Дар толори муассисаи давлатии таълимии гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” Мирзоқосим Каримзода бо интихобкунандагон доир гардид.Нахуст раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзозода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки ҳадафи вохӯрии имрӯза шарҳу тавзеҳи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин ва ҳамзамон татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат зимни ироаи Паём мебошад.Мирзоқосим Каримзода аҳли нишастро бо ҷашни байналмилали Наврӯз табрику муборакбод гуфта, раванди бунёдкориву созандагиро дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ нек арзёбӣ намуд. Мавсуф дар идома оид ба истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва захираи ғалладонагӣ, вазъи кунунии интиқоли нерӯи барқ, пешрафти саноати шаҳр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, роҳ надодани насли наврас ва ҷавонон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, вазъи сиёсии ҷаҳонӣ, аз байн бурдани таассубу хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ бо мисолҳои мушаххас баромад намуда, таъкид дошт, ки ҳодисаи дар кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Русия рух дода бори дигар собит намуд, ки танҳо ҳушёриву зиракӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, касбомӯзӣ, сидқан дӯст доштани Ватан метавонад, сади роҳи ифротгароиву террористӣ мегардад. Боиси афсӯс, ки бо айби ҷавонони гумроҳ ва манқуртшуда имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷику тоҷикияти моро зери шубҳа мегузоранд. Ҷавоне ки ба роҳи бад рафт, миллаташро фурухт, волидонашро эҳтиром накард, ин камбудии мост, ки барояш шароити созгор муҳайё накардем.Номбурда дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин зикр намуд, ки албатта ҳаҷ кардан аз амали неки ҳар фарди мусалмон аст. Аммо худнамоишӣ намуда, рӯзгорро саришта накарда, банди қарздор шуданро Худованд хуш надорад. Бар замми ин, пас аз аз маносики ҳаҷ ҳоҷиошиву додани ҳар гуна армуғонҳо, ташкили шабншиниҳои ҳоҷиён нишонаи ҷоҳилият ва таассубу хурофотпарастӣ маҳсуб мешавад. Бояд ба ин амал нукта гузошт.Собиқадори ҳизб Муаззама Абдуваҳҳобова ва раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров зимни музокира баён доштанд, ки муҳтавиёти суханронии Раиси муаззами ҳизб дар мулоқот бо аҳли ҷомеа ва ходимони дин саропо аз меҳр ба Ватан, ба ҳар як узви ҷомеа маҳсуб мешавад. Агар ҳар яки мо бо масъулияти баланд, ифтихори миллӣ рисолати шаҳрвандии хешро иҷро намоем, пас ин миллат саодатманд хоҳад буд.Дар фарҷом аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, гирифтани пеши роҳи худнамоишдиҳӣ, роҳ надодан ба амалҳои номатлуб аз ҳар вақта дида фаъолтар бошанд.
Месяц: Март 2024
Дар идома, Мирзоқосим Каримзода – вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Истаравшан” № 32 ба хабаргирии сокинони кумитаи маҳаллаи “Ваҳдат” ва “Имоми Аъзам” – собиқадори соҳаи маориф ва маъюби гурӯҳи дуюм Шарипова Даня ва Атабоев Атҳам рафта, бо онҳо сӯҳбати гарму самими намуда, онҳоро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд. Мавсуф ба онҳо саломатии бардавом ва рӯзгори хушу осударо таманно намуданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо аёдатшудагон минатдории худро ба Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ нисбат ба собиқадорон ва барҷомондагон баён намуданд.
Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалҳои террористиро шадидан маҳкум намуда, дар ин лаҳзаҳои душвор ғамшакири мардуми Федератсияи Русия мебошад. Имрӯз зери роҳбари Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода аҳли кормандони кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Бӯстон бо мақсади баён намудани изҳори ҳамдардии амиқи хеш ба аҳли оила ва хешовандоне, ки наздиконашон дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскави Русия ба ҳалокат расидаанд, ба Консулгарии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, дар назди онгулчамбар ва гул гузоштанд. Ҳамзамон, Мирзоқосим Каримзода изҳори ҳамдардии кулли ҳизбиёни вилояти Суғдро ба роҳбарияти консулгарӣ баён намуд.
