Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Ҳизбиёни Панҷакент конференсияи ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор намуданд

                           

         29-уми июл тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ва қарори Кумитаи иҷроияи ташкилоти шаҳрии ҳизб дар толори Кохи Лоиқи шаҳр  Конференсияи 26-уми ҳисоботӣ- интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

          Дар конференсия аз 201 нафар вакилони дар маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ интӣихобшуда 194 нафар вакилон, муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси шаҳри Панҷакент  Абдухолиқ Холиқзода, фаъолон ва собиқадорони ҳизб, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони аҳли зиёи шаҳр, хабарнигорон ширкат намуданд.

          Бо ҷонибдории вакилон рӯзномаи Конференсияи ҳисоботӣ- интихоботӣ тасдиқ гардида, ба он масълаҳои зайл ворид карда шуданд:

1.Дар бораи ҳисоботи КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оид ба фаъолияти  Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ аз январи соли  2020 то июли соли 2022.

2.Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар давраи ҳисоботӣ.

3.Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроия дар шаҳри Панҷакент.

4. Интихоби ҳайати комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент.

5.Интихоби сармуҳаррири  нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент.

6. Пешбарии вакилон ба Конференсияи 14-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд.

7. Масъалаҳои ҷорӣ.

          Тибқи рӯзномаи Коференсия   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент , узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода  дар бораи рӯйдодҳои муҳими давраи ҳисоботӣ ба вакилон ҳисобот ироа намуд. Зимнан ,шакли пурраи ҳисоботи Кумитаи иҷроия дар нашрияи ҳизбии “Фарвардин” нашр шуда, он ба вакилон дастрас  шуда буд.

           Баъди баррасии ҳисоботи комиссияи тафтишотии  Кумитаи иҷроия ва  тасдиқи он  вакилони Конференсия-  Шералӣ Юсуфов- муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Зарафшон”, Шоҳида Мукамалзода- мудири шуъбаи маорифи шаҳр,  Раҳим Баҳриддинов- раиси  Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ,  Мақсуд Мизробзода- сарвари осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ- кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ аз рӯи ҳисоботи Кумитаи иҷроия ба музокира баромада, ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ баҳои қаноатбахш доданд.

          Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар Конференсия сухан карда,   фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар давраи ҳисоботӣ шоиста арзёбӣ намуд ва барои беҳдошти он ҷиҳати иҷрои талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат,  раиси муаззами ҳизб , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сафарбар намудани аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб ба истиқболи сазовори 30- солагии Иҷлосияи таърихии 16-и Шӯрои Олӣ, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маслиҳитҳои судманд дод.

          Вакилон  дар бораи  ҳисоботи Кумитаи иҷроия  қарор қабул намуда, ба фаъолияти он қаноатбахш баҳо доданд.

          Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома вакилон ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияро шунида, онро тасдиқ намуданд.

          Мутобиқи рӯзнома вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроия  ва комиссияи тафтишотии  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро  интихоб намуда, дар ин бора қарор қабул намуданд.

          Вакилони Конференсия  тибқи талаботи Оинномаи ҳизб сармуҳаррири нашрияи  Кумитаи иҷроия -нашрияи “Фарвардин”-ро интихоб намуда, ба ин вазифа рӯзноманигор  Бобоев Ҷаҳонгир  Толибовичро муносиб дониста, дар ин бора қарор ба тасвиб расониданд.

          Муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар назди вакилон суханронӣ намуда, аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбро  ба меҳнати  садоқатмандона барои рушди ҷомеа, шукргузорӣ аз сулҳу субот ва  сиёсати муваффақи Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд.

           Бо иштироки вакилони Конференсия маҷлиси нахустини ҳайати нави Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб баргузор шуда,   раёсати Кумитаи иҷроия тасдиқ  гардида, Мурод Шукурзода Ҷӯра аз нав дар мувофиқа бо роҳбарияти олии ҲХДТ ба вазифаи  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент интихоб гардид.

          Дар анҷоми Конференсия ба  як гурӯҳ фаъолони ҳизб сипосноамҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб, ба хатмкунандагони мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроия сертификат ва ба  аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои узвият ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

         Конференсия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.

          Пеш аз оғози Конференсия меҳмонон ва вакилон аз коргоҳи дӯзандагии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва намоиши ҳуеарҳои мардумӣ дидан намуданд

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Конференсияи ХХI ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич доир гардид.

Дар асоси барқияи КИМ ҲХДТ аз 25.05.2022.№12 ва дар асоси  ҷадвали тасдиқнамудаи муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 1-июли соли 2022 оиди баргузории конфренсияҳои  ҳисоботӣ- интихоботии  ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Конференсияи ХХI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  дар толори Қасри фарҳанги ба номи АбуАбдуллоҳ Рӯдакӣ барпо гардид. 

