Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Идомаи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоӣ

Ин навбат аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Пӯлод Атаев” баргузор гардид, ки дар кори он намоянда аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  мудири бахши омор Бахтиёрзода Баҳодурхон иштирок ва баромад карда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ кард.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Домулло Азизов ”

         Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Домулло Азизов”дар назди МТМУ №19 шаҳри Хуҷанд барпо гардид.

Дар кори он намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мудири бахши омор Бахтиёрзода Баҳодурхон, аъзоёни раёсат ва пешсафони ҳизб иштирок доштанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Умаров Орифҷон маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти  ташкилоти ибтидоии “Домулло Азизов” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъда пешниҳод кард.

Дар рафти маҷлис яке аз аъзои фаъоли ҳизб ба музокира баромада, якчанд пешниҳоду дарсхостҳо қабул карда шуд. саривақтӣ буда, аз тарафи раёсат низ дастгирӣ гардид ва барои амалишавии  он  дар оянда чораҳои зарурӣ дида мешавад.

Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ба кори худ хотима бахшид.

Рубрики
Асосӣ

                          ХУҶАНД: Ваҳдати миллӣ -омили саодати миллат

  Сулҳу якдигарфаҳмӣ  ва толиби осоиштагӣ будан мароми мардуми  Тоҷикистон аст. Ваҳдат ба ҳам  омадан, сар аз як гиребон  баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдўст будан  аст. Ваҳдат  беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти  миллат, рушди тоҷикон, нумўи  даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

       Сулҳу ваҳдати Тоҷикистон  намунаи сулҳофарӣ дар ҷаҳон гашт ва мавқею  мақоми давлатамонро дар миқёси ҷаҳон  устувор намуд. Имрўз таҷрибаи  сулҳи  тоҷикон, иттифоқ ва ҳамдилии халқи  тоҷик мавриди омўзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ  ва худогоҳии миллӣ гўё пандест аз гузаштаи дуру перафти имрўзаи маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ  истиқлолияти давлатии кишварро  муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро побарҷо нигоҳ дошта метавонем. Танҳо дар сурати  ваҳдати комилу якдилӣ  душвориҳо  ва монеаҳо  паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбуд меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи  пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон изҳор доштаанд, ки «ҳар касе ниҳоле сабзонда  бошанд, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша  меваи ширин ба бор меорад.  Онро ниҳоли Ваҳдат меноманд. Мо ин меваи ширину  парвардаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо  ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи  он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба  сулҳу ваҳдат ташбеҳ  додаанд, имрўз самар  оварда истодааст,  ки бо он мо тоҷикон фахр мекунем.

        Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ мояи шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз аз рўз гулгул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан тараққӣ мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

        Маҳз бо кўшишҳои  пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  миллати парешони мо  сарҷамъ омад.  Мамлакат обод шуд, пеш рафт. Дар чеҳраи ҳар  фарзанди тоҷику  тоҷикистонӣ нишоту хурсандӣ падидор  гашт.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ҷаҳду талоши сарвари давлатамон Пешвои миллат Эмомалӣ имконият фароҳам овард, ки тарафҳои ба ҳам муқобил сарҷамъ гарданд, зиёда аз як миллион фирориёни тоҷик ба Ватан баргардонида шаванд,сохтмони роҳу нақбҳои мошингард, нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои гуногун роҳандозӣ гардад ва ғайра. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ дар ҷомеаи мо ваҳдати комил, ифтихори солими миллӣ, ҳамкории нерӯҳои сиёсию ҷамъиятӣ баҳри амнияти Ватан ва ободии кишвар ҳукмфармо гаштааст. Ин нуктаҳоро худи сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин маънидод кардааст: «Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазандиваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард».

Сарвари давлатамон дар мавриди таҳкими Ваҳдати милли сухан ронда таъкид намудаанд, ки «Ҳамин хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем».

Ин нуктаи назари Савари давлат бар он далолат мекунад, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар ваҳдати миллиро ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳояд азиз ҳифз намояд ва онро дар баробари дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.

дар давоми 30-соли Истиқлолият ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар ҷодаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо назардошти дастовардҳои маънавию руҳонии ниёгонамон дар кишвар воқеаҳои фараҳбахш ва таърихӣ рӯи кор омаданд, ки онҳо низ саҳифаи бобаракати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро музайян менамояд.

