Рубрики
Асосӣ

Ҳамсафони гиромӣ!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Деморатии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли Нави мелодӣ сидқан ва самимона муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хотири осудаю хушбахтӣ таманно менамояд.Соли 2022 дар таърихи кишварамон бо дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ басо хотирмон буд.Боиси хурсандӣ аст, ки соли нав ба кишвари мо дар мавриде ворид мегардад, ки як муҳити созанда, фазои сулҳу салоҳ, тинҷиву осудагӣ ҳукм меронад. Ҳар соли сипаригашта аз худ нақше мегузорад ва ҳар соли нав бо худ умеду ормонҳои нав меорад. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи Соли нав ироа гардид, як навиди неку саривақтӣ буда, роҳнамо ва дастурамали ҳар як сокини кишварамон дар солҳои минбаъда ба ҳисоб меравад. Соли 2022 мардуми шарафманди тоҷик таҷлили 25-солагии ба имзо расидани Созишнома истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Бояд зикр намуд, ки санаи 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Халқи Тоҷикистон бо пайгирӣ аз Паёми Пешвои миллат бо умеду боварии комил ба Соли нави 2023 қадам мениҳанд. Дар заминаи дастуру ҳидоят ва дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз бо сарбаландиву сарфарозӣ бар он мекӯшад, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо дар оғӯши сулҳу ваҳдат обод бошаду Истиқлолияти давлатӣ пойдор бимонад ва мардум зиндагии шоиста ба сар баранд. Соли 2023 низ дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо бо хатҳои зарҳалин сабт хоҳад шуд. Зеро дар ин соли таърихӣ мардуми шарафманди кишвар дар заминаи татбиқи сиёсати Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад гардид. Соли нав барои мардуми кишвар соли таҳкими дастовардҳо, рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, соли пурфайзу бобарор дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардад. Фарорасии Соли Нави мелодиро ба кулли ҳамватанон бори дигар самимона таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва хонаободию хушрӯзгорӣ таманно мекунем.Соли Нави мелодӣ муборак!

Рубрики
Асосӣ

АЁДАТИ ҲИЗБИЁН БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ.

         Субҳи имрӯз аз тарафи Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи вилоятӣ Зокиров Саидбой ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович собиқадорони ҳизбу меҳнат Каромулло Одилов, Шарифхӯҷаева Муҳаббат, Негматова Мукаррама, Мӯъминова Наимахон, Зокирова Хосият аёдат карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: БАРРАСИИ ПАЁМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

  Тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо ҷалби гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолон, вакилон ва собиқадорони ҳизбӣ оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23юми декабри соли равон ироа гардид, силсилаи мулоқоту вохуриҳо роҳандозӣ гардида истодааст.

  Чунин мулоқот субҳи 28уми декабр дар муассисаи таълимии  миёнаи рақами 54 бо иштироки омузгорони фаъол сурат гирифта, онро директори муассисаи мазкур Тиллоев Қодирҷон ҳусни оғоз бахшид. Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрӣ иштирок ва суханронӣ намуда, соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи калидии кишвар арзёбӣ намуд. Мавзуф афзуд, ки давлату ҳукумат, шахсан роҳбари давлатамон нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳамчунин қайд гардид, ки омузгорон ҳамчу як қишри муҳими таълимдиҳанда бояд ҷавонони имрузаро дар роҳи ватандустию ватанпарварӣ, хештаншиносию худогоҳии миллӣ равона созанд.  Дар фарҷом бархе аз омузгорони муассисаи номбурда ба сафи ҲХДТ қабул гардида, соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ҶАМЪБАСТИ МАКТАБИ ЗАХИРАИ КАДРҲО

Тибқи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дар асоси Фармоиши раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори №4-и Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 26.12.2021 дар назди КИ ҲХДТ мактаби захираи кадрҳои фаъолият намуд.

Мақсад аз ташкил намудани мактаби захираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан пеш аз ҳама дарёфт ва дастгирии мутахассисони ҷавон, такмил додани савияи касбӣ, маърифати сиёсии кормандони ҷавон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

Дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагони ин мактаб шахсиятҳои шинохтаи давлатию ҳизбӣ, омӯзгорони соҳибтаҷриба дарси сиёсату роҳбарӣ, ватандӯстиву масъулиятшиносӣ омӯзониданд ва дар охири курс шунавандагон аз санҷиш гузаронида шуданд.

Ба шунавандагони мактаби захираи кадрҳо дар вазъияти тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Шаҳодатнома дар бораи хатми мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшанро супорид.