Ҷаҳони имрӯз шоҳиди даҳҳо ҳодисаи гушношуди таърих мегардад. Зеро қудрати одамӣ ба ҷузъ аз сохтанҳо, меҳру муҳаббат доштани ба обу хоки Ватан, ҷонфидиҳо дар роҳу ҳифзи амнияти миллат, ҳамчунин товони сӯхтан, куштан ва вайрону валангор кардани шаҳроҳоро доштааст. Боиси таасуф аст, ки фарзандони миллати мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чун ҳамешагӣ на бо кори пайкори созанда, балки бо амали нангин террористӣ ном бароварда истодаанд. Ҳарчанд то куҷо даст доштани онҳо дар ҳодисаи толори консертии ” Крокус сити” – и шаҳри Маскав аз ҷониби тафтишгарон дақиқ мешавад, аммо хулоса ин аст, ки ҷавонони ноогоҳи мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб накардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар баромади хеш аз фарҷоми шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ сухан мекунанд. Мӯҳтавои мулоқоти беш аз 5 соата бо фаъолони ҷомеа, ходимони дин маҳз ҳамин мавзӯро фарогир буд. Ба гуфтаи Пешвои миллат терорист ва ифротгаро Ватан, модар ва ахиран дил надорад.у бадтар аз ҳайвон аст. Ин нафарон манқуртони замони нав ҳастанд, ки натанҳо худро қурбони хоҷагони худ мекунанд, ҳамзамон наздикону пайвандони хешро сархам дар ҷомеа месозанд. Агар фаъолони ҷомеа бо дарки фаҳмиши дурбинона чунин ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят мекарданд, шояд чунин амалҳо коҳиш ёбад. Аммо ҷои афсус аст, ки иддае аз насли бедил, бедин, фаротар аз ҳама бесавод боиси сар задани чунин ҳодисаҳо гардида истодааст. Магар бо куштани беш аз 132 нафар мурод ҳосил шуд. Чаро шахсони бегуноҳ боиси марги ин амалҳои ваҳшиёна гардиданд? Фикр мекунам ба таъбири гузаштагонамон олами дигар бибояд сохт ва аз нав одаме. Роҳи раҳоӣ аз ин варта танҳо дар омузиш, маърифати баланд, ҳиси ватандӯстӣ аст. Агар ҳар яки мо аз гузаштаи пурифтихори хеш огоҳ бошем, насиҳатҳои падаронаи Роҳбари давлатро ба инобат гирем, он имконияту шароитҳоеро, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароямон муҳайё кардааст, самаранок истифода барем, пас он гоҳ мо тоҷики асил ҳастем . Имрӯз фурсате расида, ки ҷои тиру туфанг китоб ба даст гирем. Хонем, омӯзем бунёдкорӣ ва навоварӣ намое. Хиште дар бунёди қасри боҳашамати истиқлол гузорем. Нагузорем, ки аҳли ҷомеа ҷаҳонӣ бо тундӣ, нафрат ва надомат суи мо дида дӯзад.Зеро мо аз насли Ориён, Бобаку Шерак, Деваштичу Спитамен Рустами дастону Темурмалики қаҳрамон Сино ва Рӯдакии бузург, китоби оламгири ” Маснави” – Мавлои балхӣ, пандҳои ҳикматомези Хаеми бузург ва ниҳоят пайванди насли Айнӣ Бобоҷон Гафуров ва ҳамзамони шахсияти бузурги таърихӣ, ки ба ин миллат саодат овард мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳони имрӯза ин нарасидани оби тоза ва ҳифзи пиряхҳои хурду бузург мебошад. Дар ҳақиқат об яке аз муъҷизаҳои беназири табиат мебошад, зеро ба рукнҳое мансуб аст, ки боиси побарҷо мондани тамоми мавҷудоти олам ба шумор меравад. Бартарии сайёраи аҳли башар нисбат ба дигар сайёраҳо аз он иборат аст, ки Замин гаҳвораи тамаддуни мо инсонҳо дорои чунин ганҷи беҳамтои атокардаи Худованд об аст ва он сарчашмаи аслии