Рубрики
Асосӣ

СПИТАМЕН: Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен

Санаи 14-уми январи соли 2022 дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен барои соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ, аъзоёни раёсат, аъзоёни Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Дар маҷлис; 1. Ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар соли 2021 ва вазифагузориҳо барои соли 2022; 2. Ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси Вакилони халқи ноҳияи Спитамен дар соли 2021;

3. Тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон;

4.Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2022;

5. Масаълаҳои ҷорӣ баррасӣ гардид.

Аз руйи масъалаи якуми рӯзнома раиси кумитаи иҷироияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода оид ба фаъолияти кумитаи иҷроия дар соли 2021 ҳисобот дод. Аз руйи масаъалаи зерин раиси Ташкилоти ибтидоии Т.Ӯлҷабоев Исобоев Далер ва муовни ташкилоти ибтидоии Варзишгар Саиднабиев Фарух ба музокира баромаданд. Баъдан Мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ баромад намуда, фаъолияти кумитаи иҷроияро дар соли 2021 хеле хуб арзёбӣ намуданд.

Аз рӯйи масаълаи дуюми рӯзнома роҳбари гурӯҳи вакили маҷлиси вакилони халқии ноҳия Роҳбарой Ҷамолиён баромад намуда, оид ба фаъолияти вакилони ноҳия ҳисобот дод. Сипас аз руйи масъалаҳои барраси гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ҳизб Сипосномаҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ва ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Инчунин барои пеш аз мӯҳлат иҷро намудани маъракаи сиёсии “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбӣ ба шаш ташкилоту идораҳои ноҳия Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид

Санаи 13 январи соли 2022 дар толори МИҲД-и ноҳия маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2021 зери роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам бо иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳмон Заррина Аҳадзода ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб баргузор гардид.

Инчунин дар маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, вакилони халқ, собиқадорон, занон ва ҷавонони фаъол, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Дар маҷлис панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1. Ҳисобот оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли 2021.

2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои соли 2022.

3. Тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Тасдиқи сметаи хароҷот ва воҳидҳои кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои соли 2022.

5. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ оид ба қабули аъзоёни нави ҳизб

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2021 шунида шуд.

Аз рӯи масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои соли 2022 ва нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаҳои чоруми рӯзномаи маҷлис сметаи хароҷот ва воҳидҳои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар ҷараёни маҷлис намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳмон Заррина Аҳадзода ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб ба сухан баромада аз дастовардҳои фаъолияти Кумиҷроия, инчунин оид ба пурзӯр намудани фаъолияти ҳар як аъзои ҳизб дар байни мардум пешниҳодҳои зарурӣ доданд.

Дар охир ба ҷавонони ба сафи ҲХДТ аъзо шуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ, ба аъзоёни фаъоли ҳизб «Медалҳои ҷашнӣ» сипоснома ва ифтихорномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳия, тӯҳфаҳои хотирмон ва ба хонандагони болаёқат идрорпулии КИ ҲХДТ дар ноҳия супорида шуданд.

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Омӯзгорон шаҳодатномаи ҳизбӣ гирифтанд

Бист нафар омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22-и деҳаи Соҳибназари Ҷамоати деҳоти Саразм соҳиби шаҳодатномаи узвият ба ҲХДТ шуданд.

Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, ки дар ҳузури омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии таълимгоҳ сурат гирифт, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Қобилҷон Ҷалолов онҳоро барои пазируфта шудан ба узвияти ҳизб муборакбод намуда, таваҷҷӯҳи хонандагонро ба донишандӯзӣ, дурӣ ҷустан аз ақидаҳои ифротӣ, истифодаи огоҳона аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб намуд.

Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Вакилон корҳои тарғиботӣ мебаранд

Вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ байни сокинони шаҳру деҳоти Конибодом мулоқоту вохуриҳо гузаронида истодаанд. Чунин мулоқот бо иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Деҳқонова Мубинахон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Патар ва Фирузоба баргузор гардид.Дар мулоқот Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Қудратуллозода С, муовини раиси шурои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ашурматзода З, раисони ҷамоатҳои деҳоти мазкур ва сокинони ҳудуди ҷамоатҳои деҳот иштирок .

Дар оғози мулоқот масъулин перомунисамтҳо гуногуни Паеми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат , Президенти

кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, эълони панҷсолаи Рушди саноатро барои пешбурди зиндагии шоистаи мардум арзёбӣ намуданд.

