Рубрики
Асосӣ

Панҷакент Пайрави мактаби давлатдории Пешвои миллатем

         Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар аснои сафар ба вилояти Суғд дар таърихи 9-12 августи соли равон ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон  баён доштанд,   санаи 30.08.2022  дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент бо иштироки муовини раиси шаҳри Панҷакент  Нақибӣ Парвина, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Панҷакент Сафарав Сироҷ, муовини Прокурори шаҳри Панҷакент, мушовири адлияи дараҷаи 3 Назарзода Саидалӣ ва Комиссари Косиссарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент, подполковник  Абдуллозода Абдулло бо ҳузури роҳбарони ташкилоту идораҳо, ходимони дин, ҷавонон, фаъолони ҷомеа ва васоити ахбори омма чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

         Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки имрӯз мо дар остонаи арафаи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва ҳоло вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои миллиро ҳифз ва дастовардҳои даврони Истиқлолиятро таҳким бахшида ҳомии сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвар бошем.  

         Дар чорабини муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ оид ба  дастовардҳои замони истиқлол ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ намуд. Дар чорабинӣ  сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Панҷакент Сафаров Сироҷ дар мавзуи ташаккули худшиносии миллӣ ва мафкураи солими ҷавонон дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат, роҳҳо ва воситаҳои пешгирии  шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ибрози андеша намуда,вазъи сиёсии имрӯзаро бо мисолҳо таҳлил намуд.

         Дар идомаи чорабинӣ муовини Прокурори шаҳр Назарзода Саидал Комиссари, Комиссарияти ҳарбии шаҳр полполковник Абдуллозода Абдулло низ пиромуни мавзуҳои дар боло зикршуда баёни андеша намуданд.

        Аз ҷониби иштирокчиёни дар толор ҳузурдошта  омузгори Коллеҷи тиббӣ   Норова Нозира , омӯзгори ДОТ дар шаҳри Панҷакент  Равшанов Шамс ва сархатиби масҷиди шаҳр Ғаффоров Муҳаммадамин доир ба мавзуҳои баррасишаванда аз ҷумла дӯстдории ватан, ҳурмату эҳтиром, касбомӯзии ҷавонон, иштироки фаъолона дар озмунҳо, бурдани корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии ифротгароӣ, таълими динии  ғайриқонунии дар хона, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа сухан ронданд.

         Мулоқотро раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода ҷамъбаст намуда аҳли толорро бо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд .

    Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  

Рубрики
Асосӣ

БА ҚАДРИ СУЛҲУ СУБОТ БОЯД РАСЕМ!

(Бахшида ба 30солагии Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан падидаи муҳимтарини таърихи навини кишвар аст. Зеро он боиси гирифтани пеши роҳи нобудшавии кишвар, оғози ба эътидол овардани раванди сиёсӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи стратегии мамлакат гардид.  Тоҷикистон тавонист роҳу воситаҳои зарурии аз муқовимат баромаданро дарёбад ва ваҳдату якпорчагии кишварро таъмин намояд. Сипас масъалаи таъмини ваҳдати ҷомеа пеш омад. Ин самти вазифаҳо бештар мушкилтар буда, заҳмати зиёди на танҳо Ҳукумат, балки тамоми бошандагони кишвар ва махсусан, аҳли фарҳангро талаб менамуд. Марди дар ҳақиқат қавиирода, дустдори Ватани хеш Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил ва ҳассосу ноором, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Дар нахустин баромади худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд:

 “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”.

  Ӯ бо иродаи қавӣ ва нияти нек халқро бовар кунонд, ки дар Тоҷикистони азиз сулҳ ва оромиро пурра пойдор мегардонад. Ин суханҳо дар қалби мардуми тоҷик ҷой гирифт. Он нишона аз боварии мардум ба Сарвари давлат ва роҳбарияти кишвар буд.

 Имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хирадмандона ва оқилонаро пеш гирифта, баҳри татбиқи  он дар ҷаҳони муттамаддин устуворона ва бо нерӯи қавию созанда қадам мезанад. Оромию суботи кишвар, таҳкими амнияти миллӣ, оромию тинҷии халқ, созандагию бунёдкорӣ, расидан ба ормонҳои олии миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мақсаду мароми аввалиндараҷаи давлату ҳукумат маҳсуб меёбанд.

 Дар Тоҷикистон бо пешрафти ҷомеа ва рушди тамоми соҳаҳои маорифу фарҳанг, илму техника, иҷтимоиёту иқтисодиёт, тандурустиву хоҷагии қишлоқ, тафаккури зеҳнию маърифатӣ ва маънавиёти мардум боло меравад. Халқ ба давлату ҳукумат, хосса Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дурандешонаву оқилонаи ӯ эътимод ва боварии комил дорад. Умед ва боварии халқ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон торафт қавитар мегардад. Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузаштаи худ сабақ бигирем ва барои пойдории ваҳдати комили миллӣ пайваста талош варзем.

 Бояд  ҳар як фарди хештаншиносу худогоҳ масъулияти бештарро дарк намуда, дар роҳи бунёдкориву нигоҳдории истиқлолияту ваҳдати кишвар саҳми назарраси худро гузорад. 

Ҳоҷиев Фирӯз- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Истиқлол – бақои миллат

    Шукр, ки кишвари азизи мо 31 сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатиро ба даст овард. Ин мустақилият рамзи олии Ватану ватандорӣ маҳсуб ёфта, дар таҳкими давлатдорию пойдории он, бақои миллат ва бахту саодати ин мардуми озодакишвар мусоидат  намуд. Истиқлолият ба Тоҷикистон имконияте дод, ки ин кишвар битавонад бо роҳи худ мустақилона пеш равад. Тӯли 31 сол мардум ҳамасола ин ҷашни бошукуҳи таърихии  кишварро бо дастодвардҳои назаррас – ободкорӣ, бунёди кӯдакистону дабистону коргоҳу марказҳои хидматрасонӣ, қалби саршор аз фараҳу шодмонӣ истиқбол мегиранд. Тӯли беш аз се даҳсолаи ба даст овардани Истиқлолият аз ҷониби мардуми ободгараш таҳти сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони садҳо иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ва фарҳангӣ  дар гӯшаҳои гуногуни кишвар вусъати тоза гирифт.

   Аммо чанд хиёнатпешаву зархаридон ба мисоли Кабириву ҳаммаслаконаш аз шукуфоии ин Ватани азиз ба ғазаб мепечанд ва бешармонаву рӯирост ба туҳмату дурӯғпардозӣ даст мезананд. Бадхоҳони миллат “чашми бино” надорад, ки ин пешрафти бесобиқаи Тоҷикистонро бинанд.

     Ин тоифа танхо суханеро мегӯянд, ки хочагонашон меомӯзонанд, ба роҳе қадам мезананд, ки бозгашт надорад.

    Як ҳадаф доранд, иғвобарангезӣ, мардумфиребӣ… То ба оромии ин кишвари обод халал ворид намоянд. Бо суханони беасосу бедалел ваъдахои бардурӯғ дода, байни мардуми осоишта, тухми кинаву адоват ва бадбинӣ кишт намояд.

    Тавре сухан мегӯянд, ки гӯё ғамхору дилсӯзи халқанд, аммо, ку далел? Кадом мавзеи обод дастранҷи ин беватанон аст?

    Амали эшон чун рӯз равшан аст, мансабталошӣ, мардумфиребӣ, иғвобарангезию туҳмату хиёнат.

 Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Хушбахтона имрӯзҳо халқи сарбаланди тоҷик соҳиби истиқлоли хеш аст ва дар арафаи ҷашни 31- солагии истиқлоли миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта мекушад. Тавассути истиқлолият Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст, ки ин ҳам бошад самараи неки истиқлолият аст. Аз ин рӯ мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

Исоқова Шоҳида – вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр

 аз ҳавзаи интихоботии “Ҳ.Алиев” № 5-и шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Саҳми занону духтарон дар амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Имрӯзҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди амал қарор гирифтааст, ки дар ин кори муҳим низ ширкати фаъолонаи занону модарон эҳсос мегардад. Барои дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур мудири шӯъбаи занони КИ ХХДТ дар шахри Исфара Мирзоева С ва аъзои фаъоли хизб намояндаи гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шахри Исфара директори МТМУ № 68 Абдуманнонова Ш. тибқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шахри Исфара, дар маҳаллаи “Тамохуш”-и худуди шахр вохӯри бо занони хонашин гузарониданд. Мақсади гузаронидани чунин вохӯриҳо баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии занон, инчунин пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб дар байни занон ва ҷавондухтарон, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон, мебошад.

Дар мулокот, инчунин бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрнишинӣ тозаву озода нигох доштани маҳалли зист ва даъвати чавонон ба сафи Қуввахои Мусаллахи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Дастурҳои пешвои миллат дар амал

Мутобиқ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12.08.2022 дар машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд баён гардиданд, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар ҳайати Мирзоева Ситора – мудири шӯъбаи занони комиҷроия ва Собирова Райҳона – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, муовини раиси ҷамоати деҳоти Кулканд дар деҳоти Кулканд бо фаъолзанони маҳаллаҳо мулоқот оростанд. Дар рафти вохурӣ таъкид карда шуд, ки бӯҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳон, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии нархҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ ба сатҳи зиндагии мардум таъсири ниҳоят ҷиддӣ расонида истодааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос таъмини фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳар як оила, роҳ надодан ба исрофи озуқаворӣ ва риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифаи ҳамаи фаъолон мебошанд. Ва дар ин самти кор фаъолзанон бояд нақши калидӣ дошта бошанд.

Иштирокдорон ба хулоса омаданд, ки дар ҳамаи маҳаллаҳои ҳудуди деҳа гардиши хона ба хона ташкил карда, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ бо ҳар як оила сӯҳбат гузаронида шавад.

Иштирокдорони мулоқот бо таҷрибаи раиси занони маҳаллаи “Гузар” сокини деҳа Ҷунайдуллоева Саёҳатхон, ки ҳар сол аз ҳисоби замини наздиҳавлигиаш барои фасли зимистону аввали баҳор меваю сабзавот ва дигар маҳсулотҳоро дар зарфҳои шишагин ва бо дигар воситаҳо захира менамояд, шинос шуданд. Қайд гардид, ки чунин тарзи захираи маҳсулот дар моҳҳои августу – октябр айни муддаост.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Ҷамоати деҳоти “Пошкент”

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба вилояти Суғд (санаи 9 -12 августи соли равон) ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти “Пошкент”-и шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Ширинбеков Садриддинмудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Холиқзода Абдураҳимдиректори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Зуфар Муртазохон -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва муовини раиси шаҳр Мӯъминзода Фирӯза иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар мулоқот сокинони деҳаҳои Яккабоғ, Сепула, Поҷиндак, Пошкент,  ҷавонон, занон, ходимони дин ва аминони маҳал иштирок намуданд.

 Дар баромади худ Ширинбеков Садриддин қайд намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат ҳуввияти миллӣ, ваҳдати саросарию муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад. ҲХДТ ҳамчун неруӣ созанда дар таҳкими ҳадафҳои шоиста ташаббускор ва пешсаф ба ҳисоб меравад. Холиқзода Абдураҳим бо баромади пурмӯҳтаво дар бораи пешгирии падидаҳои номатлуб, тарғиби таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ бо баёни далелҳои мушаххас ва истифода аз фарҳангу адабиёти оламшумули ниёгон, сарчашмаҳои динӣ ҳозиринро ба моҳияти мулоқот шинос намуд ва андешаронӣ кард. Раиси ҷамоати деҳоти “Пошкент” Мунъим Рустамов, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта – Абдуалӣ Юсупов ва Мирзораҳим Комилов баромад намуда, изҳор доштанд, ки  дар ин самт корҳои тарғиботӣ ташвиқотиро пурзӯр менамоянд ва пеши роҳи падидаҳои номатлуб гирифта мешавад. Дар иттифоқ аз як гиребон сар бароварда, баҳри пойдории сулҳ, рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.