 Дар кори Конференсия  муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон Аҳадзода, раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной Азизбой,  вакилон ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.

 Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

1.  Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.

2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.

3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Деваштич.

4.Интихоби комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич.

5. Интихоби вакилон ба конференсияи XV ҲХДТ дар вилояти Суғд.

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной Азизбой, дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июли соли 2022 ҳисобот дод.

Чӣ тавре дар баромад қайд гардид, дар давраи ҳисоботӣ сафи аъзои ҳизб мутобиқи нишондахои оморӣ  афзун гашта,   қабули аъзоён ба сафи ҳизб аз ҳисоби занон, мардон ва ҷавонон нисбат ба ноябри соли 2019 100% афзоиш ёфта, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ низ зиёд гардидааст.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии   Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ва сохторҳои ҳизб дар ноҳия дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми устувори худро пайдо карда, баҳри мустаҳкам намудани обрӯю эътибори ҲХДТ ҳамарӯза талош меварзанд.

Дар музокира вакил аз ташкилоти ибтидоии ” Маорифчиён” -мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Ботур Расулов, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” Каромат Саидова баромад намуда, ҳисоботи  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-дар  ноҳияро  дар давоми моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 мусбат арзёбӣ намуданд.

 Зикр гардид, ки Ҳизбиён дар тарғиби Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳиссаи босазои худро гузоштанд. Фаъолияти дохилиҳизбӣ такмил дода шуда, муқоисакунии аъзои ҳизб гузаронида шуд.

 Ҳозирин маърӯзаи аъзои комиссияи тафтишотии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  Хайрулло Саъдиевро ҷиҳати ҳолати молиявии Кумита дар ин давра шуниданд. 

 Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов зикр дошт, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.

Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода- вакил аз ташкилоти ибтидоии “Исмоили Сомонӣ” дар  назди ҳозирин баромад намуда, зикр карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон мунтазам талош дорад.

 Инчунин дар Конференсия аъзои КИ ҲХДТ дар ҳайати 35 нафар ва раёсати он дар ҳайати 13 нафар интихоб гаштанд. Вакилони Конференсия 22 нафар вакилонро  ба Конференсияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешниҳод намуданд.

 Дар интиҳо ба як қатор фаъолони ҳизб  Сипосномаҳои КИМ ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич супорида шуданд.

 Дар маҷлиси аввалини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҲХДТ номзадии Маъмурзода Равшаной Азизбой ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич пешбарӣ гардид. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзадии пешбаригардида тасдиқ карда шуд.

  Бо ҳамин Конференсия кори худро ба анҷом расонид.

Рубрики
Асосӣ

БУСТОН: Ташкилоти террористӣ будани ҳизби наҳзатро ҷаҳон эътироф мекунад

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки солҳои охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон густариш пайдо кардааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир меамоянд.

Дар Паёмҳо терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср, ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда истода, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён оварда таъкид карда мешавад, ки Паёми имсола низ аз ин холӣ набуд.

Махсус бояд қайд намуд, ки баҳри иҷрои қонунгузорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016, “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” амал мекард, ки дар асоси он аз тарафи мақомотҳои дахлдор дар ин самт корҳои зарурӣ бурда мешуданд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат низ як силсила фикру мулоҳизаҳое карда шуданд, ки аҳаммияти байналмилалӣ дошта, ба ҳифзи дини мубини ислом ва аз байн бурдани мухолифатҳо дар ҷабҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ равона шуда буданд.

Бинобар ин дар Паёми имсолаи Президенти кишвар бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва эктремизм барои солҳои 2021-2025”-ро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.

Бояд қайд намуд, ки пеш аз оне, ки дар бораи ягон мушкилот суханварӣ намоем, сараввал бояд донист, ки мавзӯи суҳбати доир карда, мазмуну маънои он дар чӣ зуҳур мегардад, яъне бояд донист, ки маънои ҳамин ҳаракатҳои номатлуб аз чӣ иборат аст, сипас роҳҳои муқовимат ва пешгирии онро дар сатҳи зарурӣҷӯст.

Аз ин рӯ мо бояд мазмун ва таркиби чунин амалҳои номатлубро ба пуррагӣ донем ва сабабу омилҳое, ки боиси содиргардии чунин ҷиноятҳои махсусан вазнин мешаванд, сарфаҳм равем.

Албатта дар бораи чунин зуҳуроти номатлуб сухан гуфтан, ибрози ақида намудан дар ҷомеаи шаҳрвандӣ қариб, ки ҳамарӯза ҳис карда мешавад, ки ин албатта ақидаи шахсии ҳар як фарди ватандӯсту миллатдӯст мебошад, вале дар бораи чунин амалҳо ягон санади меъёрии ҳуқуқиро надониста, сари масъала иброз намудани ақидаҳои холис бояд дар мадди назари ҷомеаи шаҳрвандии имрӯза бошад.