Дар ин ҷода таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили ҳазораи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675-солагии ѓазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ, 680-солагии олим, шоир ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси Авасто, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 1000-солагии Носири Хусрав, 1025-солагии Абӯали ибни Сино, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1310-солагии пешвои мазҳабии миллати мо – Имом Абӯҳанифа (р), 3000-солагии Ҳисори Шодмон, Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, Душанбе-пойтахти фарҳанги исломӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсию илмӣ, маърифатию фарҳангӣ, ки маҳсули ибтикор ва раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷӯии асолати миллӣ маҳсуб мешаванд. Таҷлили ҳар яке аз ҷашнҳо ҳадафи маърифати беҳтару хубтари таърих, эҳёи анъанаву арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни миллӣ ва бад-ин васила таҳкими раванди худшиносии милливу таърихӣ ва ободону маъмур намудани диёрамонро дар пай дошт. Ба иборати дигар ин чорабиниҳои бузург ба ваҳдатимилли тоҷикон таҳким бахшид ва бори дигар собит сохт, ки мардуми мо аз азал дар сиришти хеш мароми ваҳдат ва ҷавҳари сулҳофариниро мепарварад ва дар таърих ҳамчун халқи сулҳҷӯ ва ваҳдатофарин шӯҳрат пайдо кардааст.

Имрӯзҳо дастовардҳои сулҳи тоҷикон, ваҳдати комили миллӣ дар маводҳои чопию электронӣ бо теъдоди зиёда 1,5 ҳазор адад ба табъ расидааст. Дар онҳо олимон, коршиносони ватанию хориҷӣ, донишмандону аҳли адаб афкор ва андешаҳои худро иброз намудаанд. Аз чоп баромадани силсилаи китобҳо таҳти унвони ягонаи «Ваҳдат, давлат, Президент» дар 10 ҷилд, китобҳо ва маҷмӯаҳои илмии «Назария ва методологияи Ваҳдати миллӣ», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон», «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат», «Сулҳ, ризоият, ваҳдат», «Таронаҳои Ваҳдат», «Баёзи Ваҳдат», «Дорога к согласию», «Миростроительство в Таджикистане», «Политика мира и созидания» ва амсоли онҳобаҳри таҳқиқу баррасии ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳо оид ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Хушбахтона бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат дар соҳаи тандурустӣ низ тайи чандин соли охир дастовардҳои зиёдеро метавон дид, ки ин низ меваи ваҳдат аст. Пеш аз ҳама омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа, ворид намудани техникаву техналогияҳои нави тиббиро метавон қайд намуд.

Сарвари давлат дар мавриди худогоҳии миллӣ яке аз паҳлӯҳои асосии онро дар ҳифзи меъроси миллӣ мебинад. Махсусан аз забони Пешвои миллат борҳо таъкид мешавад, ки набояд меъроси илмию фарҳангии мо парешон гардаду ба дасти бегонагон афтад. Зеро маҳз ин меъроси маънавӣ дар баланд шудани маънавиёти мардум нақш мебозад ва танҳо миллати соҳибмаърифату соҳибкитоб метавонад дар заминаи дурдонаҳои ниёгонашҷомеаро пайваста ба дӯстӣ иттифоқу ягонагӣ, ҳамзистӣ ва ҳусни тафоҳум даъват созад. Ин аст , ки халқи мо аз қадимулайём то имрӯз ҷудоиву тафриқаангезиро маҳкум менамояд, тавҳиду ягонагиро ситоиш месозад ва баҳри ноил шудан ба саодати ичтимоӣ кӯшиш мекунад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон дар сатҳи кишвар муаррифӣ мекунанд ва чунин таҳавули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии милӣ дар байни ҷомеа ҳар чӣ бештар густариш намояд. Ваҳдати миллӣ бемуҳобо маҳсули андешаи миллии мост, зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми моро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор намояд ва як порчагии марзу буми кишварро ҳифз созад.

    Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ мояи шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз аз рўз гулгул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан тараққӣ мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

        Чун  як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари  азизам имрўз меболам ва бо ифтихор  метавонам гўям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор  маҳз бо талошу  заҳматҳои  шаборўзии  фарзонафарзанди миллат –Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадди мустаҳкам  расидааст.