Иштирокдорони мулоқот аз баромадҳои нотиқон таасуроти хуб бардошта ба ташаббускорони чорабинӣ арзи сипос намуданд.

Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: Вохӯрӣ бо омӯзгорон

Дар асоси нақшаи муштараки ҲХДТ ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МИҲД-и шаҳри Истаравшан вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода З.М., мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ширинбоев Садриддин, ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидшоҳзода Шаҳбоз ва муовини раиси шаҳр Мӯъминзода Фирӯза бо директорон ва муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кормандони раёсати маориф оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон баргузор гардид.

         Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода З.М. ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Ӯ зимни суханрониаш зикр намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳувияти миллӣ сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

         Нигоҳ доштани сулҳу субот, ҳимояи марзу буми кишвар, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон вазифаи муқаддаси ҳар яки мову Шумо ба ҳисоб меравад. Мо қишри фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ пурзӯр намуда, мардумро ва алалхусус ҷавонро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

         Сипас, мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ширинбоев Садриддин, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғаффор оиди мавзӯи мазкур баромадҳои таъсирбахш намуда, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро даъват намуданд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, марзу буми Ватан, рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳмгузор бошанд ва ҷавонон, насли наврасро дар руҳияи Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд.

         Воқеан имрӯзҳо дар байни аҳолӣ нафароне ёфт мешаванд, ки ба қадри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии мамлакат нарасида, даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мезананд.

         Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳиддиву иттифоққии ҷомеа, алалхусус ҷавонон асоси он ба шумор меравад. Нагузорем, ки нохалафон ба тинҷию оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо халал расонида, ҷавонони моро бо ҳар гуна роҳу воситаҳо гумроҳ кунанд.

Сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Пӯлотова Гулрӯ андешаҳои худро бобати мавзӯъи дар боло зикргардида баён намуда, изҳор намуд, ки бояд дар ин самт корҳои тарғиботӣ-ташвиқотро дар байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва падару модарони онҳо пурзӯр менамоянд ва пеши роҳи падидаҳои номатлуб сари вақт гирифта мешавад.

Иштирокдорони мулоқот аз баромадҳои нотиқон таасуроти хуб бардошта ба ташаббускорони чорабинӣ арзи сипос намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол поянда бод!

АНДЕША: Ташаккул ва татбиқи сиёсати кишвар, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушод» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё ба роҳ монд. Интихоби сиёсати «дарҳои кушод» дар самти рушди ҳамкориҳои хориҷии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар рӯзҳои аввали истиқлолият аз хислатҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва он дар давоми Истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзуда, барои таъмини иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз, ин сиёсати дуруст ва оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки то ин дам ба пешрафти аксарияти соҳаҳо мусоидат намояд ва барои амалисозии аҳдофи миллӣ дорои аҳамияти бузург аст. Иқдомҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун ба пешрафти соҳаҳои мухталифи мамлакат такони ҷиддӣ мебахшанд. Барои мисол, ҷалби торафт бештари сармоягузарони хориҷӣ, пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва манфиатҳои миллӣ ба соҳаи иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ, пешрафти соҳаҳои истеҳсолӣ мисоли гуфтаи боло аст.

      Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳи ҷаҳонии асри ХХ1 табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол

Имрӯзҳо дар баробари дигар неъматҳое, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих ноил гардидааст, истиқлолият яке аз муқаддастарини онҳост. Зеро Истиқлолият орзуи ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд.

Бо ба даст омадани Истиқлолият, кишвари мо соҳибихтиёр гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати тозае бо номи Тоҷикистон пайдо гардид ва онро тамоми кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохтанд. Аз ин, ки мо баъди ҳазорсолаҳо соҳиби давлати худу истиқлоли комил гардидем, он ба нотавонбинону хоинони миллат писанд наомад ва кишвари моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ сохтанд.