Махсус бояд қайд намуд, ки дар таҷрибаи кории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие истифода ва риояву иҷро карда мешаванд, ки донистани ҳар як фард зарур аст.

Чунончӣ, дар ҷумҳурӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом“, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар сохторҳои мақомотҳои корҳои дохила, амнияти миллӣ ва дигар субъектони муборизабаранда ва муқовиматкунанда амал мекунанд.

Ҳизби наҳзати исломӣ дар Оинномаи худ мақсадҳои худро ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ якпорчагӣ ва тамомияти арзӣ, истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣдар Тоҷикистон қаламдод карда бошад ҳам, аммо дар амал фаъолияти он ба сиёсигардонии ислом ва истифода аз номи ин дини муқаддас равона кард ва то ҳоло карда истодааст.

Дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ- экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки имрӯз роҳбарони он дар Аврупо бо гирифтани корти гурезагӣ паноҳ бурдаанд, чорабиниҳо бар зидди кишвари мо баргузор намуда, тавассути сомонаҳои интернетӣ ақидаҳои нопоки худро паҳн менамоянд.

То ба имрӯз аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти қариб 20 ҳизбу ҳаракатҳо, равияҳо ва созмонҳо ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст, ки инҳо; «Ал-Қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқҲаракати Исломии Ӯзбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Ташкилоти Бародарони Мусулмонон», «Ташкилоти Лашкари Тайиба», «Гуруҳи Исломӣ (Ҷамъияти Исломии Покистон)», «Ҷамъияти Таблиғ», «Ташкилоти динии миссионерии Созмони Таблиғот (Даъват ба Ислом)», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-таҳрир», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», Ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24», Равияи динии «Салафия», «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат-ан- Нусра» ва «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва ғайра мебошанд.

Ҳар кадоми ин ҳизбу ҳаракатҳо ба худ Оиннома, нақша дораду амале кардан мехоҳад, вале агар касе аз онҳоро дар роҳи ҳақиқат рафтан ҳидоят кунад, онгоҳ гуфтаҳоеро мешунавед, ки гӯё вай шаҳрванди давлати мо нест ва ё мусулмон нест.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳоло ҳам баъзе афроди ҷомеаи мо ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ намерасанд ва бо маблағи бегонагон ба ташвиқи бегонапарастӣва фарҳангу мазҳаби ғайр, гумроҳ намудани мардум ва ноором кардани вазъи орому осудаи кишварамон даст мезананд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба ҳимояти дини ислом, нораво будани нисбат додани ин дини мубин ба терроризм ва экстремизм ва ҳамзамон доир ба оқибатҳои нодида гирифтани хатари терроризм ва бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳуввият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ баромад карданд.

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, омилҳои номатлуби терроризм ва экстремизм, ки барои амнияти давлат ва миллати мо хавф эҷод мекунанд, ҳамкории муштаракро бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда, чун гуфатаҳои Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳушёрӣ ва зиракиии сиёсиро аз даст надода, мубориза барем.

Таҷриба собит намудааст, ки ҳузури ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии диниву мазҳабӣ дар майдони сиёсӣ ҳамеша боиси харобиву сар задани низоъҳои гуногун дар кишварҳои алоҳида мегардад. Дар ҳақиқат, таҷрибаи ҳизбсозӣ дар динҳо як амали носозгор буда, чунин рӯйкард дар ислом аз ҷониби аксари мусулмонон қобили қабул нест.

Баъд аз расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ба хотири ҳифзи оромию осудагии кишвар барои фаъолияти сиёсии ҳизби исломӣ низ дар асоси қонунгузории кишвар иҷозат дода шуд. Ҷомеа аз таъсису фаъолияти ин ҳизб интизории тамоман дигар дошт. Нахуст мардум бовар доштанд, ки таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ба аъзои он сабақ гаштааст, то дигар ба тавтеаҳои харобиовар даст назананд. Аммо бо гузашти солҳои зиёд омӯзиши фаъолияти Ташкилоти террористӣ-экстримистии ҳизби наҳзати ислом натиҷаҳои тамоман дигарро ба бор овард. Дар фаъолияти сиёсии онҳо дини ислом танҳо барои пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешуду халос. Мутаассифона, кишварҳое, ки дар минтақа ҳадафҳои сиёсӣ доранд, минбаъд сарпараст ва пуштибони ТТЭ ҲНИ шуданд.

