Рубрики
Асосӣ Мақола

ЗАФАРОБОД: Шукргузори Ваҳдати Ватан бошем Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ, ҳатман ба масъалаи ҷавонон истода гузашта, пайваста онҳоро ба огоҳиву ватандӯстӣ раҳнамун месозанд. Соли равон хуб медонем, ки мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар доир гардид. Дар он зикр намуданд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифродгарӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад». Фоизи зиёди истифодакунандагони технологияҳои навтаринро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳар гоҳе ки тариқи расонаҳо ва ахбори умум дар бораи рафтори ношоями баъзе фардҳои љомеа мешунавему мушоҳида менамоем нафратамон зиёд мегардаду аз сарамон андешае мегузарад, ки чаро мардум ба қадри Ватан-модар, обуз амин ва неъматҳои бу ӯ додашуда намерасад. Ватани зебову обод, оромиву осоиштагӣ, серию пурӣ ва истиқлолияту озодӣ ба халқу кишвар муяссар намегардад. Ҳанӯз дар замони оини зардуштӣ инонҳо дар асоси шиори «Рафтори нек, пиндори нек, гуфтори нек» зиндагонии худро пеш мебурданд. Рафтори нек, нияти нек, андешаи нек, гуфтори нек ҳама вақт бартарияти худро дошту дорад. Бузурге дар як байте гуфтааст: Сурати зебои зоҳирро чӣ суд? Эй бародар, сирати зебо биёр. Имрӯз аксар падару модарон тарбияи фарзандро дар хӯронидану пӯшонидан ва ба мактаб супоридан медонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар сафи бачагони душвортарбия зиёд гардида истодаанд. Барои душвортарбия нагаштани наврасон ба таълиму тарбияаш диққати љиддӣ дод. Падару модарон, омӯзгорон, шахсони мутасаддиро зарур аст, ки барои баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбияи насли наврас ва барои пешгирии мубориза ба алайҳи ҷиноятҳои терроризм ва экстромизм кӯшиш ба харљ диҳем, то ки дар ватани мо сулҳу ваҳдат ҳамешагӣ ҳукмфармо гардад. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстрамизм вазифаи асосии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои љамъиятӣ аст, аммо мусоидат кардан ва дастгирӣ кардани ҳар фарди љомеа барои пешгирии љиноятҳои террористиву экстромистӣ вазифаи ҷонии ҳар як фар даст. Барои аз байн бардоштани шомилгардии љавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бояд масъалаҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад. Ҳар фарди равшанзамиру бедордил ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризму эстромизм талқин намояд. Халқи тоҷик аз азал ҳиммати мардиву мардонагии қавиеро дар худ мепарварад. Имрӯз Тоҷикистонро тамоми дунё ҳамчун кишвари сулҳпарвар, озоду демократӣ мешиносад. Моро зарур аст, ки ҳама як ҷо муттаҳид шуда, ба миллату давлатамон софдилона хизмат намоем. Ин маскани ҷаннатсоро аз чашми баду дасти нохадафон нигоҳ дошта, онро ба наслҳои оянда бенуқсон расонем. Ирода Игамова устоди Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод, аъзои фаъоли ҲХДТ

Рубрики
Асосӣ Мақола

ШАҲРИСТОН: СПИД ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

1 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД)-ро таҷлил менамояд. Аввалин шахсони гирифтор ба ин беморӣ дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Америка ба қайд гирифта шудаанд.

      Бемории СПИД проблемаи мубрами рӯз буда, ба тамоми миллатҳо таҳдид менамояд.  Эҳтимол то ба имрӯз дар тамоми дунё даҳҳо милион инсон ба вируси ин беморӣ мубтало шуда бошанд. СПИД системаи муҳофизати бадани инсонро , ки ба бемориҳои гуногуни муқобилият менамояд, хароб намуда, боиси марги он мегардад. Имконияти табобати ин беморӣ ҳанӯз мпълум нашудааст.Кӯдакони зиёд бо вируси СПИД ба дунё меоянд. Миллионҳо нафари онҳо дар асари ин беморӣ  бе падар ё бе модар мондаанд.

   Айни ҳол мубориза бар зидди ин беморӣ, омӯзиш ва муайян намудани беморони гирифтори вириси СПИД идома дорад. Аз ин рӯ , ҳамаи мо бояд донем, ки СПИД чӣ гуна беморӣ аст ва онро чи тавр   пешгирӣ намоем.

Бемории СПИД вирусе аст, ки системаи мудофиавии баданро хароб менамояд. Шахси ба ин беморӣ гирифторшуда аз сабаби он нобут мешавад, ки ҷисми онҳо ба бемориҳо мубориза бурда наметавонад.

