Таърихи 21 июни соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба таҷлили 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмӣ- назариявӣ бо иштироки фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти кори Конференсияи илмӣ- назариявӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ширкат варзиданд.
Конференсияи илмӣ- назариявӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода меҳмононро хайрамақдам намуда, ҳадафҳои баргузории Конференсияро ироа намуд. Ҳадафи баргузор намудани Конференсия пойдории сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба Ваҳдати миллӣ аст.Ваҳдат- тасдиқи ҳувият, сулҳу субот, оромии давлат, беҳтарин неъмат, падидаи нек, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон дар ҳар давру замон аст. Санаи 27-уми июни соли 1997 ба таърих ҳамчун як замони нави ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гардид. Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, давлате, ки дар он сулҳу амонию дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз аз рӯз тараққӣ мекунад, иқтисодиёташ рушд меёбад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ. Лозим ба ёдоварист, ки имсол 25-солагии Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз бо кӯшиш ва талошу гамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи нек рух доду, миллати парешони тоҷик сарҷамъ гашт ва мамлакатамон обод гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни баромади хеш қайд намуданд, ки бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем. Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.
Муовини раиси ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон-Нурулоева Санобар Нурулоевна аз он рӯзҳои даҳшатовар, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ёдоварӣ намуд. Қайд кард, ки бо заҳмату такопӯиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт барои ислоҳи иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида шуд. Мо чун дар остонаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем, месазад аз хизматҳои мондагору таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи халқ ёдовар шавем. Ба қадри сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ расем.
Шоира Фарзонаи Зарафшонӣ бо шеърҳои тозаэҷоди худ дар васфи Ваҳдати миллӣ, дар васфи меҳан табъи иштирокчиёни конференсияро болидахотир кард.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон даъват ба амал овард, ки баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ кулли фаъолони ҳизб ҳамеша талош намуда, барои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон – Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода қайд кард, ки барои сокинони шаҳри Гулистон кору зиндагӣ дар партави сиёсати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саодати бузург ва ихтихори волои ватандорист. Заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, , Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати комили миллӣ дар решакан намудани ақидаҳои бегонапарастӣ, маҳалгароӣ, зӯроварӣ, хусумат, пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷомеа, тарғиби ҳаёти солим беназиру бузург аст. Шукр аз он мекунем, ки чунин Пешвои фарзонаю хирадманде дорем. Ҳамеша дар фикри халқу миллат буда, намегузоранд, ки нохалафе бод дилу нияти нопок ба кишвари маҳбубамон пой гузорад.
Дар фарҷоми конференсия аъзои фаъоли ҳизб бо Сипоснома Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуда, ба аъзоёни тозаинтихоби ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ба итмом расид.
Суратгузориш аз ҷараёни конференсия.