Рубрики
Мақола

Терроризм –падидаи манфӣ!

                       (Андеша бобати филми Шикасти фитна)

           Ҳақиқати ҳол нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм  ба амнияти ҷомеа, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалидошта эътироф карда мешавад.

           Бояд қайд намуд, ки ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду хусусияти умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона мегарданд  ва  дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарсу ваҳм ва оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

           Қайд кардан бамаврид аст,ки дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризму экстремизм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

        Имрӯзҳо дар як қатор сомонаҳо хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи тамошои филми “ Шикасти фитна” дигарбора парда аз руйи душманони миллат бардошта шудаву аслу ҳадафи онҳо собит гардид. Ба ақидаи онҳо гӯё мақсад аз ташкили амалҳои муғризона ин муқобилият бо ҷомеа, масъулият дар назди насли наврас ва ояндаи Тоҷикистон буда,вале онхо хоину ватанфурӯшон, ивғоангезону ифротгароён мебошанд, ки мақсади аслии онҳо ғаразнокӣ буда, хостанд оромии кишварро халалдор созанд. Чунин нафарон беморонеанд, ки муҳтоҷи табобатанд ва чашму гӯшу дили онҳо ба табобати дуру дароз эҳтиёҷ дорад, аммо афсӯс аз ҷаҳолату аблаҳӣ чӣ тавр бояд раҳо шуд ва ё чигуна бояд табобат кард ва ё чӣ гуна аз ин мусибат наҷот ёфт? Танҳо паси панҷара ангушти надомат ва пушаймонӣ мегазанду бас!

      Таърихи навини тоҷикон бори дигар собит сохт,ки мардуми шарифи мо дорои хиради бузург ва нерӯи солиму тавоно мебошанд. Халқи ватандӯсту ватанпарвари моро хоинони миллат наметавонанд фирефтаи доми худ  кунанд.

       Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз он иборат аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду аз ҳама гуна амалҳои номатлуб худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвари худ талош варзад.

                                                 Бобоҷонзода Азимҷон Тоир-

         Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ

АНДЕША

     Тавре ки огаҳӣ дорем,17-18 майи соли равон, як гурӯҳи ҷинояткорон дар Рӯшон, ки бо террористони наҳзатӣ пайвастаанд, шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ- Қулмаро баста, ба ҳаракати нақлиёт монегӣ эҷод намудаанд.Сабабгори тамоми бадбахтиҳо Алим Шерзамонов гардид, ки ӯ аз ҷониби хоҷагони зархариди хориҷӣ ин тарҳро рӯи кор овардааст. Зеро дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ҷинояткорон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Холбаш Холбашев ва ҳимоятгари ба ном ҳуқуқи инсон Улфатхонум Мамадшоева бетартибиҳои оммавиро дар Хоруғ ва Рӯшон ташкил намуданд.

    Дар филми “Шикасти фитна”, ки тариқи ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шуд, пай бурдем, ки ҳар яки ин нафарон вазифаҳои махсуси худро доштанд ва бар ивази манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ хиёнаткорона амал намуданд. Ин ҳодиса аз хориҷи кишвар роҳбарӣ ва назорат мешуд. Мақсади асосии онҳо ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, теша задан ба решаҳои Ваҳдати миллӣ ва халалдор сохтани суботи сиёсӣ дар кишвар буд.

     Албатта, имрӯз Тоҷикистон барои ҳамаи мо азиз, ҳамон қудрате дорад, ки ба ҳар гурӯҳу созмоне, ки қасди душманона дорад, посухи сазовор диҳад.

     Баъди таъсиррасонии ҷомеа ва ба эътидол омадани вазъият 22- май миёни чанд нафар ҷинояткорон муноқиша сурат гирифта, дар натиҷаи задухӯрди байни ҳамдигарӣ яке аз онҳо бо исми Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров аз маҳалли Бархоруғ кушта мешавад ва Холбаш Холбашеву Улфатхонум Мамадшоева ба мақомотҳои қудратӣ таслим мешаванд.

Шоири тоҷик Сайидо беҳуда нагуфтааст:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

    Аз мардуми Бадахшон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки минбаъд набояд ба чунин ҳодисаҳо тамошобин бошанд. Мардуми бофарҳанги Бадахшони зархез барои манфиати миллату давлати худ вазифадоранд, ки пеши роҳи чунин ҳодисаҳоро бигиранд. Нагузоранд, ки дар замоне, ки барои ҷавонон- насли имрӯз тамоми шароитҳои мусоиди таълим, касбомӯзӣ ва фароғату истироҳат муҳайё карда шудааст, онҳо ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамроҳ шаванд ва ба номи падару модар, давлату миллат иснод биёранд.

