Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Расонидани ёрии амалӣ-методӣ

Санаи 30 марти соли 2022 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ-методӣ дар ҳайати Замира Мансурӣ-муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Заррина Раҳмон-мудири шуъбаи кор бо занон, Олимҷон Зоидов-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Абдусабури Абдуваҳҳоб-сармуҳаррири ҳафтаномаи “Сухани халқ” аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, барои пешбурди фаъолият дастуру маслиҳатҳои муфид расониданд.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Омӯзиши фанҳои дақиқ ва рушди босуботи кишвар

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Таваҷҷӯҳи Пешвои миллат нисбат ба рушди таълиму тарбия наврасону ҷавонон бештар гардида, барои аз худ намудани фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, забонҳои хориҷӣ маслиҳатҳои судманд дода, дар Паёми соли 2019, баҳри тақвияти тафаккур ва баланд бардоштани сифати таълим, солҳои 2020-2040-ро солҳои “20-солаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон, ин саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ метавонанд, дар ҳадафи стратегии миллиамон нақши муссири худро гузорад. Кишвари азизи мо – тоҷикистони биҳиштосо, сарзамини кӯҳсор буда, 93 фоизи онро куҳҳои сар ба фалак кашида мебошад, ки ин кӯҳҳоро сарватҳои табии, минералҳои гуногун ва инчунин ҷадвали зиндаи системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделев ҳисобидан мумкин аст. Аз ин лиҳоз омӯзиши фаннҳои дақиқ, табиӣ, аз худ намудани забонҳо ва технологияи муосир метавонад барои рушди саноат ва рӯзгори босаодати мардум саҳми босазо гузорад.

Чунин, ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, омӯзгорони фанҳои дақиқро вазифадор менамояд, ки дар байни хонандагон маҳфили “Химикони ҷавон”, гузаронидани таҷрибаҳои лабораторӣ, машғулиятҳои амалӣ ва бо ҳар гуна усулҳо, ҳал кардани масъалаҳои химиявӣ, инчунин дар мувофиқа бо маъмурияти муассиса чорабиниҳои берун аз синфӣ, яъне ҳафтаи фанни химия, шабнишиниҳои химиявиро доир намоянд. Чунин иқдомот метавонад, таваҷҷӯҳи хонандагонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар намояд. Зиман тадбиқ накардани назария бо амалия дар раванди таълими фанҳои дақиқ наметавон ба дастовардҳои назаррас ноил гашт.

Ба ҳамин хотир ба мо омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ зарур аст, ки барои омӯзиш ва рушди фанҳои дар боло зикргардида, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ мусоидат намоем. Дар ҳолати хунукназарона муносибат намудан бо хонанда ва болои касбияти хеш корбарӣ накардан, боис мегардад, ки бесаводӣ авҷ ёбад. Аз ин лиҳоз аз ҳама устодон даъват ба амал меорам, ки дар пайрави аз ташаббусҳои дурандешонаи Сарвари сулҳовари миллат дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия чораҳои судмандро андешем.

Маъмур МАЪМУРОВ

мушовири шуъбаи маориф

аъзои гурӯҳи тарғиботии

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Рубрики
Асосӣ Мақола

ЗАФАРОБОД: Ҳифзи Ватан рисолати шаҳрвандию ҷавонмардист

АНДЕША: Ватан муқаддастарин вожа, гиромитарин меъодгоҳ ва азизтарин маскану макон буда, муҳаббати  у ҳамрадиф бо қиммати Модар мебошад. Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас  ва рисолати бузурги шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, ин масъулият ба дӯши фарзандони сарсупурда ва ҷавонони далеру шуҷоъи Ватан вогузор шудааст.

Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр мегардад, ки “Ҳифзи манфиатҳои давлат, таҳкими  истиқлолият амният  ва  иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”

         Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, мактаби мардонагӣ, расидан ба  қадри модар, дӯст доштани ҳаёт,  дарси садоқат ва тарбияи зиндагист.

         Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳифзи марзу буми хеш аз аҷнабиёну ғосибон фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик қаҳрамоиҳо нишон дода, нагузоштаанд, ки бо хоки поки Ватан қадами нохалафе бо нияти нопоке бирасад. Қаҳрамонфарзандони ии миллат дар набардҳои озодихоҳона ҷони худро сипар кардаю хонаю дар зану фарзанд ва хоки муқадасси Ватани худро ҳимоят кардаанд. Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ баринҳо ифтихори миллат буда, корнамоиҳои зиёда аз сесадҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги Ватанӣ дарси мардонагӣ ва сабақи ватандорист.

         Имрӯз таърихи навини тоҷик фидокориҳои муборизони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам бо хатти зарин сабт хоҳад намуд.

