Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Ваксина ҳаётро наҷот медиҳад

Дар доираи нақша-чорабиниҳо, масъулини ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳамкорӣ бо Пайравони Пешвои миллат ба маҳалҳо баромада, аксияи таҳти унвони “ВАКСИНА ҲАЁТРО НАҶОТ МЕДИҲАД”- ро баргузор намуданд. Дар рафти аксия, ҷавонон варақаҳои таблиғотиро дар назди хонаҳои истиқоматӣ, мағозаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ насб намуда, атрофи роҳҳои пешгирии он, маълумотҳои муфид доданд. Қайд гардид, ки нишонаҳои беморӣ чунин мебошад:

• Ҳарорати баланд

• Табларза

• Дарди сар

• Сулфа

• Атса ва обравӣ аз бинӣ

• Гулӯдард, беҳолию бемадорӣ

ДАР ҲОЛАТИ ПАЙДОШАВИИ НИШОНАҲОИ БЕМОРӢ

МОВУ ШУМОРО ЗАРУР АСТ:

• Дар хона монда, ба духтури оилавӣ муроҷиат намоем!

• Ҳангоми сулфа ва атса, даҳону биниамонро бо рӯймолча пӯшонем!

• Нӯшокӣ ва таъомҳои гарм истеъмол намоем!

ИНЧУНИН

• Дастҳоямонро тез-тез бо собун ва маҳлулҳои собунӣ тоза шӯста, бо маҳлулҳои антисептикӣ зуд-зуд безарар гардонем!

• Ҳангоми истифодаи ниқоб боварӣ ҳосил намоем, ки даҳону биниамонро пурра пӯшонидаем!

• Ҳангоми доштани таби баланд, сулфа ва эҳсоси нафастангӣ ба сафар набароед!

* Ба одамоне, ки нишонаҳои зуком ва шамолхӯрӣ доранд, наздик нашавед!

ХУД ВА НАЗДИКОНРО АЗ ҲАР ГУНА БЕМОРИҲОИ ЭМИН

НИГОҲ ДОРЕД, ЗЕРО ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ ШУМО

ОРЗӮИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ!!

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Идомаи шарҳу тавзеҳи Паём

Бо мақсади иҷрои нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи шаҳр вохӯриву мулоқотҳо оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ доир гардида истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии “Олами афсона” дар назди Кӯдакистони Президентӣ вохӯрӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои Паём бо иштироки аъзои фаъоли гурӯҳи таблиғотии кумиҷроияи шаҳрӣ устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Зеварой Бобоева ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева гузаронида шуд.

Ҳамингуна вохӯриро раиси филиали №24 БДА “Амонатбонк” дар шаҳри Хуҷанд Меҳрдод Қаҳҳорзода дар ташкилоти ибтидоии “Хизматрасон” баргузор намуда, Паёми навбатии Пешвои миллатро шарҳу эзоҳ дод.

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Наврасону ҷавонон ояндаи миллат!

Дар ташкилоти ибтидоии “Ливои зафар” бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан” – назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинӣ барои қабули наврасон ба сафи  ТҶҶ «Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 шаҳри Хуҷанд Манзура Муинова, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев, Мудири шуъбаи занони кумиҷроия Маҳлиёхон  Ишанова иштирок ва баромад намуданд. Муроҷиатномаи  ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз тарафи наврасон қироат карда шуда, қабул гардид.

Дар вазъияти тантанвӣ ба 10 нафар аъзохои нав интихоб гардида шаҳодатномаи ТҶҶ “ Созандагони Ватан” супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Воксина гиред ва дар амон бошед

       

          Бо дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ҳамроҳи кормандони тиб бо усули хона ба хона мардумро ба гирифтани воксина алайҳи бемории вогири коронавирус ташвиқ менамоянд.

          Дар ин боздидҳо  тарғиботчиёни Кумитаи иҷроия  ба даҳҳо нафар, ки ҳанӯз бо сабабҳои гуногун воксин нагирифтаанд,  оқибати ин бепарвоиашонро фаҳмонида, аз ҷумла  таъкид намуданд,ки  ҳоло ба ҷуз гирифтани воксин олимон дигар роҳи коҳиш додани шиддати ин бемории вогирро пайдо накардаанд.

          Баъди ин боздиду сӯҳбатҳо ба даҳҳо нафар кормандони тиб бевосита  дар ҷои зисташон воксини зидди бемории коронавирус гузарониданд.

          Ин чорабинӣ ва ҳамкорӣ бо кормандони тиб ҳамарӯза идома дода мешавад

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Табибон Паёмро меомӯзанд

              

           Дар ҷамъомади  аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии таваллудхонаи  шаҳрӣ мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мастона Муродзода ва Мавлуда Тоҷиева нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро  ба ҳозирин шарҳ доданд.

          Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар солҳои истиқлол 2723 иншооти тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд шуда, садҳо номгӯй таҷҳизоти замонавии тиббӣ вуорид карда шудааст.

          Баробари ин дар Паём таъкид шудааст, ки кормандони соҳа бояд ба дастрасии бештари аҳолӣ ба хидматрасонии босифати тиббӣ, пешгирии амрози вогир ноил шуда, тарғиби тарзи ҳаёти солимро беҳтару хубтар роҳандозӣ намоянд.

          Дар фарҷоми мулоқот ба чанде аз фаъолони ҳизб сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроия тақдим карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Фарҳангиён ҳисобот доданд

     

          Дар маҷлиси муштараки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии бахши фарҳанг, мактаби бачагонаи санъат ва осорхонаи ҷумҳуриявии кишваршиносии ба номи  Рӯдакӣ ҳисоботи раисони онҳо оид ба фаъолият дар соли 2021 шунида шуд.

          Тавре зикр шуд, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии муассисаҳои фарҳангии номбурда давоми соли гузашта  ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб ва нақшаҳои солона, тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлол, роҳандозии корҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла, пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ ва оморӣ, баргузории хонишҳои сиёсӣ корҳои зиёдеро ба ҷо овардаанд.

          Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мастона Муродзода, Бурсибой Лутфуллоев ва Мавлуда Тоҷиева нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба Маҷлиси Олӣ ва  вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоиро , ки аз он бармеояд тафсир намуда, барои беҳдошти корҳои ҳизбӣ маслиҳат доданд.

          Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроия маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад.

Рубрики
Uncategorized

ИСТИҚЛОЛ: Ҷаласаи Ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол дар соли 2021 ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он муовини якуми раиси шаҳри Истиқлол Алибердиён М., намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Султонова Г.А., раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок намуданд.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол М.Ниёззода оғоз намуда, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти КИ ҲХДТ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолияти ҳизбиёни шаҳр суханронӣ намуд ва ҳозиринро хайрамақдам гуфт.

Аз рӯи масъалаи якум Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Ниёззода М.Н. доир ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар соли 2021 ҳисобот дод. Қайд карда шуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол дар соли 2021 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим, робита ҳамешагӣ бо аҳолӣ, истифодаи таҷрибаи идораи давлатӣ, дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои соҳаи ҷавонон, кор бо занон ва оила ва ҳамзамон ҷиҳати тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ ҳамҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ кӯшиш намуда истодааст.

Инчунин раиси ташкилоти ибтидоӣӣ “Фарҳанг” Раззоқова Н., раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази илмӣ” Ходжабаева Г. ва раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аюбов К. ба музокира баромада, оид ба фаъолият дар соли 2021 баромад карданд.

Баъд аз он намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Султонова Г.А., ва муовини якуми Раиси шаҳр М.Алабердиён баромад намуда, доир ба дастовардҳо ва фаъолияти аъзои ҳизб дар давраи ҳисоботӣ изҳори қаноатмандӣ намуд ва бобати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ дар ҳама самт аз нишастагон даъват ба амал овард.

Сипас тибқи масъалаҳои дуюму сеюми рӯзномаи ҷаласа лоиҳаҳои нақшаи фаъолияти кории КИ ҲХДТ дар шаҳр барои соли 2022 ва нақшаи ташкили вохӯриҳо бо аҳолӣ оид ба тарғиби Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳоди фаъолон гардонида шуда тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон ба якчанд ҷавонони фаъол, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода баромад намуда, таъкид дошт, ки фаъолони шаҳри Истиқлол дар соли 2021 барои фаъолияти босамар ва густурда дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиши беш аз пеш хоҳанд кард.

Рубрики
Uncategorized

БӮСТОН: Идомаи корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва ваксинагузаронии аҳолӣ дар шаҳри Бӯстон

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи марҳила ба марҳила гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, санаи 13 январи соли 2022 зери роҳбарии Толибзода Мухтор Толиб мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар маҳаллаи “Бӯстон”-и шаҳри Бӯстон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ваксигузаронии аҳолӣ сурат гирифта, дар рафти мулоқот вохӯрии мазкур Толибзода Мухтор Толиб баромад намуда, оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва бартарияти ваксигузаронии аҳолӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқоту вохӯрӣ ба сокинон ва меҳмонони шаҳр маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии мазкур бо ёрии аъзоёни фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” тақсим карда шуд.