Рубрики
Асосӣ Мақола

ЗАФАРОБОД: ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ – НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

 Пас аз интизориҳои тӯлони соҳибони миллати кӯҳанбунёди тоҷик неъмати бузург-Истиқлолияти давлатиро ба даст оварданд. Хуршеди дурахшони Истиқлол роҳи худшиносию озодихоҳии Тоҷикистонро боз намуд. Мутаасифона барои ҳифзу нигаҳдошти соҳибистиқлолӣ халқи тамаддунсозу аз ҷабри таърих ҷафокашида, ба мушкилоти дохилӣ-ҷанги шаҳрвандӣ ру ба ру гардид. Бояд иқрор шуд, ки миллат дар ҳамон давра зери ошуфтагиву парокандагӣ ва нооромӣ гирифтор шуд. Бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии мамлакат, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсоз баргузор гардид, ки ба сарнавишти миллати кӯҳанбунёд ва давлати Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ бахшид. Саҳифаи нави таърихи давлатдории тоҷикон, ки муҳимтарин амал баҳри рушди давлат ва фазои нави сиёсиро боз намуда, гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар ҳамин рӯз фаъолияти қонунгузории давраи эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдевор ва ибтидо гузошта шуд, ки бо шарофати он шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии миллатро дарк намуданд. Дар ҳамон давраи хасос номзадии Эмомалӣ Раҳмонро вакилони мардумӣ ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ пазируфтанд. Бояд иқрор шуд, ки таърих шахсеро ба майдони муборизаи сиёсӣ овард, ки дар ҳақиқат, оромию осудагии халқи азияткашидаро таъмин карда тавонист. Ин марди оқилу шуҷоъ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба сари қудрат омаданаш ибораи “Сулҳ ва ваҳдати миллӣ”- ро шиори аввалини худ қарор дод. Ӯ қавл дод, ки ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ оромию осудагӣ хоҳад овард. Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз кард ва сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст овард. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолате сарварии Точикистонро ба ӯҳда гирифт, ки ин давлат аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуда, аз тақсимоти молӣ нисбати дигар давлатҳо дар канор монда, ба муаммоҳои дохилиаш ғарқ буд. Ӯ тавонист, ки тухми кинаю адовати миёни тарафҳои мукобил ҷойдоштаро бо сулҳу субот иваз карда, миллати ҷониби парокандагӣ тамоюл гаштаро гирдиҳам оварад. Асиливу сарфарозӣ ва номуси миллиро дар дили онҳо бори дигар ҷой кард ва миллати тоҷикро ба сӯи ободонию созандагӣ равона намуд. Барҳақ, тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф кард. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо миллати тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодааст. Дар кӯтоҳтарин муддат тавонист Тоҷикистонро ба яке аз давлати ободу озод мубаддал созад. Бо шарофати Иҷлосияи саодатовар бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишвар таҳия ва қабул гардид, ки самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандонро муайян намуд. Маҳз дигар қонуну санадҳои меъёриву ҳуқуқии давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи фардосоз оғоз гардида, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуда ва рушди минбаълаи он заминаи мустахкам гузошт. Аз ин иҷлосияи таърихи имсол 30 сол сипарӣ гардида, бо итминон гуфта метавон, ки роҳи садсолаҳои давлатдории тоҷиконро дар ҳама самтҳо муайян намуд. Халқу миллати шарифи Тоҷикистон садсолаҳои дигар ин анҷумани ваҳдатофарро, ки олитарин руйдодаш зимоми давлатдориро ба даст гирифтани Эмомалӣ Раҳмон мебошад бо тантана таҷлил хоҳад кард. Зарина Зулфиқорзода- мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

Рубрики
Uncategorized Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: ҶАШНИ МЕҲРГОН

Санаи 28 октябри соли 2022 дар муассисаи МТМУ №19-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки хонандагони синфи 4 «В» соати тарбиявии намунавӣ дар мавзӯи «Ҷашни меҳргон» гузаронида шуд. Гузаронидани соати тарбиявии намунавӣ ба хонандагон ҷашнҳои фасли тирамоҳ, кишоварзӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ, меҳргон иди ҳосилот, эътидоли тирамоҳ маънои баробаршавии шабу рӯзро фаҳмонда доданд.

Зимни вохӯрӣ Очилова Азиза иброз намуд, ки дар дастархони меҳргон анвои мева, ширинӣ ва меваву сабзавот мегузоштанд. Масалан, рӯйи хони Меҳргонро лимӯ, себи зард, хӯшаи гандум, ангур, шакар, оина ва паллаи тарозу оро медод. Аз рӯӣ анъана, бояд меваҳои дастархон ранги зард дошта бошанд, яъне зарҳалӣ, ки рамзи фасли тирамоҳ аст.