Одамоне, ки дорои вируси СПИД мебошанд, гирифтори беморӣ нагардидаанд , лекин  дигар инсонҳоро ба ин касалӣ гирифтор карда  метавонанд.

СПИД  аломатҳои ошкор надорад. Гирифтори чунин беморӣ мумкин аст, ки хеле тансиҳату бардам намоянд. Шахсоне, ки ба саломатии худ шубҳа доранд, ҳатман барои муолиҷа ба маркази ташхиси СПИД  муроҷиат кунанд.

Вируси СПИД ба чанд роҳ аз як шахс ба шахси дигар сироят карданаш мумкин аст:

  • аз тариқи инттқоли хун;                  
  • алоқаи ҷинсӣ;
  • сӯзандору                                                    Ин вирус метавонад аз  мард ба мард, аз мард ба зан ва аз зан ба мард сироят намояд. Агар ба шахси гирифтори ин беморӣ сӯзандоруро истифода намуда, онро дезинфексия  накарда ба шахси солим истифода намоянд ,  боиси интиқоли беморӣ мегардад.

    Барои пешгирии паҳн нагардидани СПИД  дар бештари малакатҳои ҷаҳон сӯзандоруҳои як бор истифодашаванда  ба кор бурда мешавад. Ба кӯдаконе, ки дар соли аввали ҳаёт ваксинаҳо мегузаронанд, сӯзандоруҳои яквақтаро бояд ба кор баранд .

    Ҳангоми ба мардум фаҳмонидани ин мавзӯъ таъкид  намудани ин омилҳо зарур аст:

-алоқаи ҷинсӣ бояд дар асоси боварӣ ба якдигар ба амал ояд;

– гузаронидани дору тавассути сӯзани наҷӯшонидашуда хатарнок аст;

-занони гирифтори вируси СПИД бояд аз ҳомилашавӣ худдорӣ кунанд;

– волидон бояд тарзҳои пешгирӣ аз бемории СПИД  -ро ба фарзандон биомӯзанд. 

     Барои бехатарии худро риоя кардан шахс бояд шароит ва маълумот оиди касалиҳои  сирояткунанда дошта бошад. Дар корхонаҳое, ки дар он ҷой хатари баланд аст, мисоли бо буридани ягон металу маводи сохтмонӣ кор мекунанд. Ҳастанд ҷойҳое, ки дар он хатар камтар аст, коргоҳе, бештар бо компютер кор мекунанд. Бинобар ин, ҳама вакт шароити хуби бехатарӣ барои саломатии кормандон ба роҳ монда шавад.

Дар ҳар маврид шахс боядпеш аз ҳама қоидаҳои бехатариро донад.

Мудири бахши иттилоот ва талиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Муллоева М.

Рубрики
Асосӣ Мақола

СПИТАМЕН: ПЕШГИРИИ ВНМО ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

   Мо дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ яъне бархурди тамаддунҳо қарор дорем. Ин моро водор месозад, ки   беш аз ҳар вақта зирак  бошем. Ҷаҳонишави аз як тарафи барои пешравии мо хизмат карда бошад аз тарафи дигар базеъ муаммоҳои имруз ба назар мерасад, ки моро бетараф гузошта наметавонад. Яке аз муаммоҳои ба проблемаи голобалӣ табдил шудааст, ин ҷаҳонишавии якчанд бемориҳо мебошад. Аз ҷумла бемориҳои ВНМО (ВИЧ), БПНМ(СПИД) ва СОVID-19 мебошад.

    Рӯзи 1-уми декабр   мубориза бар зидди ВНМО мебошад, ки мехостам дар бораи бемории мазкур ва пешгирии он якчанд нуқтаҳои мутахасисони соҳаро  гуфта гузарам.

ВНМО (ВИЧ)- ин вируси норасоии масунияти одам мебошад.

Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentivirus) дохил мешавад. Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотини lente- сусти асос ёфтааст.

Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст.

ВНМО – аз ҳама вируси омӯхташуда дар  ҷаҳон мебошад. Одамони   бо ВНМО зиндагикунандаро, инчунин ВНМО –мусбӣ (мусбӣ+), ё ин ки мубталои ВНМО меноманд.

ВНМО –соли 1983 дар ду лабаратория аз ҳамдигар новобаста кашф гардидааст.

Дар институти миллии бемориҳои саратон дар ИМА таҳти роҳбарии Роберт Галло тадқиқотчиён пешниҳод намуданд, ки вирусҳо аз ҷониби онҳо ҷудошуда метавонанд боиси гирифтории бемории пайдошудаи норасоии масуният (СПИД) гарданд.