     Шукронаи шарофати ақлу хирад ва азму иродаи азалии халқамон, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем аз ин вартаи ҳалокатбор халосӣ ёбем, зеро доираҳои муайяни манфиатҷӯ он замон бо истифода аз эътиқоду дин ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ мардумро мубталои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дода буданд.

     Дини мубини исломро истифода намуда, онро дигаргун маънидод мекарданд, ҳол он ки ба гуфтаи бузургон: “Беҳтарин мӯъминҳо аз ҷиҳати ислом касе ҳаст, ки дигарон аз дасту забони ӯ саломат бошанд. Беҳтарин мӯъминон аз ҷиҳати имон касе ҳаст, ки хулқаш накӯ бошад . Беҳтарин муҳоҷир касе ҳаст, ки он чӣ манъ кардаанд, аз он дурӣ ҷӯяд”.

     Дар воқеъ, дини мубини ислом тарбияткунандаи инсони комил мебошад, онро дуруст дарк намуд.

Наҷмиддин Бобоҷонзода- сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Деваштич, аъзои фаъоли ҳизбӣ.

Рубрики
Асосӣ

Гулистон: ВОХӮРӢ БО ДУХТАРОН

Бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷалби ҷавонон ба зинаи сеюми таҳсилот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии духтарон, пешгирии падидаҳои номатлуб, одобу рафтори ҷавонон, риояи либоси миллӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот ва мудири бахши занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 бо иштироки   муҳассилини муассиса вохӯрии судманд доир намуд.

      Дар мулоқот вобаста ба масъалаҳои зикргардида намояндагони ҳизб андешаронӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, иштирокдоронро барои риояи намудани талаботи  қонунҳои амалкунанда раҳнамоӣ карданд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Нохалафоне, ки ба қадри Ватан намерасанд

Ҳар модар фарзандро ба  дунё  овардаба воя мерасонад,ба  умеде,  ки дар дами  пирӣ  асои  дасташ  ва  такягоҳаш гардад.  Вале  сад афсӯс фарзандоне  ёфт  мешаванд, умеду  ормонҳои  ширини  волидонро   барбод дода,  баҳри  пулу  чизи муфт хизматгори  хоинон мегарданд.

Имрӯз нооромӣ ва нофаҳмие, ки миёни мардуми Бадахшон ба миён омад, албатта, барои тамоми мардуми тоҷик ҳодисаи нангине аст, ки хотироти талху рӯзҳои бади солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир меорад.

Мо ҷавонон, бонувон, умуман  мардуми  шарафманди  тоҷик  бо сарварии Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ,  Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон намегузорем, ки хоинони   миллат  Тоҷикистони  азизи  моро  поймол  созанд.

Пас, мардуми сарбаланди Бадахшон, биёед ба гуфтаи душманони миллат амал накунед ва ин ҳама неъмат, дороӣ ва бузургиро қадр намоед.

Аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Асосӣ

Ашт: “ МО КӮДАКОНИ ХУШБАХТ”

Имрӯз дар асоси  нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида  ба рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар кӯдакистони №2 ба номи Зангула чорабинии идона таҳти унвони “Мо кӯдакони хушбахт” доир гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд, раиси Шӯрои собиқадорон ва кормандони комиҷроияи ноҳиявӣ иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд  тамоми кӯдакону наврасонро табрику муборакбод намуда, барои кӯдакон даврони босаодати наврасӣ, осмони соф, дили беғам,  оромию осудагӣ, хандаи беғубори тифлӣ, лаҳзаҳои беҳтарини умрро таманно кард.

Ҳамзамон  қайд кард, ки ягона симои дилсӯзу ғамхор дар кӯдакистон ин мураббия мебошад, ки масъулияти онҳо дар назди насли наврас хеле бузург аст. Маҳз тавассути меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва навозиши гарми онҳо кӯдакон дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия меёбанд ва онҳоро низ ба ин рӯзи фархунда табрик намуд.

Пас аз сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳия чорабинии идона аз ҷониби тарбиятгирандагони кӯдакистон бо шеъру тарона, саҳнаву лаҳзаҳои ҷолиб, ва рақсҳои ҷаззоб пешкаши ҳозирин карда шуд.

