Рубрики
Асосӣ

НОМАИ муборакбодии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Иди касбии омӯзгорон

                            Устодону омӯзгорони арҷманд!

Дар кишвари мо ҳамасола рӯзи якшанбеи аввали моҳи октябр Иди касбии омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Гиромидошт аз заҳмату меҳнати софдилонаи омӯзгор ҳамчун афрӯзандаи шуълаи илму дониш ва маърифату маънавиёт гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид доштанд: « Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

Маврид ба зикр аст, кидавраи соҳибистиқлолии Ватанамон барои муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот марҳилаи сифатан нав гардид. Бунёди беш аз 2000 мактабу муассисаҳои томактабӣ, роҳандозӣ гардидани Барномаҳои мушаххас дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошанд.

Хеле хушоянд аст, ки дар вилояти Суғд низ ба заҳмату меҳнати суботкоронаи омӯзгор мунтазам ғамхорӣ зоҳир мегардад. Ҳамасола ҷудо намудани қитаъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ”, “Беҳтарин муассисаҳои таълимии томактабӣ”, “Омӯзгори беҳтарини сол”, “Мутахассиси ҷавони беҳтарини сол”, ҳавасмандии омӯзгороне, ки шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд, роҳхати ройгон барои омӯзгорон ба осоишгоҳҳо аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар далолат медиҳад.  

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ аз вазифаҳои асосии ҲХДТ маҳсуб мешавад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дастгирии кормандони соҳаи маорифро эҳсос мекунад. Зеро дар сафи ҳизбиёни вилоят шумораи кормандони соҳаи маориф хеле зиёданд.

 Хоссатан дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ масъулият ва салоҳияти Шумо – омӯзгорон зиёдтар эҳсос мегардад. Шумоён дар баробари тарбияи камолоти маънавии насли худогоҳи миллат, ҳамзамон дар баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ ва дӯстдории Ватан дар ҷомеа хидмати шоиста анҷом медиҳед.

Бо камоли эҳтиром дар ин рӯзи фарахбахш ҳамаи Шуморо аз самими дил табрику муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурнишот ва дар фаъолияти пуршарафатон  муваффақиятҳои беназир хоҳонем.

Ҷашни касбиатон муборак, омӯзгорони азизу гиромӣ!

Рубрики
Асосӣ Мақола

Муаллим ғамгусори беҳтарин аст.