Ҳоло саркардагони ин ташкилоти террористӣ дар Аврупо “ҷомаи демократия” ба бар карда, бо нишондоди хоҷагони хориҷиашон бо ҳар роҳу усул, аз ҷумла ташкили гурӯҳҳо, шабакаву каналҳои ҷудогона дар интернет алайҳи манофеи давлату миллати тоҷик дасиса эҷод менамоянд. Мақсади асосии онҳо ба даст овардани қудрати сиёсӣ асту бас, вагарна бо он гузаштаи нангине, ки доранд, ба камтарин кори манфиатбахш қодир буда наметавонанд.

Чи тавре огаҳӣ дорем таърихи 25- июли соли 2022 ҳайати Прокуратураи генералии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Прокурори генаралии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда дар Қасри миллат бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста таъмини амният ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар чорчӯбаи шарики старатегии Тоҷикистон баррасӣ гардид.Ҳамзамон ҷонибҳо масъалҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро,ки аз ҷумла тамоюлҳои таҳмили иделогияи тундагароии динӣ, ба ҷомеа,ҳамчунин гурӯҳҳои “хуфта”*-и тероризму экстремизм алоқамндӣ дорад муҳокима намуданд.Дар инт мобайн мавзӯъҳои таъмини қонуният,тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди ҷонибҳо қарор доштанд.

Равшан ба назар мерасад, ки ин раҳгумзадагон ҳанӯз аз зери таъсир ва дастгоҳи идории хоҷагони хориҷиашон раҳо наёфтаанд. Ҳарчанд ин гумраҳон худро вориси аслии дини мубини ислом хонанд ҳам, дар ҳақиқат, аз исломи ноб дуранд. Куштору ғорату терроре, ки пайравони онҳо ва дигар ҳаракатҳои ифротгарову иртиҷоӣ карданду мекунанд, исломро доғдор месозад. Танҳо ва танҳо Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату матонат дини мубини ислом ва мусалмонони дунёро мудом аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ҳимоят мекунанд, ки олами ислом ба ин хидматҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами тоҷикон сари таъзим фуруд меоварад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои камназир ноил гардид ва инро ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф менамояд. Ҳамин аст, ки обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд. Пас, бояд инсоф дод ва ин нуктаро низ эътироф кард, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар ин давра Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон аст. Зеро маҳз ба шарофати заҳматҳою талошҳои Пешвои муаззами миллат дар Ватани маҳбубамон оромиву осудагӣ пойдор гашт, якпорчагии мамлакат ҳифз шуд ва садҳо ҳазор нафар аз марг раҳо ёфт, ки ин бузургтарин савоб аст назди Худованди карим. Аз ин рӯст, ки мардум ба Эмомалӣ Раҳмон – Сарвари маҳбуб меҳри беандоза дорад, ба Пешвои муаззами хеш арҷ мегузораду ҳамеша содиқ хоҳад монд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи душманони миллат бетарафӣ зоҳир накарда, ба ҳар гуна ҳаракатҳои зиддимиллии онҳо посухи сазовор диҳанд.

Сармухтахассиси шӯъбаи ташкилӣ, ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Атоубуллоев Шаҳром

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Конференсияи 19-уми Ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид

Рӯзи 28 июли соли 2022 дар Қасри фарҳанги ноҳия Конференсияи 19 – уми ҳисоботӣ интихоботии Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Р.М. кушода эълон намуд.

Баъди садо додани Суруди миллӣ ҳайати меҳмонон – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, вакили МН МО ҶТ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр ва раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм ба вакилони конференсия муаррифӣ карда шуданд.

Баъди интихоби раёсати корӣ, Конференсия ба кори худ идома бахшида, комиссияи мандатӣ, котиботи конференсия, комиссияи таҳририя тасдиқ карда шуданд ва аъзоёни онҳо ба кори худ шуруъ намуданд.

Баъди шунидани ахбороти комиссияи мандатӣ ва тасдиқи ваколати вакилони конференсия ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи Конференсия оғоз бахшида шуд.

Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд:

1. Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи аз ноябри соли 2019 то июли соли 2022;

2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар давраи ҳисоботӣ;

3. Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ;

4. Интихоби ҳайати комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ;

5. Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи 15 –уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия “Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Р.М. баромад намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ёрӣ ба Хона” Туйғунов Саидмурод, “Урметан” Тилабов Слҳиддин, “Сарвода” Ҷумаева Муборак ва “Ҳунарманд” Раҷабов Абдусалом ба музокира баромада, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи кори Конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ шунида шуд. Аз рӯи ин масъала раиси комиссияи тафтишотӣ Олмаҳмадзода Шаҳрулло баромад намуд.

Вакилони конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 29 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва вакилонро ба конференсияи 15 – уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд иборат аз 19 нафар интихоб намуданд.

Дар кори Конференсияи 19-уми ҳисоботи интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода М.Қ. ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Б.Ҳ., сухан карда, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аҳли аъзоёни Ҳизб дар ноҳия баён доштанд.