Масъалаи ба ваксинатсия фаро гирифтани сокинон ва андешидани чораҳо ҷиҳати беҳдошти солимии онҳо аз паҳлуи дигари мулоқот буд.

Иҷрои Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,пешгирии ҷудошавии оилаҳо, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, самаранок истифодабарии заминҳо, сарфакорӣ дар истифодаи қувваи барқ,корҳои ободониву созандагӣ ва бисёр масъалаҳои дигар мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.

Вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят Деҳқонова Мубинахон бо ҳозирин бобати мавзуъҳои болоӣ суҳбати озоду самимӣ доир намуда ,ба суолҳои онҳо посухҳои амиқ доданд.

Чунин мулоқотҳои тарғиботӣ дар маҳаллу деҳотҳои дигар низ идома доранд.

Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: ҲХДТ ҳизби ормонҳои халқ

              

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ аз гармхонае, ки дар назди идораи Хоҷагии манзилию рифоҳӣ бунёд карда мешавад боздид ба амал оварданд. Гармхонаи мазкур аввалин гармхонаи гулпарварӣ дар ноҳия маҳсуб ёфта, масоҳати зиёда аз 400 метри квадратиро дар бар мегирад. Дар гармхона асосан гулҳои мавсимӣ парвариш карда шуда, барои ободу зебо намудани кӯчаю хиёбони ноҳияи Зафаробод истифода мешаванд. Зимни шиносоӣ ба нафароне, ки дар бунёди гармхона саҳм мегузоранд тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин меҳмонон худи ҳамон рӯз дар боғи фарҳангии ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз бахшиданд.

Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: Паём-ҳуҷҷати сабзи раҳнамо

Санаи 13 январи соли 2022 мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Зафаробод-49”ва “Пахтакор-50” Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ ва Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо интихобкунандагон баргузор гардид. Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ дар ҳайати Мелс Нуров-устоди Мактаби президентии шаҳри Бустон, Бароатхон Маҳкамова-дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ширкат намуданд. Мӯҳтавои мулоқот шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар гирифта, аз ҷониби нотиқон нуктаҳои Паём шарҳ дода шуд. Таъкид карда шуд, ки ин санаи раҳнамои ҷомеа ҳамчун дастури фаъолият дар татбиқи ҳадафҳои олии давлатсозию таҳкими истиқлоли Ватани азизамон мусоидат хоҳад кард. Аз андешаҳои аъзоёни гурӯҳи корӣ, ки банду бобҳои Паёмро мушахассан шарҳ доданд иштирокдорон таасуроти худ бардошта, собит намуданд, ки воқеан Паёми ҳамасолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мақсаду мароми рушд раҳнамои ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар ҳамин мулоқот аз ҷониби вакилон ва интихобкунандагон низ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод барои соли 2021

Санаи 13- январи соли 2022 дар қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҷлиси ҷамбастии фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафарбод дар соли 2021 баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир, аъзоёни раёсат ва кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва маҷлиси ноҳиявӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Маҷлис аз рӯи чор масъала: ҷамбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод дар соли 2021, тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод барои соли 2022 ва баррасии масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир доир ба фаъолияти кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб дар соли 2021 маърӯза намуд. Баъдан доир ба ин масъала раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод Абдуллозода Зарина, азои Шӯрои собиқадорони ҲХТ дар ноҳияи Зафаробод Шодиев Толибҷон ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар соли 2021-ро хуб арзёбӣ намуданд.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, лоиҳаи нақша вобаста ба масъалаи дуюми рӯзомаи маҷлис барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюм барои шинос намудан ба самтҳои нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод барои соли 2022 муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Ашурзода Рӯзӣ баромад намуда, самтҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро барои соли 2022 ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Зикр гардид, ки нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ҳамасола аз руйи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ таҳия гардида, самтҳои амали он вобаста ба тавсияҳое, ки дар Анҷумани 13 ва 14-уми ҲХДТ, дастурҳои бевоситаи раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, тавсияҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод амалӣ карда мешаванд.

Нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод барои соли 2022 низ аз ҳамин нишондод маншаъ гирифтааст.