Худоизода Дониёри Шер

Раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамдилӣ” – и шаҳр и Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Қадршиносӣ аз собиқадорони ҳизб

          Дар кумитаи иҷроияи ибтидоии КМ “Зарафшон”-и  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо эҳтирому қадршиносӣ ба нафақа гусел намудани  аъзоёни ҳизб – собиқадорони меҳнат, ба ҳукми анъана даромадааст.

          Тавре муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ  Шералӣ Юсуфов гуфт, дирӯз – дар маросими таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ се нафар аъзоёни ҳизб ва собиқадорони меҳнат- Абдуҳаким Раҳматов- корманди фабрикаи заршӯӣ, Абдунабӣ Ҳазратов- коргари кони Ҷелав ва Сангинбой Нуров- корманди шуъбаи назорати техникӣ дар ҳуҷраи ҳизбӣ пазироӣ шуда, ба онҳо барои меҳнати пурмаҳсул, иштироки фаъолона дар фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ изҳори сипос намуда,   бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва  тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот

   Санаи 28-уми апрели соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Беморхонаи минтақавии №2 дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳамробоев  баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи ияроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ширкат варзиданд. Ҷаласа аз руйи се масъалаи дар рузномабуда гузаронида шуд. Аз руйи масъалаи якум раиси ташкилоти ибтидоӣ Ахмедов Шуҳрат ҳисобот пешкаш намуд ва оид ба он қарори лозима қабул карда шуд.

   Сипас раиси ташкилоти ибтидоӣ ва котиби он аз тарафи иштирокчиён пешниҳод ва тасдиқ гардид.

  Аз руйи масъалаи сеюми ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии зерин ҳамчун вакил ба Конфренсияи 24уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом интихоб гардид.

    Инчунин, дар фарҷом муовини раиси кумиҷрояи шаҳрӣ баромад намуда, нақши ҲХДТ ро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.

Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: баргузории соати сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ки ҳхдт дар шаҳри Гулистон

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ соати сиёсиро таҳти унвони “«Нақши ҲХДТ дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ” бо иштироки фаъолони ҳизб, собиқадорон, ҷавонону занон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ монд.      

      Масъулон зимни баромади хеш қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пояҳои Истиқлолияти давлатӣ басо калон аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 таъсис ёфт. Таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки миллати тоҷик дар фитнаву иғвои бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолияти давлатӣ ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт, халқ дар ҳолати қашшоқи зиндагӣ мекард. Дар чунин шароити душвори зиндагӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   чун нерӯи сиёсӣ барои ислоҳи вазъи ба амал омада ташкил шуд. Ин нерӯи сиёсӣ ба номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омад ва тавонист, ки бӯҳронҳои идеологӣ ва сиёсии ба амал омадаро аз байн барад, ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи пешбарандаи сиёсӣ табдил ёфт, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба он ояндаи дурахшону умед бахшид.

       Шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  барои солҳои 2015- 2020 “ Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” эълон гардид, зеро масъалаи Ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои асосӣ ва омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад.

Рубрики
Uncategorized

ш.Гулистон:

       Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказии шаҳр”

      Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказии шаҳр” бо иштироки Отаҷонова Шарифа Мӯминовна муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

     Дар оғоз раиси ташкилоти ибтидоӣ Гулсанам Пӯлодиён ба фаъолони ҳизб рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд. Тибқи масъалаҳои рўзномаи маҷлис  фаъолияти ташкилот ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказии шаҳр” аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд. Раиси ташкилот зимни баромади хеш  зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давоми фаъолияти худ вазифаи аввалиндараҷаи худро тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, мақсаду мароми Оиннома ва Барномаи он дар ташкилот ҳисобид. Сипас, бо ҷонибдории аъзои ҳизб, Гулсанам Пӯлодиён – сардухтури беморхонаи марказии шаҳр раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказии шаҳр” интихоб гардид.

       Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Отаҷонова Шарифа Мӯминовна зимни суханронии худ зикр намуд, ки ҳуҷҷатнигорӣ ва корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бояд дар ташкилотҳои ибтидоӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Таъкид карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш барои зиндагии ободу осудаи мардум, талош намуда, дар байни дигар аҳзоби сиёсӣ пешқадам дониста шудааст.

Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: Маркази саломатӣ – дар ҳифзи саломатии мардум!

        Дар ташклити ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон баргузор гардид.

Ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” 138 нафар ҳизбиёнро муттаҳид намуда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу субот кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Ҳамзамон, ибрози сухан карда шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои ҳамдилӣ ва нусрату пешравиҳои созандагӣ таҷлил менамоянд. Маҳз бо кӯшиш ва талошу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи нек рух доду миллати парешони тоҷик сарҷамъ гашт ва мамлакатамон обод гардид.

Ҷамолиён Муслимахон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон зимни суханони хеш ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона дар амалишавии Оиннома ва Барномаҳои ҳизб ибрози ақида намуд.

Дар фарҷоми маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ба якчанд аъзоён ба ҲХДТ қабул гардида, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон:

  Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулдара»

       Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ идома дорад. Санаи 23-юми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулдара», воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Адрасмон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гашт, ки дар маҷлис чор масъала матраҳ гардид.

Аз рӯи масъалаи якум Аҳмадҷонов Парвиз – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулдара» оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ҳисоботи муфассал дода, вазифаҳои минбаъдаро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд. Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома бо тарафдории ҳамаҷониба Аҳмадҷонов Парвиз бори дигар раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулдара» интихоб гардид. Доир ба масъалаҳои дигари рӯзнома пас аз баррасӣ намудан, низ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

НОМАИ

муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

 дар вилояти Суғд

Исмоилзода Зуфар Муртазохон   бахшида ба 25 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

        Ҳамсафони гиромӣ!

Дар таъриху сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънои томаш ҳамчун даврони саодатмандӣ ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои аҳли кишвари азиз 27 июн – Рӯзи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз шумори ҳамин санаҳои муҳиму тақдирсоз мебошад. Биступанҷ сол инҷониб ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро аҳли кишвар чун оғози роҳи бобарори марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд.

Мо ин рӯзи пурнишотро, ҳамчун рӯзи эҳёи дубораи миллат ҷашн мегирем ва дар радифи дигар идҳои бузурги миллатамон онро арзишманд медонем. Зеро бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон тамоми мардуми ҷаҳон огаҳ гардид, ки миллати соҳибхирад ва тамаддунофар ҳастем ва анъанаҳои ибратомӯзро ба мерос гирифтаем, шарафи миллӣ ва меҳри Ватанро қадр мекунем. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шахси ватандору ватандӯст ва бо нангу номус муқаддас аст. Маҳз, Ваҳдату ягонагӣ имконият фароҳам меоварад, ки ба ояндаи дурахшони мамлакатамон замина гузошта шавад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас, ҳамвазни истиқлолият, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ ном бурда, таъкид мекунанд:  «Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд.   Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст. Ғояи Ваҳдати миллӣ ва истиқлолхоҳӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти милли тоҷикон мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад».

Воқеан, Ваҳдат чароғи дидагони мардум, меваи бурдборӣ, ҳамраъйӣ, ҳамбастагӣ, ҳамовозӣ мебошад. Ҳама созандагию ободкориҳо маҳз ба шарофати Ваҳдат аст.

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва давлатдории тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Бо тасвиби “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат аст.

Дар кори фароҳам овардани муқаддастарин дастоварди таърихи навини кишвар – Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллиамон саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон хеле бузург аст. Бо дастгириву пуштибонии аҳолии мамлакат заминаву имкониятҳои мусоид барои корҳои созандагиву бунёдкорӣ фароҳам гардида, дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат тадриҷан комёбиҳои назаррас ба даст оварда мешаванд.

Имрӯз Ваҳдати миллӣ  ва таҷрибаи сулҳофарии  тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами давлат  аст, аз ҷумлаи сабақҳои  басо арзишмандест, ки натанҳо  дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низ  мавриди  истифода қарор гирифтааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он,  фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чаҳоряк аср талош дорад Тоҷикистонро, ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва идома медиҳад.

Аҳли ҳизбиёни вилоят бо шукрона аз тинҷиву осоиштагии мамлакатамон фаъолияти хешро дар самти таблиғу ташвиқи ғояҳои Оинномавию Барномавии ҳизб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли мамлакат идома бахшида, барои сулҳу ҳамбастаги ҳамешагӣ саъю талош меварзанд

Бароятон дар ин рӯзҳои пурсурур ва ҳама рӯз осмони соф, тани сиҳату хотири ҷамъ, осудагии рӯзгор, камолоти эҷодию маънавӣ орзумандам.

Ҷашни рӯзи саодат ва ваҳдати миллӣ муборак!