         Тавре   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  таъкид менамояд “Ҷавонони мо   бояд ин Ватан-Тоҷикистони азизро соҳиби намоянд, онро ҳифз кунанд, обод кунанд, барои ояндагон мерос гузоранд “. 

Боиси шарафу ифтихор аст, ки ҳамасола баробари фаро расидани маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони далеру шуҷои Ватан аз ҳар гӯшаю канори кишвар ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд. Маъраки даъват ба як маросими тантанавӣ табдил ёфта, ба худ шукӯҳи хосаро касб кардааст.

Дар ин маъракаи тантанавӣ унсурҳои олии ниёгон гусели ҷавонмардон, маросими нонгазонӣ, рақсу сурудхониҳо дар васфи Ватан –модар, хайрухуши наварӯсону дилдодагон, дуои пири хирад ба хотири кушоиши сафар зиннати хоси маъраки гусели даъватшавандагон ба аскарӣ мебошад.

Воқеан вазъи номусоииди  ҷаҳон ҳар як ҷавони ватандорро водор мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои хифзи Ватан, арзишҳои олии он ҳамеша омода бошанд.   Суннатҳо ва анъанаи неки гузаштанони қаҳрамонамонро идома дода, савганди ҳарбӣ ёд кунанд  ва муҳофизи ин марзу бум бошад.  

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки имрӯз дар ҳамаи қисмҳои низомии мамлакат беҳтарин шароитҳои хизмат фароҳам оварда шуда, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мукаммалии ҷузъу том ва афсарону аскарони обутобёфта аз беҳтарин ниҳодҳои қудратӣ дар минтақа муаррифӣ гардидааст. 

Танҳо ҳар фарди худогоҳи кишвар бахусус ҷавонони синни даъватро зарур аст, андешаи волою шарафманди  ХИЗМАТ БА ВАТАН-ро дар тафаккури худ ҷой дода, барои иҷрои ин қарзи шаҳрвандӣ ва гузаштан  аз мактаби бузурги мардонагӣ иқдом намоянд. Садоқати худро ба Модар ба Ватан ба Тоҷикистон ва ба Президенди маҳбуби кишвар, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон бидиҳанд.    

Туйғун Шарифзода

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

Рубрики
Uncategorized

ИСТАРАВШАН: Шарораи хотирҳо

         Бахшида ба 36-умин солгарди “Рӯзи байналхалқии ёдбуди шаҳидони садамаи радиатсионии Чернобил” бо иштироки аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи маъюбони Чернобил”-и шаҳри Истаравшан, собиқадорони меҳнат, фаъолон ҷамъомад барпо гардид.

         Дар кори он муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Илҳом Зокиров иштирок ва баромад намуд. Барои иштирокашон дар корҳои ҷамъиятӣ як қатор бартарафкунандагони ин садамаи мудҳиш бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан қадрдонӣ карда шуданд.

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: “Наврӯз – 22” – ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ

               

           Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  қарори ҳизбиёни  маҳаллаи Боймурод Холмуродови шаҳрро дар бораи таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз- 2022” тасдиқ намуд.

            Ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ нӯҳ нафар фаъолони маҳалларо, ки бо амри дил  аъзогӣ ба ҳизбро пазируфтаанд, муттаҳид менамояд. Тавре, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва раиси маҳалла Раҷабмо Зайниева мегӯяд, аъзоёни ҳизб дар корҳои ташкилӣ ва ҷамъиятии маҳалла фаъолона иштирок менамоянд ва сафи хоҳишмандони қабул ба сафи ҳизб меафзояд.

          Дар рӯзи тасдиқи қарори ташкилоти ибтидоӣ дар бораи ташкили ниҳоди нави ибтидоии ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода  ба панҷ нафар аъзоёни он шаҳодатномаи узвиятро супорид.

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Бонуи сарбаланди диёр

Имрӯз ходими давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, зане, ки фаъолияти арзандаи худро баҳри пешрафти давлату ҳукумат гузоштааст, Шуҷоат Ҳасанова ҷашни зодрӯз дорад.Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз номи аъзоён ва фаъолони ҳизб ин зани  нексириштро бо ҷашни фархундаи мавлуд муборакбод намуда, ба ӯ саломатии бардавом,  хушбахтиву файзу баракот дар рӯзгор, хуррамиву хушҳолӣ ва  сарбаландиҳоро таманно карданд.

Бояд зикр намуд, ки Шуҷоат Ҳасанова аз зумраи он бонувони сарбаланди диёр буда,  зиндагии шоиста ва фаъолияти назарраси меҳнатиаш барои насли наврасу ҷавон мактаби бузурги омӯзишу ибрат аст. 

Вакили мардумӣ ва ҳамзамон муовини Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, соҳиби унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шудан  боиси ифтихори аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ буда, далели он аст, ки аҳли ҷомеа ба қадри хизматҳои ин зани покдоман мерасанд ва заҳматҳояшро арҷ мегузоранд.