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД:  Санаи 28-уми октябри соли ҷорӣ дарси навбатии мактаби захираи кадрҳои назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Подполковники милитсия Абдуназар Раҳматов муовини сардор оиди кор бо ҳайати шахсии Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод дар мавзӯи “Пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасон ва ҷавонон” ба шунавандагони мактаб ибрози андеша намуд.

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: ТАЪМИНИ ИҶРОИШИ ҚАРОРҲОИ МАҚОМОТҲОИ БОЛОИИ ҲХДТ

Бо мақсади татбиқ ва иҷроиши қарорҳои КИМ ҲХДТ, КИ ҲХДТ вилояти Суғд, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов «Дар бораи маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ» ва «Дар бораи тартиби пешбурди муҳосибӣ дар ҲХДТ» кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ «Нилуфар» ва «Ғӯлакандоз» шиносоӣ гардиданд.

Дар рафти шиносоӣ барои аниқ ва дақиқ намудани ҳисоб ва пардохти ҳаққи узвият дар муҳлати муайян гардида супоридани ҳисоботи муҳосибӣ дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ОБОДОНИЮ ХУРРАМГАРДОНӢ

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегиро ба роҳ монд.        Бо мақсади риояи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи муҳити зист, эҳтироми табиати диёри хеш, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф бо ҷалби фаъолони ҳизб ва сокинон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Консой” ҳашари умумӣ ташкил карда шуд. Зимни корҳои ободонӣ фаъолон ва сокинон гирду атрофи назди муассисаву корхона ва кӯчаҳои шаҳракро  аз алафҳои бегона, хазонбаргҳо, партовҳо тоза намуда, ба ин васила саҳми худро ба ободонию хуррамгардонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити шаҳраки Консой гузоштанд. Корҳои ободонӣ идома дорад.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: Иҷлосияи тақдирсоз – кафили сулҳу субот дар кишвар.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо мо сокинони шарафманди кишвар  дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллат “30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор дорем.

16-уми ноябри соли 1992 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Дар он вақт танҳо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХVI муайян кард. Шӯрои Олӣ роҳбарияти  нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.

Новобаста аз баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.

Аз ҳама муҳим, дар ин Иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз ҳамон рӯз инҷониб ин шахсияти ватандӯсту дурандеш ва хирадманду тавоно барои муттаҳид намудани мардум, таъминисулҳу суботи комил ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар саъю кӯшиш менамояд. Чи хеле ки худи Пешвои миллат низ қайд менамоянд:

«Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт».

   Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ, буда дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.

 Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдодӣ сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди оқилу хирадманд ва боматонату ҷасур ҳастанд, ки ҳамеша барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагии мардум мекӯшанд.

        Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари ба амал омада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олӣ Эмомалӣ  Раҳмон  Раиси Шӯрои олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ мо бояд шукр гуем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба мо сарвареро насиб гардонд, ки хизмати Ватанро  барояш  арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад.

      Роҳбари давлат дар рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам гузошта, барои расидан ба натиҷаҳои назаррас басо хизматҳои шоён намудааст. Хизматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти Сарвари кишвар дар назди халқу Ватан аз ҷониби аҳли ҷомеа кайҳост, ки комилан эътироф шудааст. Имрӯз халқу миллати тоҷик ифтихорманд аз он аст, ки  чунин роҳбаре, ки наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ ва Пешвои эътирофшуда насибаш гаштааст. Мо боварии комил дорем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гўшаву канори диёри мо ободу зебо ва бо рушди бесобиқа вусъати тоза мегирад, хурсандии мо беҳаду канора аст.

         Имсол аз баргузории ин рӯйдоди  муҳими таърихи 30 сол пур мешавад ва кулли мардуми сарбаланди диёр бо хурсандии беандоза  ин санаи таърихиро ботантана таҷлил мекунанд.

       Мо кулли мардуми кишвар бояд, ҳеҷ гоҳ далерию корнамоиҳо ва шуҷоатнокии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз хотир фаромӯш насозем ва ҳамеша дар пайи амалҳои неки ӯ бошем. Мо бо Пешвои  миллати худ  ифтихор мекунем.

      Бигзор ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, озодиву соҳибихтиёрӣ ва рушди ҳамаҷониба дар кишвари азизамон абадан пойдор бошад.

Амирҷон Анварзода – раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии   Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: МАЪРАКАИ СУПОРИДАНИ ҲАҚҚИ АЪЗОГӢ

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади амалӣ намудани талаботи санадҳои танзимкунандаи ҳизбӣ, бо сифату сари вақт ҷамъ овардани ҳаққи аъзогӣ ва иҷрои қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2022, таҳти рақами 4 “Дар бораи маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” дар мувофиқа бо роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузории маъракаи мазкурро дар тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ  оғоз намуд. 

     Маърака тибқи дастури методии Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

Бобоҷон Ғафуров: Аз амали зишт ҳазар бояд кард.

