»-и худ намуданист.

Ногуфта намонад, ки барои анҷом додани амалҳои носолими худ ин гурӯҳи даҳшатангез асосан аз нерӯи ҷавон ва билхоса ҷавонони бесавод ва ноогоҳ истифода мекунад ва онҳоро бо ҳар роҳу восита ба доми худ меафкананд.

Аслан, омилҳо ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ гуногунанд —муҳоҷирати меҳнатӣ, хусумати мазҳабӣ ва ё динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ, муҳити носолими оилавӣ, пайдо накардани мавқеи худ дар ҷамъият, фирефтаи дастгоҳҳои таблиғи ифротӣ шудан, содир намудани ҷиноят ва фирор аз адои ҷазо ва ғайраҳо мебошад.

Аз мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки ҳарчанд вақтҳои охир нисбат ба солҳои пеш пайвастшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротиву террористӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, чунин кирдорҳои ҷиноятпеша зидди амният ва манфиатҳои миллии мо буда, пешгирии онҳо имрӯзҳо ба вазифаи аввалиндараҷаи  умумимиллӣ  табдил ёфтааст.

Тавре гуфта шуд, омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бештар ба раванди танзимнашудаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва фаҳмиши нодурусти моҳияти дин вобаста мебошад. Дар бештари маврид ҷавононро бино бар сабаби надоштани саводнокии динӣ фиреб мекунанд. Дар маҷмуъ, сабабу омилҳои ҳамаи ин иллатҳо ба тарбияи нодурусти ҷавонон рабт пайдо менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз тадбирҳои муассири дар самти мубориза бо ифротгароӣ андешидашуда ҳоло низ бетарафӣ миёни сокинон ба мушоҳида мерасад.

Тибқи сарчашмаҳо, имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ чунин мушкилоти усулӣ дар мубориза алайҳи ифротгароӣ мавҷуданд, ки роҳи ҳалли худро тақозо доранд:

Якум, норасоии мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносӣ. Яке аз роҳҳои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ифротгароӣ ин таъсиси марказҳои машваратӣ барои шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ буда, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сокинон бештар ба хизматрасониҳои ҳуқуқиву равонӣ (психологӣ) ниёз доранд;

Дуюм, камбуди таваҷҷуҳ ба тарбияи кӯдакону наврасон дар мактаб ва оила. Аксари мушкилоти имрӯзаи ҷомеа аз нокифоя будани тарбия сар мезанад. Асри иттилоот ва ҷаҳонишавӣ тақозо мекунад, ки иқдомҳои комилан дигар ва муосир дар тарбияи кӯдакону наврасон рӯйи даст гирифта шаванд. Мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносонро зарур аст, ки маҷмуи чунин иқдомҳо ва усулҳоро таҳия кунанд. Дар ин самт омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта аз аҳамият холӣ нест;

Сеюм, аксаран, ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин таваҷҷуҳи махсус ба худи шахсони осебпазир равона карда намешавад, дар ҷаласаю ҳамоишҳо ва мулоқотҳо фаъолон ҷамъ мешаванд, ки барои онҳо ин масъала актуалӣ нест. Кӯшиш бояд ба харҷ дод, ки дохили толор ё аудитория «нав» карда шавад. Аз назари илми равоншиносӣ ба назар гирифтани вижагии иштирокчиён муфид хоҳад буд, зеро кори маърифатӣ нишонрас мешавад;

Чорум, идома додани иқдомҳо дар самти бунёди иншоотҳои варзишию маърифатӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди ҳунарҳои  мардумӣ ва умуман ҳунармандӣ низ аҳамияти бузург дорад, зеро ҷавононро бо шуғл таъмин намудан мутамарказии зеҳниро ба вуҷуд меорад ва онҳоро бештар амалгаро мекунад, онҳо ба кори барои худашон ва барои ҷамъият фоиданок ҷалб мешаванд, бекорхӯҷагӣ ва беҳудагардӣ намекунанд, на танҳо ба қавле «нони худро меёбанд», балки миёни аҳли ҷомеа нуфузу эътибори мусбат пайдо мекунанд. Дар ин самт, барои мисол, рушд ва оммавӣ гардонидани шоҳмот низ муҳим аст. Аз як тараф ин навъи дар ҷаҳон машҳури варзиш чун навъи қадимии бозиҳои миллии мо таблиғ ва ривоҷ мебинад, аз тарафи дигар зеҳнияти ҷавонону наврасон қавӣ мегардад, барои ташаккули қишри зиёии техникӣ низ мусоидат карда мешавад ва, аз ҳама муҳим, ин кор барои ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъсири нек мерасонад.

Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2017 зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш дар бораи зарурияти дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ намудани дарси шоҳмот ва ба ин хотир таҳия ва чоп кардани китобу дастурҳои таълимӣ таъкид намуда буданд. Баъди он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълимӣ ва китоби дарсии «Асосҳои шатранҷ»-ро ба чоп расонд;

Панҷум, барои боло бурдани эътимоди шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки шабакаи телевизионӣ ё радиои маҳаллӣ доранд, мулоқот ё гуфтугӯи мустақими раисони шаҳру ноҳияҳоро бо мардум гузаронидан ба мақсад мувофиқ аст. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандон мушкилоти худро гӯянд ва роҳҳои ҳалли онҳо ҷустуҷӯ шавад;

Шашум, яке аз роҳҳои дигари пешгирии ифротгароӣ ва паст намудани сатҳи он таъсири ҷонибҳои манфиатдор ба афкори ҷамъиятӣ аст. Бинобар ин, лозим аст, ки иқдомҳои амалӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ дар мамлакат роҳандозӣ карда шавад.

Хулоса, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ назди ҷавонон вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими Истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳмияти бузургеро доро мебошанд. Бахусус, аз даст надодани зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ зарур аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Барои насли ҷавон ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, боло гузоштани арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ бояд нуктаи меҳварӣ бошад.

ТОЛИБЗОДА Мухтор Толиб

Мудири шуъбаи таблиғот

ва иттилооти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Бӯстон

Рубрики
Uncategorized

Ашт: Вохӯри бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Санаи 19-ум яанвари соли 2022 мудири бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба тарғибу ташвиқи муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти насли ояндасози миллат яъне ҷавонон дар МТМУ №2 вохӯри бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар мавзӯи “Ҷавонон ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа” доир намуд.

Дар вохӯри мудири бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мусоев Д. доир ба масъалаҳои интихоби касб, истифодаи бо мақсади телефонҳои мобили ва шабакаҳои интернети омузиши аниқи илму дониш – махсусан фаннҳои дақиқ, омухтани забонҳои рӯсиву англисӣ ва пешгрии ҷавонон аз шомилшави ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифроти фикру андешаҳои худро баён намуд.

Рубрики
Uncategorized

ШАҲРИСТОН: Маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ

Санаи 20.01.2022 дар толори ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъбаст раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдурасулов Нарзӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Шоахмедов Исматшо, мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Обидов Илёс, мудирони марказҳо ва бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои ноҳия ва аъзоёни фаъоли ташкилот ибтидоии иштирок доштанд.

Дар чорабинии мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдурасулов Нарзӣ баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2021 ҳисобот дода барои соли 2022 вазифагузори намуд. 

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Аёдат дар меҳвари фаъолият

Собиқадорони меҳнат дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда дошта, масъулияту таҷрибаи худро имрӯз низ барои ба роҳи меҳнатдӯстию ватанпарастӣ ҳидоят намудани насли ҷавон равона мекунад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар ҳамроҳӣ бо раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилоят Зокиров Саидбой ба дидорбинии собиқадори меҳнат механизатори варзидаи собиқ хоҷагии давлатии ба номи  С.Айнӣ Файзуллоев Лутфулло  омода,  ба номбурда таманниёти нек баён намуданд.

Ҳамчунин Ҷураева Моҳбону-собиқадори меҳнат дар ҳамин рӯз аёдат гардида, ба ин модари мушфиқ саломатии бардавом ва даврони пурбаракати пирӣ таманно карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Мулоқот бо интихобкунандагон

Санаи 21-январи соли 2022 Исмоилзода Зуфар Муртазохон – вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор – 50”  ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, бо сокинони деҳаҳои Гулистон ва Бахти Ҷамоати деҳоти Равшан  мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот   Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳу тавзеҳ гардида, натиҷаҳои самарабахши соли 2021, ки ҳамчун соли ҷашнӣ  дар саҳифаи таърихи миллат бо хатти заррин сабт гардид, ёдоварӣ карда шуд. Ҳамчунин фаҳмонида шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои муҳимтарини рушди ҷомеа бояд бо масъулияти бештар фаъолият намуда, дар давраи минбаъда ба натиҷаҳои назаррас расем. Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳое, ки дар Барномаи пешазинтихоботӣ пешниҳод гардида буд, масъалаҳои иҷтимоӣ, таъмини оби полезӣ, таъмири бинои хонаи фарҳанг мубодилаи афкор сурат гирифт. Сокинони деҳоти Равшан ҷиҳати ташкили мулоқот  ба  Исмоилзода З.М. -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилоят Зокиров Саидбой арзи миннатдорӣ баён намуда, дархосту андешаҳои худро баён намуданд.    