Дар ҳама давру замон шахси заруртарин маҳсуб меёбад. Омузгор роҳкушову роҳнамо ва ҳамчун чароғи фурузонест, ки бо нури илму маърифат ҷомеаро рӯшноӣ мебахшад. Муаллим ғамгусор аст, ҷонисор аст ва тарбиядиҳандаи насли хурду калон – пиру ҷавон аст, ки дар ҷомеа миёни мардум обрӯву нуфуз пайдо карда аст.
Муаллим ғамгусори беҳтарин аст,
Сафобахшанда дар руи замин аст.
Агар олимону шоирон ва нобиғагону бузургони оламро модар ба дунё оварда бошад, пас ҳаммаи онҳо зери дасти муаллим таълиму тарбия гирифтаанд, ки муаллим дар дили бузургон нури илоҳӣ ва маърифати азалиро роҳандозӣ намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷаро дар соҳаи маориф ва дар самти омузгорон равона намудаанд ва соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи боафзалият дар сиёсати худ ҳисобида, ин соҳаро нисбат ба дигар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат дар ҷои аввал қарор доданд.
Зеро рушди бонизоми ҳаммаи соҳаҳо сарчашма мегирад аз соҳаи маориф ва мутахассисони ҳаммаи соҳаҳо дар зери тарбияву таълими устодон ба воя расидаанд.
Касби омӯзгорӣ касби пуршараф буда, аз даврони пайдоиши одам ва пайдоиши ҷамъияти ибтидоӣ то ба ҳол идома ёфта истодааст. Омузгор ҳасту тавассути хату саводаш ҷомеаро босаводу кишварро обод месозад. Ин шахсияти барҷаста соҳибэҳтирому соҳиби илму амал аст, ки фарзандони мардумро соҳибилм ва соҳибхирад мегардонад.
Дар ҷомеаи ҷаҳон ягона шахсе, ки қадру манзалати азалиаш волотар аз ҳамагон аст ин худ муаллим аст, яъне муаллим тарбиядиҳандаю мунису мушфиқу ғамхори халқ ба ҳисоб меравад. Касби омӯзгориро на ҳама ба душ гирифта метавонанд. Барои кудаконро ба воя расонидану хонондан ва соҳибилму соҳибкасб кардан омузгор чи қадар хуни дил мехурад то, ки дастпарваронаш соҳибмаълумот гарданду дар роҳи пурмашаққату пурпечутоби зиндагӣ дар намонанд. Омузгорон шогирдонашонро илму дониш медиҳанд ва ба қуллаҳои баланди вазифавиашон мерасонанд. Агар волидон фарзандонро дар ҷомеа барои идомаи наслҳои ояндаи худ тарбия кунанд, аммо муаллим шогирдонро барои соҳибилм шудан ва барои ободиву пешрафти ҷамъият ба камол мерасонад. Тарбияи насли наврас басо кори душвор буда, ин вазифаро танҳо омузгор ба души худ гирифта метавонаду бас. Бояд гуфт, ки дар ҷое, ки муаллим қадам мегузорад онҷо гулфишон аст ва аз ҳикмати ӯ равшание фурузон аст.
Омузгор худ шабзиндадор, ғарқи дарёи маънавиёт аст. Муаллим ҳамқадаму ҳамқаламу ҳамрозу ҳамсози ҷомеа ба шумор меравад ва барои соҳибилм шудани шогирдонаш солиёни дароз ранҷу машаққат мекашад то, ки шогирдонаш соҳиби хату савод гарданд.
Бояд гуфт, ки омузгор оғози ҳамаи хушбахтиҳо эъҷози ҳамаи пешравиҳо ва сарчашмаи ҳаёту мамоти ҷомеа ба шумор меравад. Хушбахттарин ва соҳибхирадтарин шахс дар ҷомеа ин худ муаллим ба шумор меравад. Омузгорӣ касби пурифтихору пурмасъулият аст ва омузгор он шахсест, ки пайваста дар ҷустуҷуи навовариву пешравиҳост.
Маҳз барои тарбияи дуруст додан ба камол расонидан ва соҳибилм кардани шогирдон омузгор умри ҷавонашро сарфаи тарбияи шогирдон мекунад, муи сарашро сафед мекунад ва қомати росташро хам мекунад то , ки шогирдон номбардори омузгор ва ёру диёр гарданд.
То он, ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,
Устоди меҳрубони у хуни ҷигар шавад.
Дигарбора мегуем, ки муаллим сарчашмаи илму дониш ва чароғи роҳнамоест дар рузгори босаодати инсоният. Таҷрибаи зиндагӣ гувоҳи он аст, ки давлати падарону модарон фарзандонашон ба ҳисоб мераванд ва давлати омузгорон бошад шогирдони тарбиякардаю соҳибилми онҳо.
Бояд ҳаммагон нисбати ранҷу машаққатҳои кашидаи устодонамон бетараф набуда, нисбат ба онон эҳтироми хоса дошта бошемд.
Муаллим роҳбари илми замон бошад,
Муаллим руҳбахши одамон бошад.
Кунад равшан ба мо имрузу фардоро,
Хабардор ӯ зи асрори ниҳон бошад.
Иди касбиатон муборак устодони азиз!
А.Ҷураев

Рубрики
Асосӣ

Вохӯрӣ дар Литсеӣ №1

нҶаббор Расулов: Санаи 29 сентябри соли 2022 дар доираи чорабиниҳои аксияи Ҷумҳуриявии албом – эстафета таҳти унвони «30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва хонандагони Летсеӣ №1 вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Комилова Диёра, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Ахмедов Дониёр дар бораи пешгирии зуҳуроти номатлуб – шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҷинояткор, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, оид ба эмин доштани занону ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва тарзи либоспӯшии фарҳанги бегона, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.

Комилова Диёра иброз намуд, ки таълиму тарбияи дуруст ба ташаккули инсони комил ва оилаи солим мусоидат намуда, имрӯзу фардои ҷомеаро рӯшан месозад.

Рубрики
Асосӣ

Вохӯрии судманд

   нҶаббор Расулов: Санаи 29 сентябри соли 2022 дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ аз 20 сентябри соли 2022 оид ба баргузории вохӯриву мулоқот бо мардум дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон аз 1 июни соли 2021, №187, қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 октябри соли 2021, №485, қарори Раиси ноҳия аз 04 ноябри соли 2021, №725, “Дар бораи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҳикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонону занон ба гӯруҳҳои экстремистӣ-террористӣ бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба вазъи муноқишаи марзи Тоҷикистон Қирғизистон, ҷалби ҷавонон ба Ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба Модар-Ватан ва сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии васеъ баргузор гардид.