Дар фарҷом, аз номи шунавандагони мактаби захираи кадрҳо Султонова Мушарраф миннатдории хешро ба Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити хуби таҳсил ва кору зиндагӣ баён намуда, ваъда дод, ки ҳамчун кадрҳои болаёкати ояндасоз дар пешравии Ватани азизамон саҳми хешро мегузоранд.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: АЁДАТИ СОЛИНАВӢ

       Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар арафаи Соли нави мелодии-2023 аёдат ва дидорбинии кӯдакони имконияташон маҳдудро ба роҳ монд.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода зимни аёдати хеш зикр намуд, ки аёдат ва дидорбинии ниёзмандон, ятимону бепарасторон, маъюбон, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва нафароне, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистон саҳми босазо доранд, дар меҳвари фаъолияти ҳизбиён қарор дошта, ин ҳадаф дар Барномаи ҲХДТ муқаррар гардидааст. Ҳамзамон, табрикоти Солинавӣ расонида шуда, маводҳои хӯрока ва ба кӯдакон тӯҳфаи солинавӣ дастрас карда шуд.

Аз ин иқдоми нек волидайни кӯдакон шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандии хешро баён намуданд. Аксҳо аз ҷараёни аёдати солинавӣ.

Рубрики
Асосӣ

АШТ: ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МАҚОЛАИ КОРШИНОС АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР МАВЗӮИ “ ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ”

Санаи 29-уми декабри соли 2022 дар толори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ҷамъбасти озмуни иншои беҳтарин байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир ба шарҳу тавзеҳи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдулло Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” доир гардид.

Дар он раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова Муътабар мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Ашурова Лола, кормандони КИН, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия Раҳимова Истода ҳусни оғоз бахшид.

          Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова Муътабар дар суханронии хеш доир ба мақолаи коршинос Абдулло Раҳнамо оид ба моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки тули як моҳ аст, дар нашрияҳову маҷаллаҳои кишвар нашр гардида, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн гардида истодааст, фикру андешаҳои худро изҳори назар кард.

           Сипас, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунро барои ғолибият ва тамоми иштирокдоронро ба фарорасии соли нави мелодӣ аз номи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ табрик намуд.

Сипас 4 нафар хонандагони синфҳои 10-11 литсейу гимназия ва муассисаҳои таълимии №47, №7 барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва  хонандаи синфи 10-и литсейи №2 Киромиддинова Суман бо дипломи дараҷаи 1, хонандаи синфи 11 гимназияи №1 Ҳакимова Меҳрона бо дипломи дараҷаи 2 ва хонандаи синфи 11 –и МТМУ №17  Ҳакимова Зумрад бо дипломи дараҷаи 3 ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур бедор кардани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, корнамоиву  ҷонфидоӣ нисбати Ватан ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ дар ниҳоди ҷавонон мебошад.

Рубрики
Асосӣ

ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ

   Баҳри дастгирӣ ва аёдати ятимону парасторон  ва   иҷрои нақша чораҷӯиҳои  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар таърихи 28уми декабри соли равон Раиси кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон,  Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир дар арафаи пешвозгирии соли нави мелодии 2023  ба мактаб- интернат санаторияи №40 дар шаҳри Конибодом ташриф намуда, ба муассисаи мазкур 6 адад гармкунакҳои барқӣ, шириниҳо ва халтачаҳои солинавӣ барои кӯдакон тақдим намуданд.  Ҳамчунин  баҳри бошандагони мактаб-интернати мазкур чорабинии фарҳангӣ намоиш дода шуд.

   Аз ин ташаббус ва иқдоми идонаи ҳизбиён маъмурият ва бошандагони муассиса хеле хушҳол гардида, арзи миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли кормандони ҲХДТ баён намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ШАҲРИСТОН: САРБОЗОН ВА АФСАРОН ҲИМОЯТГАР ВА ИФТИХОРИ ВАТАН МЕБОШАНД

      Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғуланд, кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон якҷоя бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Шаҳристон  сарбозони ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбии ноҳия ва дидбонгоҳҳои деҳаҳои Фирдавсӣ ва Суғдиён  соле як-ду маротиба аёдат менамоянд, ки он ба ҳукми анъана даромадааст.