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Паём – роҳнамои миллат

Аз рӯйи нақша – чорабинии тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроия вохӯриву мулоқот баргузор гардида истодааст.

Субҳи мирӯз гурӯҳи кории тарғиботчиёни кумиҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии “Само”, “Султон Ӯрунов” дар назди беморхонаи клиникавии №1, “Нур” дар назди Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд мулоқот бо аъзоҳои фаъоли ҳизб доир гардид.

 Дар мулоқот нуктаҳои Паём шарҳу эзоҳ дода шуда, таъкид гардид, ки Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат моро водор мекунад, ки баҳри  ободониву бунёкорӣ ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми босазои хешро гзошта бошем.

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Сулҳ мехоҳам ҳамеша бар кишвари барнодилам

Сулҳу ваҳдат бехтарин неъмати хаёти инсон, орзуву армон модарон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, хастии инсон дар хар замину замон аст. Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон чонибдории мамлакатхои хамзамони берунмарзӣ мавкеву макоми онро дар миқёси чахон овозадор менамояд.

Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад».

Он даарахте, ки Президентамон ба сулху вахдат ташбех додаанд, имрӯзхо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохмони роххои нави дохилию берунӣ ва ба хоричӣ кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Кургонтеппа – Кулоб сохмони шоҳрохи Вахдат ба мамлакатхои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишхои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷахон мепайвандад.

Ин ҳама дастоварҳои ИСТИҚЛОЛИЯТ аст, ки мардуми тоҷик онро бо сарварии Пешвои муаззами худ ба даст овард.

Аммо баъди пойдор гардидани субот дар Тоҷикистон ғазаби хоинони кишвар боз ҳам баландтар шуд. Оҳо аз ҳар тараф истода оромии кишвари моро халалдор кардани ҳастанд. Яке аз ин гуна равияҳо ин ҲНИмебошад, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш зери ниқоби демократия фикри мардумро олудаи кинаву адоват ва фикрҳои бад кардани буд.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё ба зӯрӣ сарнагун карданисохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд манъ аст.

Сарвари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки доиммо дар сараш фикри бад дораду ҳамеша аз паи вайрон намудани сохти конститутсионӣ дар кишвари мост тариқи сомонаҳои интернетӣ бар зидди ҳокимияти мо ҳаргуна баромадҳои иғвоангез мекунад. Ҳамаи баромадҳояш сохтакорона ҳастанд. Худаш дар хоирҷаву гӯшаш дар Тоҷикистон. Бо истифода аз фурсатҳои қулай мехоҳад оромии моро бар бод диҳад. Агар мо ба васвасаҳои ин гуна хоинон дода шавем дар кишвари мо ҳам бесару сомониҳо ба амал меояд. Ман ба ҳамаи ҷавонони саодатманди диёр муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ба суханони бегонагон дода нашаванд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Сулху вахдат ифтихори миллати сохибдилам,

Васфи онхоро намояд, решаи чону дилам.

Дар миёни кавмхо пайвастагй моро аз он,

Дахр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Биоишаи Назар, аъзои

 ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Паём – роҳнамои мо!

Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд чун воҳиди сохтори Ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ, баҳодиҳии мутобиқат ва таъмини метрологӣ ва қоидаҳои савдо сиёсати Ҳукумат ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, нақши худро дар амалӣ гардонидани ҳадафхои созанда ва бунёдкоронаи мамлакатамон мегузорад.

Санаи 19 январи  соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сифат”  вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва директори Маркази Тоҷикстандарт  дар вилояти Суғд Мухиддинов Ғайбулло Хайруллоевич ширкат варзида, оиди нуктаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуда, зикр намуданд, ки  дар марҳилаи ҳозираи таърихӣ арзишиҳои миллӣ аҳмияти махсус пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстию  ватанпарастӣ, худшиносӣ , меҳнатдӯстӣ омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, истифодаи самараноки иқтидорӣ зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа буда, масълаҳои муҳимтарини ҷомеа маҳсуб меёбанд.