Оид ба масъалаҳои рӯзномаи Конференсия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фарҷоми кори Конференсия чанд нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамар бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ қадрдонӣ карда шуда, ба 8 нафар аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаи ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Бо ҳамин Конференсияи 19-уми ҳисоботи интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ кори худро ба анҷом расонид.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ гузаронида шуда, аз рӯи масъалаҳои рӯзнома ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроия, Раис ва муовини раиси Кумита интихоб карда шуданд.

Бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раҳимзода Рузибой Маҳмадёр аз нав Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ интихоб гард

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Конференсияи ХХХIII-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов Конференсияи ХХХIII –уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки вакилон, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.

Дар кори Конференсия муовини Раиси ҲХДТ – Латифзода Асрор Қурбон, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Исмоилзода Зуфар Муртазохон, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Абдуллозода Фаррух Орифӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Анварзода Амирҷон иштирок доштанд.

Кори Конференсияи ХХХIII–уми ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯи масъалаҳои зерин доир карда шуд.

1. Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар давраи ҳисоботӣ;

3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

4. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

5. Интихоби вакилон ба Конференсияи 15-уми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон ба сухан баромада, доир ба фаъолияти 2,5 солаи (аз 01.11.2019сол то 01.07.2022сол) бурду бохт, пешравиву камбудӣ, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани кумиҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ, омӯзишу тарбияи сиёсии шаҳрвандон махсусан, ҷавонон, ба аҳолӣ расонидани муҳимият ва афзалиятнокии арзишҳои сохти конститутсионӣ, сулҳу субот дар ҷомеа, дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳизбӣ, инчунин, нисбати пешгирӣ аз мубориза бурдан бо ҳама ангезаҳои номатлуби ҷомеа, ҳаркатҳои тундгаро ва созмонҳои террористӣ ҳисобот дод.

Пас аз ҳисоботи раиси кумиҷроия вакилони конференсия Қоситова Ӯғулой- сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хуҷанд”, Каримзода Рустам- вакили конференсия ва Акбарзода Маъруф-роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ба муҳокимаи маъруза баромада, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро давоми 2,5 соли ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Муовини Раиси ҲХДТ – Латифзода Асрор Қурбон дар суханронии худ доир ба фаъолияти ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, нуфузи ташкилотҳоии ибтидоӣ, алоқаи зичи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бо кумитаи иҷроия, фаъолияти вакилон вобаста ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, дар бораи узвият ба ҳизб, фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан”, мавқеи сиёсии аъзоёни ҳизб, вазифаҳои асосии Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва ҳадафҳои асосии Барномаи ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён намуданд.

Инчунин, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Абдуллозода Фаррух Орифӣ бобати саҳми аъзоёни ҲХДТ дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, корҳои ободониву созандагӣ, тарғиби сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, саҳми ҳизбиёнро дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия назаррас шумориданд.

Сипас, баррасии масъалаи сеюми рӯзнома «Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» иборат аз 35-нафар муқаррар карда, ба салоҳияти вакилони конференсия пешниҳод карда шуда, ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҳизб мувофиқи руйхат ба таври овоздиҳии кушод интихоб карда шуд.

Масъалаи чоруми рӯзнома – “Интихоби комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” дар ҳайати 5-нафар пешниҳод карда шуд.

Гурӯҳи кории Конференсия руйхати эҳтимолии ҳайати нави комиссияи тафтишотиро тартиб дод, ки пешниҳоди вакилон гардонида шуд. Оиди масъалаи мазкур қарор қабул карда шуд.

Вобаста ба масъалаи панҷуми рўзномаи Конференсия, яъне «Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки мувофиқи меъёр 55-нафар номзад ба Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамчун вакил интихоб карда шуд.

Баъд аз анҷоми Конференсия, Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо баррасии ду масъала:

1. Интихоби Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

2. Интихоби Раис ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор карда шуд.

Тибқи банди 4.13 Оинномаи ҳизб Раёсати Кумитаи иҷроия иборат аз 11 нафар пешниҳод гардид, ки аз ҷониби аъзоён интихоб гардиданд.

Мутобиқи банди 4.19 Оинномаи ҲХДТ Раиси ҲХДТ номзадҳоро барои интихоб кардан ба вазифаи раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамоянд. Дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Анварзода Амирҷон барои интихоб гардидан ба вазифаи раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешниҳод ва аз ҷониби аъзоёни Раёсат интихоб гардид.

Латифзода Асрор Қурбон – муовини Раиси ҲХДТ Анварзода Амирҷонро барои интихоб шуданашон ба ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, дар корҳои оянда комёбӣ таманно намуд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ барои хизматҳои арзанда ва таҳкими худшиносии миллӣ, саҳм гузоштан дар амалишавии ҳадафҳои созандаи ҳизб якчанд нафар бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, медали ҷашнӣ ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардида, ҳамзамон ба 15-нафар аъзоёни навқабулгардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Асосӣ

МУЛОҚОТУ ВОХУРИҲОИ СУДМАНД

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нақши занону бонувон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара нақшаи  комплексиро таҳия ва амалӣ намуда истодааст.