Дар соли 1986 маълум гардид, ки вирусҳои аз ҷониби  муҳаққиқони Фаронсавӣ ва Амрикоӣ дар соли  1983 кашфнамуда комилон  ба ҳам мутобиқанд. Нахустноми  вирусҳо бекор карда шуда, як номи умумӣ ВНМО пешниҳод карда шуд.

                                          РОҲҲОИ ГУЗАРИШ

  1. Тамос бо хун  (ҳангоми истифодаи сузандоруҳо, хунгузаронӣ, таҷҳозотҳои тиббии тамизношуда)
  2. Алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона  бе истифодаи аз рифола)
  3. Аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ)

Дар ҳамаи моeҳои биологии организм вирус вуҷуд дорад, ва дар 4-моеъҳои , ки нисбат ба дигар моеъҳо кансентратсияяаш баланд мебошад ва сатҳи сироятёби нисбатан зиёд аст.

Нишонаҳои гирифтор шудан ба вируси норасоии масунияти одам  чи гуна аст.

Марҳилаи ноаёни – аз 3-то 6 моҳро дар бар мегирад шахс метавонад сироят ёфта бошад, аммо дар муддати  то 3 ё 6 моҳ мавҷуд будани вирус дар хун ҳангоми ташхиси лабаратори муайян карда намешавад.

Давраи инкубатсионӣ аз 2 то 10 сол бе ягон аломатҳои клиникӣ давом меёбад, то пайдоиши бемории пайдошудаи норасоии масуният.

БПНМ (СПИД)- бемории пайлошудаи норасоии масуният.

Марҳилаи охирини сирояти ВНМО ин бемории пайдошудаи норасои мебошад, ки метавонад бо гузашти аз 2 то 15 сол вобаста ба ҳолати масунияти  инсон инкишоф ёбад.

Барои  БПНМ инкишофи баъзе намудҳои бемории  саратон, сироятҳо ва дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст.

БАҲРИ ПЕШГИРИИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ЧИ БОЯД КАРД

-Чорабиниҳо оиди кам кардани хатари сироятёби аз ВНМО

– Риоя намудани тарзи ҳаёти солим.

– Истифодаи таҷҳизотҳои тибби и яккарата.

-Доштани танҳо як ҳамхоба ва истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона.

-Муоинаи ҳатмии никоҳшавандагон то ақди никоҳ

-Агар зани ҳомиладор гирифтори бемории ВНМО бошад, ҳатман муолиҷаи зидди ретровируси гирад. Занҳое, ки табобати  зидиретровирусиро гирифтаанд, ҳангоми таваллуд  хавфи сироятёбии тифл то 2% мебошад.

Имруз аз ҳар яки мо ба бемории мазкур бетераф нашуда баҳри пешгирии он саҳми хешро бояд гузорем. Сар задани бемории мазкур дар байни ҷавонон хеле ташвиш овар мебошад.

 Ҳар як ҷавон бояд оид ба аломатҳо ва роҳҳои пешгирии онро донанд хеле хуб мешавад.  Роҳи ягонаи пешгирии бемории мазкур ин доштани донишҳои тибби ҷомеъи шаҳрванди мо оид ба бемориҳои ВНМО ва БПНМ мебошад, ки танҳо бо дониши ва саводи тибби мо метванем пешгири намоем.

 Муовин- мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи

Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен

Муҳитдинова Умедахон

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ҲАЁТ БИДУНИ ХУШУНАТ ЗЕБОСТ !

Мувофиқи  нақша-чораҷӯиҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар доираи маъракаи иттилоотии “16-рузи мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ дар оила” дар ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷамоатҳои деҳот, коллеҷу литсейҳо мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардида истодааст. Чорабинии тарғиботӣ  санаи 29.11.2022  таҳти унвони “Ҳаёт бидуни  хушунат зебост” бо иштироки масъулини кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ   ва устодону хонандагони муассисаи таълимии рақами 53 – и ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев баргузор гардид. Масъулин бобати мавзӯъ  баромаду маърӯзаҳо намуданд. Ҳамчунин   бобати якдигарфаҳмӣ дар оила, муносибатҳои байниҳамдигарӣ  ва бад-ин васила ҷиҳати пешгирии омилҳои  хушунат дар оила суҳбат оростанд.