Мақола: Барои инсон шаъну шараф ва обрӯю эҳтиром аз волотарин арзишҳоянд. Ҳар шахси баору номус пайваста мекӯшад, ки номи нек дошта бошад ва дар ҷомеа ҷойгоҳи шоиста ёбад, аз амалҳои бад даст кашад, канораҷӯӣ кунад. Гузаштагони аҳли адаб фармудаанд:

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Ҷои таассуф аст, ки гоҳо гурӯҳе аз афрод, махсусан, ашхоси масъул аз хираду ақли солим қатъи назар карда, ба кирдорҳои ношоиставу пурзиён даст мезананд ва ба ин тариқа фаъолияташонро доғдору шаъну шарафашонро коста мекунанд. Яке аз амали зишту манфур, ки мутаассифона, дар ҷомеаи мо густариш ёфтаасту боиси коҳиш ёфтани  муҳити маънавӣ ва беобрӯю нафратзада гардидани гурӯҳе аз ашхоси тамаъҷӯву сустирода  мешавад, ришвадиҳию ришваситонӣ аст, ки  мафҳуми коррупсия ифода меёбад.

Коррупсия амали сахт номатлубу хавфбор ва зиёновар аст. Дар кишвари мо ба сифати давлати озоду комилҳуқуқ ва соҳибистиқлол соли 2006  Конвенсияи СММ зидди коррупсияро эътироф намуд ва бо ин васила ба муборизаи умумиҷаҳонӣ пайваст шуд. Умуман дар ҷумҳурии мо зери роҳбари хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коррупсия қотеъона маҳкум карда  мешавад ва аҳли ҷомеа бояд бар зидди ин падидаи зишту номатлуб муборизаи доимиву оштинопазир дошта бошанд. Ҳамчунин,  ҳадафи ҳар чи бештар қувват бахшидан ба мубориза бо коррупсия  дар Тоҷикистон соли 2007 бо ибтикори Сарвари кишвар ниҳоди расмии махсус-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсия таъсис дода шуд.

Стратегияи давлатии муқовимат бокорррупсия тақозо дорад, ки баҳри коҳиш бахшидан ба амали ношоиста ва нанговар як қатор тадбирҳо амалӣ карда шаванд. Муқовимат бо коррупсия вазифаи ҷониву виҷдонии ҳамагон аст. Ҳар як фарди ватандӯст бояд бар зидди ин падидаи номатлуб  мубориза бурда, тарғибгари зиндагии шоиставу аъмоли нек бошем ва ҳамагонро даъват намоем, ки шарафи худро ҳамеша ҳама ҷо ҳифз бикунанд.

Убайдуллоева Д – масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Рубрики
Асосӣ

Ашт: Хизмат ба Ватан шараф ва номуси Ватандорист!


          Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар асоси нақшаи кории кумиҷроияи ноҳиявӣ бо мақсади  ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо ҷавонон  мулоқоти сарироҳӣ  доир намуданд. 
Дар мулоқот бо ҷавонон мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявӣ зикр карданд, ки  хизмат ба Ватан қарзи як шаҳрванд буда,  далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Бояд ҷавонон ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода бошанд ва хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи худ  донанд. Зеро ҷавонон ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд, дар назар аст, ки дар оянда аз онҳо сарбозони шуҷоъ, инсони далер ва ҷасур, ҳимоятгари номии Ватан барояд.
Ҳамчунин, дар мавриди пешгирии ҷавонон ба шомилшавии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ сухан намуда, ҷавононро ба суи ояндаи фардои дурахшони кишвар, ки аз онҳо вобастагии калон дорад, ҳиссагузор будан дар ободиву шукуфоии ватани азиз ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надодан даъват намуданд.
Дар охир ҷавонон низ бо ифтихор ваъда доданд, пас аз хатми мактаб ба ин мактаби мардонагиву матонат шомил гардида, ҳар як пора хоки Ватани азизро  ҳифз менамоянд.
 

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: ВОХӮРӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ

Тибқи нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 28 октябри соли равон дар МТМУ №33 вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон  ва ҷалби ҷавонон  ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Садриддин Раҳматуллоев иштирок намуда, дар бораи масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла самаранок истифода намудан аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди экстримизму терроризм ва ҳолатҳои коррупсионӣ, сарфакорона истифода намудан аз қувваҳои барқ, таъмини иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин китоби безаволи Бобоҷон Ғафуров  дар бораи “Тоҷикон”, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон ба ҳар як хонадон тақдим карда шудааст суханронӣ намуда, ҷавонон ва омӯзгорони муассисаро бо ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби шарафу мардонагӣ буда, аз ҳар як ҷавонону синни даъватӣ ва бо нангу номус тақозо менамояд, ки аз ин мактаби мардонагӣ  сарбаландона гузашта, барои ҳимояи марзу буми Ватан ва сарзамини аҷдодии худ ҳамеша омода бошанд.