Раиси Кумтаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар суханонии хеш сараввал нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ , ки санаи 21 декабри соли 2021 ба Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, тавзеъ дода моҳияти арзишмандии инсанади раҳнамои халқро ба ҳозирин фаҳмонид. Ҳамчунин аз фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ андеҳаҳои худро баён намуда барои пешрафти фаъолияти босамар тавсияҳои судманд дод.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2021 барои амалӣ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, иҷроиши нақшаҳои фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ як чанд ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ҲХДТ фаъолияти назаррас нишон доданд. Аз ҷумла иштироки фаъолон дар чорабиниҳои ҳизбӣ, корҳои тарғиботӣ, фаъолияти пурсамат дар корҳои ободонию созандагӣ, ҳамкории пурсамар бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бештар аз ҳама иштироки фаъолона дар маъракаи Обуна-2022 аз зумраи онҳо мебошанд. Дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ ба фаъолон, ки дар самтҳои зикргардида, пурсамар меҳнат намуданд Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Зафаробод супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Тибқи ҷадвали пешниҳодгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, санаи 13 январи соли 2022 дар толори МХБ-и ҷамоати деҳоти Хистеварз, маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба ҷамъбасти соли 2021 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Исматҷонов Б, муовини раиси ноҳия-Турсунзода Д, собиқадори ҳизб-Маҷидзода М, ҳамчунин раиси комиссияи тафтишотии кумиҷроияи ноҳиявӣ, раисони кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон ва собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон маҷлиси ҳисоботиро оғоз намуда, ҳозиринро хайра мақдам гуфт. Сипас раиси ҷаласа ба аҳли нишаст рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд. Дар маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ гардид:

1. Ҳисоботи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2021 ва вазифагузориҳо барои соли 2022

2. Тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Тасдиқи нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли 2022

4. Оид ба даровардани таъғирот ба ҳайати кумитаи иҷроия

5. Тасдиқи қарорҳои кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроияи ноҳиявӣ

6. Масъалаҳои ҷорӣ

Аз рӯи масъалаи якум раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода А доир ба фаъолияти кумиҷроия дар соли 2021 маърӯза намуд. Сипас, мудири шуъбаи маорифи ноҳия- Бобоева Д, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”-и ноҳия – Ҳасанова Биҷаннат, муовини раиси ташкилоти беморхонаи марказии ноҳия-АсатуллоевА ба музокира баромаданд.

Баъдан, барои баррасии масъалаи дуюми маҷлис, сухан ба мудири шуъбаи занони кумиҷроияи ноҳиявӣ – Солиева М дода шуд. Боқимонда масъалаҳо бо лоиҳаи нақшаи тарғибу ташвиқ, барои тасдиқу пешниҳодҳо дастраси аҳли нишаст гардида буд.

Ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзнома ҷой дошт, аз ҷониби аъзоёни раёсат баррасӣ гардида, лоиҳаи қарор омода гардид.

Дар охир дар вазъи тантанавӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба якчанд аъзоёни фаъоли ҳизб, ки саҳми арзандаи худро барои пешрафти кори ҳизб мегузоранд, бо медали ҷашнӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилоят ва ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Ба чанд нафар аъзоёни аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Бо ҳамин кори ҷаласа ба интиҳо расид.

Рубрики
Uncategorized

АШТ: Ваксина – кӯмак дар мубориза бар зидди COVID-19

Имрӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо кормандони МИҲД –и ноҳия ва Маркази саломатии ноҳия бо усули хона ба хона баҳри вусъат бахшидан оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва ба таври оммавӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба ваксинатсия дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон корҳои фаҳмондадиҳиро идома доданд. Рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони кумиҷроияи ноҳиявӣ ба аҳолӣ оид ба бемории коронавирус ва моҳияти ваксина, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ суҳбат намуда, онҳоро барои гирифтани ваксина, ки роҳи наҷот аз ин беморӣ аст, мусоидат намуданд.

Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ

Дар доираи нақша-чорабиниҳо, имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Анзоб бо аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Рузибой Раҳимзода, раиси Ҷамоати деҳоти Анзоб Зарафшон Олимзода, комиссари ҳарбии ноҳия Бобозода Борбад ширкат намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин атрофи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва шарҳи муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмӣ, пешгирии бемории коронавирус ва ба ваксинатсия фаро гирифтани сокинон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, ҷалби сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои бандҳои Оиннома ва барномаи ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ, ибрози назар намуданд.

Вохӯриҳо, ҷиҳати фаҳмондани муҳтавои Паём ва масъалаҳои болозикр дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.