Мулоқот бо суолу ҷавоб хотима ёфт.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ЗАФАРОБОД: МО ҶАВОНОН ҲАМА АМАЛҲОИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

 Терроризм ва экстремизм дар тамоми шаклҳои зуҳури худ дар радифи масъалаҳои доғи рӯз боқӣ монда, мубориза алайҳи ин падидаҳо дар сархати вазифаҳои асосии мақомоти дахлдор ва тамоми аҳли башар қарор дорад. Ҳамон тавр ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр  мекунанд: «Ин мубориза бояд бо андешидани тадбирҳои дастаҷамъона дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ тақвият дода шавад. Ин тадбирҳоро дар сатҳи байналмилалӣ аввалан таҳия ва ба нақша бояд гирифт. Чӣ коре накунем, чӣ эътилофҳое насозем, ҳар қадар қувваи ҳарбиро ба кор набарем, агар механизми худтавлиди решаҳои терроризм аз байн бурда нашавад, мо фақат аз омилҳои зоҳирии ин маризӣ раҳоӣ меёбему халос».    Экстремизм (ифротгароӣ)  ва терроризм дар ҳаёти ҷамъиятӣ падидаи ҳузнангез буда,  оқибатҳои таҳлукаангезу даҳшатбор доранд.    Терроризм чист? Мувофиқи моддаи 179-и КҶ ҶТ, терроризм, ин  яъне «содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимиятӣ қабул намудан, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда ба ҳамин мақсадҳо амалӣ шуда бошад».    Дар моддаи болозикр  ибораи «расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол» ба ҳадди муайяни маблағ маҳдуд нашуда, балки ин амал аз қабили зараррасонӣ, несту нобуд кардан ва ё таҳдид то  чӣ дараҷа ба шуури ҷамъиятӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ хусусияти таъсиррасониро дорост, муайян менамояд.     Дар зери мафҳуми ибораи «ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок» зарар расонидан ба саломатии одамон, ба муҳлати дароз аз кор мондани корхона, нақлиёти ҷамъиятӣ, алоқа, заҳролудкунии ҳудуди калони маҳал, вайрон намудани низоми кори мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ ва ба ҳамин монанд ҳолатҳо, фаҳмида мешавад. Экстремизм (ифротгароӣ)  ва терроризм ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, зеро маҳз экстремизм боиси ба вуҷуд омадани амалҳои террористӣ мегардад.    Шахсе, ки дар омода намудани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Агар шахс худаш танҳо бошад ва то содиршавии ҷиноят ба мақомоти давлатӣ хабар диҳад, он гоҳ ӯ тибқи моддаи 34 КҶ ҶТ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.    Терроризм ҳамчун ҷинояти дорои характери байналмилалӣ  сарҳад надорад. Худи тероррист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ғайр аз ин, тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон иброз медоранд, терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки ислом дини пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, қалби пок ва сулҳу суботро мепарастад.   Созмон ва ташкилоти террористӣ аз бесаводиву каммаърифатии ҷавонон истифода бурда, манфиатҳои хешро бароварда месозанд. Баҳрулло  Абдуллоев – сармутахассиси  Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Зафаробод, аъзои фаъоли ҲХДТ

Рубрики
Асосӣ Мақола

ГУЛИСТОН:  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.

 Эмомалӣ Раҳмон

      Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббус ва ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1994 таъсис ёфт. Таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо, фитнаву иғвои ҳангомаҷӯён,  бадхоҳони миллат ва Истиқлолият дар хатар ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Маҳз дар чунин марҳилае ташкили нерӯи сиёсие барои ислоҳи чунин вазъ лозим омад. Ин нерӯи сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омада, тавонист буҳронҳои идеологӣ ва сиёсиро аз байн барад, ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо гардонад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда ва зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи солими сиёсӣ табдил ёфт, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба ояндаи дурахшон умед башид.

Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: САҲМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАВАНДИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ҶАВОН

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбӣ  таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди бунёдкориро пеш гирифта, барои ба кори хайру созандагӣ сафарбар намудани мардум фаъолияташро роҳандозӣ  намудааст, ки самараи он пешрафти иқтисоду сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш, сулҳу суботи саросарӣ ва беҳдошти сатҳу зиндагии мардум мебошад.

Муҳимтарин самтҳои пешрафти мамлакат дар Барномаи он нишон дода шуда, моро ба роҳи рушди минбаъда ҳидоят менамоянд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе, ки беҳдошти рӯзгори мардум, созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон бо такя ба нерӯҳои пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ пеш меравад.

Ҳамзамон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазъи сиёсии ҳар як минтақаро давра ба давра мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, барои муайян кардани фикру ақидаҳои аҳолӣ корҳои самарабахши омӯзишӣ гузаронида, баҳри расидан ба ҳадафи Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум талош варзида истодааст.