Дар охир аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба кӯдикистон ва тарбиятгирандагони он  туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Терроризм ин куштор аст

Терроризм дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаҳои нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, дахшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмўъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад. Яке аз чунин зуҳурот номатлуб, хатари минтақавӣ дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.

Имрўз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кўдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тўдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷҳилу нотавонбин истифода мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тащйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, щасби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии

“У. Холбоев”-и Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон   Қодиров Ҷуманиёз

Рубрики
Мақола

Табиатҳои пастар андешаашон ҳам пастар аст

Г. Белинский гуфтааст: “Барои табиатҳои пасттар ҷиҳати интиқом додани андешаҳояшон бо роҳи партофтани ифлосии нуқтаи назар ва андешаҳои бад заруртар амале нест ва ин нуқтаи назарро онон мутаассифона муқаддас ва бузург меҳисобанд”.

Ба ҳамин хотир, моро зарур аст, ки на барои ошӯби мағзӣ бо ин нохалафон, балки ба ҷомеа дурустии вазъро бояд фаҳмонем ва дар ин миён гуфторе ҳам кор диҳад – чун саг маро газад ман ин ҳайвонро нахоҳам газид, зеро ин рафтор нооқилона аст ва баръакс барои муолиҷа кӯшиш менамоям то саломатии хешро хуб намоям.

Махсусан аксаран вақт суҳбати гурӯҳҳои нохалафро мебинӣ ва ва андешарониҳояшонро мешунавӣ боис ба оне мешавад, ки танҳо ба онҳо аҳамият намедиҳӣ ва гомҳои устуворро ба пеш меандозӣ. Бешак ба онҳо мубоҳиса кардан низ нашояд, зеро фаҳмишу дарки онон, чуноне, ки Унсурулмаолии Кайковус гуфтааст, зеҳни инсонро хароб ва кунд месозад. Марк Твен низ фармудааст: “Ҳеҷ гоҳ бо аблаҳон мубоҳиса накунед, зеро Шумо ба сатҳи онҳо меравед ва ақидаҳои шуморо муҳокимаҳои ин тоифа несту нобуд мекунад”. Ман инҷо нуктаи назарро ба хотири он нагуфтам, ки дастҳо кушода нишинем то бар сари мо бароянд, вале мубориза ба таври баръакс, яъне бо онон не, балки бо мардум сару кор гирифтан лозим то мағзи мардумро нашикофанд.

Дида истодаем, ки дар хориҷи кишвар ин тоифа даст аз ҳизби террористии наҳзат шустанду паймони миллӣ, гурӯҳи 24 ва дигар ташкилотҳо таъсис доданд ва ҳамарӯза бо барангехтани кинаву адоват нисбати роҳбарияти азизи кишвари мо ҳамагӣ дарафтодаанд. Гуё мақсадашон “дилсӯзӣ” ба миллат аст. Асло не! Ҳокимиятро ғасб кардан ва ахиран ба миён овардани таҳаввулот аст, ки мо дарси зиндагӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтаем, ки таъсираш кунун низ мондааст. Ба ҳамин хотир хонандагони азиз бояд донем, ки ин тоифа мақсади хароб кардану худ кайфияташ диданро доранд, ки ноҷавонмардона аст. Ин гуна одамонро А. Балзак чунин гуфтааст: “Одамоне ҳастанд, ки ба сифр монанданд ва ҳамеша барои зиёд шудан пеш ё паси дигар арқом ҷой мегиранд”, ки дар ҳақиқат чунин аст. Фалсафаи ин афрод ва гурӯҳҳо аз азал чунин буд ва мемонад, ки пушти абарқудратҳо ва манфиатхоҳон руст мешаванд.

Инҷо мехоҳам қайд намоям, ки агар ба маводу мақолаҳо ё наворҳои ин гурӯҳҳо бингаред, дар бештар вақт аз иқдомҳои шоистаи мо ҳарфи муқобил мезананд. Пешаи худ медонанд ба боварии мардум тариқи ин хабарҳо ва туҳматҳо ворид шаванд, бештар вақт ба мағзи инсонҳо дар ҳозира замона воҳимаҳо кор мегиранд ва фалсафаи фаъолияти ин тоифаро мехостам бо гуфтаи Ҷ.Свифт муайян намоям, ки он чунин аст: “Кирмҳо бештар одати ҳуҷум ба меваҳои ширин ва беҳтаринро доранд”, ки ҳамин аст.