Ташкили вохурию мулоқотҳо ва мизҳои мудаввар, сӯҳбатҳо дар мавзӯъҳои гуногун ва мубрами рӯз бо фаъолзанон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб як рукни фаъолияти доимии Кумитаи шаҳрӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз чунин чорабиниҳо бо иштироки беш аз 100 нафар занон аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот фаъолзанони тамоми  маҳаллаҳо, омӯзгорон вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ҳамаи зинаҳо, собиқадорони ҳизбу меҳнат ширкат варзиданд.

Дар ҷамъомад Гулафзо Ҷураева – раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара, Ситора Мирзоева – мудири шӯъбаи занони КИШ ҲХДТ, Гавҳар Ҳамроева – директори МТМУ №36,  Гулноз Ҳошимова – мудири шӯъбачаи  огоҳӣ ҳуқуқвайронкуни дар байни ноболиғону наврасаон    иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маркази диққати ҳозирин иштирок ва саҳми занони ҷамоати деҳоти Чилгазӣ дар татбиқи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барои танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии зуроварӣ дар оила, қонунвайронкуниҳо дар байни занону наврасон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон бо ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, баҳои дуруст додан ба ҳама гуна маводҳои муғризонаи душманони миллат дар шабакаҳои интернет, омода намудани ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ истофодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, тақвияти корҳои ташвиқотӣ дар байни занони хонашин  қарор доштанд.

Аксарият дар он ақида буданд, ки навобаста аз корҳои ба анҷомрасонида шуда, дар ин самти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди деҳа ва фаъолзанон ҳоло ҳам камбудию нуқсонҳо, фашангу имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.

Дар рафти мулоқот таклифу пешниҳодҳои муфид баён гардида, онҳо барои амалӣ намудан ба маълумот гирифта шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои муфид идома доранд.

Рубрики
Асосӣ

Конференсияи ХХХ ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод

Дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25.05.2022, №12 ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 1-июли соли 2022 оид ба баргузории конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Конференсияи ХХХ ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар толори Қасри фарҳанг барпо гардид. Кори конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Дар кори Конференсия раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Туйгун Шарифзода вакилон ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд. Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 1. Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022. 2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод 4. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод 5. Интихоби вакилон ба конференсияи XV ҲХДТ дар вилояти Суғд. 6. Масъалаҳои ҷорӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйгун Шарифзода, дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июли соли 2022 ҳисобот дод. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ сафи аъзои ҳизб мутобиқи нишондахои оморӣ 1600 нафар афзун гаштааст.

        Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ва сохторҳои ҳизб дар ноҳия дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми устувори худро пайдо карда, баҳри мустаҳкам намудани обрӯю эътибори ҲХДТ ҳамарӯза талош меварзанд. Дар музокира вакил аз Раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев” Боймуродов Ҳабибулло, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ШИФО” Қобилова Саодат ва Раҳимзода Шаҳриёр мудири шӯъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баромад намуда, ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро дар давоми моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 мусбат арзёбӣ намуданд.

        Зикр гардид, ки ҳизбиён дар тарғиби Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳиссаи босазои худро гузоштанд. Фаъолияти дохилиҳизбӣ такмил дода шуда, муқоисакунии аъзои ҳизб гузаронида шуд. Ҳозирин маърӯзаи раиси комиссияи тафтишотии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Одиназода Зафарро ҷиҳати ҳолати молиявии Кумита дар ин давра шуниданд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зикр дошт, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд. Раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода вакил аз ташкилоти ибтидоии “Мақомоти иҷроия ” дар назди ҳозирин баромад намуда, зикр карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон мунтазам талош дорад.

Инчунин дар Конференсия аъзои КИ ҲХДТ дар ҳайати 31 нафар ва раёсати он дар ҳайати 11 нафар интихоб гаштанд. Вакилони Конференсия 18 нафар вакилонро ба Конференсияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешниҳод намуданд. Дар маҷлиси аввалини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Шарифзода Туйгун Тоҳир ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод пешбарӣ гардид. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзадии пешбаригардида тасдиқ карда шуд. Дар интиҳо ба як қатор фаъолони ҳизб Сипосномаҳои КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод супорида шуданд. Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия кори худро ба анҷом расонид.

Рубрики
Асосӣ

ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ЭЪЛОН!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мавриди таҳқиқ ва омӯзиши амиқ қарор додани хидматҳои созанда ва наҷиби роҳбари ҳизб-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдату сулҳ дар кишвар тасмим гирифтааст, рӯзҳои даҳаи дуюми моҳи октябри соли 2022 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони навин” баргузор намояд.