Дар вохӯриҳои мазкур аъзоёни гурӯҳи кории тарғиботию ташвиқотӣ Набиев Шерзод Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, Узоқов Олимҷон мудири бахши хадамоти мухоҷират дар ноҳия, Мирахмедова Шоҳсанам мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Ҷураева Ҳилола ҷониши директори МДТ Литсейи касбӣ-техникии ноҳия, омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ Литсейи касбӣ-техникии ноҳия иштирок намуданд.

Дар оғози ҷамъомад Мирахмедова Шоҳсанам ба сухан баромада, доир ба таҳлили раванди ташаккулёбии вазъият, густариши зуҳуроти терроризму экстремизм дар як қатор кишварҳо, таҳдид ба амният, суботу оромии минтақа, таъсири идеяҳои ифротӣ миёни аҳолӣ суханронӣ намуд. Мавсуф зимни баромад доир ба амалҳои террористии ташкилоти террористию эктремистии “Ҳизби наҳзати ислом” дар Ҳумҳурии Тоҳикистон алалхусус хиёнати собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ва дигар амалҳои ноҷавон мардонаи аъзогии ин ҳизб истода гузашт.

Инчунин Ҷураева Ҳилола доир ба масъалаи эҳё ва рушди забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат баромад намуда, қайд карданд, ки 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз 5 октябри соли 2009 Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида, дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст. Аз ин рӯ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”. Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҳифзи забони он мебошад.

Дар баробари ин мояи ифтихормандии мост, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону набеғаҳо, аз ҷумла, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Анварию Хоқонӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар дурри макнуни сухан суфта, осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки мо, ворисон онро бо осонӣ ва бе луғат мехонему мефаҳмем.

Рубрики
Асосӣ

Таҷлили зодрӯзи шоири ҳунарманду тавоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо ки равӣ азизу маҳрам бошӣ.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

 То тоҷи сари наберагони одам бошӣ.

      Бо чунин мисраъҳои ҷаззоб маҳфили  илмию адабӣ бахшида ба  зодрӯзи муҳаққиқи варзидаи ҷаҳонӣ Ҷалолиддини Балхӣ санаи 30юми сентябр дар ташкилоти ибтидоии ба номи Ҳоҷӣ Алиев ,ки дар коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом воқеъ аст,ба хотири гиромидошти адиби варзида оғоз гардид. 

Нахуст чорабиниро мудири китобхона Ниёзматова Р. ҳусни оғоз бахшида, суханро ба омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Ғаниева Қ.  дод. Мавсуф дар бораи  “Рӯзгор ва осори адабии Ҷалолиддини Балхӣ” баромад кард.

Вай қайд намуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таърихи адабиёти форсу  тоҷик ҳамчун адибу файласуф шуҳрат дошт. Ин ду пеша дар эҷодиёти шоир тавъан бо ҳам пайваста аст, яъне мутафаккир андешаҳои фалсафӣ ва ирфонии  худро ба воситаи каломи мавзун баён намудааст. Яке аз шарқшиносони дунё Бертелс барҳақ гуфтааст, ки “Агар лирикаи Ҷалолиддини Балхӣ ба аҳли илму адаб бо забони мардуми Аврупо тарҷума мешуду дастраси онҳо мегардид, бешубҳа ин нобиғаи адабро дар қатори Байрон, Ҳёте Гейне ва Флобер” мегузоштанд.

Ҳамзамон, дар қисми дуюми маҳфили адабӣ аз ҷониби донишҷӯён озмуни ғазалсароии “Мавлавихонӣ” баргузор гардид. Дар он беш аз 15 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.

Донишҷӯён Сатторова А., Мамадҷонова А., Болтаева М., Ашӯрматова А., Раҷабова Ф. ва Махкамов В. беҳтарин ғазалсароён дониста  шуданд.

Рубрики
Асосӣ

ҚАДРШИНОСИИ ОМӮЗГОРОН

Мусаллам аст, ки ҳамасола рўзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр расман рўзи касбии муаллимон аз соли 1996 инҷониб шинохта шуда, он дар кишвар ва берун аз он ботантана таҷлил карда мешавад. Ин рўз бори дигар эҳтирому эътибори омўзгорро дар бунёди ҷомеаи соҳибмаърифат баёнгар аст.  Ба муносибати ин иди пуршараф санаи 30юми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи шаҳри Конибодом маҷлиси тантанавӣ бо иштироки  роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омузгорони ҷавону фаъол баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ширкат варзид. Мавсуф касби омузгорро пурифтихор, бошараф, соҳибрисолат ва барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат намудани эшонро зикр намуд. Дар фарҷоми ҷаласа якчанд омузгорони фаъол бо Сипосномаҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом қадршиносӣ гардиданд.