Ҳамчун як тан ҷавони зодаи соҳибистиқлолии кишвар, бо итминони комил гуфта метавонам, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самти тараққиёту пешравӣ, комёбиҳоии нав ба нав раҳнамоӣ намуда, сарзамини аҷдодиамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ ва обрӯву нуфузашро балантар намуда истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти омода ва тарбияи кадрҳои ҷавон нақши босазо дорад. Зеро ҳар як нафар дар фаъолияти корӣ қадами нахустини худро маҳз дар айёми ҷавонӣ гузошта, роҳи ояндаи худро интихоб менамояд. Дар ин роҳ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои босазо ва ташаббусҳои навовар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ва ободиву пешрафти босуботи Ватани азизамон дастгирӣ намуда истодааст.   

Ҳар соҳа фаъолияти худро дар як самти муайян пеш мебарад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошад, ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро дарбар мегирад. Нафаре, ки дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият мебарад, ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва донишу малакаи худро доир ба самти сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, саноат, фарҳангу варзиш такмил ва зиёд карда, рушду обутоб мёбад. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама самт фаъолият мекунад ва бо ҳама соҳа алоқаи зич дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононеро, ки донишу малака доранд, ба Ватану халқ содиқона хизмат мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намуда, ба сиёсати ҷавонон афзалият дода истодааст. Дар раванди тайёр намудани кадрҳои ҷавон аз мактаби бузурги давлатдории Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бурда, ҷавононро ҳамчун нерӯи воқеии роҳбарикунанда  омода ва муаррифӣ карда, саҳми онҳоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин намуда истодааст.

Дар ҳақиқат ташаббусу пешниҳод ва иқдомҳои наҷиби ҷавонон дар арсаи мақомотҳои баландпояи давлатӣ дастгирӣ ёфта истодаанд. Сол аз сол  махсусан ба омода ва ҷо ба ҷо намудани кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи хоса аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардида истодааст.

Ҷавонон дар навбати худ аз шароитҳои фароҳамовардашуда хуб истифода бурда, соҳиби касбу ҳунар, ихтисос ва маълумоти олӣ гардида, ҷиҳати татбиқи сиёсати оқилона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои маҳбуби хеш кӯшиш намуда, дар пайравӣ ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватани азизамон хизмат намуда, баҳри ободу зебо ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш намуда истодаанд.

Меҳру муҳаббати ҷавонон ба Ватани азизамон аз хуни қадими қадимтарини аҷдодонамон маншаъ гирифта, дар роҳи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати пешрафтаву тараққикарда дар муттаҳидӣ ноил гашта дар оянда ба насли мардуми сарбаланди тоҷик давлати устувору комилро ба мерос мегузорем.

Акбарзода Маъруф – роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ БО ХОНАНДАГОН

  Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар самти ба роҳ мондани мулоқоту вохӯриҳо бо ҷавонписарони муассисаҳои таълимии шаҳр ҷиҳати бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти навбатии масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи рақами 1 баргузор гардид. Масъулин бобати ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу бум, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва тарзи дурусту самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар намуданд. Масъулин зикр доштанд,ки дуст доштани Ватан аз оилаву мактаб оғоз меёбад. Ва бояд дар вуҷуди ҳар як фарди бедордил меҳри Ватану ватандорӣ аз хурдсолӣ ҷуш бизанад.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: МУБОРИЗА БА ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология ва ҳатто илм ба миён ояд. Дар яке аз Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистончунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Терроризм – сиёсатест, ки ба истифодаи пай дар пайи амалҳои террористӣ асос ёфтааст. Калимаҳои ҳаммаънои терроризм (лотинӣ terror – тарс, даҳшат) чунин мафҳумҳо ба монанди “зӯроварӣ” ва “тарсонидан” мебошанд. Терроризм ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, ба раванди қабули қарорҳо аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муайян карда мешавад, ки бо таъсиррасонии қудратӣ, тарсонидани аҳолии осоишта ва ё дигар шаклҳои амалҳои зуроваронаи ғайриқонунӣ алоқаманд аст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Бо дарназардошти онки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.

Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда барои ҳимояи ватани худ омода бошем.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Мулокоти судманд бо донишҷӯён Тибқи нақшаи чорабинии муштарак намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Беморхонаи марказии ноҳия ва Маркази пешгирии бемориҳои сил мулоқоти судманд бо донишҷӯёни курси аввали Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод доир гардид. Ҳадаф аз баргузории мулоқоти мазкур пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни ҷавонон, пахн нашудани бемориҳои сироятӣ, аз чумла ВНМО/БПНМ ва бемории сил, шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатхои ифрогарона ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ мебошад. Дар доираи мулокот масъулин ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва тарғиботӣ тақсим намуд.