Ба конфронс олимону муҳаққиқон, докторантону аспирантон, магистрантон, мутахассисони соҳа метавонанд мақолаҳои илмии худро пешниҳод намоянд.

Мавзӯъҳои меҳварии конфренсия

– Мақом ва нақши Роҳбари ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор ва пойдории ваҳдати милӣ дар Тоҷикистон;

– Барномаи ҲХДТ: “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” ва равандҳои татбиқи он

– Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва аҳамияти таърихиву сиёсии он;

– Нақши Иҷлосияи таърихӣ дар бартарф кардани низои дохилӣ;

– Рушди устувори иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон;

– Саноат – заминаи асосии рушди иқтисоди миллӣ;

– Рушди энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ;

– Таъмини амнияти озуқаворӣ – омили некӯаҳволии шаҳрвандон;

– Омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимии кишвар;

– Ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа ва ҳомиёни Ватан ;

– Саҳми занону бонувон дар пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа;

– Нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини рушди босуботи иқтисодӣ;

– Аз таърихи баргузории Иҷлосия: таҳлил ва баҳогузорӣ;

– Самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навин;

– Татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат дар барномаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

– Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон;

– Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

– Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби ташаббускор ва манбаи ғояҳои нав;

– Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ташаббускор ва амалисози ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сарварӣ ва хизмат ба нафъи халқу Ватан;

– Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби мардумӣ;

– Ҷойгоҳи матбуоти ҳизбӣ дар ВАО ва тарғиби сиёсати Пешвои муаззами миллат;

Талабот ба мақолаҳои барои чоп пешниҳодшаванда:

– Мақола бояд ба мавзӯи конфронс мувофиқ бошад:

– Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ;

– Мақола набояд қаблан нашр ё барои нашр ба дигар конференсия ва нашёритҳо ирсол гардида бошад;

– Мақола таҳриршуда бошад ва он дар таҳрири муаллиф нашр мегардад. Масъулияти хатогии техникӣ, имлоӣ ва дигар нуқсонҳо дар матн ба зиммаи муаллиф (муаллифон) вогузор карда мешавад;

– Ҳаҷми мақола аз 7 саҳифа зиёд набошад;

– Дар матн иқтибос аз адабиёт дар қавсҳои чоркунҷа нишон дода шавад. Ба таври мисол [4, с.122];

– Иқтибос бояд дар нохунакҳо оварда шавад;

– Матни мақола бояд дар матни MS Word ҳуруфчинӣ (ҳошияҳо аз ҳама тараф 2 см.), ҳуруфи Times New Roman, Times New Roman Tj бо андоза 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 бошад;

– Рӯйхати адабиёт дар охири матн, баъд аз калимаи «Адабиёт», бо тартиби алифбо омода шавад;

– Мақола на зиёда аз 2 муаллифро дар бар гирад;

– Охирин муҳлати қабули мавод 10.09.2022 с.

– Дар ҳолати риоя нашудани талаботҳо мақола ба барнома ва маводи конференсия ворид карда намешавад.

Нишонии электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо:

saidzoda1968@mail.ru мустақиман ба суроғаи кумитаи тадорукот;

Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ мерасад;

Суроғаи мо: 735700. вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ 118, бинои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Телефони шахси муттасаддӣ барои тамос:

+992 927727707

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: КОНФЕРЕНСИЯИ XXVIII КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН

Таърихи 27-уми июли соли 2022 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар арафаи маъракаҳои муҳимми сиёсӣ ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.

Дар рафти кори Конференсияи 28–уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Латифзода Асрор Қурбон -муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок доштанд.

Ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизб 120 нафар вакилон интихоб карда шуда, дар кори Конференсия 110 нафар вакилон, фаъолон, собиқадорон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок карданд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Ба рўзномаи Конференсияи XXVIII Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1.Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022;

2.Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар давраи ҳисоботӣ;

3.Интихоби ҳайати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон;

4.Интихоби ҳайати комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Гулистон;

5.Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи ҲХДТ дар вилояти Суғд;

6.Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ҳисоботӣ муфассал пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки давраи ҳисоботӣ барои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон марҳилаи бобарору хотирмон ва амалигашти ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Зеро бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави боҳашаммату замонавӣ барои кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохта ва ба истифода додани бинои нав ҳавасмандии кормандонро ба фаъолияти пурмаҳсул дучанд намуда, фаъолияти худро дар асоси муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат бо дарназардошти эътирофи меъёрҳои демократӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ҳадафу мақсадҳои Оинномавӣ, Барномаи ҳизб, Қарорҳои Анҷумани XIII ҲХДТ, суханронии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани мазкур, қарорҳои Маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятӣ ба роҳ монд. Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ, ҷашнвораҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25- солагии Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” солгарди таъсисёбии ҲХДТ, ташрифи Пешвои миллат ба шаҳри Гулистон ва дигар падидаҳои муҳими сиёсӣ ба раванди корҳои ҳизбӣ тақвияти тоза бахшиданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати болоравии фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корҳои ташкилию тарғиботӣ, қабули босифат ба сафи ҳизб, фаъолияти босамари вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Гулистон вусъати тоза бахшида, бо назардошти вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони онро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзу таҳкими соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат, бунёди ҷомеъаи воқеъан адолатпарвару демократӣ ва ободониву созандагӣ сафарбар кард.