Аҷибаш он аст, ки аксари суҳбатҳои ин афрод пуч аст ва танқидашон аз хости худашон нест, аблаҳакеро баландгӯяк медиҳанду ба навор мегиранд ва ба ҷайбаш чизе мехаланд, ки бояд боз ояд, баромадҳо ба наттоқон ва дониши онон мувофиқ нест ва бо ғазаб сухан мегӯянд, ки хоси донишмандон нест. Дар ин миён моро мебояд, ки муттаҳид шавем ва арзишҳои миллию давлатиамонро ҳифз намоем.

Баъд киҳо мемонанд бо буҳтону балвову дигар хостаҳои манфурашон, худатон медонед.

                                                                                             Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол   М.Ниёззода

Рубрики
Асосӣ Мақола

Биёед, ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем!

Воқеаҳое, ки дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон рух дод, ягон нафар аз мардумони кишварро бетараф гузошта наметавонад.

Амали ночавонмардонаи гурӯҳе аз хиёнатпешагони Ватани амну ором, ки чанде пеш порае аз хоки муқаддаси кишвари соҳибистиқлолу рӯ ба пешрафту тараққиёт ниҳодаи моро ноором сохт, ҳар нафарро ба андеша кардан водор месозад. Пеш аз ҳама, мо бояд шукрона намоем, ки дар Ватани амну ором зиндагӣ дорем. Шукргузор бояд буд, ки бархе аз мардумони кишварҳои ҷангзадаву ба харобазор табдилёфта ҳаёти орому осудаи моро орзу доранд. Ин оромиву субот моро осон ба даст наомадааст. Баҳри фазои сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор кардан дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта  фарзонафарзандони миллат чӣ қадар ҷоннисориҳо кардаву ҷони хешро бохтаанд.

Таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба озодиву амонӣ расидем. Имрӯзҳо душманони дохиливу хориҷии кишвари мо ин ҳамаро дида натавониста, бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайваста мардуми моро гумроҳ кардан мехоҳанд. Онҳо кишварро ноором сохтан хоста, манфиату ғаразҳои хешро бо ин восита амалӣ кардан мехоҳанд.

Мисоли ин, воқеаи ғайриинтизоре, ки дар Бадахшон рух дод ва ин амали нангини ноҷавонмардонаи хиёнатпешагон моро бетараф гузошта наметавонад. Мо чунин амалҳои ғайриинсониву террористиро, ки нисбат ба Ватан-Модар анҷом доданд, маҳкум менамоем.

Гуфтан ҷоиз аст, ки мо нисбати мардуми сарбаланди Бадахшон самимияту эҳтироми хос дорем. Онҳо инсонҳои равшанфикру донишманд, бохираду заковатманд мебошанд. Он амалҳои ғайриқонуние, ки дар он гӯшаи зебоманзари мамлакат ба вуқуъ пайваст, ба онҳо рабте надорад.

Ин порае аз хоки муқаддаси кишварро як гурӯҳи ҷиноятпешаву манфиатҷӯ ноором сохтанд, ки онҳо бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамкорӣ доштанд. Чӣ тавре ки мегӯянд: “чоҳкан зери чоҳ”. Хушбахтона, аз ҷониби мақомотҳои дахлдор амалиёти зиддитеррористӣ анҷом дода шуда, саркардаи гурӯҳ Муҳаммадбоқии разил нобуд карда шуд.

Имрӯз Бадахшони Кӯҳӣ орому осуда аст ва мардумонаш дар фазои амну оромӣ пайи кору рӯзгори хешанд.

Мо бояд ҳамеша ин оромиву суботи мамлакатро чун гавҳараки чашм дар фазои якдиливу бародариву дӯстӣ, ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва муттаҳидиву спрҷамъӣ ҳифзу ҳифозат намоем.

Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки авзои ҷаҳон хеле муташанниҷ аст ва дар олам беҳтару қимматтар аз сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ чизи дигаре несту нахоҳад буд.

Дастаҷамъона ба муқобили терроризму террористон бояд бархост ва онҳоро маҳкум бояд кард ва гуфт, ки нест бод терроризм ва террорист!

Поянда бод сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз!