Кишвари тозаистиқлоли мо, ки акнун нафаси соҳибихтиёрӣ мегирифт, ба ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо нафар шаҳрвандон ҳалок гардиданду миллионҳо нафар гуреза шуда, ба кишварҳои ҳамсоя кӯч бастанд. Зеро дар мамлакат дигар мардум умед ба рӯзҳои осоиштаро аз даст дода буданд. Ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки дар Тоҷикистон дубора сулҳу субот пойдор мегардаду дар фазои амну осоиш ва ваҳдати комил умр ба сар мебаранд.

Хушбахтона, бо ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар ҷони тоза гирифта, бо азму талош ва ҷоннисоркуниҳои бесобиқаи ин марди хирад дар мамлакат дубора сулҳ ва оромӣ барқарор гардида, пояҳои истиқлоли давлатӣ мустаҳкам шуд ва ваҳдати миллӣ ба даст омад.

Инак, аз таърихи соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон 31 сол пур гардид. Тоҷикистон дар тӯли 31 соли истиқлолият ба дастовардҳои зиёди иқтисодию ичтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ ноил гардида, кишвари мо аз як давлати ҷангзада ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал шуд, ки ин албатта боиси ифтихори якояки мо мебошад.

Маҳз файзи Истиқлол аст, ки имрӯз кишвари моро тамоми кишварҳои ҷаҳон мешиносанду ба муқаддасоти Тоҷикистон арҷ мегузоранд. Имрӯз дар бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ дар қатори парчамҳои кишварҳои гуногун парчами кишвари мо низ болафшонӣ мекунад.

Дар воқеъ, Истиқлол волотарин ганҷе мебошад, ки барои мо ҳаёти осоиштаву амалишавии орзуҳоро тақдим намуд. Истиқлол аст, ки мо паи кору фаъолияти дӯстдоштаамон мебошему барои амалӣ сохтани орзуву ҳадафҳои накӯямон дар талошем ва худро хеле ҳам хушбахт меҳисобем. Моро мебояд муҳофизи ин неъмати пурарзиш бошему дар таҳкимаш саҳми арзандаи худро гузорем.

Негматҷонова Саёҳат – аъзои ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Терроризм ва экстремизм – хатари глобалии ҷаҳони имрӯза

Андеша: Яке аз мушкилиҳои глобалии ҷаҳон  ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби хатарнок мебошад . Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон  таъсир расонида  шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақоиди динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба  ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбониёни терроризм дар ин ё он минтақа  асосан  ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ  ҷавононро мебояд ки зиракии сиёсиро аз даст надода сабабу омилу мақсади шахсони ифроткор ва гурӯҳҳои терроризмиро омӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш намоянд то сулҳ ваҳдат  ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Ба ақидаи ман имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе ки тамоми  ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст  терроризм ва ифротгароӣ аст. Ин ду падида яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор мераванд , зеро боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ  расонидани зарари вазнин  бенизомӣ  тағйироти сохти  конститутсионӣ дар мамлакат  ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он  барангехтани низои миллӣ  иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд :” Мубориза бо терроризм ва экстримизм фароҳам овардани фазои боварӣ эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд” Терроризмро аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин шарҳ додан мумкин аст, ки ин амалиётҳо содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари  марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Якум  вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад , ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Дуюм , барои ҳокимият мубориза бурда мешавад. Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани Истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад. Хушбахтона,  29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ прокурори генералии ҶТ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуд ва фаъолияташ дар тамоми  кишвари мо барҳам дода шуд . Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири ин масъала, ки дарди рӯз аст  чунин иброз менамоянд : “ Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти  ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст .” Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатлориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор  аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат  ва фарҳанги волои миллӣ мебошд.

 Эрматова Лола – мутахассиси бахши кор бо ҷавонон

 ва варзиши ноҳияи Зафаробод, аъзои фаъоли ҲХДТ