          Имрӯз 28 декабри соли ҷорӣ бахшида ба соли нави мелодии соли 2023 дар Қисми ҳарбии 03040-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Дуоба дар Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва дидбонгоҳи сарҳадии  деҳаи Суғдиён “Лолазор”  дар Ҷамоати деҳоти  Бунҷикат буда, бо иштироки муовини Хадамоти Зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин, Раиси ноҳияи Шаҳристон  Акрамзода Баҳодур,  сардори  Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дар ноҳияи Шаҳристон Аҳмадзода Суҳайл, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо  ва мудири бахши  кор бо ҷавонон ва  варзиши ноҳия Отаев Зоирҷон аёдати сарбозону афсарон баргузор гардид.

   Гурӯҳи корӣ аз вазъи воқеии қисми ҳарбии Қисми ҳарбии 03040-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Дуоба ва дидбонгоҳи сарҳадии   деҳаи Суғдиён “Лолазор” аз ҳолу аҳвол, сатҳи хизмат ва шароити зисти сарбозони ватан хабар гирифта, аз наздик дидан намуданд.

       Дар чорабинӣ муовини Хадамоти Зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин , Раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо кулли сарбозону афсарон ва ҳайати шахсиро бо Соли нави мелодии 2023 табрику муборакбод намуда,  қайд карданд, ки  ҷавонписарон дарси мардонагиву шуҷоатро дар айёми хизмати ҳарбӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани Ватанро аз худ менамоянд.

    Боиси ифтихор аст, ки ҷавонон худ дарк намудани хизмат ба Ватанро муҳимтарин қарзи шаҳрвандӣ меҳисобанд, бинобар ин  ҳамасола сафи ихтиёриён барои хизмат зиёд гардида истодааст.

    Гурӯҳи корӣ ҳамин рӯз сарбозон ва афсаронро бо маводҳои хӯрока таъмин намуда, аз сулҳу суботи кишвар, аз тинҷию оромӣ шукр намуда, сарбозонро  ба он далолат намуданд, ки  бо сарбаландонаву ифтихормандона хизмати ҳарбиро адо намоянд ва сиҳату саломат ба манзили  хеш баргарданд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ-САНАДИ МУҲИМ

    Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисток санади муҳиму сарнавиштсоз ба шумор меравад.  Пешвои муаззами миллат зимни Паёми хеш қайд карданд, ки соли 2022 бо вуҷуди мушкилиҳо яке аз солҳои бобарор буд.  

   Ҳамчунин натиҷаҳои фаъолияти соли 2022-ро  ҷамъбаст намуда, пешравиҳоро дар  ҳамаи соҳаи мухталифи кишвар ба хубӣ қайд намуданд.

Бисёр иншоотҳо, биноҳои таълимӣ, муассисаҳо, марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳо, боғчаю кӯдакистонҳо ва дигар иншоотҳои хурду бузург дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон сохта ба истифода дода шуд, ки ҳамчунин шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳотҳои дурдаст ҳам дар канор намондаанд.

Чун ҳамешагӣ таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба соҳаи афзалиятноки ҷомеа- соҳаи маориф бештар равона гардида, дар бораи баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон  сухан ронданд. Чунончӣ қайд намуданд:

-“Имрӯз мо соҳаи маориф дар дараҷаи аввал гузорем,зеро ки ҷаҳолат ва бесаводӣ танҳо ба инсон бадбахтӣ меорад”.

   Аз 1 июли соли 2023 музди маоши кормандони соҳаи маориф ва ҳамаи намуди стипендияҳо 20 фисад баланд хоҳад шуд, ки мо маорифчиён аз ин иқдоми саривақтӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори   Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле сарфарозу мамнунем.

   Паём воқеан санади сарнавиштсоз ва дурахшонгари роҳи фардост. Мо дастуру супоришҳо ва  Паёми Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, минбаъд низ дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи миллат саҳмгузор хоҳем гашт. Ва фарзандони арзандаи замонро тарбия хоҳем намуд.

Фозилова Марҳабо –

директори МТМУ 22,

вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: ПАЁМ – ОЯНДАИ МО

 Тибқи нақшаи тасдиқшуда КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Комилова Диёра, мутахассиси бахши омор ва маҳзанӣ ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳия Бобоева Шаҳзода барои тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз Кӯдакистони №11 вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар раванди вохӯрӣ баромадкунандагон дар бораи дастовардҳои даврони истиқлол, тағйиротҳои куллӣ дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, муносиб пешвоз гирифтани ҷашни 32-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида карда, бо иштирокчиёни вохӯриҳо саволу ҷавобҳои озодро доир намуданд.

Тарғибу ташвиқи Паёми сарвари давлат ба парлумони кишвар дар ноҳия бо маром аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ ва гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ идома дорад.