зиндагӣ барои тамоми махлуқот ба ҳисоб меравад. Роҷеъ ба масъалаи мазкур ниёгони мо низ осори зиёде ба мерос мондаанд. Аз ин лиҳоз, дар минбари сатҳи ҷаҳонии Созмони миллали муттаҳид оид ба соли 2003 эълон шудани “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 эълон шудани Даҳсолаи байналмиллалии “Об барои ҳаёт”, Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” ва дар соли 2023 аз тарафи Маҷмааи 77-уми Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шудани пешниҳоди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март эълон шудани рӯзи байналмиллалии “Ҳифзи пиряхҳо” бархурди дардҳои инсоният мебошад, зеро ҳифзи пиряхҳо манбаи асосии таъмин ва беҳдошти оби ошомидани дар кулли сайёра мебошад. Қайд намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистони биҳиштосо ва бемисли мо, ки дорои чунин тӯҳфаи Офаридгор аст, имрӯз дар миқёси Осиёи Миёна оид ба фаровонии оби ошомидани мавқеи хоса дорад. Хусусан дар замони муосир, ки зери таъсири амалҳои инсон табиат ва иқлими сайёра ба хатарҳои экологӣ ру ба ру мебошад, пешниҳоди Пешвои миллат саривақти ва бонги изтироби шахси дурандешу дилсузи сайёра арзёбӣ мешавад. Тазаккур бояд дод, ки зимни масоили дар боло зикр гардида Алломаи Машриқзамин Абуали ибни Сино нигоштаҳои зиёде ба мерос гузоштаанд. Абуали ибни Синоро аз китоби “Қонуни тиб” роҷеъ ба масоили шинохти об қайд намудааст, ки “Беҳтарини обҳо оби чашмасорон бошад, вале на ҳар гуна чашма, балки оби чашмаҳое, ки аз замини дорои гили холис берун оянд ва ҳеҷ як аз ҳолатҳову кайфиятҳои бегона бар хоки он чой ғолиб набошад. Ё оби чашмаҳое бошад, ки аз санг берун оянд, зеро ин беҳтар буда, уфунати замини напазируфта бошад. Бидон ки обҳои аз роҳи гили раванда беҳтар аз обҳое бошад, ки аз болои сангҳо равон бошанд, зеро гил обро пок созад ва чизҳои бегонаи бо он омехтаро ба худ гирифта, онро равшан кунад. Санг бошад чунин коре нахоҳад кард. Дар мавриди истеъмоли об фоида ва зарари он ба саломати инсон чунин омадааст: “Оби ба миқдори муътадил сард созгортарини обҳо барои тандурустон бувад , вале асабро ва худованди омосҳои андомҳои даруниро зиён дорад. Вай аз ҷумла чизе бошад, ки иштиҳо биангезад ва меъдаро қавӣ созад. Аммо оби гарм гувориданро табаҳ кунад, таомро бар сари меъда бигардонад ва ташнагиро зуд нашканад. Дар китоби мазкур роҷеъ ба сифат, хусусиятҳои табобати ва нафъу зарари об бисёр дастурҳои хуби ба дард бархурдоре дарҷ гардидаанд ,ки омӯзгорони фанҳои химия, география, экология ва роҳбарони синфҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми метавонанд ҳамчун абёти иловагӣ ҳангоми дарсҳо истифода намоянд то, ки хонандагон ба ҳифзи пиряхҳо аз гармшавии иқлим зери таъсири газҳои гармхонаи ва партовҳои корхонаҳои азими саноатӣ, ки боиси ифлосии обу иқлим мегарданд ва баҳри беҳдошти он саҳмгузор бошанд. Инчунин, истифода аз китоби мазкур савияи дониши хонандагонро баланд бардошта нигоҳи онҳоро ба табиат ва об созгор месозад. Бояд ҳар як сокини кишварро зарур аст пиромуни тоза нигоҳ доштани оби тоза, ва ҳифзи ҳамешагии пиряхҳо бетараф набошад.
Омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳуввияти миллӣ, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии бисёр дошта, муттаҳидиву иттифоқии ҷомеа асоси он ба шумор меравад.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таърих миллати тоҷикро бо имтиҳони сахту сангин – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ кард. Кишвари тозаистиқлоли мо дар вазъияти нестшавӣ ва халқи Тоҷикистон дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошта буд. Мардуми тоҷик дар ҳолати гуруснагӣ ва бо мақсади ҳифзи ҷони худ ба дигар кишварҳо гуреза шуда, паноҳ мебурданд. Мардум интизори он буд, шахсе пайдо шавад ва миллатро аз нестшавӣ, халқро аз парокандашӣ наҷот диҳад. Хушбахтона, баъд аз ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби мардуми тоҷик боз дубора шӯълаи умед пайдо шуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти бисёр ҳам душвору ҳассос мардумро муттаҳид намуданд ва ба мардуми азияткашидаи тоҷик ваҳдати миллиро эҳё намуданд, ки ин таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистонро тамоми дунё эътироф менамояд ва онро меомӯзаду ба сарвари оқилу хирадманди мо таҳсину офарин мехонанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар вазъияти хеле ҳассоси давлатдории кишвар ба арсаи сиёсат ворид гашт ва давоми қариб 30 соли фаъолият рисолати худро таҳти шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро намуда истодааст.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Ҳизби мо зодаю парвардаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва худро бо мардум чун ҳизби дорои масъулияти баланди сиёсӣ муррафӣ намудааст, ки ин заминаи воқеии таърихӣ дорад”.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи Барномаи худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзояш ва дастгирии бештари қишрҳои дигари солимфикри ҷомеа дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми намоён гузоштааст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ин тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва таъмини якпорчагии кишвар, ҷалби сокинон ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб меравад.
Воқеан, тамоми халқи Тоҷикистон тӯли фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарк намуданд, ки маҳаки асосии фаъолияти ин ҳизбро созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштоз ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳадафи аслиаш ваҳдату ягонагӣ, устувориву пойдории сулҳ ва таъмини ояндаи неки шаҳрвандони мамлакат аст”.
Тӯли ин солҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, некӯаҳволии халқ, рушду тамоми соҳаҳо саҳми босазои худро гузорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон минбаъд низ бахри ичрои ҳадафҳои созандаи Оиннома ва Барномавии худ, инчунин иҷрои вазифахои мушаххасеро, ки аз чониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Рахмон гузошта шудаанд, ичро карда, неруи созандаи чомеаро бахри ин максадхо равона месозад.
Беҳрӯз Олимҷонов – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 18-уми марти соли 2024 масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ба аъзоёни нави ташкилоти ибтидоии «Меҳробод» шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуданд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич марҳилаи амалигардонии “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”-ро бо ташкили чорабиниҳои мухталифи ташвиқотӣ- тарғиботӣ вусъати тоза дода истодааст. Баҳри ба амал татбиқ намудани Барномаи “Пешгирии хушунат дар оила”, ки бевосита дар баъзе ҳолатҳо шахсро ба амалҳои ногувор оварда мерасонад, тадбирҳои пайваста андешида мешавад. Баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотии аъзоёни фаъоли ҳизбӣ ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар мавзӯъҳои “Оила бидуни зӯроварӣ”, “Модар чӣ гуна, духтар намуна”, “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад “, “Аз модари солим кӯдаки солим”, “Зан олиҳаи зиндагӣ”, “Оилаи солим асоси ҷамъияти солим”, “Зӯроварӣ дар оила боиси нохушист” , “Зану мард баробарҳуқуқанд”, “Поймол кардани ҳуқуқи зан- хушунат” ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла, оила ва оиладорӣ, муносибати зан ва шавҳар, келин ва хушдоман, баробарҳуқуқии зану мард ва ғайраҳо бахшида шудаанд. Баҳри босамару таъсирбахш гузаронидани ҳар кадом тадбирҳо аз ёрии ҳайати гурӯҳи корӣ, ки ба он ҳуқуқшиносу мутахассисони корҳои таблиғотӣ, кормандони тиб шомиланд, истифода бурда шуда, илова бар ин фаъолони маҳал соҳибхоназанон, куҳансолони таҷрибаи рӯзгордида низ ҷалб мегарданд. Чунончи, бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои” Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила” дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ғончӣ, Росровут ва Далёни Боло бо иштироки занону бонувони хонашин вохӯрӣ дар мавзӯи пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, махсусан даст ба худкушӣ задан байни занону ҷавонон, зӯроварӣ дар оила, тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, бекоркунии ақди никоҳ, ҳуқуқ ба манзил гузаронида шуд. Аз ҷумла, барои фаҳмондадиҳии ҳуқуқи баробарии зану мард ба манзил бештар кор бурдан лозим меояд. Ҳамчунин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ” ҳам зану мард баробар вазифадоранд. Барои пешгирӣ намудани падидаи номатлуби хушунат дар оила тарғиби донишу маърифат бо кор ё машғулиятҳои фоиданок ҷалб намудани занону духтарон, тарғиботи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, озмунҳои фарҳангиву илмӣ манфиатовар аст. Рухсора Ҳоҷиева- аъзои фаъоли ТИҲ “Исмоили Сомонӣ-20 “-Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич
КОНИБОДОМ: НАВРӮЗИ ҲИЗБИЁН
Омадани фасли баҳор аз огози кори деҳқон , шукуфтанҳову рустанҳои табиат ва қудуми Наврузи фархудапай мужда медиҳад .
Имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ, шаҳраку деҳот ва маҳалҳо чорабиниҳои хотирмони наврӯзӣ ҷараён дорад .
Бо ибтикори масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо сарҷамъии вакилон аз ҲХДТ ва фаъолон чорабинии хотирмони наврӯзӣ баргузор гардид.
Бо гузоштани деги суманак , ки хӯроки қадимаи мардуми ориетабор аст, анъанаҳои неки тоҷикон инъикос гардид. Бо мақсади омодасозии духтарон ба рӯзгордорӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ омода намудани хӯроки бурида байни духтарон, хондани суруди суманак, намоиши либоси миллии тоҷикона , бозиҳои гуногуни наврӯзӣ аз қабили беҳтарин қисматҳои чорабинии наврӯзӣ буданд.
Ҳамчунин собиқадорони ҲХДТ, собиқ раисони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Ғаниев Наимҷон, Қаҳҳоров Абдумаҷид, Муҳиддинов Баҳодур бо ибораҳои ” … То ба наврузи дигар моро расон” дуои неки наврӯзӣ намуданд.
Чорабиниҳои наврӯзӣ дар дигар ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Конибодом идома дорад.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии ҳамаи мост, ки ҷашни деринаи ниёгони мо – Наврӯзи хуҷастапай, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз унвон карда шуд, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла, Ватани азизамон-Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Имрӯз Истиқлолият ва Наврӯз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон , Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд, ки “ Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстонаву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.”
Оре, Наврӯз дар баробари он, ки оғози эҳёи табиат, айёми эътидоли баҳорӣ, рӯзи фарорасии соли нав ва оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, инчунин масъалаҳои маърифатию фалсафӣ, ҷаҳонсозӣ, арзишҳои волои ахлоқӣ, покиву порсоӣ, некиву накӯкорӣ ва адлу ростиро низ дар бар мегирад.
Ҷавҳар ва ҳикмати Наврӯз илова бар арзишҳои зикршуда ҳамчунин ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллӣ, аз қабили эҳсоси гарми муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватанпарастии мардум мебошад.Ва мо аз ҷумла миллату мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.Ба ин маънӣ дар миёни ҳамаи ҷашнҳои шодиву сурури халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон, ки аз замонҳои дур то ба имрӯз эътибор ва манзалати иҷтимоии худро нигоҳ доштаанд, Наврӯз шояд муҳимтарин ҷашнест, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди дар давоми асрҳо дар сари роҳи он эҷодшуда тамоми зебоиву хубиҳои он ба шарофати гузаштагони фарҳангдӯстамон то замони мо ҳифз шудаанд.
Мувофиқи анъанаҳои неки наврӯзӣ бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон айёми киштукор ва дигар корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо, тоза кардани наҳру ҷӯйҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз мегардад.
Идома бахшидан ба ин суннатҳои неки аҷдодӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи меҳнату зиндагии солим, густариши рафтору ахлоқи ҳамида, бузургдошти анъанаҳои неки ниёгон, фарҳангпарастиву худшиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мусоидат мекунад.
Аз ин хотир, халқи тоҷик ин иди азизу мӯътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонад. Тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ доранд, имрӯз низ барои фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.
Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо – ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан инчунин барои эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош намоем.
То оламу одам боқист, Наврӯзу Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидон бод!