Меҳнати ҳалолу бисёрсолаи ӯ аз ҷониби давлату Ҳукумат ва роҳбарияти ҲХДТ сазовор қадрдонӣ шудааст, аммо мукофоту подоши беҳтарин барояш сазовор шудан ба эҳтирому боварии халқи меҳнатқарину заршиноси кишвар аст.

Шуҷоат Ҳасанова имрӯз ҳам дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа саҳми шоиста дорад.

Даҳҳо нафар шогирдони тарбия намудаи ӯ  ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда истодаанд. Маслиҳату роҳнамоиҳои ин зани рӯзгордида,  равшангари роҳи насли ояндасоз мебошад.

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Саҳми занон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ

Чунин унвон дошт мизи мудаввар, ки дар ташкилоти ибтидоии “Ҳофизи Шерозӣ” доир гардид. Ин ташаббусро сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Шаҳноза Зарипова ба роҳ монда, дар он донишҷӯдухтарон ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷалб гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин иқдом аз ҷониби иштирокчиён маърӯзаҳо ироа гардида, нақшу саҳми бонувон дар ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла, донишҷӯ Вазира Абулфайзова доир ба нақши занону духтарон дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ маърӯза карда, перомуни фаъолияти ҳунармандии худ маълумот дод.

Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба нуктахои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими мақоми занон дар ҷомеа табодули афкор намуданд.

Раиси Шӯрои кор бо занону духтарони ташкилот Раҳимова Манзура иқдоми мазкурро судманд маънидод намуда, даъват ба амал овард, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ ба роҳ монда шуда, ҷоннок шавад. 

Рубрики
Асосӣ

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳо ва ҳамоҳангсозии корҳо дар давраи тирамоҳу зимистон, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар самти омодасозии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.

Дастур дода шуд, ки вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона ва ташкилоту муассисаҳо то санаи 10-уми ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бошад, то санаи 20 – уми ҳар моҳ оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳисобот манзур намояд.

Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12 хулосаи Ҳукумати мамлакат ба як қатор қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин масъалаҳо Дар бораи Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда баррасӣ гардид.

Баъди муҳокимаи масъалаҳои маҷлиси Ҳукумат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии Президент, дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, дар моҳи шарифи Рамазон шаҳрвандонро бо маводи ниёзи аввал пурра таъмин намоянд.

Дастурҳои дигар ба масъулини соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ бобати ташкили дурусти кор ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, дода шуд.

Бобати ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба кишвар ва таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон супориш дода шуд, ки бо истифода аз нархҳои дастрас хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ташкил карда шавад. Таъкид гардид, ки хизматрасонӣ низ дар ин самт бояд ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонда шавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп шуда, тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ гардида буд.

Нашри китоби “Тоҷикон” ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти мамлакат шахсони масъул ҳисобот доданд, ки ба ҳамаи оилҳои кишвар китоби “Тоҷикон” пурра дастрас гардид.

Дар охири маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони Ҳукумати кишвар, ки дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолӣ давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста шуда буданд, супориш доданд, ки давоми 10 рӯз ба шаҳру ноҳияҳо рафта, оид ба сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, бо шаҳрвандон корбарӣ намоянд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/28051

Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Сафи ҳизбиён меафзояд

              

 Мулоқоти масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мудир ва мураббиёни муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 9 ба номи  “Бойчечак”-и ҷамоати деҳоти ба номи Фирӯзоба бо тарғиби тарбияи ватандустӣ дар ниҳоди кудакон оғоз ёфт. Масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ зимни вохӯрии зикргардида бобати тинҷию осудагӣ, Истиқлолияти кишвар, фазои ором суханрониҳо карда, қайд карданд, ки меҳри Ватан аз кӯчакӣ дар ботини одам ҷо мегирад ва  аз мураббиёни тарбиятгар даъват ба амал оварданд, ки дар ниҳоди кӯдакон ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарастиро баланд бардоранд. Дар мулоқот бархе аз мураббиён миннатдории хешро нисбат ба ҳукумат ва роҳбарияти кишвар баён карда таъкид намуданд, ки аз меҳрубониҳою таваҷҷӯҳи онҳо пайваста бохабаранд.

  Дар фарҷоми суҳбат мураббиёни ҷавони муассиса ба сафи узви ҲХДТ пазируфта  шуданд.

Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: Ёрии амалӣ – методӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

Санаи 29 марти соли 2022 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ-методӣ дар ҳайати Замира Мансурӣ-муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Заррина Раҳмон-мудири шуъбаи кор бо занон, Олимҷон Зоидов-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз фаъолияти кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ва ташкилотҳои ҳизбӣ дидан намуда, барои пешрафти фаъолият дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.