Бояд ҳамеша ба қадри сулҳу ваҳдати пойдор бирасем, ки он асоси хушбахтиву хушрӯзии мову фарзандони мост!

Асоси ободиву шукуфоии давлати соҳибистиқлоли мост!

Моҳира Раҳимзода,

котиби масъули нашрияи”Сухани халқ”-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Рубрики
Асосӣ Мақола

Кӯдакон-гулҳои зиндагии мо

(Бахшида ба Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон)

     Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 1-уми июн ҳамчун Рўзи байналхалқии ҳифзи кўдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардида буд.

    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ин рӯз дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил мегардад. Мо пайваста ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати кудакону наврасон эҳсос мекунем ва мебинем.

   Ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фаро гирифтан ба таҳсил, нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал тадбиқ мегарданд.

    Мисоли ин гуфтаҳо ин аст, ки дар давоми даҳ соли охир бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат кӯдакистонҳои давлативу ғайридавлатӣ ба истифода дода шуданд, ки мунтазам фаъолият доранд.

   Тавре Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд: «Мо кӯшиш мекунем, ки наслҳои навраси мо хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замона гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин карда тавонанд».

   Дар баробари ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» яке аз тадбирҳои дигари муҳими роҳандозинамудаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ин қишри ҷомеа мебошад, ки 2 майи соли 2007 қабул гардидааст.

    Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

   Кўдакону наврасон ояндаи давлату миллатанд ва ҳамаи кўшишу заҳматро баҳри он равона бояд сохт, то онҳо дастгирӣ ёбанд, ҳуқуқҳояшон ҳифз шавад, дар муҳити созгору созанда ба камол расанд ва ворисони сазовори ин сарзамин гарданд.

   Дар арафаи  ин рӯзи ид ба падару модарон, бобою бибиҳо, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки қувваю дониши худро баҳри тарбия ва инкишофи насли навраси мамлакат равона месозанд, миннатдории худро баён намуда, ба онҳо дар ин ҷода муваффақиятҳо орзу менамоям.

Урунова Г.И-мудири шуъбаи иттилоот

ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ

Исфара: Бадахшон узви ҷудонашавандаи Тоҷикистон

      Бадахшони куҳӣ,яке аз зеботарин, дилработарин мавзеъест, ки бо мардуми бофарҳангу меҳмоннавозаш,бо қуллаҳои осмонбус,лаълу гуҳару ёқути бемислаш  машҳури оламиён гаштааст.Бадахшони куҳӣ қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол,ва мардуми сарбаланди тоҷик буду мемонад…

      Таи чанд рузҳои охир воқеъаҳои нанговаре,ки дар Бадахшон рух додааст,халқи тоҷикро бетараф гузошта наметавонад.Яке аз чунин ҳодисаи рух дода,ин ҳам безарар гардонидани яке аз лидерҳои ҷиноятпешаи муташакил,бо номи Маҳмадбоқири Маҳмадбоқир мебошад.Маҳмадбоқир ки буд? У ба ном лидери ҷиноятпешаи худхондае буд,ки ба қонун ва мизони давлату ҳукумат зиддият нишон дода худро ҳақиқатхоҳ ва ватанпарвар меҳисобид.Дар асл донишу малакаи зиёде надошта,даст ба беназмию ноороми,ва  парокандагии мардуми осоишта зада,ба раванди сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол,халалҳо ворид сохтани мешуд. Ҳарчанд қонун борҳо нисбати роҳи хатои пешгирифтааш таъкидҳо карда бошад ҳам,сарфарори накарда зиддиятҳо нишон медод…

Оқибат ин лидери ғайрирасми дар шаҳри Хоруғи ВМКБ,дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарии дохилии гуруҳҳои ҷиноятпеша ба қатл расонида шуд.Чуноне дида истодаем,имрузҳо бархе аз нохалафони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд айбро гардани давлату ҳукумат бор кунанд. Аммо бо боварии қотеъона метавон гуфт,ки ҳадафи навбатии хиёнаткорон ҷомаи амал напушид!

                 Мардуми бофарҳангу боиродаи ВМКБ чун дигар ҳамватанони азизи хеш ба ҳар гуна дасисаҳо дода нашуда хулосаҳои зарурии хешро бароварда,таҳти сиёсати хирадмандонаи қаҳрамони миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоӣ ва дурахшонии фардои халқи тоҷик ҳиссагузориҳо хоҳанд кард.

                                                       Шавкати Мавлон