Рубрики
Асосӣ

ДАЪВАТ БА ҲАМДИЛӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исомоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳии раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода  ҳамчунин аз вазъи будубоши афсарону аскарони  Гвардияи миллӣ, ки қароргоҳаш дар шаҳри Бӯстон аст, дидан карданд.

Зимни мулоқоти озоду шаффоф раиси кумиҷроияи вилоят барои ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ барои ҷасорату матонат дар мавриди ҳифзи амнияти миллии кишвар дар рӯзҳои ноороми сарҳад изҳори сипос намуда, корномаҳои онҳоро намунаи олии ватандорӣ ва дӯст доштани марзум буми кишвар унвон кард. Таъкид гардид, ки Гвардияи миллии Тоҷикистон дар шароити хеле ҳассос ва душвори кишвар арзи ҳастӣ карда, то кунун дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ,  тарбияи мутахаастисони варзидаи соҳаи ҳарбии кишвар нақши бориз доранд.

Алҳол дар ҳайати Гвардияи миллӣ беҳтарин афсарону аскарон ифои вазифа намуда, барояшон дифои ҳар ваҷаб замини кишвар қарзи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.

Аз аксарони мӯҳлати хизматашон адошудаистода даъват ба амал оварда шуд, ки  бо ҷавонону наврасон бештар аз шароити буду бош, пешрафти Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳарф зананд, то ҳисси ватандӯстии наслҳои оянда нисбати обу хоки диёр зиёд шавад.

Рубрики
Асосӣ

ШИНОСОӢ АЗ ВАЗЪ САЛОМАТИИ ҶАРОҲАТБАРДОШТАГОНИ НИЗОИ САРҲАДӢ

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳии раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Исматҷонов Бахтиёр ва кормандони масъули кумиҷроияи вилоятӣ аз вазъи саломатии аскарону афсарони ҷароҳатбардоштаи низоъи сарҳадӣ дар беморхонаи клиникавии рақами 1 –и шаҳри Хуҷанд дидан намуданд. Зимни аёдат аскарону афсарону бо руҳияи баланди миллӣ омодагии худро барои дифои марзу буми кишвар иброз доштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ барои шуҷоату далерии родмардони Ватан изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои ватанро фаромӯш намекунад.

Зимни шиносоӣ айён гардид, ки ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар шароити хубу замонавӣ паи муолиҷа буда, роҳбарияти беморхона барои тезтар шифо ёфтани афсарону аскарон аз тамоми имконияту воситаҳо  истифода мебаранд.

Рубрики
Асосӣ

САФИ ҲИЗБИЁН МЕАФЗОЯД

  Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом санаи 21уми сентябри соли равон мулоқоти навбатии масъулини кумиҷроияи шаҳрӣ бо табибон ва ҳамшираҳои МСД  Зарбед ва Хамирҷӯ баргузор гардид. Дар мулоқот муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова соҳаи тандурустиро  яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа шуморида, нақши табибонро дар ҳаёти имруза муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин бобати мавзӯъҳои зайл, ба монанди 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз, сулҳу суботи кишвар, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат андешарониҳо намуд.

  Дар фарҷом якчанд ҳамшираҳои ҷавони марказҳои саломатии зерин ба сафи ҲХДТ қабул карда, ба эшон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Асосӣ

ДАСТИ МАДАД БА ЗАРАРДИГОН

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҷамоати деҳоти Сурх гурӯҳи калони аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, собиқадорони ҳизбу меҳнат, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳашари дастаҷамъона барои аз партовҳо ва дигар масоллеҳҳои сохтмонии корношоям тоза намудан ва ба тартиб даровардани ҳудуди манзили истиқоматии шаҳрвандони дар муноқишаҳои сарҳад зарардидаи сокинони деҳаи Сурх фаъолона ширкат варзиданд.

Ин маърака бори дигар аз сарҷамъиву муттаҳидии мардум, омода будани онҳо барои ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон, дарк кардани масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонӣ дар ҳасостарин лаҳзаҳо шаҳодат медиҳад.