Дар ин давра фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеъа густариш ёфт. Садоқати аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони он ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон афзуда, иқдомҳои назаррас дар ҳама ҷабҳаҳо рӯйи кор омаданд.

Вакилон аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 15 нафар вакил интихоб карда шуд

Бо иштироки вакилони Конференсияи XXVIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон як зумра аъзои ҳизб аз ҷониби Латифзода Асрор Қурбон -муовини Раиси ҲХДТ, Раъно Ҳошимзода-Раиси шаҳри Гулистон ва Исмоилзода Зуфар Муртазохон-раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб дар вазъи тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд. 20 нафар ба сафи аъзоёни ҳизб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дохил гардида, шаҳодатномаҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Бо садо додани “Суруди миллӣ” кори Конференсия анҷом ёфт.

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: Конференсияи ХХIII ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон доир гардид.

Дар асоси барқияи КИМ ҲХДТ аз 25.05.2022.№12 ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 1-июли соли 2022 оиди баргузории конфренсияҳои ҳисоботӣ интихоботии ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо,шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Конференсияи ХХIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар толори калони мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон барпо гардид.

Дар кори Конференсия раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Бӯстон Муини Мавсума Муинзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид, Директори гинералии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон Азимӣ Мирзоато вакилон ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.

Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

1. Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.

2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022

3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон

4. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон.

5. Интихоби сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Садоқат».

6. Интихоби вакилон ба конференсияи XV ҲХДТ дар вилояти Суғд.

7. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид, дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июли соли 2022 ҳисобот дод.

Чӣ тавре дар баромад қайд гардид, дар давраи ҳисоботӣ сафи аъзои ҳизб мутобиқи нишондахои оморӣ 5000 нафарафзун гашта қабули аъзоён ба сафи ҳизб аз ҳисоби занон, мардон ва ҷавонон нисбат ба ноябри соли 2019 100% афзоиш ёфта,шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз 36 адад ба 45 адад расонида шуд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва сохторҳои ҳизб дар шаҳр дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми устувори худро пайдо карда, баҳри мустаҳкам намудани обрӯю эътибори ҲХДТ ҳамарӯза талош меварзанд.

Дар музокира вакил аз ташкилоти ибтидоии ” Маърифат” Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадали Бахтиёр Набӣ, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифпарвар” Муҳаммадиева Фирӯза ва собиқадори ҳизбиву давлатӣ вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Машъал” Баҳодуров Кароматуло баромад намуда, ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-дар шаҳрро дар давоми моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 мусбат арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Ҳизбиён дар тарғиби Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳиссаи босазои худро гузоштанд. Фаъолияти дохилиҳизбӣ такмил дода шуда, муқоисакунии аъзои ҳизб гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 5 конфренсия, 17 маҷлиси КИ, 15 маҷлисҳои раёсат гузаронида шуд.

Ҳозирин маърӯзаи раиси комиссияи тафтишотии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Турсунзода Шӯҳратро ҷиҳати ҳолати молиявии Кумита дар ин давра шуниданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зикр доштанд, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.

Раиси шаҳри Бӯстон Муини Мавсума Муинзода вакил аз ташкилоти ибтидоии “Истиқол” дар назди ҳозирин баромад намуда, зикр карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон мунтазам талош дорад.

Инчунин дар Конференсия аъзои КИ ҲХДТ дар ҳайати 41 нафар ва раёсати он дар ҳайати 13 нафар интихоб гаштанд. Вакилони Конференсия 15 нафар вакилонро ба Конференсияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешниҳод намуданд. Дар Конференсия Атобуллоев Шаҳром Комилҷонович сармуҳаррири нашрияи “Садоқат” интихоб гардид.

Дар интиҳо ба як қатор фаъолони ҳизб Сипосномаҳои КИМ ҲХДТ,медалҳои ҷашнии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон супорида шуданд. Инчунин ба як гурӯҳ ҷавонони фаъоле, ки ба тозагӣ ба сафи ҳизб пазируфта шуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар маҷлиси аввалини КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Ҷалолзода Миршакар Саид ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон пешбарӣ гардид. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзадии пешбаригардида тасдиқ карда шуд.

Бо ҳамин Конференсия кори худро ба анҷом расонид.